Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин аст услуби Баҳром Фирӯз. Вай ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни фикру ҳисси қаҳрамон чашми диққат медӯзад, гоҳ нозуктарин нишонаҳои феълу атвори инсонро аз назар мегузаронад, аз ҳар кадоми онҳо як маънӣ мекашад. Мо ҳам аз асарҳои ӯ беҳтар фаҳмидани маънои рафтору гуфтори одамонро ёд мегирем. Ба рӯйдодҳои одӣ, ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни феълу атвори инсон бодиққат нигоҳ кардани нависанда боис мегардад, ки мо, хонандагон низ ба муҳит, ба мардумони атрофи худ бодиққат нигоҳ кунем, дар фаҳмидани маънои зиндагӣ ва одамию ноодамӣ чашми мо бинотар, ақли мо гиротар шавад.

Баҳром Фирӯз аввалҳо шеър мегуфт ва фақат аз оғози солҳои ҳафтод ба наср гузашт. Ман ӯро ба сифати насрнавис аз ҳикояи «Бобо», ки соли 1970 навишта ва соли 1972 чоп карда буд, мешиносам. Ин ҳикоя зуд диққати хонандагон ва нависандагону мунаққидонро ба худ кашид. Мушоҳидакорӣ ва нозукбинии ӯ аз ҳамин ҳикоя маълум буд.

Нависанда дар ин ҷо як кӯдак ва падарбузурги пирсоли ӯро тасвир кардааст, ки ҳар ду ба деҳа равонанд. Сӯҳбати бобову набера дар роҳ, манзараҳои кӯҳсор ва ғайра, ки дар ин ҳикоя тасвир шудааст, бештар гӯё чизи одист: гуфтугузори одатӣ мебошад. Лекин дар ҳақиқат як порча аз зиндагии бисёр аҷиби мардуми мо дар ин ҳикоят тасвир шудааст. Кӯдак дар ҳар қадам чизе аз аҷоиботи зиндагии одамон ва ҳайвонотро мебинад ё мешунавад. Гоҳ медид, ки «қуллаҳо чун сутун ба китфи худ осмонро бардошта истодаанд» ва «дилашро ваҳм зер мекард», гоҳ аз бобо ҳикоятҳои аҷибе дар бораи гургон мешунавид. Кӯдак бо ҳайрату тааҷҷуб барои худ аҷоиботи табиатро кашф мекунад ва мо ба кунҷковӣ, ҳайрату тааҷҷуб ва ҳиссиёти баланди ин кӯдаки хурдсол мафтун мешавем. Нависанда ҷараёни мураккабе – раванди аз тарафи як кӯдаки зираку ҳассос кам-кам кашф шудани асрори зиндагиро ба тадқиқ гирифтааст ва бо ҷузъиёти аҷиби руҳиву равониаш ба мо нишон додааст. Бобо – пиракии пурдидаву пурдон ва коркӯфта низ ҳар лаҳза дар пеши чашми мо намоён мегардад.

Баҳром Фирӯзро нависандаи маишатнигор ва услуби ӯро услуби маишатнигории иҷтимоӣ гӯем, шояд саҳв нашавад. Диққати ӯ ба зисту маишати мардум равона гардидааст ва гоҳ онро бо кӯчактарин падидаҳояш мебинад, бо дақиқназарӣ ба мулоҳиза мегирад. Аз хондани ҳикояҳои ӯ чашми мо ҳам ба хурдабинӣ одат мекунад, фикри мо ҳам дар сари моҳияти он ҷузъиёти ночизи маишат ба ҷавлон меояд ва дар роҳи дарки маънои ҳодисаҳои зиндагӣ фаъол мешавад. Хурдатасвирӣ дар аксари ҳикояҳои маҷмӯаи «Ҳақиқати талх» (1981) шакли асосии ифодаи нозукбинии ҳассосонаи Баҳром Фирӯз буда, барои инкишофи қобилияти мӯшикофии хонанда, барои такони фаъолиятмандии иҷтимоии вай иқтидор дорад.

пешина
аз 94
навбатӣ