Зеҳн

Ақидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Ҷомӣ дар достон зимни образҳои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли маҳорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки ҳар як кас бояд ҳурмату эҳтироми устод, омӯзгорро нигоҳ дорад. Арасту рӯзе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда подшоҳ шавӣ, ба ман чӣ хел муносибат мекунӣ?

Чу мулки ҷаҳонат мусаллам шавад, Дар он поя пои ту маҳкам шавад. Чӣ бошад ба пеши ту миқдори ман? Чӣ равнақ пазирад зи ту кори ман?

Искандар чунин ҷавоб медиҳад: Бигуфто, ки бошад туро бартарӣ, Бари ман ба миқдори фармонбарӣ... Ба тоат туро то қадам пештар, Бувад қадри ту пеши ман бештар.

Аз ин порчаи боло маълум мегардад, ки Искандар устодашро дар амру фармони подшоҳӣ баробар ва ҳатто аз худ бештар ҳисоб мекардааст. Дар ҳақиқат, Искандар ҳурмату эҳтироми устодашро то охири умр ба ҷо овард. Бо маслиҳати ӯ ва дигар ҳакимон давлати бузургашро идора мекард. Боре як нафар аз Искандар мепурсад, ки чаро ӯ муаллими худ Арастуро аз падар беш ҳурмату эҳтиром мекунад? Ҷавоби Искандар:

Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам, ваз он тарбият ёфт ҷону дилам. Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон, ваз он омадам зиндаи ҷовидон. Аз ин по кушодан зи қайди адам, ваз он рӯ ниҳодам ба мулки қидам.

Ҷомӣ талаб мекунад, ки ҳар касе, ки муаллим дорад, то охири ҳаёташ бояд устодони худро ҳурмату эҳтиром кунад. Қадри муаллим аз падар ҳам зиёдтар аст. Зеро муаллим ба ӯ таълим медиҳад, ҳунару фарҳанг меомӯзонад ва ба шогирд бахту саодат мебахшад. Ҷомӣ афкори пешқадамро зимни образи шоҳи муқтадир - Искандар инъикос намудааст. Ин ақидаи шоир то одаму олам аст, завол намеёбад, зеро чунон ки Ҷомӣ мегӯяд:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор!

Ҷомеа ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва ҳурмату эҳтироми муаллим амрест воҷиб. Андешаҳои Ҷомӣ нисбати омӯзгор, имрӯз ҳам қимати баланди таълимию тарбиявӣ дошта, барои инкишофи маънавиёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат мекунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2