Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Ҳоло аҳамияти бузурги ҳамаи навъҳои таҷрибаи таърихии дуру наздик ҳар чӣ бештар маълум мешавад. Имрӯз тамоми инсонияти тараққихоҳ сабақҳои таърих, таҷрибаи рӯзгори мардум, падидаҳои маънавияти халқ – устураҳо, афсонаҳо, ривояту латифаҳо на монанди инҳоро ба андеша гирифтааст. Гузашта дар тафаккури ҳамзамонони мо бештар роҳ меёбад ва мавқеъ мегирад. Аз ин рӯ, дар адабиёт ҳам муроҷиат ба дирӯз, ба андӯхтаҳои маънавии гузаштагон яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти қаҳрамони ҳамзамони мо, шарти муҳиме дар тадқиқи масъалаҳои ахлоқи иҷтимоии имрӯз ва нигоҳ ба фардо мебошад. Таҷрибаи таърихӣ санги маҳак қарор ёфтааст ва инсони замони мо, инчунин қаҳрамони адабиёти муосир барои ин, ки моҳияти ҳастии худро дуруст фаҳмад, хатти ҳаракати худро дар шароити мураккабу тундпечи дунёи имрӯзӣ бо санҷишкорӣ муайян созад, дар ҳалли муаммоҳои воқеияти иҷтимоӣ ва ахлоқу одоби худ саҳв накунад, вазъияти худ ва рӯйдодҳои атрофро кам ё беш алоқамандона бо гузашта аз назар мегузаронад. Вай дар роҳи ҷӯяндагиҳо, дар роҳи сарфаҳм рафтан ба маънои рӯйдодҳои имрӯзӣ машъали таърих ба даст гирифтааст. Албатта, таърих ягона воситаи равшан кардани роҳ ба сӯйи оянда нест. Воситаи асосӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъияти воқеӣ ва рӯйдодҳои имрӯзист. Таърих як ҷузъи муҳимми ин таҳлил мебошад.
Ҳангоме ки қаҳрамони Баҳром Фирӯз дар повести «Тору пуд» порчаеро аз «Шоҳнома», ривоятеро аз зиндагии Ҷомӣ, байтеро аз Саъдӣ ё Ҳофиз, латифаеро ё як гуфтаи ҳикматомези падарашро ба хотир меорад, дар олами маънавияти ӯ ҷилое пайдо мешавад. Ҳофизаи таърихӣ ҷавлони фикру ҳисро қувват дода, инсонро ба дарки маънои рӯйдодҳои мушаххаси атроф, моҳияти ҳастии худ ва ҳақиқати замони хеш наздик меорад. Даврон дар сари андешаҳои мураккаби худ бештар ҷозиба дорад, фикри ҷӯянда ва назари моҳиятҷӯи вай, ки имрӯз ва дирӯзро баробар фаро гирифтан мехоҳад, ба ӯ як навъ ҳусни ботинӣ мебахшад. Фикру ҳисси вай болу паре дорад ва гоҳ суханаш шоирона аст. Чун мошин ронда ба сари ағба расид, ба ин тарз аз мушоҳидаи баландии кӯҳ табъаш болид ва ба қавли ҳамсараш, ба «хаёлтарошӣ» сар кард: «Вақте ки кас ба ин хел баландӣ мебарояд, вусъати нигоҳаш ҳам, парвози хаёлаш ҳам, уфуқи пеши назараш ҳам доманадор мегардад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор