Сидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).
ДАР СИДҚ1
Эй гарав2 карда забонро ба дурӯғ, Бурда бӯҳтон3 зи каломи ту фурӯғ4! Ин на шоистаи ҳар дидавар5 аст, Ки забонат дигару дил дигар аст. Аз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд? Дили қирӣ6, рухи кофурӣ7 чанд? Рӯй дар қоидаи эҳсон8 кун! Зоҳиру ботини худ яксон кун! Якдилу якҷиҳату якрӯ бош ваз дурӯёни ҷаҳон яксӯ бош! Аз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест, «Ростӣ-растӣ» некӯ масалест, Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин9, Рост гӯ, рост шунав, рост нишин. Тир агар рост равад, бар ҳадаф аст вар равад каҷ, зи ҳадаф бартараф аст. Рав, рақамҳои «алифбе» бинигар, Ки «алиф»10, аз ҳама бошад бартар. Рост рав, рост, ки сарвар бошӣ, Дар ҳисоб аз ҳама бартар бошӣ. Сидқ иксири11 миси ҳастии туст, Пояафрози12 фурӯдастии13 туст, Асари кизб бувад ҳечкасӣ, Бар касӣ гар расӣ, аз сидқ расӣ. Субҳи козиб14 занад аз кизб нафас, Нури ӯ як-ду нафас бошаду бас. Субҳи содиқ15 бувад сидқписанд, Алами16 нураш аз он аст баланд. Дил агар сидқписандет диҳад, Бар ҳама халқ баландет диҳад...
----------------------- 1 Сидқ — ростӣ, росткорӣ. 2 Гарав кардан — дар банду қайди чизе гузоштан; мазмуни мисраъ: Эй он, ки забонатро ба дурӯғгӯӣ супурдаӣ. 3 Бӯҳтон — сухани ноҳақ, тӯҳмат. 4 Фурӯғ — тобишу латофат, обу ранг, сафо. 5 Дидавар — оқил, доно. 6 Дили қирӣ — дили сиёҳ, дили бадхоҳ. 7 Рухи кофурӣ — рӯи рангпарида. 8 Эҳсон — некӯӣ, лутфу марҳамат. 9 Гузин — интихоб намо, хоста гир. 10 Алиф — ҳарфи аввали алифбои арабӣ. 11 Иксир — кимиё, ҷаварест, ки гӯё ба воситаи он мисро ба тилло табдил додан мумкин будааст. 12 Пояафроз — баландкунандаи мартаба. 13 Фурӯдастӣ — зердастӣ, оҷизӣ, заифӣ, дастнигарӣ. 14 Субҳи козиб — нимравшание, ки пеш аз дамидани сапедаи саҳарӣ пайдо мешавад. 15 Субҳи содиқ — субҳи ҳақиқӣ, сапедаи саҳарӣ. 16 Алам — парчам, байрақ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё