Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Даврон – қаҳрамони «Тору пуд» дар беморхона саргузашти даҳшатноки худ ва беинсофию ноодамиҳоеро, ки дар андак муддат дид, фикр карда, дар охир чунин хулоса баровард: «Зиндагӣ худаш ислоҳ мекунад, гузашти замон мусаҳҳеҳи забардаст аст. Ҷомиа агар солим аст, монанди оби баҳр худашро аз ҳар олоише покиза месозад».
Аз ин андешаҳои Даврон ва аз ҳама муборизаҳои ӯ дида мешавад, ки моҳияти замони худро дуруст фаҳмидааст, ки дар зиндагӣ бо дилпурӣ қадам мезанад. Ҷомиаи мо баҳри пурмавҷест, ки ҳамеша худро «аз олоишҳо покиза месозад». Афкори иҷтимоӣ барои ба соҳили нестӣ бароварда партофтани бетартибию бенизомӣ, худсарию худбинӣ, бюрократизм ва дигар рӯйдодҳои манфӣ бояд ҳамеша дар ҷавлон бошад.
Ин аст, ки Баҳром Фирӯз, ки ҳикоянависиро аз ҷузъиёти хурди зисту маишат, аз таҳқиқи батаании оромона оғоз карда буд, имрӯз аз гуфтори халқ ва тасаввуроти вай нағз огоҳӣ пайдо кард.
Ба забони халқ бо эҳтиёткории тамом наздик шудан ва аз ин ганҷина дурдонаҳо ҷустан аз давраҳои аввали таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ, хусусан бо ҷаҳду ҷадали устод Айнӣ бисёр ривоҷ ёфта буд. Имрӯз ин корро нависандагони миёнсол ва ҷавон давом медиҳанд. Ин гурӯҳ сабки саҷияофаринии тоза ва назари амиқбин доранд, мактаби таҷрибаи адабиёти ҷаҳониро гузашта, имрӯз дар ин роҳ баъзан хеле эҳтиёткор буда, анъанаҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзодаро бештар ба тарзи дигаре ва ҳар кадоме ба таври худ инкишоф медиҳанд. Баҳром Фирӯз ҳам дар ҳамин қатор аст.
Насри Баҳром Фирӯз аз дигар ҷиҳатҳо ҳам як ҳисса аз он ҷараёнест, ки бо номи Ф. Муҳаммадиев, С. Турсун, Кӯҳзод, А. Самадов ва монанди инҳо вобастагӣ дорад. Бо диққати тамом нигаристан ба симои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарразарра ҷамъ овардани нишонаҳои одамият ва кӯшиши ҷиддӣ дар роҳи устувории пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти бисёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад ва Б. Фирӯз яке аз онҳост.
Ғайр аз ин, Баҳром Фирӯз чун дар повести «Тору пуд» ба масъалаҳои ҷиддии ахлоқи иҷтимоӣ, ба масъалаи инсону инсоният нисбатан пурвусъат ва амиқтар назар кардан хост, низ монанди баъзе аз нависандагони номбурда, чунончи мисли Ф. Муҳаммадиев ва С. Турсун ба таҷрибаи чандин насли мардум ба тасаввуроту эътиқодот ва ҳикмати халқ, ба адабиёти классикӣ ва таърих рӯй овард. Аз боби якуми ин асар дар фикру андешаҳои қаҳрамон гоҳ ёде аз гузашта – аз солҳои наврасию навҷавонии худ, гоҳ шеъри Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ё ривояте аз ҳаёти онҳо, гоҳ латифае ё гуфтаҳои ҳикматомези падару бобо ва ғайра бисёр ба назар мерасад. Инҳо як ҷузъи муҳими шуури маънавии Даврон-пизишки ҷавони хушмулоҳизае мебошанд ва ҳар замон барои ҳалли масъалае даркор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор