Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт

ДАРЁИ МЕҲР
(Маҷмӯаи хотирот)

Мураттиб ва масъули чоп Пайванди Гулмурод

Аз шодравон Баҳром Фирӯз (1939-1994)-и шоир, нависанда, публисист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии устод Айнӣ, ки 1-уми ноябри соли равон синни 70-ро пур мекард, шеъру ҳикоя, қиссаву роман, мақолаву нигошта ва хотираи неке монда. Дарёи меҳру муҳаббати ӯ, ки ба сӯйи дӯстон ҳамеша ҷорӣ буд, дар маҷмӯа қатрае аз меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон гирдоварӣ шуда ва онҳо аз зиндагии пурсаодату эҷоди пурбаракат ва мактаби одамияти адиби накӯпиндору накӯрафтор ва накӯгуфтор ҳикоят мекунанд.

МЕҲМОН БАХТӢ
раиси Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон

АДИБИ ХУШНОМУ ХУШКАЛОМ

Дар адабиёти ҷаҳон монанди Баҳром Фирӯз адибони зиёде дар овони ҷӯшу хурӯши эҷодӣ ин ҷаҳони орзую омолро падруд гуфтаанд. Яъне онҳо метавонистанд бештар аз пештар осори рагину пурғановатро ба ҳаводорони адабиёт пешниҳод намоянд. Дӯсти шодравони ман, адиби хушсалиқа ва соҳибистеъдод Баҳром Фирӯз аз зумраи ҳамин адибон буд. Ӯ уқоберо мемонд, ки дар авҷи парвоз сайёди бераҳм – аҷал болу парашро бишкаст.

Баҳром Фирӯз фаъолияти эҷодии худро аз шеър оғоз намуд. Пасон самара ва лаззати заҳмати эҷодашро дар наср чашид. Дар ин бахши офарандагӣ ба комёбиҳои намоён ноил гардид.

Баҳром баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд миёни шоирони ҷавони вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ ном бароварда буд. Ҳар бор, ки аз роҳи телевизон барои сабти ин ё он муносибати хуш ба Хуҷанд сафар мекардам, ҳатман ба Баҳром вомехӯрдам. Вақти зиёде нагузашта Баҳроми ҷавон ҳамроҳи арӯси нозанинаш ба Душанбе кӯчиданд ва дар домани шаҳр ҳавличаеро соҳиб шуданд. Нахустмеҳмони ин Лайлию Маҷнун, яъне Саиднисо ва Баҳром шодравон Лоиқ ва ман будам. Лайливу Маҷнун ишора кардани ман сабаби воқеӣ дорад, зеро хонадоршавии онҳо низ қиссаи аҷоибе дорад ва шояд дар ин китобе ёддошт аз ҷониби шоҳидони дигар ин ҳангомаи шавқангез ишора ёфта бошад.

Бо Баҳром Фирӯз миёнаи солҳои ҳафтодуми асри пешин ҳамроҳ дар телевизион кор кардем. Ман ба ҳайси сармуҳаррири бахши адабию драма ва Баҳром муовини сармуҳаррир. Пасон барои мо шодмонии дигаре созгор омад ва мо дар бинои нав ҳамсоя шудем ва то имрӯз ба аҳли хонаводаи азизу мӯҳтарами шодравон ифтихори ҳамсоягӣ дорем.

аз 94
навбатӣ