Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
Одинаева Гулбону Мадалиевна
ХУСУСИЯТҲОИ ҒОЯВИЮ БАДЕИИ АШЪОРИ ЛИРИКИИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.01. – Адабиёти тоҷик
Раҳбари илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмонов
Душанбе – 2021
МУҚАДДИМА
Аҳаммияти мавзӯи таҳқиқ. Адабиёти даврони Шӯравии тоҷик, ки ҳамчун адабиёти «ҳомии манфиатҳои мардум» ва реализми сотсиолистӣ шинохта шуда буд ва усулҳои онро инъикос менамуд, зимни таҳқиқу бознигарии амиқ нишонгари он аст, ки «реализм»-и мавриди назари он бештар ҷанбаи сиёсиву идеологӣ дошт.
Бисёре аз масоили муҳимми зиндагии мардум ба тарбияти сиёсии инсони нав, созандаи ҷомеаи коммунистӣ нигаронида шуда буд. Масоиле, ки ба адабиёту фарҳанги халқҳои империяи Шӯравӣ сахт таъсиргузор буданд.
Таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаву воқеии зиндагиву масири эҷодӣ, сабки нигориш ва инъикоси идеявӣ-бадеии осори нависандагону шоирони муайяни замони Шӯравӣ имкон медиҳад, тамоми мушкилоту печидагии воқеияти таърихӣ ва хусусиятҳои идеявӣ-бадеии адабиёти он давронро собит намуд.
Аз ибтидои нимаи дувуми солҳои 80-уми асри гузашта дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳаввулоти ҷиддии иҷтимоиву сиёсӣ ба амал омаданд. Бар асари фурӯпошии ИҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ касб намуд. Дар имтидоди даврони истиқлолият адабиёти тоҷик низ дигаргуниҳои қобили мулоҳизаро мутаҳамил гардид. Ин дигаргуниҳоро метавон дар заминаи мавзӯъ ва дарунмояҳо, гузинаҳои идеявӣ-бадеӣ ва жанрӣ эҳсос кард. Бозтоби ҳунарӣ ва сатҳи эҷодии шоирон дар ин айём дар ҳамин ҷанбаҳои жанрӣ ва самтҳои идеявӣ-мавзӯӣ густариш ёфта, нерӯманд мегардад.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон ҳувияти миллии тоҷикиро фароҳам овард. Шоирону нависандагон бо дарку шумори ин омил дар осори худ воқеияти тозаи замон ва таърихи халқи тоҷикро мавриди бозтоби бадеӣ қарор доданд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ раванди комили адабиёт бар асоси ҷустуҷӯҳои тозаи эҷодӣ ва усули идомаи суннатҳои пурғановати классикии форсу тоҷик сурат гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор