Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар айбҳову гуноҳҳои каси дигаре худро низ айбдор донистан, аз ин бобат виҷдонан азоб кашидан, дар роҳи тақвияти одамият ва пешгирии ноодамӣ ҷидду ҷаҳд кардан, ки дар зиндагии баъзе қаҳрамонони Баҳром Фирӯз мебинем, падидаҳои гуногуни масъулиятшиносии шахс дар назди ҷомиа аст.

Хислатҳои бади инсон ҳам дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз бо диққаткорию резабинӣ нишон дода шудаанд. Вай ба ҳар яке аз падидаҳои ноодамию ноинсофӣ, беақлию бетамизӣ, ки муносиби шаъни инсон нест, низ бодиққат нигариста, сабабҳои онро меҷӯяд ва мардумро аз сабуксарию беандешагӣ бар ҳазар медорад. Ҳикояҳои «Чинор-кампир» (1977), «Товуси маст» (1977), «Камгап» (1979) ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.

Агарчи дар ҳикояҳои Баҳром Фирӯз тасвири мушаххас, мӯҷаз ва оромона мавқеи асосӣ дошта, мулоҳизарониҳои доманадору пурҳиссиёти муаллиф ё персонажҳо ба назар намерасад, дар баъзе мавридҳо, хусусан он гоҳ ки аз хулқи нораво ва гумроҳии инсон сухан меравад, фикру ҳисси таҳиягар ногоҳ ба ҷӯш омада, овози ӯ баланд шунида мешавад. Аз ҷумла дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» (1981) аз сабаби раҳмдилии модар ва саҳлгириҳои ӯ аз кӯдакӣ кам-кам аз роҳи дуруст баромадани ҷавоне тасвир ёфта, яке аз персонажҳо сабаби ин ҳодисаро чунин эзоҳ додааст, ки «агар худи кас одам шудан нахоҳад, ҳеч кас ӯро одам карда наметавонад». ҳикояпардоз ба ҳаққонияти ин сухан шубҳа надорад. Бо вуҷуди ин аз забони ӯ чунин андешаҳо ҳам омадааст: «Ҳар ду дақиқае чанд хомӯш мондем. Ман ботинан ин гуфтугӯро давом медодам: Ба фикри ман, дар ин бадбахтӣ танҳо худи Шодӣ гунаҳкор не, – мегуфтам худ ба худ. – Фақат як худи модараш гунаҳкор не, ҳамаи аҳли деҳа гунаҳкорем. Бале, хурду калон – ҳама. Дар пеши назарамон дузду авбош, коҳилу кӯрнамак ба воя расид, ҳеч кас ба таври қатъӣ ба вай монеъ нашуд».

Ин ҷо, чунонки дар эҷодиёти бисёр нависандагон мебинем, ба як ҷиҳати дигари масъалаи «шахс ва ҷомиа» дахл шудааст: нависанда андаке ба масъалаи масъулияти ҷомиа дар назди шахс наздик омадааст.

Чунонки шахс дар назди ҷомиа ҷавобгар аст, ҷомиа ҳам барои ҳар як фард ва сарнавишти ӯ масъулият дорад. Чигунагии ташаккули шахсияти инсон, чӣ хусусиятҳо пайдо кардани роҳи ҳаётии одам на фақат ба худи ӯ, балки ба муҳити иҷтимоӣ ҳам вобаста аст ва агар инсон ба роҳи бад дарояд, як қисми гуноҳ ба гардани ҷомиа ҳам мефарояд, ҳатто гоҳ мумкин аст, ки гуноҳ тамоман ба гардани ҷомиа бошад. Ин масъалаи бузурги мураккаб паҳлӯҳои бисёре дошта, Баҳром Фирӯз дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» фақат як ҷиҳати онро аз назар гузаронидааст, ки муносибати мардуми атроф ба неку бади зиндагӣ мебошад. Мардум ба рӯйдодҳои атрофи худ бояд муносибати фаъолона дошта бошанд. Муносибати бетарафона ва ғайрифаъолона, бепарвоӣ, бедахолатӣ, оромонаю хунсардона нигоҳ кардани баъзеҳо ба рӯйдодҳои нохуш, ба ғами дигарон, ба нокасӣ ё каҷрафтории атрофиён боиси вусъат ёфтани бадиҳо мешавад. Як кас аз роҳи рост барояд, чанд кас гунаҳкор аст. Нависанда ҳамин ҳақиқатро хотиррасон намудааст.

пешина
аз 94
навбатӣ