Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар баъзе ҳикояҳои Баҳром Фирӯз инсон дар оғӯши табиат нишон дода шудааст, инсон ва ҳайвоноти гуногуни дастию ёбоӣ як ҷо амал кардаанд («Бобо», «Бузғола ва писарак», «Омаду рафт» ва ғайра). Чунин ҳикояҳо монанди бисёр ҳикояҳои дигари ӯ асосан барои кӯдакон ва ҷавонон навишта шудаанд, вале муаллиф дар ин асарҳояш хонандаи калонсолро низ дар назар дорад. ҳар кадоми ин ҳикояҳо як ҳикмати ҳаётро ифода менамоянд ва ин ҳикмат чунон ифода шудааст, ки барои хурду калон баробар аҳамият доранд.

Пайванди ногусистании инсон ва табиат, бо чашми ҳайрат ва мафтунӣ ба сирру асрори табиат, аҷоибот ва ҳусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсолон дар ин ҳикояҳо на бо калимаҳои зебо ва суханороии зоҳирӣ, балки бо сухани одӣ, бо қувваи тасвири мушаххас нишон дода шудааст. Б. Фирӯз аз рангу равғани романтикӣ худдорӣ мекунад. Шавқи пурзӯри инсон, ки аз мушоҳидаи манзараҳои табиат ва ё рафтори ҳайвоноти гуногун бедор шудааст, дилбастагӣ ва меҳри самимии одам нисбат ба боғу роғ, кӯҳу дара, чашмасорону обшорон ё ки нисбат ба ҷонварони дӯстрӯи содиқ ва монанди инҳо дар асарҳои Б.Фирӯз бо падидаҳои мушаххасашон намудор мегарданд.

Чашми хонанда, хусусан хонандаи ҷавонро ба зебоиҳои зиндагӣ, ба ҳусни табиат ва дунё кушодан, диққати хонандаро ба дидани наҷобати дили инсон ва хулқи неки ӯ равона кардан, ба ин восита барои устувории пояҳои инсоният дар ҷомиа кӯшидан як шакли ифодаи башардӯстӣ дар асарҳои Б. Фирӯз аст. Ин башардӯстии олӣ масъулиятшиносии шахсро низ дар бар дорад. Нависанда на фақат меҳри зиндагӣ ва инсонро дар дили шахс мустаҳкам мекунад, балки зимнан чунин фикреро ҳам талқин менамояд, ки шахс дар назди чунин инсони асил, дар назди зиндагӣ ва сарзамин ҷавобгар буда, хулқашро ба онҳо мувофиқ гардонад, барои муҳофизати онҳо тайёр бошад, нагузорад, ки ба ин ҳама ҳусну зебоӣ ва назокату наҷобат осебе расад. Б. Фирӯз ба таври хосе ҳисси масъулияти шахсро дар назди ҷомиа қувват медиҳад.

Ғояи масъулиятшиносӣ аксаран аз маънои таҳтуллафзи матн ҳосил шуда, гоҳ дар мулоҳизарониҳо андаке бевосита ифода меёбад. Чунончӣ, Комил-полвон (ҳикояи «Гӯштигирӣ») рафтори норавои шогирдаш Сангинро дида буд, ки аз дилаш чунин фикр гузашт: «Усули гӯштиро ёд додан кам аст, одамию одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ҳам ёд додан даркор...»

пешина
аз 94
навбатӣ