Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тасвирҳои Баҳром Фирӯз дар ҳикоя аксаран вусъат надоранд. Вай бештар воқеаҳои хурдеро мегирад, ки аз талотум маҳрум буда, як гӯшаи зиндагиро андак равшан мекунанду бас. Вале ин гап чунин маънӣ надорад, ки ҳикояҳои ӯ каммазмун мебошанд. Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама, одамиятро устувор мекунад. Ҳам пирамарди нотавони ҳикояи «Бобо» ва Усто Равшане, ки дар бистари марг аст, ҳам Комилполвони ҳикояи «Гӯштигирӣ» (1974), ки номардии шогирдаш Сангин-полвонро боиси сархамии худ донист, ҳам сарнавишти Сабои ҳикояи «Оғоз» (1979), ки бо вуҷуди номуродиҳо ҳиссиёти олии инсониро аз даст надодааст ва дигарҳо аз худ сифатҳои баланди инсонӣ зоҳир намуда, моро водор месозанд, ки дар сари баъзе масъалаҳои зиндагӣ, дар хусуси одаму одамият ба андеша равем. Қаҳрамони хурдсоли ҳикояи «Ҳақиқати талх» (1976) сагчаи дӯстдори худро ба чӯпоне фурӯхт, то ки саги калони чӯпонӣ шавад, аммо чун падар ӯро сахт коҳиш кард, ки фақат «нокас дӯсташро мефурӯшад», ин ҳасрат якумр дар дилаш монд ва ин сухан дар гӯши хонанда ҳам садо дода сахт менишинад.

Ҳамин тариқ, нависанда одамияти баланди қаҳрамонон, адлу инсоф ва виҷдони поки онҳоро на бо тасвирҳои пурвусъат ва лавҳаҳои бузург, балки гӯё ҷузъиёти алоҳидаи зисту маишатро реза-реза гирд оварда, як манзараи мукаммалро пеши чашм ҷилва медиҳад. Ҳар қадар ки нависанда воқеаҳои зиндагиро нозуктар ба мушоҳида гирифта, моро бештар ба андеша мебарад, ба ҳамон дараҷа хислатҳои неки инсониро устувор менамояд.

Оре, одамият зарра-зарра гирд меояд. Ҳар инсони асил бо ягон хислати мардумии худ, ҳатто бо хислатҳои хурду ноаён сифатҳои одамии дигаронро заррае зиёд мекунад. Ҳар кадоми мо бояд қобилияте дошта бошем, ки ин зарраҳои инсониятро дида тавонем, ҳарисона аз худ намоем, аз онҳо дар зиндагӣ дастури амал ҷӯем. Нависандагон бо нигоҳи заррабини худ ин қобилияти моро равнақ медиҳанд. Нигоҳи нависандагон ҳар чӣ нозукбинтар бошад, биноии мо ҳам тезтар хоҳад буд.

Ин ҷо муҳимтар аз ҳама он мебошад, ки ба сифатҳои хурду ноаён нишон додани бузургии халқ аст. Ба назари мо, Баҳром Фирӯз ҳамин равияро пеш гирифтааст. Ин ҳам барои худшиносии маънавию ахлоқии шахс ва ҷомиа дорои аҳамияти бузургест. Дар ин сурат шахс вазифаи инсонии худро боз ҳам нозуктар дарк месозад, зеро рӯҳи поки инсонӣ, хулқи неки мардумӣ, дили софи беолоиш ва монанди инҳо зарра-зарра дар назари ӯ намоён шуда, бо падидаҳои хурде аҳамияти калони худро намудор меоранд.

пешина
аз 94
навбатӣ