Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф.
Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф
Эй тозаназар ба лавҳи кавнайн, Чун мардуми дида қурратулайн1 Соли ту агарчи ҳафту ҳашт аст, Дилро ба ҳавот бозгашт аст. Ин лутф, ки дар сиришт дорӣ, Дорам ба Худой умедворӣ, К-он рӯз, ки сарбаланд гардӣ, Донодилу арҷманд гардӣ, Аз фазлу адаб диҳад қабулат, Дорад нигаҳ аз раҳи фазулат2,
Шуғле, ки набояду нашояд, Аз покии ҷавҳарат наояд, Дар касби камол боядат ҷаҳд, Дар беҳталабӣ ба сар барӣ аҳд. Гирдоби талаб васеъ давр аст, Дарёи улум дурғавр3 аст. Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ, Аз хуб ба хубтар шитобӣ. Лекин макаш аз фарохдарсӣ Хат бар варақи худойтарсӣ.
Чун фалсафиёни динбарандоз Аз фалсафа кори дин макун соз. Пеши ту рамузи осмонӣ, Афсуни заминиён чӣ хонӣ?.. Арбоби ҳаво ҳама зукоманд, 3-он накҳат аз он тиҳимашоманд. Қудва зи муқими он ҳарам кун, Сар дар раҳи иқтидо қадам кун.
Бар шореъи нофааш назар неҳ, Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, сар неҳ. 3-ин гуна чӣ бошад иқтидое, Охир бирасонадат ба ҷое. Ҳуш дор, ки бошад андар ин роҳ, Аз ҳашмату ҷоҳ канда сад чоҳ. Аз кӯрдилӣ зи раҳ наяфтӣ, Чун кӯрдилон ба чаҳ наяфтӣ. Ҳуш дор, ки раҳзанони тақдир Аз симу заранд карда занҷир.
Занҷирии симу зар нагардӣ, Сокин нашавӣ зи раҳнавардӣ. Ҳуш дор, ки ҳар зи раҳ фитода Ғӯлест миёни раҳ ситода...
Дар табъи ту гар қабули панд аст, Ин панд, ки гуфта шуд, басандаст. Гуфтам сухане, ки гуфтанӣ буд, Суфтам гуҳаре, ки суфтанӣ буд. Аз кор бишуд забону дастам, Хомӯш шудам, қалам шикастам.
------------------- 1. Қуррутулайн — нури чашм. 2. Фазул — лаққигӣ, беҳудагӯӣ. 3. Дурғавр — хеле амиқ, хеле чуқур.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё