Мазмуни мухтасари «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.
«Хирадномаи Искандарӣ», ки ҳафтумин достони «Ҳафт авранг» аст, 2315 байтро фаро гирифта, соли 1485 (890 ҳиҷрӣ) дар вазни мутақориб таълиф гардидааст. Достони Искандар дар адабиёти Шарқ мавзӯи анъанавӣ буда, Ҷомӣ на ҷангнома, балки хираднома навиштааст.
Искандар (Александр) ҳангоми солхӯрда будани падараш таваллуд мешавад. Падараш Файлақус (Филипп) ӯро барои тарбия ба ихтиёри Арасту (Аристотел) медиҳад. Арасту ба Искандар илмҳои замонро меомӯзонад. Ӯ махсусан ба омӯхтани асарҳои Уқлидус (Евклид) ва Батламус (Птолемей) аҳамияти калон медиҳад. Дар натиҷа Искандар чун шахси баркамол, олими тавоно ва хирадманди дурандеш ба камол мерасад. Файлақус наздик шудани марги худро пай бурда, Искандарро бо устодаш ба назди худ даъват мекунад ва аз писараш имтиҳон мегирад. Искандар аз санҷиш хуб мегузарад. Бо супориши падар устод барои Искандар «Хираднома» тартиб медиҳад.
Баъди марги Файлақус Искандар халқро чамъ мекунад, ки подшоҳашонро баргузинанд. Халқ ӯро интихоб мекунад. Баъди ин хирадномаҳои Арасту, Афлотун (Платон), Суқрот (Сократ), Буқрот (Гиппократ), Фисоғурас (Пифагор), Асқалинус (Аскасниюс), Ҳармис (Гермеси Трисмегист) паиҳам меояд, ки афкори баланди таълимӣ, сиёсӣ ва фалсафии муаллифро дар бар мегирад.
Искандар баъди ҳокимияти худро мустаҳкам кардан ва дар мамлакат адлу инсофро ҷорӣ намудан ба сӯи ғарб, ба хоки Доро, ба шимолу, шарқ ва ҷануб лашкар кашида, ҷаҳонгирӣ мекунад ва дар ҳама ҷо шаҳрҳои нав бунёд менамояд, кишвари Яъҷуҷу Маъҷуҷро забт карда, онро бо садди азиме мебандад. Баъд саёҳатҳои Искандар ба баҳрҳо шурӯъ мешавад, ки ба ӯ Хизру Илёс ва Балинос роҳбарӣ мекунанд.
Баъд хирадномаи Искандар шурӯъ шуда, шоир аз забони ӯ бисёр афкори пешқадами худро роҷеъ ба давлатдорӣ пеш мегузорад.
Сипас Искандар ба сӯи Чин лашкар мекашад. Хоқони Чин наздик расидани ӯро шунида, ба ӯ як канизак, як ғулом, як даст ҷома ва як хон таъом мефиристад. Искандар аз ин тӯҳфаҳои ночиз ранҷида дар ғазаб мешавад. Вале олимони дарбори ӯ мефаҳмонанд, ки ин тӯҳфаҳо рамзӣ буда, ҷаҳонкушоро ба қаноат даъват менамояд. Искандар бо хоқон сулҳ мебандад.
Дар ин миён Искандар аз модараш нома мегирад. Модар ӯро насиҳат медиҳад, ки аз роҳи аҳли хирад рафта, адлу додро пеша кунад ва фақирпарвар бошад.
Искандари дур аз ватан афтода ба Арасту нома навишта талаби васият мекунад, Арасту дар ҷавобномаи худ ба Искандар насиҳат медиҳад. Шогирдони Арасту дар мактаби ӯ, ки «байт-ул-ҳикмат» ном дошт, илмро равнақ медиҳанд.
Искандар ба Ҳинд сафар карда, бо бараҳманҳо вомехӯрад ва дар назди онҳо аз заъфу нотавонии худ лаб ба шиква мекушояд. Баъд Искандар ба шаҳре меояд, ки на шоҳ дораду на гадо, ҳама дар он баробар буда, аз кизбу дурӯғ, ҷангу ғорат ва истисмор хабар надоранд.
Искандар боз чанд шаҳрро забт карда, аз лашкариёни худ ҷудо мешавад ва дар киштие нишаста ба кӯҳи Қоф мерасад. Аз он ҷо баргашта, дар биёбони сӯзоне ба дарди аҷал гирифтор мешавад. Ӯро ба хок месупоранд. Ҳакимон дар сари қабри ӯ хутбаҳо мегӯянд.
«Хирадномаи Искандарӣ» тамсилу ҳикоятҳои зиёд дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё