Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Ин ҷо аз забони қаҳрамон шукру қаноатро фақат ба «мардуми мусулмон», фақат ба Ислом нисбат додани қаҳрамон эҳтимол чандон дуруст набошад. Шукр ва қаноат дар байни усули ахлоқи динии ҳама халқҳо мавқеи калон дошт, решаҳои онро аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаҳмишу дониши халқ, аз идеалҳои вай, аз ҷустуҷӯйҳои маънавии фарзандони бузурги ӯ ҷӯем, шояд наздикӣ ба ҳақиқат осонтар шавад.
Чунонки мебинем, андешаҳои Даврон хеле доманадор буда, тасаввуроти ҳаётии мардум, таҷрибаи халқро ҳамаҷониба фикр мекунад ва маънои ҳикматҳои халқро фаҳмидан, ба таҷрибаи чандин насли мардум шарик шудан мехоҳад. Даврон, ки ҷавони равшанфикр ва пизишки ҷӯянда аст, худро як ҷузъи халқаш медонад ва ҳар чиро, ки хоси ин халқ аст, аз ҷумла маънои он хулосаҳои аҷибу ғарибро, ки халқ аз рӯйдодҳои зиндагӣ мебарорад, пай бурдан яке аз мақсадҳои ӯст. Дар ин маврид ҳам ҳофизаи таърихӣ қувваи фаъол буда, барои ҳалли масъалаҳои имрӯзии ахлоқи иҷтимоӣ, барои муайян шудани хатти ҳаракати ҳозираи инсон хизмат мекунад. Ҳофизаи таърихӣ, пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки дар ҷустуҷӯйҳои маънавию ахлоқии ин қаҳрамони ҷавон, дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калон доранд.
Нависанда бо рафти воқеаҳо ва бо мантиқи инкишофи саҷияи қаҳрамонҳо таъкид кардааст, ки пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ, фаъол шудани ҳофизаи таърихӣ дар ҷиддитарин лаҳзаҳои зиндагии инсон бештар натиҷа медиҳад, ҳалли масъалаҳои мураккаб ва куллӣ, кӯшиши бартараф кардани душвориҳо, чунин лаҳзаҳое, ки инсон дар назди худ вазифаҳои ҷиддӣ гузошт ё чунин вазифаҳо пеш омад, ҳофизаи таърихӣ бештар фаъол мешавад, ба маънои амиқи таҷрибаи ҳаётию маънавии наслҳои гузашта даст ёфтани инсон бештар муяссар мегардад. Ҳеҷ чиз бе ҷидду ҷаҳди махсус ба даст намеояд. Фақат ҷаҳду ҷадали ҷиддӣ дар роҳи ҳалли умдатарин масъалаҳои ҳаёт боиси рушду камоли маънавӣ мешавад. Аз ҷумла ба ҷустуҷӯйҳои маънавии гузаштагон ҳамроҳ шудан, ба қадри таҷрибаи онҳо расидан ва онро давом додан ҳам дар айни фаъолӣ, дар айни шиддати қувваҳои рӯҳии шахс бештар рӯй медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор