Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инро дар повести «Тору пуд» аз саргузашти Даврону Азиза ба хубӣ дидан мумкин аст. Чунонки умуман дар душвортарин лаҳзаҳо фаъолияти фикрии инсон қувват мегирад, қаҳрамонони ин повест низ чун ба сарашон фалокате омад, бошиддат фикр кардан гирифтанд ва таҳлилу худтаҳлилӣ дар фикри онҳо зиёд шуд. Муҳим ин аст, ки фикру андешаҳои онҳо дар ин лаҳзаҳо бештар мазмуни маънавӣ мегирад ва хулосаҳояшон аз афзудани ғанои маънавии шахсияташон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин маврид боз ҳам масъалаи шукру қаноат пеш омадааст. Инак, як қисми андешаҳои Азиза:

«Ман маст будам, ҳушёр шудам, – мегуфт ҳоло Азиза бо дард. – Хоб будам, бедор шудам. Як бор сарам ба обу поям ба гирдоб афтоду сонӣ маънии бисёр гапу корро фаҳмидам. Даврон ҳамеша як байт шеъри Хоҷа ҳофизро такрор мекард: «Замони хушдилӣ дарёб, дарёб, ки доим дар садаф гавҳар набошад». Вай понздаҳ сол боз ин байтро гуфта мегашт, вале ман маънии онро дуруст наандешидаам ё худ барои андешаи чуқур фурсат надоштам. Акнун фаҳмидам... Одамизод чӣ махлуқи ношукр будааст! Ана, расо се моҳ боз шабу рӯзамон бо парешонӣ мегузарад. Се моҳ боз ба лабам табассум надавидааст. Дар ҳақиқат, ба монанди садафе, ки гавҳар надорад, ҳаёту зиндагӣ холӣ, пуч, бекора шуд. Се моҳ боз ақрабакҳои ин соати ба ман харида додагиаш беҳуда мегарданд, рӯзу шабҳои ба ман нодаркорро ҳисоб мекунанд... Даврон доим мегуфт: «Ман на аз он қаноатмандам, ки хушбахтам, балки хушбахтиам аз он, ки ҳамеша қаноатмандам ва шукр мекунам». Маънии ин суханбозиашро намефаҳмидам, ақаллан бифаҳмам гӯён ақламро намедавондам. Баръакс, аз ин хел суханон дилтанг будам. Ӯ ба рӯйи ман маҳзун менигаристу хомӯш механдид. Ҳа, Даврон аз кору бори худ, аз хонавода, умуман аз ҳаёт қаноатманд буд. Кӯдак барин баъзан ягон ҳодисаи одӣ ва ё муколамаи лутфомезро гуфта, соат-соат механдид. Боре як воқеаро гуфта, Испанд катӣ ҳар ду қариб то ними шаб хандиданд. Дар саҳни хона ғел зада, шикамашонро дошта механдиданд. Ана, акнун ба лабони писарам табассум намедавад».

Ҳам воқеаҳои ҷории рӯзмарра, ҳам хулосаҳои ҷиддие аз онҳо, ҳам байти Ҳофиз, ҳам суханбозии ҳикматомезе дар бораи шукру қаноат ва бахту саодат як ҷо шудааст, ки ҳама ҳастии ӯ мазмуни баланди маънавӣ дорад. Вай дар айни шиддати фикру ҳиссаш рафти воқеаҳои зиндагии худ ва хонаводаашро, зоҳири воқеаҳоро не, балки моҳияти онҳоро аз назар гузаронидан мехоҳад. Мақсади ӯ ба маънии ботинии рӯйдодҳо сарфаҳм рафтан, аз онҳо сабақ омӯхтан, барои оянда хулосаи ҷиддӣ баровардан аст. Қаҳрамон дар ин лаҳза дар сари ҷустуҷӯйҳои маънавӣ, дар сари худшиносӣ мебошад, мақсади вай зиндагӣ ва маънои ҳаёти худро ба андеша гирифтан аст.

пешина
аз 94
навбатӣ