Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтури ҷавон Даврон – қаҳрамони асосии повести Баҳром Фирӯз «Тору пуд» (1983) ба ҳиллаву найранги бадкирдорон гирифтор шуда ва рафтори онҳоро хеле аз назар гузаронида охир чанд хулосаи муҳим баровард, ки яке аз онҳо ин аст: «Ба ҳамаи ин пасту баландиҳо худамон гунаҳкор... Нуқсонро, ҷиноятро мебинему «ба ман чӣ» гуфта чашм пӯшида мегузарем».

Ин ҷо қаҳрамон «худамон» гуфта худро ва касонеро, ки монанди ӯ ҳалолкору ростқавл мебошанд, дар назар дорад. Яъне ҳам шахси алоҳида ва ҳам мардуми бисёреро баробар ба назар гирифтааст. Маълум нест, ки сухан аз масъулиятшиносии шахсони алоҳида меравад ё тамоми ҷомиа. Ин номуайянӣ чунин маънӣ дорад, ки нависанда барои ҳодисаҳои манфие, ки дар зиндагии мо ҳастанд, барои амали бемамониати «мардуми ба ҳарому ҳалол бефарқ» ҳам шахсҳои алоҳида ва ҳам тамоми ҷомиаро баробар ҷавобгар медонад. Ҷавобгарии шаҳрвандии шахс ва вазифашиносии башардӯстонаи ҷомиа сахт ба ҳам марбутанд. На фақат шахс дар назди ҷомиа ва ҷомиа нисбат ба шахс ҷавобгар аст, балки ҳам шахси ҷудогона, ҳам гурӯҳҳои хурду калон ва ҳам тамоми ҷомиа вазифадоранд, ки ба муқобили бадиҳои иҷтимоӣ муттаҳид бошанд, аз як гиребон сар бароранд. Модом ки зиштиҳои иҷтимоӣ қувват гирифтаанд, бояд ҳамаи қувваҳои зидди онҳо ба дараҷаи баробар фаъолияти қатъии якҷоя дошта бошанд.

Чунин ҷамъбастҳои вусъатноки бадеӣ дар ҳикояҳои Б. Фирӯз каманд. Вай дар ҳикояҳо хислатҳои қаҳрамон ва симои инсонии ӯро бо нишонаҳои хурд ва падидаҳои мушаххас ба тасвир гирифта, аз ҷамъбастҳои вусъатнок худдорӣ мекунад. Инро норасоии биниши бадеии ӯ донистан лозим нест. Он ҳама резатасвириҳои мушаххаси ӯ барои дунёфаҳмию зиндагидонии васеи мо хидмат карда, бо таъсири отифии худ водор месозад, ки хулосаҳои муҳим барорем.

Фақат баъзан худи нависанда аз тасвирҳои на чандон калон, аз ҳодисаҳои маҳдуд, ки зоҳиран ночиз менамоянд, баъзе хулосаҳои муҳими умумӣ мебарорад. Дар як маврид чунин хулосаи ӯ хеле вусъат ёфта, ба ҳодисаҳои умумии ҷаҳон дахл намудааст. Дар охири ҳикояи «Кабкҷанг» (1976) таассуроти таҳиягар чунин баён шудааст:

пешина
аз 94
навбатӣ