«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.
Дар бевафоии олам ва суръати заволи ҳаёти фонӣ
Гетӣ, ки нишемани завол аст, Осуда диле дар ӯ муҳол аст. Мотамкадаест тираву танг, Дар вай зи вафо на бӯй, не ранг.
Ҳар гул, ки барояд аз гили ӯ, Чок аст зи хори ғам дили ӯ. Ҳар лола, ки бардамад зи боғаш, Бошад зи фано ба сина доғаш.
Сарваш, ки кулаҳ ба чарх сояд, Аз боди аҷал зи по дарояд. Гардун, ки ҳаволагоҳи омма-ст, Дар мотами худ кабудҷомаст.
Хуршед, к-аш аз фалак ҳисорист, Аз бими завол раъшадорест. Анҷум, ки бар ин баланд тоқанд, Дармонда ба доғи эҳтироқанд.
Аркон, ки дар ин сарои пастанд, Аз ҳам шабу рӯз дар шикастанд. Гаҳ бод кушад чароғи оташ, Гаҳ гардад аз ӯ самуми нох(в)аш.
Гаҳ хок шавад бар об чира, Созад гуҳараш чу хеш тира Гоҳе шавад об сели бебок, Сад чок занад ба синаи хок. Рӯзе ду-се гар шаванд ноком, Дар тинати ту ба якдигар ром.
Он ром шудан на ҷовидонист, Доме паи мурғи зиндагонист. Ин дом дарад ба як дам аз ҳам, вин мурғ кунад зи домгаҳ рам. Зирак мурғе, ки пар наяндохт, Дар ҳалкаи дом кори худ сохт.
Бикшод ба худ раҳе ниҳонӣ, То нузҳатгоҳи ҷовидонӣ. Чун дом зи пеш баргирифтанд, Аркон раҳи хеш баргирифтанд, Ӯ низ ба ҷои хештан рафт, 3-ин тангқафас суи чаман рафт.
Берун зи мазиқи биму умед, Бардошт навои айши ҷовид. Нодон мурғе, ки дом нашнохт, Бар равзаи ҷон назар наяндохт.
Бар давлати худ бибаст раҳро, Маъшуқа гирифт домгаҳро. Аз гесуи дому холи дона Шуд банд ба ишқи ҷовидона.
Маъшуқа чу рӯй аз ӯ бипӯшид, Дар қатъи раҳи фироқ кӯшид. Афтод ҷудо зи васли маъшуқ, Бигзашт фиғони ӯ зи Айюқ. Лекин чу фироқ диданӣ буд, Фарёду фиғон куҷо кунад суд?
Маъшуқа гирифта дар бағал не, Ҷуз ҳасрату дард аз ӯ бадал не. Бахташ чу бад-ин вубол бошад, Осудагияш муҳол бошад. Ҷомӣ, ба касе магир пайванд, К-охир дил аз ӯ бибоядат канд.
Аз халқи ҷаҳон ҷалиси худ шав, 3-ин ваҳшатиён аниси худ шав. Бегона шав аз бурунсароӣ, Бо ҷавҳари худ кун ошноӣ. Карда зи буруниён фаромӯш, Бо ҷавҳари хеш шав ҳамоғӯш.
Маъшуқи азал, ки дар бари туст, Оинаталаб зи ҷавҳари туст. Дар ҳар чӣ занӣ ба ғайри худ чанг, Бар оинаи ту гардад он занг. То оинаи ту ғарқи занг аст, Нузҳатгаҳи васл бар ту танг аст.
3-оинаи хеш занг биздой, Роҳе ба ҳарими васл бикшой. Чун оинаи ту сода гардад, Он раҳ бари ту кушода гардад.
Чандон тобад лавомеъи нур, К-оина шавад ҳам аз миён дур. Мағзат ёбад раҳоӣ аз пӯст, Аз пӯст ҷудо ту мониву дӯст. Не, не, ки ту низ ҳам намонӣ, Бо ӯ бошӣ зи худ ниҳонӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё