Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷомиа дар «Тору пуд» андак ранги дигар гирифт ва такмил ёфт. Нависанда акнун барои ҳар чӣ ҳодисаи баде, ки дар атрофи мо рӯй медиҳад, барои падидаҳои ҳаромкорӣ, бетамизӣ, худсарӣ, бемаънавиятӣ на фақат худи онҳоеро, ки ин хислатҳо аз онҳо сар задааст, на танҳо ҳар шахси ҷудогона ё як гурӯҳ мардумеро, ки расвоиҳоро дида, чашм пӯшидаанд, гунаҳкор медонад, балки масъалаи ҷавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гузоштааст. Кормандони масъули идораҳо, намояндагони ҳокимияти иҷрокор вазифадоранд, ки барои пешгирии ноинсофиҳо, барои аз роҳи хато нигоҳ доштани шахсони алоҳида мубориза кунанд ва дар ин роҳ ҳама ҳуқуқу имкониятҳои худро пурра истифода баранд. Саргузашти қаҳрамони повест бо қувваи азиме нишон дод, ки вазифаи худро фаромӯш кардани кормандони масъул, ба роҳи беинсофӣ даромадани онҳо ба сари мардумони поквиҷдон чӣ даҳшатҳое метавонад орад.
Фикри бадеии нависанда дар повести «Тору пуд» бо ин байти олиҷаноби Фирдавсӣ хулоса шудааст:
Нигар то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.
Ин гӯё хулосаи бадеии ҳамаи воқеаҳои повест ва тамоми саргузашти қаҳрамонон, хулосаи таҳқиқи гуногунҷиҳати масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷомиа мебошад, хулосаи амиқест, ки моҳияти масъаларо ба хубӣ равшан мекунад. Нависанда бо мантиқи ҳамаи воқеаҳо ва сарнавишти қаҳрамонон, аз забони шоири бузурги моҳиятбин моро огоҳ месозад, ки ҷавобгарию вазифашиносиро бояд як лаҳза фаромӯш накунем. Инсон барои ҳар қадам ва ҳар суханаш дар назди дигарон ҷавобгар аст ва ҳеч кору ҳеч гуфтори ӯ беоқибат намемонад. Аз ҳамаи ин рафтору гуфтори шахсони алоҳида симои умумии ҷомиа ҳосил мегардад ва ин ҷомиа ҳам дар пеши ҳар як узви худ, дар пеши мардумони имрӯз ва фардо, дар назди таърих масъулият дорад. Шахс ва ҷомиа ҷудо нест ва ҷомиа аз шахсони ҷудогона. Муносибати шахс ва ҷомиа, масъулияти ҷомиа ва шахс дар назди якдигар робитаи диалектикӣ дорад ва ҳар чӣ неку баде, ки дар ин миён ҳаст, инчунин оқибатҳои он ба дараҷаи баробар чӣ сарнавишти шахс ва чӣ вазъи ҷомиаро муайян мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор