Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
«Агар аз кабкҷанги аввал дилтанг будам, аз ин ҷанги нобаробар нафратам ва ғазабам ҷӯшид. Умуман, ду ҷонвари бегуноҳро ба ин тариқ ҷанг андохта, парканию чашмкании онҳоро тамошо кардан ва гарав бастан бераҳмӣ, беақлӣ. Аз дилам гузашт, ки башариятро ҳам ана ҳамин хелҳо ба ҷанги бародаркушӣ меандохтагистанд».
Ин тарз аз тасвири як воқеаи хурди маъмулӣ ба ҳодисаҳои калони ҷаҳонӣ гузаштани нависанда ғайри чашмдошт аст. Вале шояд маҳз ҳамин гардиши ғайричашмдошт бо таъсири пурзӯре моҳияти даҳшатангези ҷангҳоеро, ки сангдилони одамбезор ва дунёхур сар мекунанд, равшан менамояд.
Ҷамъбастҳои калонтари бадеӣ дар повести Баҳром Фирӯз «Ту танҳо не», хусусан дар «Тору пуд» бештаранд.
Повести «Ту танҳо не» бо баррасии масъалаҳои муҳими ахлоқу одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони ҷавон ҷолиб аст. Дар повести «Тору пуд» масъалаи одамият ва муҳофизати он аз тааррузи ноодамон хеле тезу тунд мавриди тадқиқи бадеӣ қарор ёфтааст. Нависандае, ки то ҳол ҳатталимкон аз ифшои ҳиссиёти худ худдорӣ мекард, дар повести «Тору пуд» гоҳ ӯро ончунон ҳаяҷон фаро гирифтааст, ки суханаш ба фарёд монанд аст. Инак, порае аз монологи ботинии қаҳрамони асар, ки садои муаллифро ҳам аз он мешунавем:
«Духтур бисёр шуду беморӣ ҳам афзуд мегӯянд, гӯё сабабгори беморӣ духтурҳо бошанд. Ана, ин хел маразҳо бисёранд, инҳо одамонро касал мекунанд. Стресси рӯҳу эҳсос... Ғалатӣ, чаро барои дурӯягӣ, турачигӣ ҳеҷ касро ҷазо намедиҳанд?... Аслан ин мараз ҳам, торафт меафзояд. Яъне марази ҳамагир аст. Кай пеши роҳашро мегирем, ҳой мардум?! Ин ҳам грипп барин, дарди зарпарвин барин, балки аз ин маразҳо бадтар аст...»
Нависанда дар повести «Тору пуд» ноодамии ҳаромхурону пулмастони бетамиз ва ҳомиёни маснаднишини онҳоро бо хашми тамом тасвир кардааст. Баъзан сухани ӯ тири заҳролудест, ки бехато ба ҳадаф, ба ҷигаргоҳи кӯрдилони ваҳшисимо мерасад. Сӯзи дили нависанда бисёр баланд буда, виҷдони хонандаро ба ҷӯш меорад, ҳиссиёти масъулиятшиносӣ ва фаъолиятгарии иҷтимоии ӯро сахт такон медиҳад. Бар хилофи бештари ҳикояҳои Б. Фирӯз дар ин повест оҳанги ҳиссиётомези рӯзноманигорӣ қувват гирифта, боиси ин шуд, ки мавқеи ҷомиаии фаъолонаи ӯ буррову гӯё ифода гардид. Сухани бадеии Баҳром Фирӯз дар «Тору пуд» сухани асили гуманистӣ мебошад ва бо ҷидду ҷаҳди бештаре пояҳои одамиятро устувор ва ноодамиро маҳкум менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор