Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба хушномии адабиёти тоҷик Баҳром Фирӯз аз хеш асарҳои шоёну намоёне, амсоли «Пайи ситора», «Рухсора», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд», китобҳои ашъор «Розҳои моҳтобшаб», «Тафти дил» ва ғайраро ба ёдгор гузошт ва бовар дорам ин осори ба хидмати адабиёт бигзошта номи ӯро дар радифи адибони хушному хушкалом ҷовидон нигаҳ хоҳад дошт.

Маҷмӯае, ки пешкаши хонандагону мухлисони сершумори осори адиб мегардад, аз хотироту ёддошт ва меҳрномаи устодону адибони маъруф, дӯстону ҳамкорон ва шогирдони бародари азизам мураттаб шудааст ва баёнгари меҳру муҳаббат, самимияту садоқати дӯстону ҳамкорон нисбати адиби хушному хушкаломамон мебошад.

МУҲАММАДҶОНИ ШАКУРИИ БУХОРОӢ
академики АУ Тоҷикистон,
узви Фарҳангистони адаби форсии
Ҷумҳурии Исломии Эрон,
барандаи ҷоизаҳои давлатии ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва
Абӯалӣ ибни Сино

ЗАРРАҲОИ ОДАМИЯТ

Адабиёти форсии тоҷикӣ аз солҳои шасти қарни бист масъалаи одамият, масъалаи инро, ки инсон чӣ гуна бояд бошад ва муомилаи байни мардум бояд ба чӣ усуле асос ёбад, мавриди баррасӣ қарор дод.

Баҳром Фирӯз (1939-1994) яке аз ҳамон нависандагоне буд, ки дар сари ин масъала бисёр фикр мекунанд. Асарҳои Баҳром Фирӯз пур аз фикру мулоҳизаҳост ва мо, хонандагонро низ водор месозад, ки баробари ӯ фикр кунем, масъалаҳои муҳимеро, аз қабили ин, ки одам кист ва одамгарӣ чист, ҳаматарафа ба мулоҳиза гирем.

Лекин Баҳром Фирӯз мулоҳизаҳои худро ба тафсил баён намекунад. Дар асарҳои ӯ андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз ба назар намерасанд. Вай ба мақсади худ бо қувваи тасвир мерасад: дидаву шунидаҳояшро як-як нишон медиҳад ва мо аз ин тасвирҳои ӯ ба фикр меравем, хулосаҳо мебарорем.

Ҳар як асари бадеӣ, хусусан асарҳоеро аз қабили ҳикояҳо (повестҳои кӯчак)-и Баҳром Фирӯз хеле бо диққат хондан лозим меояд. Назари ӯ дар мушоҳидакорӣ баъзан нозук меравад ва хислатҳои инсонии қаҳрамон ё ноодамии ӯро нозук ба мушоҳида гирифта, ба назари мо намоён мекунад.

Инак, ҳикояи «Омаду рафт» (1979). Дар ин ҳикоя, чунонки ҳоло дар бисёр асарҳои нависандагони тоҷик мебинем, қаҳрамон дар дами марг нишон дода шудааст. Усто Равшан дар бистари марг баъзе лаҳзаҳои зиндагии худро аз назар мегузаронад, феълу атвори баъзе касонро фикр мекунад. Аз ин мулоҳизаҳо мебинем, ки тамоми зиндагии ӯ бо заҳмати ҳалол, бо некӯкорӣ гузаштааст. Лекин барои фаҳмидани ин, ки усто Равшан чӣ касест, чанд гуфтаи вай, хусусан охирин сухани ӯ муҳим аст. Охирин сухани ӯ ин буд, ки канда-канда гуфт: «Хоб дидам... асп маро гирифта... андохт... аз қисмат ҷойи гурез нест... Афсӯс, ҳаво носоз омад»... Чунонки мебинем, қаҳрамони нависанда дар дами вопасин афсӯс мехӯрад, ки «ҳаво носоз омад». Вай аз поён ёфтани умри худ афсӯс намехӯрад, аз ин ки умраш бо заҳмат гузашт ва чунонки занаш гуфт, ҳанӯз аз фарзандон роҳат надидааст – аз ин дар ҳасрат нест, балки дар ташвиш аст, ки «ҳаво носоз омад» ва мардум барои гӯронидани ӯ азоб хоҳанд кашид. Усто Равшан дар дами марг ҳам ғами дигаронро мехӯрад.

пешина
аз 94
навбатӣ