Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ЗАБОН, АДАБИЁТ, ШАРҚШИНОСӢ ВА МЕРОСИ ХАТТИИ БА НОМИ РӮДАКӢ

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

ҶОМӢ-ШОИРИ ТАЪСИРПАЗИР ВА ТАЪСИРГУЗОР

БА ҶОЙИ САРСУХАН

Умри худ гӯянд, Ҷомӣ, сарф кардӣ дар сухан,
Чун кунам, пеши вай ин гуфтор ёдам медиҳад.
Ҷомӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ аз бузургтарин адибону андешамандони форс-тоҷик буда, соли 1414 дар деҳаи Харҷурди Ҷоми Хуросон дида ба дунё кушодааст. Падараш яке аз уламои номдори деҳаи Дашт дар Исфаҳон буд, ки баъдан ба Ҳирот мекӯчад. Ӯ маълумоти аввалияро аз падари худ мегирад. Сипас дар мадрасаҳои Низомия ва Дилкаш аз Мавлоно Ҷунайди Усулӣ, Мавлоно Хоҷа Алии Самарқандӣ, Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ ва дигар донишмандони замони хеш илмҳои арабӣ, баёну мантиқу ҳикматро меомӯзад. Тақрибан дар 22-23-солагӣ ба Самарқанд меравад ва дар он ҷо аз Қозизодаи Румӣ, Фазлуллоҳи Абулайсӣ, Улуғбек фиқҳу нуҷум, хайату фалсафа ва амсоли инро низ фаро мегирад. Баъди ба Ҳирот бозгаштан ба ирфону тасаввуф рӯ меорад. Ҷомӣ дар ҳамин ҳангом бо Шайх Саъдуддини Кошғарӣ ошно мешавад ва аз тариқи вай вориди фирқаи нақшбандия мегардад. Баъд аз вафоти Саъдуддини Кошғарӣ сардори ин тариқат баргузида мешавад. Ӯ се маротиба ба Самарқанд сафар менамояд. Гузашта аз ин, вай ба зиёрати Маккаву Мадина ҳам шарафёб мегардад. Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот менамояд.

Муҳаққиқон ва аҳли тазкираву кутуб миқдори асарҳои Ҷомиро аз чил то панҷоҳ ва ҳатто навад донистаанд. Шерхони Лудӣ гӯяд: «Наваду нӯҳ китоб тасниф намуда, ки ҳамаи онҳо дар Эрону Тӯрон ва Ҳиндустон назди аҳли дониш мақбул афтода ва ҳеҷ кас ангушти эътироз бар он натвонист ниҳод».1 Албатта, Шерхони Лудӣ дар ин маълумоти худ як андоза муболиға кардааст. Аммо Ҷомӣ воқеан ҳам яке аз адибони пуркор буда, таъдоди осораш аз 40 зиёд мебошад. Ба ин маънӣ, Биноӣ, ки аз ҳамзамонони ӯст, гуфтааст:

Ҷомӣ-он Офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ…
Буд аз чил зиёда таснифаш,
Рӯ дар эъҷоз карда таълифаш.2

Муҳимтарин асарҳои адабии Ҷомӣ, ки аз назму наср иборатанд, инҳоянд: «Фотиҳат-уш-шабоб», «Воситат-ул-иқд», «Хотимат-ул-ҳаёт», «Ҳафт авранг», «Баҳористон», «Чиҳил ҳадис», «Муншаот» ва ғайра.

аз 86
навбатӣ