Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Яке аз ҷузъҳои гуногуни таҷрибаи асрҳо, ки Баҳром Фирӯз дар ин повесташ дахл намудааст, масъалаи шукр аст. Чунонки медонем, шукр дар асарҳои адабиёти ахлоқиву фалсафии асрҳои гузашта яке аз муҳимтарин усули ахлоқ буд. Тасаввури халқ ҳам ҳамин буд, ки агар шукр нагӯем, файзу баракат мепарад. Дар ин маврид маънои шукру шукрона асосан донистани қадри неъмат – қадри нон ва фаровонӣ, рӯзи хуш ва бахту саодат, қадри андак чиз ва ё камтар шодие, ки муяссар шудааст, зарур аст. Агар қадри онро надонем, онро пешпо занем, аз ин нодонӣ рӯзҳои нохуш ба сарамон хоҳад омад. Ин яке аз тасаввуроти халқ аст, ки аз таҷрибаи рӯзгораш ҳосил шудааст.
Баҳром Фирӯз аз байни нависандагони ҳозираи тоҷик ҳоло қариб ягона касест, ки қаҳрамонони ӯ гоҳ-гоҳ ин асли муҳимми ахлоқи халқ ва ахлоқномаҳои классикиро ба ёд меоранд.
Дар дами марги қаҳрамони ҳикояи «Омаду рафт» байни ӯ ва ҳамсараш аз ҷумла чунин гуфтугузоре ба вуқӯъ пайваст:
— «Парво накун, оча, – гуфт усто бо нимтабассум ва лаҳзае ба рӯйи ҳамсараш зеҳн монда, дуру дароз нигарист. – Ман умрамро дидам, ҳар чӣ насибам буд, гирифтам...
— Э, ин қадар... чӣ дидед? – даст афшонд пиразан. – Меҳнати дунё катӣ гузаштагӣ умр ҳам умр аст чӣ? Хуни ҷигар катӣ фарзанд калон кардед, акнун роҳаташонро бинед-дия...
— Шукр кун, оча, шукр гӯй».
Ин ҷо гуфтугӯйи онҳо қатъ шуд ва ҳар ду ба андеша рафтанд. ҳам ҳасрати ин пиразан, ки дар зиндагӣ роҳате надида имрӯз аз дунё чашм пӯшидани шавҳараш дили ӯро фишор медиҳад, ҳам шукри оқилонаи пирамард, ки бо вуҷуди меҳнату машаққат ва номуродиҳо дар зиндагӣ дарнамонданаш, фарзандҳо калон карданаш, андаке бошад ҳам, ба хизмати мардум расиданашро давлати бузург медонад, маънои амиқе дорад. Ин шукрона идеалҳои мардуми меҳнатӣ, мақсаду маром ва фалсафаи зиндагии онҳоро ифода мекунад. Ин фалсафаи ҳаёт бо сухани маъмулии мардуми одӣ ба забон омадааст.
Масъалаи шукр дар ҳикояи «Омаду рафт» андак дахл шудааст, аммо дар повести «Тору пуд» аввал дар андешаҳои қаҳрамони асосӣ Даврон аз зарурати шукрона андак ёдоварӣ шудааст. Вай боре бо ҳамсараш Азиза чунин гуфтугӯ дошт: «Падару бобоёнамон сари ҳар гап «шукр кун» мегуфтанд, – гуфт Даврон оқибат аз дур сухан сар карда. – Ту ҳам ягон бор шукр гӯй, аз ин фалокат саломат мондем». Баъд Даврон ба андеша рафт: «Аз дили Даврон гузашт, ки ибораи «шукр кун» ба Азиза ҳамеша сеҳру ҷоду барин асар мекунад... Ҳоло фикр мекард, ки чаро ин сухан ба ҳамсараш чунин таъсир дорад. Аз хурдӣ дар хонавода падару модар ҳамаи моро ба шукр гуфтан водор мекунанд. Худашон ҳам дар сари ҳар кор – хоҳӣ бад ояд, хоҳӣ нек, шукр мегӯянд. Падари Азиза ҳатто ҳангоми ҳалокати писари ягонааш ҳам «шукр» мегуфтаанд. Ҳамаи ин беасар намегузарад. Аз як тараф, барои таскини дили одам, барои тасаллӣ шукр кардан хуб аст, вале аз тарафи дигар, касро ба қаноатмандӣ талқин мекунад. Фалсафаи хоси мардуми мусулмон... Ҳатто агар нобарорие пеш ояд, баъзан сабаби онро ба ношукрӣ ҳамл мекунанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор