Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои вобаста ба андоз ва андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Кодекси мазкур чунин муносибатҳои андозро муайян кардааст: муқаррар, бекор, ҳисобу пардохт кардан ва тағйир додани андозҳо, танзими муносибатҳои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз; ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда; ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 3. 12. 2004 қабул шуд. Кодекси амалкунанда 17. 9. 2012 қабул гардид ва аз 1. 1. 2013 мавриди амал қарор гирифт. Он аз қисми умумӣ ва махсус, 18 фасл, 50 боб ва 329 модда иборат аст. Дар қисми умумӣ низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои он, навъҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, назорати пардохти андозҳо, санҷишҳо ва дигар шаклҳои назорати андоз, ҷавобгарӣ, ҳуқуқвайронкунии андоз, ҳалли баҳсҳо, мақомоти андоз, вазифаҳои асосии он ва ғайра дарҷ шудаанд. Қисми махсус муносибатҳои вобаста ба андоз аз даромад ва андоз аз фоида, андозбандии байналмилалӣ, қоидаҳои баҳисобгирии андоз, давраи андоз, андоз аз арзиши иловашуда, объектҳои андозбандӣ, имтиёзҳои андоз, вақт ва маҳалли анҷом додани амалиёти андозбандӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андоз, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва ғайраро танзим кардааст. Адабиёт Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012. А. Холиқзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 146.

0

Сохти давлатӣ ва марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохти давлатӣ ва шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад. Маънои ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки дар давлати мо мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судӣ, Конститутсия, низоми қонунгузорӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандии ягона, низоми ягонаи пул ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ надоранд. Роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин мешаванд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шакли идораи ҷумҳурии президентиро тавассути раъйпурсии умумӣ (6 ноябри соли 1994) бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфт. Аломатҳои асосии шакли идораи ҷумҳурӣ: ба муҳлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва ғайра. Шакли идораи ҷумҳурии президентӣ ва аломатҳои он дар моддаҳои 64 ва 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Муфассал нигар: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷ. Ҷамшедзода. Сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохти мавҷудаи марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо каме дигаргуниҳо идомаи сохтори қаблии давраи Шӯравӣ мебошад. Меъёрҳои марбут ба тартиби танзими ҳуқуқии сохтори марзӣ-маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби аввали Конститутсия дарҷ шуда, тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона ва ҳудуди он тақсимнашавандаву дахлнопазир эълон гардидааст. Муқаррар шудааст, ки тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд (қисми 4-и моддаи 7). Дар моддаи 56 масъалаи таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ ва тағйири онҳо ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гузошта шудааст (банди 1). Мақсади тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои марзию маъмурӣ босамар ташкил кардани идораи давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Воҳидҳои марзию маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот иборатанд. Низоми воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду вилояти маъмурӣ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои ҳайати вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иборат аст. Дар асоси қонуни конститутсионӣ ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ ҷудо шуда, тобеи ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр мебошанд. Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо ҷудо мешаванд. Шаҳрҳо аз рӯи аҳамият ба ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷудо гардидаанд. Ҳудудҳои истифодаи низоми махсус (мамнуъгоҳҳо, боғҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, ёдгориҳои табиат, ҳудудҳои таъйиноти мудофиавӣ ва ғайра) воҳидҳои ҳудудӣ мебошанд. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои марзию маъмуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, барҳам ва тағйир медиҳад, маркази маъмурии онҳо, сарҳади воҳидҳои марзию маъмуриро муқаррар мекунад ва тағйир медиҳад, мансубияти маҳалҳои аҳолинишинро ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа муайян мекунад, масъалаҳои номгузорӣ ва тағйири номи воҳидҳои марзию маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсису барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурӣ, таъсиси комиссия ва ғайра ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод ирсол мекунад. А. Имомов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 144.

0

Гунбади намаки Хоҷамуъмин

Гунбади намаки Хоҷамуъмин, кӯҳи азими намаки холис, ки бештар ҳамчун кӯҳи намак ё тали намак маълум аст, дар ҷануби кишвар, дар ноҳияи Восеъ, 20 километр ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Гунбади намаки Хоҷамуъмин аз баландии зиёда аз 600 метр намудор буда, шаклаш шабеҳи тоскулоҳи азимест, ки қуллаи он нисбат ба атрофаш 880 метр баландтар аст. Гунбади намак байзашакл буда, дарозии кӯндалангаш аз 8 километр зиёдтар аст. Хоҷамуъмин якҷоя бо тали намаки Хоҷасартез, ки начандон дур мавқеъ гирифтааст, на танҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон низ ба шумори диапирҳои бузургтарин дохил мешаванд. Шаклҳои зеризаминии релйефи карстии Хоҷамуъмин гуногунанд. Оби борон дар сатҳи гунбад ҷорӣ гашта, аввал дар қифҳои карстӣ ҷамъ мешавад, сипас ба даруни анбӯҳи намак медарояд. Дар дохили қабати намак роҳи тӯлониро тай намуда, боз дар доманаи гунбад пайдо мегардад. Ҳатто дар тафсонтарин рӯзҳои тобистон баъзе чашмаҳои намак хушк намешаванд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 150 чунин чашмаҳои намак ба қайд гирифта шудаанд. Фаровонии ғорҳои намакӣ дар гунбади Хоҷамуъмин алҳол ба таври дақиқ ҳисоб карда нашудааст. Намаки Хоҷамуъмин тоза ва дорои микроунсурҳои барои андомгони инсон зарурӣ мебошад. Ёдгории табиии Чилдухтарон Дар доманаи силсилакӯҳи Дарвоз, ки дар остонаи манзумаи кӯҳии Помир ҷойгир аст, ҳарсангҳои машҳури Чилдухтарон воқеанд. Таҳнишастҳои сурхранги давраи неогени кайнозой фазои васеъро дар ҳавзаҳои дарёҳои Обихингоб ва Ёхсу ташкил додаанд. Таркиби ҷинсҳо ба ҳам монанд аст — регсангҳо бо қабатҳои аҳён-аҳён гил ва конгломератҳои ғафс бо ҳарсангҳои қирадор. Ғафсии ҷинсҳои неогенӣ то 6–6,5 километр мерасад. Чилдухтарон мавзеи ягонае нест, ки дар он ҷо табиати худкор бо неруи муъҷизакораш аз ҷинсҳои давраи неоген релйефи ғайриодиву хотирмон офаридааст. Қалъаи Тамара, ки онро неруҳои табиат дар соҳили дарёи Обихингоб, дар наздикии деҳаи Тавилдара бунёд кардаанд, аз ҷиҳати ҳаҷм муҳташамтар аст. Қаторхарсангҳои сурхранг ва харобазорҳои шаҳрҳо ва қалъаҳоро дар обтақсимкунаки силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, чӣ аз тарафи дарёи Ёхсу ва чӣ аз канораи рости бо он ҳамҷавори водии Обиравон низ вохӯрдан мумкин аст. Яке аз номҳои шохоби дарёи Ёхсу — Дандоншикан ифодаи хеле дақиқи релйефи неогении ин ноҳия мебошад. Ҳар қабати неоген симои худро дорад. Конгломератҳои неоген, ки бо регсангҳои оҳакӣ ва гилҳо иваз мешаванд, зери таъсири боду борон намуди юртаҳои сангии нӯгтезро мегиранд. Маҷмӯи ин гуна иншооти афсонаиро бо лабиринтҳо (гузаргоҳҳои мушкилгузар)-и танги кӯчаҳои рахнамонандаш аз дур ҳамчун шаҳри будоии вайроншуда қабул кардан мумкин аст. Х. Муҳаббатов, А. Ниёзов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 140–141.

0

Парваришгоҳи Макони суғур

Мақсади таъсиси парваришгоҳ муҳофизату афзоиши намуди суғури Мензбир аст, ки ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил шудааст. Олами набототу ҳайвоноти парваришгоҳ аз рустаниҳо (намудҳои маҳаллии бурс, арча, бирешимхома), ҳайвонот (рӯбоҳ, суғур, гург, харгӯш) ва парандаҳо (лошахӯр, бургут ва боша) иборат аст. Парваришгоҳи маҷмаавии Музкӯл Парваришгоҳи маҷмаавии Музкӯл дар ҳудуди баландтарин ноҳияи кӯҳсори ҷумҳурӣ — Мурғоб ҷойгир аст, соли 1972 ташкил шудааст. Баландии мутлақи парваришгоҳ аз 3 500 метр зиёд аст. Масоҳаташ 66,9 ҳазор гектар аст. Аз ҷиҳати масоҳат калонтарин парваришгоҳи ҷумҳурӣ буда, мақсади таъсиси он ҳифзи мавзеъҳои баландкӯҳ, рустаниҳои ба шароити иқлими сард мутобиқшуда, умуман олами набототу ҳайвоноти нодири баландкӯҳ мебошад. Аз ҳайвоноти нодир дар парваришгоҳ архар (гӯсфанди Марко Поло), шерпаланг, бузи кӯҳӣ ва аз парандагон ғози кӯҳӣ, кабку саъбаи тибетӣ, кабӯтари синасафед ва ғайра вомехӯранд. Рустаниҳои Парваришгоҳи маҷмаавии Музкӯл дар баландиҳои то 3 500 метр паҳн гардида, экосистемаи биёбонҳои субалпиро ташкил медиҳанд ва асосан аз терескен, рустаниҳои болиштмонанд иборатанд. Дар баландиҳои 4 100–4 800 метр паҳн гардидаанд. Парваришгоҳи маҷмаавии Норак Парваришгоҳи маҷмаавии Норак соли 1984 таъсис ёфта, ҳудуди он доманаҳои ҷанубии силсилакӯҳи Сурхкӯҳ (баландиҳои 800–900 метр то 2 000–2 200 метр), қисми шарқии обанбори Норак ва мавзеъҳои доманакӯҳҳои шимолии силсилакӯҳи Вахшро (баландиҳои 2 800–3 000 метр) фаро гирифтааст. Масоҳати умумии парваришгоҳ 14,4 ҳазор гектар буда, мақсади он нигоҳ доштани экосистемаҳои кӯҳии экологӣ дар минтақаи обанбори Норак ва омӯзиши баъди онҳо мебошад. Як қисми маҷмааи табиии парваришгоҳ ба Тоҷикистони Ҷанубӣ ва қисми дигари он (силсилакӯҳи Вахш) ба музофоти табиии Ҳисору Дарвоз тааллуқ дорад. Набототи силсилакӯҳи Сурхкӯҳ асосан арчазор аст. Дар силсилакӯҳи Вахш намудҳои экосистемаи ивазшавандаи дарахтбуттаҳо ва дар наздикии обтақсимкунакҳо алафҳои хордор бештар паҳн шудаанд. Намудҳои гуногуни рустаниҳои буттагии экзохорда, бодом, дӯлона ва писта дорад. Дар соҳилҳои обанбор буттаҳои газ, дар обтақсимкунак арчаи зарафшонӣ (бурс) дида мешаванд. Олами ҳайвонот ғанӣ ва гуногун аст: хирси маллаи тиёншонӣ, силовсин, шерпаланг, гӯсфанди ваҳшӣ ва аз парандагон боша, бургут, лошахӯр, кабк вомехӯранд. Кӯброи осиёимиёнаӣ, теъдоди зиёди гуроз, савсор, аз мурғон кабк мушоҳида мешаванд. Мавқеи ҷуғрофии Парваришгоҳи маҷмаавии Норак барои гуногунии набототу ҳайвонот шароити мусоид дорад. Олами набототи он аз буттаю дарахтони паҳнбарг ва рустанию алафҳои субтропикӣ иборат аст. Аз дарахтони қадрас дар ин парваришгоҳ бештар бодоми бухорӣ, дӯлона, писта ва дар баландкӯҳҳо арчаи зарафшонӣ дучор меоянд. Комплекси олами ҳайвоноти парваришгоҳи Норак ғанӣ ва гуногунранг аст. Аз намояндагони «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин мавзеъ кӯршапараки гӯшкалон, дар силсилакӯҳи Вахш хирси хокистарранги тиёншонӣ, самури обии осиёимиёнаӣ, силовсини туркистонӣ ва шерпаланг вомехӯранд. Аз парандаҳо турнаи сиёҳ, бургут, калхот ва ғайра мавҷуданд. Дар парваришгоҳ кӯброи осиёимиёнаӣ, аз ҳайвонот гуроз, рӯбоҳ, ҷайра ва аз парандагон кабк бештар паҳн шудаанд. Парваришгоҳи набототии Ориён Парваришгоҳи набототии Ориён (собиқ Сойи Вота) соли 1972 ташкил шудааст. Ҳудуди парваришгоҳ дар қатори парваришгоҳи Искандаркӯл, ба сарҳади музофотҳои бисёрҷуғрофии Ҳисору Дарвоз ворид буда, дар баландиҳои 2 000–3 000 метр ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 4,1 ҳазор гектар аст. Мақсади парваришгоҳ муҳофизат ва эҳёи арчазори нишебиҳои силсилакӯҳи Зарафшон аст. Дар парваришгоҳ рустаниҳо вобаста ба релйеф ва баландиҳои мутлақ рӯидаанд. То баландиҳои 2 000–2 200 метр талхшувоқ, ушна, арча, бодом, заранг, олуча, бирешимхома, дар баландиҳои 2 000–3 000 метр арча, хулул ва ғайра месабзанд. Аз ҳайвонот харгӯш, ҷайра, турғай, кафтари кабуд ва ғайра сукунат доранд. Набототи биёбонӣ дар Парваришгоҳи набототии Ориён бештар паҳн шуда, дар қисми миёнакӯҳ бо набототи ксерофитӣ (рустаниҳои ба хушксолии тӯлонӣ ва ҳарорати баланд тобовар) иваз мешавад. Ташаккули арчазорҳо бештар дар нишебиҳои шимолии кӯҳ дар мисоли се намуди арчаҳо: зарафшонӣ, туркистонӣ ва семиглобозойӣ мушоҳида мешавад. Олами ҳайвонотро дар ин мавзеъ харгӯш, ҷайра, хирс ва аз парандагон кабки дарӣ, зоғча, кафтар ташкил медиҳанд. Дар водиҳои дарёҳои хурди ҳудуди парваришгоҳ ва сарҳади он дар ҷойҳои сернам меҳниҳолҳои тӯси туркистониро низ вохӯрдан мумкин аст. Баландтар аз он даштҳои явшон (полини муқаррарӣ, дар баландиҳои 2 700–3 000 метр) ва даштҳои арчазор ҳукмронанд. Парваришгоҳи маҷмаавии Сангвор Парваришгоҳи маҷмаавии Сангвор дар минтақаи Тавилдара (ҳоло Сангвор)-у Дарвоз ва сарҳади Помири Марказӣ ва Помири Ғарбӣ соли 1972 ташкил шудааст. Мақсади таъсиси парваришгоҳ нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҳайвоноту парандаҳои нодир (хирси малла, шерпаланг, қундузи осиёмиёнагӣ, сиёҳгӯши туркистонӣ, оҳу, суғур, ҳамчунин уқоб, лаклаки сиёҳ, бургут, калхот, боша, лошахӯр), наботот (чормағз, себ, заранг, бурс, ар-ар, тӯс, сафедор, анғат, яхмонак) ва буттаҳои гуногун, гиёҳҳои доруворӣ, ҳамчунин мавзеъҳои кӯҳии сабзпӯш ва ғайра мебошад. Парваришгоҳи маҷмаавии Сангвор яке аз минтақаҳои асосии парвариши оҳу дар кишвар аст. Якчанд намуди ҳайвоноти ин мавзеъ ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил шудаанд: хирси тиёншонӣ, силовсин, шерпаланг. Майдони парваришгоҳ қисми канории шарқии минтақаи Ҳисору Дарвозро, ки бо Помири Марказӣ ё минтақаи Помири Ғарбӣ ҳамсарҳад аст, дар бар мегирад. Масоҳати парваришгоҳ 60 ҳазор гектар аст. Аз ду тарафи соҳили Хингоб то баландиҳои 3 000–3 200 метр рустаниҳои бешагӣ ба марғзорҳои субалпӣ иваз мешаванд. Ҳудуди парваришгоҳ аз пастхамиҳову ҷариҳо иборат аст, ки барои паҳншавии набототу ҳайвонот мусоид мебошанд. Қисми ҷанубии парваришгоҳ арчазор (арчаи зарафшонӣ ва сибирӣ) аст. Парваришгоҳи маҷмаавии Сангвор яке аз маконҳои асосии сукунати ширхорҳои ҳашаротхӯр – зинғарғаруи бухорӣ (бурозубка) мебошад. Ин намуд танҳо дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Парваришгоҳи маҷмаавии Чилдухтарон Парваришгоҳи маҷмаавии Чилдухтарон соли 1959 ташкил шудааст. Дар силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, дар баландиҳои 1 200–2 600 метр, дар миёни дарёҳои Ёхсу ва шохоби чапи Сурхоб ҷойгир аст. Масоҳати парваришгоҳ 14,6 ҳазор гектар аст. Мақсади ташкили он ҳифзи гурӯҳи ҳайвонот (масалан, хирс), навъҳои нодири бодом, арчазор, рустаниҳои доруворӣ, ландшафтҳои кӯҳӣ ва ғайра мебошад. Дар баландии 1 300–2 000 метр қабатҳо ва сохторҳои геологӣ намудоранд, ки ёдгории геологию табииро ташкил додаанд. Силсилаи ҷинсҳои регсангии фарсудашуда қатори кӯҳро ташкил медиҳанд, ки дар миёни мардуми маҳал ва берун аз он бо номи мавзеи Чилдухтарон машҳур аст. Қатори кӯҳ бо сангҳои шабеҳи ҷуссаи одам дар баландиҳои 1 300–2 000 метр дар масофаи 5–6 километр тӯл кашидааст. Оби барфу борон, ҳарорати мунтазам тағйирёбанда, регсангҳои сурхрангро чунон табдил додаанд, ки аз дур ба пайкараи занҳои ҷодарпӯш шабоҳат доранд. Теъдоди онҳо аз 40 зиёд аст. Баландиашон гуногун буда, баъзеашон то ба 30 метр мерасад. Дар парваришгоҳ рустаниҳо (заранг, юган, ҳулул, зирк, арча) ва аз ҳайвонот (хирс, харгӯш, гуроз, ҷайра ва ғайра) вомехӯранд. Ёдгориҳои табиии Тоҷикистон Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ёдгориҳои табиии Тоҷикистонро бо дар назар доштани хусусияти табиӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардаанд: Ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ, глятсиологӣ, космогенӣ, ландшафтҳои алоҳида ва ғайра. Дар кишвари мо ёдгориҳои табиӣ (дарахтони азимҷуссаи куҳан, рустаниҳои экзотикӣ, чашмаҳо, шаршараҳои бузург, сангҳои азиме, ки дар натиҷаи фарсоиш пайдо шудаанд, ҷойҳои шиҳобафтода ва ғайра) аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд. Боғи биосферӣ Боғи биосферӣ майдони васеи табииест, ки таъсири бевоситаи инсон ба он нарасидааст ва дар он ҳама вақт вобаста ба муҳити табиӣ дар асоси мушоҳидаҳои биоиндикаторӣ мониторинги муҳит ҷараён мегирад. Боғи биосферӣ аслан воҳиди мавзеъҳои махсуси табиатро дар бар мегирад. Боғҳои биосферӣ мувофиқи барномаи «Инсон ва биосфера»-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг бо мақсади ҳифзи биосфера ва қисмҳои он ташкил ёфтаанд. Боғҳои биосферӣ дар 60 давлати дунё бо миқдори 243 номгӯй, ки майдони умумиашон ба 120 миллион гектар баробар аст, фаъолият доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чунин намуди боғҳо мавҷуд нест, вале ба гуфтаи мутахассисон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва гуногунии олами набототу ҳайвонот дар кишвар имкони барпо намудани чунин боғҳо мавҷуд аст. Боғҳои биосферӣ ва миллӣ марказҳои муҳими сайёҳӣ ҳисоб мешаванд. Ёдгориҳои ландшафтӣ Дар Тоҷикистон ба ёдгориҳои ландшафтӣ ёдгории Арчамайдон, ки дар водии дарёи Киштӯди Панҷакент воқеъ аст, дохил мешавад. Ин ёдгорӣ дар соҳили дарё тӯл кашидааст. Дарахтони алоҳидаи арча то 15 метр баландӣ ва 2 метр ғафсӣ доранд. Ёдгории кӯли Варсоут дар водии Яғноб, дар баландии 2 600–3 000 метр аз сатҳи баҳр ва дар қисми чапи соҳили он шаршара бо баландии 25 метр ҷойгир аст. Ёдгории дигари ландшафтӣ воқеъ дар соҳили дарёи Ванҷ (ноҳияи Ванҷ) ҷангалзори дарахтони анғат мебошад, ки баландии онҳо то 7 метр мерасад. Мева ва равғани анғат аҳамияти табобатӣ дошта, дарахтони он барои пешгирии селу эрозия ва истеҳкоми соҳил нақши бузург доранд. Ёдгории Чилдухтаракон дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Қаротегини ноҳияи Рашт, ки майдони васеи сангҳои гуногунандозаро (баландиашон то 30 метр) фаро гирифтааст, қиссаеро дар бораи ба санг табдил ёфтани духтаракон дар ин мавзеъ нақл мекунад. Ин мавзеъ майдони 1 000 гектарро дар бар гирифта, аксар бо дарахтони чормағзу сафедор пӯшонда шудааст. Дар ёдгории ҷангалзори соҳили дарёи Обисурхи ноҳияи Муъминобод, ки дар 500 гектар майдони туғайзор паҳн шудааст, дар баробари туғайзор дарахтони анғат, зилол ва буттаҳои хуч низ вомехӯранд. Ёдгориҳои ботаникӣ Боғҳои ботаникӣ муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Вазифаи асосии онҳо таҳқиқ ва парвариши рустаниҳоест, ки барои соҳаҳои тандурустӣ, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ муҳиманд. Ҳамчунин дар боғҳои ботаникӣ маҷмӯи рустаниҳо дар ҳолати табиӣ сабзида, интродуксия (иваз шудани ҷои зист аз як минтақа ба минтақаи дигар) ва мутобиқкунонии рустании нав ба муҳити нав санҷида мешавад. Дар боғҳои ботаникӣ мавзеъҳои хосси рустаниҳо: обӣ, даштӣ, кӯҳӣ, ороишӣ мавҷуданд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 100 боғи ботаникӣ вуҷуд дошт. Дар Тоҷикистон чор боғи ботаникӣ — дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ мавҷуд аст, ки барои омӯзиши набототу ҳайвоноти кишвар ва фарқи онҳо аз набототу ҳайвоноти кишварҳои дигар фаъолият доранд. Ба ғайр аз боғҳои давлатӣ, дар Тоҷикистон аз қадимулайём боғҳои шахсии махсус ҳамчун маркази маданию маънавии мардум мавҷуд буданд. Боғи Зогон, Боғи Ирам, Боғи Калон, Боғи Нав, Боғи Сиёвушон, Боғи Шаҳриёр, Боғи Мирон, Боғи Қозӣ, Боғи Муъминон ва ғайра намунаҳое аз боғҳои шахсианд, ки ҳоло деҳаҳо номи онҳоро гирифтаанд. Боғҳои шаҳрӣ вазифаҳои мувозинати экологияи шаҳр ва омили зебоию маърифатиро иҷро мекунанд. Ба ёдгориҳои ботаникӣ аслан дарахтони бузургу азимҷусса дохил мешаванд. Масалан, чунин анбӯҳи дарахтони сафедор дар қисми Сурхкӯҳи шаҳри Ваҳдат буда, дар ин ҷо беш аз 30 дарахт бо баландии 40 метр ва ғафсии то 3 метр қад афрохтаанд. Дарахти чинор дар ноҳияи Нуробод 17,5 метр ғафсӣ, 40 метр баландӣ ва тахминан 400–500 сол умр дорад. Чунин чинорҳои азимҷусса дар деҳаҳои Шул ва Қазноқи ноҳияи Рашт то 13–15 метр ғафсӣ ва 45–50 метр баландӣ доранд. Арчаи азимҷусса дар деҳаи Симиганчи шаҳри Ваҳдат бо ғафсии 11 метр ва баландии 15 метр мавҷуд аст. Арча дар Сари Хосор бо баландии 30 метр ва ғафсии 7,12 метр мавҷуд аст. Майдони азими терескен дар дараи Пшарти ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди зиёда аз 100 гектар паҳн шуда, буттаҳои он 2–3 метр баландӣ ва 200 сол умр доранд. Ёдгориҳои гидрологӣ Гурӯҳи ёдгориҳои табиии обӣ, ки аҳамияти калони илмӣ-пажӯҳишӣ доранд. Пиряхҳо, кӯлҳо ва чашмаи обҳои маъданӣ ба ёдгориҳои гидрологӣ дохил мешаванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон хеле зиёданд. Кӯли Ало (шаҳри Панҷакент), шаршараи Искандардарё аз баландии 30 метр (ноҳияи Айнӣ), шаршараи Овчуғ бо баландии 80 метр (ноҳияи Дарвоз) ва ғайра навъе аз ёдгориҳои гидрологӣ мебошанд. Ёдгориҳои геологӣ Объектҳои геологӣ бо шаклҳои ҷолиб, дар натиҷаи тағйирёбии бисёрсолаи қабатҳои геологӣ ба вуҷуд омада, аҳамияти илмӣ-пажӯҳишӣ доранд. Ба ёдгориҳои геологӣ кӯҳҳои намаки Хоҷамуъмину Хоҷасартез (ноҳияи Восеъ) дохил мешаванд. Дар ҷаҳон бо чунин андоза кӯҳҳои намак вуҷуд надоранд, ба истиснои кӯҳи намак дар ҷануби Эрон, ки андозаи он нисбатан хурд аст. Дар атрофи Шӯркӯли ноҳияи Мурғоб харсанги бузурге бо номи Чироғтош воқеъ аст, ки дар дохили он сӯрохие бо андозаи 6 метр вуҷуд дорад. Дар бораи ин қиссаву афсонаҳо бисёранд. Намунаҳои ёдгориҳои геологиро дар тамоми гӯшаву канори кишвар дидан мумкин аст, ки муҳимтарини онҳо бо номи Ёкунҷ дар соҳили чапи дарёи Ёхсу воқеъ аст. Ҳамчунин сутунҳои сангин (ноҳияи Мастчоҳ), Кафтархона (ноҳияи Мастчоҳ), мавзеи қадимии коркарди лаъл (кӯҳи Лаъли ноҳияи Ишкошим), ғори Конимансур (дар ҷанубу ғарбии шаҳраки Адрасмон), нақши пои динозаврҳо дар деҳаи Работ (ноҳияи Айнӣ), кӯҳи Малик — сӯхтори зеризаминӣ дар масоҳати 4 гектар (ноҳияи Айнӣ), теппаи Регӣ бо баландии 7,8 метр ва дарозии 80 метр (дар деҳаи Птупи ноҳияи Ишкошим), Манораи сангин (дар деҳаи Анзоб, бо баландии тақрибан 20 метр), лағзиши Яғноб, ки 170 сол қабл рух дода, аз таги он дар масофаи 200 метр дарёи Фон мегузарад, аз зумраи ҷолибтарин ёдгориҳои геологии кишвар мебошанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 137–140.

0

Боғи миллии Тоҷикистон

Боғи миллии Тоҷикистон ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон буда, бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.1992 ва бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиат дар масоҳати 1,2 миллион гектар таъсис ёфт. Дар Хоруғ, Сангвор ва Лахш идораҳои минтақаӣ дорад. Боғи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, рушди сайёҳӣ, таъмини мувозинати собити гуногунии биологии табиат, афзун намудани миқдори камшудаи рустанию ҳайвоноти нодир, барқарор кардани системаҳои устувори экологӣ, экосистемаҳои хоси табиӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ (алпинизм), анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар бораи таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, мониторинги биологӣ, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми маскун дар ҳудуди он ташкил шудааст. Дар натиҷаи минтақабандӣ ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда» мутобиқи корҳои анҷомдодаи коршиносон, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, таҳқиқоти мутахассисони ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда (бо ширкати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва ғайра ба минтақаҳои зерин ҷудо карда шудааст: минтақаҳои мамнӯъ, истифодаи анъанавии табиат ва хоҷагии маҳдуд, минтақаҳои сайёҳӣ. Минтақаи мамнӯи Боғи миллии Тоҷикистон чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки пиряхи Федченко – яке аз бузургтарин пиряхҳои олам (дарозиаш 77 километр, ғафсиаш 1 000 метр) ва манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ аз қабили онҳост. Қуллаҳои баландтарини ин силсилаи экологӣ барои таҳқиқоти илмӣ хеле ҷолибанд. Қарокӯл, ки дар баландии 3 914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо олами набототу ҳайвоноти ғанӣ ва шумораи зиёди эндемикҳо фарқ мекунад. Боғ нахустин ватани зироатҳои муҳим, аз ҷумла, «аҷдод»-и ёбоии зироатҳои имрӯзаи кишоварзӣ, навъҳои ёбоии ба шароити маҳал мутобиқгардида ва навъҳои селексияи мардумӣ мебошад. Дар Помири Ғарбӣ — минтақаи бадахшонии Боғи миллии Тоҷикистон намудҳои аз ҷиҳати ботаникӣ гуногуни гандуми нарми навъӣ ва гандуми мулоим (151 аз 273 намуди маълум), гандуми қадимию эндемикии «резапоя» ва ҳамчинсҳои ёбоии онҳо мерӯянд, ки дар миқёси олам назир надоранд. Қитъаи Сангвори боғи миллӣ аз ҷиҳати гуногунии дарахтони мевадори ёбоӣ ғанист. Мувофиқи маълумоти олимон, дар ин ҷо себи Сиверс, ноки тоҷикистонӣ, ноки бухорӣ, чормағзи юнонӣ, олучаи тоҷикистонӣ, олуи хонагӣ, олуи дарвозӣ, бодоми бухорӣ, бодоми Вавилов, дӯлонаи туркистонӣ, дӯлонаи ҳисорӣ, зирки сиёҳ мерӯянд. Олами ҳайвоноти Боғи миллии Тоҷикистон Дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон 58 намуди ҳайвоноти бемуҳра, 4 намуди моҳӣ, 21 намуди паранда, 24 намуди ширхорон ва 2 000 намуди рустанӣ (223 намудаш ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил аст) мавҷуданд. Аз ҳайвоноти нодир архар, шерпаланг, гурги сурх, гурбаи ваҳшӣ, хирси малла, муфлон, суғур, силовсин ва харгӯш, аз парандаҳо кабки дарӣ, шоҳин, пашшахӯрак, ҳудҳуд, лошахӯр, мурғобӣ, гунҷишки кабуд, фохтак, заргулдор, сангдавак мавҷуданд. Мувофиқи минтақабандӣ, масоҳатҳои ноҳияҳои зерин ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешаванд: | Ноҳия | Масоҳат, гектар | | --- | --- | | Рӯшон | 350 000 | | Шуғнон | 128 100 | | Ванҷ | 270 000 | | Мурғоб | 1 487 049 | | Сангвор | 306 615 | | Лахш | 69 912 | Дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон баландтарин силсилакӯҳҳои минтақа – Пётри Якум, Академияи Фанҳо, Дарвоз ва Олой ҷойгиранд. Қисми зиёди масоҳати боғро пастхамиҳо ва силсилакӯҳҳои нисбатан баланди ҷаҳон ташкил медиҳанд. Дар байни манзумаи кӯҳҳои минтақа силсилакӯҳҳои Ванҷ ва Язгулом мавқеи хос дошта, баландии қуллаҳои онҳо ба 5 000–6 000 метр мерасад. Сарҳади хатти барфии он дар баландии 4 700–5 000 метр ҷойгир аст. Боғи миллии Тоҷикистон бузургтарин парки миллӣ дар минтақаи баландкӯҳи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин ҳудуди баландкӯҳ имкони муддати дурудароз ҳифз намудани намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот ва дигар ёдгориҳои нодири табиию таърихиро таъмин менамояд. Дар баробари яхбандиҳои бузург, дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон диққати сайёҳонро ёдгориҳои таърихию маданӣ, ки дар қисми шоҳроҳи Абрешим ҷойгир шудаанд, ҷалб менамоянд. Яке аз ёдгориҳои беназири он шаҳраки коркарди маъдани Бозордара мебошад, ки ба асри 11 тааллуқ дорад. Ин шаҳрак дар баландии 4 200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар дохили он 80 хонаи иқоматӣ ва корвонсарой ёфт шуд. Дар Боғи миллии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ корҳои тарғиботию равшаннамоии экологӣ бурда мешаванд. Он чун озмоишгоҳи бузурги табиӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ беҳтарин манбаъ буда, дар он биологҳо, глятсиологҳо (яхшиносон), метеорологҳо (обуҳавосанҷон), гидрологҳо, геологҳо (заминшиносон), мутахассисони соҳаҳои дигар метавонанд дар самти омӯзиши мақсаднок ва босамари захираҳои табиӣ дар шароити яхбастагӣ ва хушкии аридии баландкӯҳ, таҳқиқи ҷараёни тағйироти силсилаҳои экологии табиӣ таҳти таъсири гармшавии умумии иқлими замин ва ғайра ба дастовардҳои илмии ҷолиб ноил гарданд. 16–27 июни 2013 дар Камбоҷа сессияи 37-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг барпо гардид, ки тибқи он, Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дохил карда шуд. Боғи табиии Сариҳосор Боғи табиии Сариҳосор моҳи майи соли 1959 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар асоси пешниҳоди олимони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис дода шуд. Соли 1978 Иттиҳодияи таҷрибавии умумииттифоқии парвариши чорвои калони шоҳдори гӯштии «Ховалинг» дар шароити кӯҳсор ташкил карда шуд. Иттиҳодия на танҳо заминҳои чанд совхоз, балки заминҳои ду хоҷагии ҷангали «Ховалинг», «Сари Ҳосор» ва ҳудуди боғро низ дар бар гирифт. Боғи мазкур бо мақсади таъмини нигоҳдории ҷангалҳои паҳнбарг ва мезофилии Тоҷикистони Марказӣ, фарки туркистонӣ, арчаи зарафшонӣ, арчаи туркистонӣ, ҳамчунин ҳифзи ҳайвоноти нодири кишвар – хирси маллаи тиёншонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, суғур, савсор, бургут, лошахӯри гардансафед, кабк, нории сурхи сиёҳтоб ташкил карда шудааст. Боғи таърихӣ-табиии Ширкент Боғи таърихӣ-табиии Ширкент 12 сентябри соли 1993 бо мақсади нигоҳ доштани генофонди олами набототу ҳайвонот, ҳамчунин нақши сумҷои динозавр ва ривоҷи сайёҳии экологӣ ташкил карда шудааст. Масоҳати умумиаш 3 000 гектар аст. Боғ дар масофаи 70 километр ғарбтари шаҳри Душанбе, дар мавзеи зебоманзари дараи Ширкент ва ҳавзаи дарёи Ширкент, дар ҷануби силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Дар боғи мазкур тақрибан 150 намуди муҳрадорон (30 намудашон ширхор), зиёда аз 100 намуди парандаи лонагузор, 41 намуди парандаи муқимӣ, зиёда аз 55 намуди парандаҳои муҳоҷир (кӯчӣ) ва 8 намуди хазанда мавҷуд аст. Ёдгориҳои табиати ғайризинда тақрибан 40 намуди нотакрорро дар бар мегиранд, ки ба ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансубанд. Аз дарахтон каркас, бодом, заранг, дӯлона, хуч ва ғайра мавҷуд буда, намудҳои дарахтони паҳнбарг дар баландии 1 800–2 000 метр, арчазор дар баландии 2 000–3 000 метр аз давраи бӯр боқӣ мондаанд. Аз рустаниҳои доруворӣ – райҳон, чойкаҳак, пудина, шири харак, адрасмон дида мешавад. Дар баландии 2 800–3 000 метр марғзорҳои алпӣ беш аз 350 намуди рустаниҳои олиташаккулро фаро гирифтаанд, ки бештари онҳо хусусияти ғизоӣ ва шифоӣ доранд. Дар ин ҷо торон, югани ғизоӣ, лола ва дигар рустаниҳо вомехӯранд. Хусусияти нотакрори рустаниҳои боғи Ширкент он аст, ки дар баландии 3 000–4 000 метр дарахтони паҳнбарг бо сӯзанбарг мувофиқат мекунанд. Дар баландиҳо сӯзанбаргҳо яхлухт ва бе омезиш рӯидаанд. Аз ин ҷиҳат боғи Ширкент аз ҷангалзори Зарафшон ва силсилакӯҳҳои Туркистон фарқ мекунад. Дар қуллаи силсилакӯҳи Мачитлӣ якчанд пиряхи хурду калон мавҷуд аст, ки роҳ ба сӯи онҳо аз дараи Ҳазорхона ба воситаи монеаҳои Ширкент, ки аз ҳарсангҳои сурхчатоби бузург иборатанд, меравад. Релйефи хеле аҷиби онро ҳарсангҳо ташкил медиҳанд, ки ба гумбад ва қуфл монандӣ доранд. Номҳои таърихии ин мавзеъ (дарёи «Сандал», сандалтахт, таҳкурсӣ, Бибишер, Мадраса Камар ва Мумиёкамар) аз гузашта шаҳодат медиҳанд. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 8 намуди экосистема, иборат аз дарахтони паҳнбарг ва арчазорҳо, мавҷуд аст. Олами набототи боғ ғанӣ буда, намудҳои гуногунро дар бар мегирад. Ҷангалзорҳои камдарахт, ки дар баландии 1 000–1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, аз ҳисоби дарахтони тут, бодом, фарк, дӯлона ва буттаҳо – хулул, гулхори кӯқандӣ ва ғайра сабз шудаанд. Ҷангалзорҳои паҳнбарг дар баландиҳои 1 800–2 600 метр аз сатҳи баҳр, арчазорҳо дар баландиҳои 2 000–3 000 метр ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ дарахтони муқимӣ (эндемикӣ)-и Осиёи Марказӣ – арчаи зарафшонӣ ва арчаи нимкурашакл фаровонанд. Аз рустаниҳои шифобахш чойкаҳак, кокутӣ ва дигар намудҳо вомехӯранд. Марғзорҳои субалпӣ дар баландиҳои 2 800–3 000 метр паҳн шуда, дар онҳо на камтар аз 350 намуди рустаниҳои олӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо аҳамияти шифобахш доранд. Аз ҷумла, торон, юган, ишим (вешим), лолаҳои гуногун ва ғайра. Марғзорҳои алпӣ дар баландиҳои 3 000–4 000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Хусусияти муҳими олами набототи минтақаи Ширкент дар он аст, ки қисми зиёди ҷангалзорҳои паҳнбарг якҷо бо дарахтони ҳамешасабзи арча вомехӯранд, дар қисми баландкӯҳҳо арчазорҳо дар танҳоӣ дучор мешаванд. Олами ҳайвоноти Ширкент хеле гуногун буда, зиёда аз 150 намуди онро муҳрадорон ташкил медиҳанд, 30 намуд ба гурӯҳи ҳайвоноти ширхор мансубанд. Олами парандагон низ гуногун буда, 55 навро дар бар мегирад, 40 намуди онҳо парандагони муқимӣ мебошанд. Парваришгоҳҳои Тоҷикистон Парваришгоҳҳои Тоҷикистон мавзеъҳои гуногунмасоҳати табиие мебошанд, ки дар онҳо намудҳои алоҳида, гурӯҳи ҳайвоноту наботот ва ё минтақаҳое, ки қобилияти нигоҳ доштани мувозинати экологиро доранд, ҳифз мешаванд. Парваришгоҳҳо як шакли хосси ҳифзи табиат мебошанд, ки нисбат ба барқарор ва ҳифзи як ё якчанд қисми компонент (қитъа)-и табиат вазифаи муҳими экологиро иҷро мекунанд. Парваришгоҳҳои Тоҷикистон ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: комплексӣ, ботаникӣ ва зоологӣ. Дар миёни парваришгоҳҳо Музкӯл калонтарин буда, масоҳаташ 66,9 ҳазор гектар аст ва аз ҳама хурдтарин Зарафшон (2 300 гектар) ба ҳисоб меравад. Парваришгоҳи набототии Алмосӣ Парваришгоҳи набототии Алмосӣ соли 1984 ташкил шудааст. Бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва намудҳои нодири флораи Тоҷикистон, ба монанди унгернияи Виктор (ҷинси рустаниҳои якпалла), ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудаанд, ташкил карда шудааст. Парваришгоҳ дар доманаҳои силсилакӯҳи Ҳисор, дар баландии то 2 000 метр аз сатҳи баҳр, дар миёни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 6,0 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Алмосӣ дар ҳудуди минтақаи биогеографияи Ҳисор воқеъ гардида, олами набототи онро бештар дарахтони арча, зилол, хуч ва ғайра ташкил медиҳанд. Ҳайвоноти парваришгоҳ аз харгӯш, рӯбоҳ, оҳуи сибирӣ, хирси малла, аз парандагон – кафтар (кабутар), кабк, акка иборат аст. Унгернияи Виктор эндемики Ҳисори Ғарбӣ буда, манбаи муҳим барои истеҳсоли алкалоиди галантамин ба ҳисоб меравад. Хосияти доруии ин гиёҳ боиси захира ва майдони он гардидааст. Дар гузашта пиёзаки решаи онро васеъ истифода мебурданд, ҳоло ба сабаби камшавии буттаи он, коркарди доруии барги он ба роҳ монда шудааст. Парваришгоҳи Даштиҷум Парваришгоҳи Даштиҷум соли 1972 ташкил шудааст. Дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, қад-қади соҳили рости дарёи Панҷ, аз ҷануб ба шимол ба масофаи 45 километр тӯл кашидааст. Баландиҳои мутлақи ҳудуди парваришгоҳ аз 700 метр то 3 000 метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Марзи шимолии парваришгоҳ ба дарёи Ҷоҷидара, ки парваришгоҳро аз хоҷагии ҷангали Даштиҷум ҷудо мекунад, мерасад. Марзи ҷанубии парваришгоҳ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дарёи Панҷ аст. Ҳудуди ҳифзшавандаи парваришгоҳ 30 ҳазор гектар ва масоҳати умумии он 80 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Даштиҷум бо масоҳати умумии 50,1 ҳазор гектар ва мамнуъгоҳҳои ҳамному ҳамсоя табиати ҳамгун доранд. Парваришгоҳ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳифзи популятсияи бузҳои пармашох (оҳуи морхӯр), ки саршуморашон кам шудааст, ҳамчунин барқарор намудани экосистемаҳои бешаи кӯҳсорҳоро ба уҳда дорад. Набототи Даштиҷум аз намунаҳои зиёди минтақавӣ, аз нимбиёбони пасткӯҳ то марғзорҳои сералаф, пистазор, арчазор ва дигар рустаниҳои дарахтию буттаӣ иборат аст. Дар парваришгоҳ 25 намуди рустании асосӣ (бодом, олуи дарвозӣ, ноки кайон, пиёзи кӯҳӣ, шулаш ва ғайра) мерӯянд. Аз олами ҳайвонот барои муҳофизат 15 намуд хос аст, ки 5 намуди онҳо (оҳуи морхӯр, шерпаланг, қаргас, кӯброи осиёимиёнаӣ) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон солҳои охир морхӯрҳо ба истиснои силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ ва ба миқдори хеле кам дар силсилакӯҳи Кӯҳитанг комилан нест шудаанд. Бузҳои кӯҳӣ дар ҳудуди парваришгоҳ бештар дар шахҳои касногузар, қад-қади дарёи Панҷ ва дар шахҳои хеле нишеби касногузари Кушвористон нигоҳ дошта мешаванд. Убури дарёи Панҷ барои морхӯрҳо осон буда, муайян шудааст, ки бузҳои морхӯр тавассути дарё ба самти Афғонистон шино мекунанд ва бо ин роҳ барои паҳншавии ҳайвонот, ки дар кӯҳҳои давлати ҳамсоя мечаранд, имконият пайдо мешавад. Аз дигар намудҳои ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳ уриал, хук, бабри барфӣ, хирси тиёншонӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ макони зимистонгузаронии кабкҳо ба ҳисоб меравад. Парваришгоҳи давлатии Зарафшон Парваришгоҳи давлатии Зарафшон соли 1976 ташкил шудааст. Он ҳудуди махсуси парандапарварӣ буда, дар қисми ғарбии кишвар, дар туғайзори байни Сӯҷинаю Майкаттаи дарёи Зарафшон, дар ҳудуди сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ гардидааст. Парваришгоҳ бо мақсади ҳифзу афзудани ҳайвоноти нодир, популятсияи табиии нодиртарин зернамуди тазарв (мурғи даштӣ)-и зарафшонӣ ва холгул ташкил карда шудааст. Масоҳати парваришгоҳ 3,38 ҳазор гектар аст. Дар ҳудуди он намуди шарқии тазарв сукунат дорад, ки макони асосии он туғайзор аст. Соҳилҳои дарё бо буттаҳои ангат устувор шудаанд. Туғайзорҳо барои тазарв паноҳгоҳи хубанд. Аз рустаниҳо бештар ангат, бед ва газ паҳн шудааст. Олами ҳайвоноти Парваришгоҳи давлатии Зарафшон аз харгӯш, сагобӣ, қашқалдоқ, шағол, рӯбоҳ, ҷайра, мушобӣ ва ғизоли бухороӣ (гавазни бухороӣ — намояндагони онро 32 сол қабл аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» оварда буданд) иборат аст. Дар соҳилҳои Зарафшон ва суфаҳои дарёии баландтари он заминҳое мавҷуданд, ки барои кишоварзӣ, боғу токпарварӣ мувофиқанд. Дар ҳудуди парваришгоҳ яке аз популятсияҳои шарқитарини товуси зарафшонии мамлакат зиндагӣ мекунад, ки саршумори умумии онҳо аз 100 адад зиёд нест. Дар ҳудуди парваришгоҳ дарёи Зарафшон ба якчанд маҷро ҷудо мешавад ва паҳнои он дар ин ҷойҳо то ба 2 километр мерасад. Теъдоде аз ҷазираҳо ва баъзе қитъаҳои соҳили дарё бо буттаҳои зичу касногузари ангат ва газ пӯшонида шудаанд. Товусҳо асосан дар ин экотопҳо (барқароркунандаҳои сабз)-и муқаррарӣ умр ба сар мебаранд ва ба мавҷудияти боғу токзорҳои атроф вобастагӣ доранд. Ба Парваришгоҳи давлатии Зарафшон пештар чанд сар оҳуи бухороӣ ва ё хангул оварда буданд. Чандин даҳсола қабл ин намуди ҳайвонот дар қамишзорҳои соҳили дарёи Зарафшон зиндагӣ мекарданд, вале баъдтар бар асари фаъолияти хоҷагидории инсон нест шуданд. Парваришгоҳи Искандаркӯл Парваришгоҳи Искандаркӯл соли 1956 ташкил шудааст. Масоҳаташ 30 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Искандаркӯл минтақаи кӯҳии кӯли машҳур — Искандаркӯл, резишгоҳи дарёи Саратоғ ва нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Ҳисор то баландии 2 195 метрро дар бар мегирад. Аз рустаниҳои буттаӣ фарк, арча, бирешимхома паҳн шудаанд. Дар ҷангалзори парваришгоҳ хирси малла, бузи кӯҳӣ, нахчир, шерпаланг, суғур, гӯсфанди кӯҳии қизилкумӣ (бо номи маъмули гӯсфанди Северсов), аз парандаҳо — парандаҳои мавсимӣ — мурғобии куланг, қассобак ва ғайра сукунат доранд. Ҳайвони аз ҳама нодири парваришгоҳ нахчир аст. Искандаркӯл табиати нотакрор дошта, аз олами наботот дар он дарахту буттаҳои гуногун, рустаниҳои субалпӣ, алафҳои болиштмонанд, зағора ва дарахтони арча бештар паҳн шудаанд. Ландшафтҳои Искандаркӯл ба музофоти биоҷуғрофиёии Ҳисору Дарвози ҳудуди Осиёи Пеш мутааллиқ буда, онҳо дар баландиҳои 2 000–3 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Масоҳати умумии ҳавзаи обҷамкунанда тақрибан 760 километри мураббаъ мебошад. Қад-қади хатти соҳили Искандаркӯл марғзорҳои дарахтони тӯси туркистонӣ ва навъҳои гуногуни сафедор реликтҳо (боқимондаҳо)-и замони яхбандӣ паҳн гардида, сафедор ва бедзор қомат афрохтаанд. Лаб-лаби дарёи Саратоғ пайроҳаҳои асосии сайёҳӣ мегузаранд. Ин пайроҳаҳо ба кӯҳҳои зебоманзари Фон ва ағбаи сеҳазорметраи Мӯрии дараи Қаратоғ мебаранд. Маҷмӯи экосистемаи ҳудуди Искандаркӯл гуногун аст: дарахтбуттаҳо дар баландии 2 000–2 500 метр, явшонарчаҳо то 2 700 метр, алафхори субалпӣ 2 400–3 500 метр, дар нишебаҳои сангзори кӯҳ загосаи табобатӣ мерӯяд. Олами ҳайвоноти атрофи Искандаркӯл низ гуногун аст. Парваришгоҳи зоологии Камароб Парваришгоҳи зоологии Камароб охири солҳои 60 асри 20 бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани намудҳои нодири олами набототу ҳайвонот ташкил шудааст. Парваришгоҳ ба минтақаи муайяни ҷуғрофиёии Ҳисору Дарвоз дохил буда, дар силсилакӯҳи Қаротегин, дар соҳили чапи дарёи Камароб ва мавзеи омезиши он бо дарёи Сорбоғ ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 9 000 гектар аст. Дар парваришгоҳ ҳифзи меъёри чарогоҳҳои экосистема ва пешгирӣ намудани шикори бемаврид назорат мешавад. Аз наботот рустаниҳои буттаю эфемерӣ ба мисли зирк, хуч, эремурус ва дарахтони олуча, чормағз, арча, бодом, зилол, аз ҳайвонот – хирс, силовсин, гӯсфанди ёбоӣ, оҳуи сибирӣ, сагобӣ, гург ва аз моҳиҳо гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ мавҷуданд. Парваришгоҳи зоологии Камароб дар миқёси мавзеъҳои кӯҳистон аз беҳтарин экосистемаҳо ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи шикори бемаврид ва ғайриқонунӣ саршумори гулмоҳӣ ниҳоят кам шудааст. Парваришгоҳи зоологии Қаротов Парваришгоҳи зоологии Қаротов соли 1972 бо мақсади ҳифзи экосистемаи рустаниҳои кӯтоҳумр ва комплексҳои табиии пистаи ҷангалҳои пароканда, ҳамчунин намудҳои ҳайвоноти ваҳшии ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда, аз ҷумла, кафтори рах-рах, паланги осиёӣ, ғизол, оҳуи кӯҳии бухороӣ ва ё оҳуи тоҷикӣ, уриал дар қуллаи Қаротови Панҷ ташкил карда шудааст. Масоҳаташ 14,4 ҳазор гектар аст. Рустаниҳои парваришгоҳ аз ҷангали камдарахти пистазор, бодом, буттаҳои газ, арғувони кӯҳӣ иборатанд. Ҳамчунин, марғзори парваришгоҳ аз камол, так-так, таҳаҷ пур аст. Дар қисми ҷануб, дар баландиҳои 800–1 000 метр наъно ва ғеша мерӯянд. Дар баробари пистаю дарахтони бодом, ҳамчунин дӯлона ва дар сатҳи болоии кӯҳсор камол, ҷавдори ёбоӣ ва ғайра вомехӯранд. Олами ҳайвоноти парваришгоҳ гуногунранг буда, аз хазандагон (сусмор, тирмор, гурза), ҷуфтсумҳо (оҳуи ваҳшӣ, оҳуи даштӣ), парандаҳо (кабки муқаррарӣ ва дарӣ, туғчӣ, кафтари ваҳшӣ, шоҳин, қаргас, боша, уқоби морхӯр ва дигар лошахӯрҳо), ҳамчунин харгӯш, ҷайра, рӯбоҳ, гург ва савсор иборат аст. Дар Парваришгоҳи зоологии Қаротов аз наботот бештар писта вомехӯрад, дар ин ҷо ғалладонаҳои ёбоӣ муддати тӯлонӣ сабз боқӣ мемонанд. Аз намудҳои нодири хазандагон дар парваришгоҳ сусмори хокистарранг, гургдандони амудитасма умр ба сар мебаранд. Аз морҳои заҳрдор бештар гурза вомехӯрад. Дар шохи дарахтҳои писта уқобҳои морхӯри туркистонӣ лона мегузоранд, дар дарахтони бешумор бештар калхот ва бошаро дидан мумкин аст. Саршумори сумпойёни ваҳшӣ ҳоло на он қадар зиёд аст: гӯсфандони кӯҳӣ (уриалҳо) – то 200, ҷайраи онҳо – камтар аз 100 саранд. Сабаби асосии камшавии саршумор шикори бемаврид, чаронидани чорвои хонагӣ, асосан гӯсфандон ва галаи аспҳо мебошад. Силсилакӯҳи Қаротови Панҷ яке аз чарогоҳҳои асосии зимистонаи гӯсфандпарварӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳатто пас аз парваришгоҳ эълон шудани ҳудуди мазкур, чаронидани чорвои хонагӣ ба ягон низом надаромада, боиси расонидани таъсироти манфӣ ба захираҳои табиӣ, ба монанди буридани пистаҳо ва кам шудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ гардид. Табиат ва олами ҳайвоноти Парваришгоҳи зоологии Қаротов аз ҷиҳати илмӣ ҳамчун озмоишгоҳи раванди таҳаввулӣ (эволютсионӣ) дар зери таъсири шадиди омилҳои антропогенӣ эътибори хосса доранд. Парваришгоҳи набототии Кӯҳи Сабз Парваришгоҳи набототии Кӯҳи Сабз дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон, дар мавзеи ағбаи Шаҳристон ҷойгир буда, соли 1959 таъсис ёфтааст. Баландии парваришгоҳ 2 700–3 000 метр аст. Масоҳати он 19,8 ҳазор гектар аст. Вазифаи парваришгоҳ муҳофизат ва эҳёи арчазорҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир мебошад. Олами ҳайвоноти Кӯҳи Сабз нисбатан ғанӣ буда, дар арчазорони он саршумори зиёди харгӯш, хирс, хук, буз, силовсин ва гӯсфанди кӯҳӣ, мурғи ҳилол ва кабк вомехӯранд. Дар заминаи парваришгоҳ ба масоҳати 60 гектар бунёди Боғи миллии табиии Бешаи Арча пешбинӣ шудааст. Майдони арчазор аксар қисми шимолии кӯҳсорро ишғол намуда, дар байни онҳо арчаҳои зарафшонӣ ва туркистонӣ бартарӣ доранд. Парваришгоҳи Макони суғур Парваришгоҳи Макони суғур (собиқ Оқтош) соли 1977 дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд ташкил шудааст. Парваришгоҳ дар баландии 1 500–3 000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, масоҳаташ тақрибан 15 ҳазор гектар. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 133–137.

0

Ҳифзи муҳити зист

Тӯли асрҳо (то аввали солҳои 50 асри 20) афзоиши аҳолӣ ва фаъолияти кишоварзӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба меъёрҳои экологӣ мувофиқат менамуданд ва ҳолати мувозинатро бо табиат нигоҳ медоштанд. Аҳолии Тоҷикистон асосан дар водӣ ва водиҳои наздикӯҳӣ, дар шароити мувофиқи табиию иқлимӣ ҷойгир шудааст. Аз нимаи дуюми асри гузашта, дар натиҷаи муҳоҷирати аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор, истифодаи васеи заминҳои нав ва захираҳои табиӣ оғоз ёфт. Бахусус, солҳои 60 ва 80 асри 20 бе дар назар доштани хусусиятҳои табиию иқлимӣ, дар асоси қувваҳои арзони неруи барқ ва захираҳои бузурги ашёи маъданӣ корхонаҳои бузург сохта шуданд, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонда, боиси оқибатҳои нохуш гардиданд. Вазъи фазои атмосфера Олудашавии фазои атмосфера яке аз мушкилоти мураккаби экологӣ мебошад, ки бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, ки дар дохили материки Авруосиё ва дур аз баҳру уқёнусҳо ҷойгир шудааст, сабаби ҳаракати босуръати бодҳо гардида, барои паҳн шудани олудашавии фазо дар ҳудудҳои тамоми минтақаҳои табиию ҷуғрофиёӣ шароит муҳайё месозад. Аз тарафи дигар, шароити иқлимӣ (ҳарорати баланди ҳаво ва радиатсияи Офтоб) ин равандро тезонида, барои афзоиши таъсири унсурҳои хавфнок ба муҳити атроф имкон фароҳам меоварад. Ин ҳолат ҳам ба саломатии аҳолӣ ва ҳам ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Манбаъҳои асосии олудашавиро бештар чангу ғубор, гази сулфур, оксиди карбон, нитроген, аммиак ва ғайра ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, ҳаҷми умумии партовҳои хавфнок, ки аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт ба фазои Душанбе ворид мешаванд, қариб 140 ҳазор тонна аст, ки қисми зиёди он ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ (зиёда аз 80%) рост меояд. Ҳолати ҷамъшавии олудашавии фазои Душанбе бештар дар қисми шарқӣ ва марказии пойтахт, аз ҳисоби гардиши бодҳо ба назар мерасад. Дар қисми шимолии пойтахт Маркази барқу гармидиҳӣ сохта шуд, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофиёӣ монанди корхонаи сементбарорӣ нодуруст ҷойгир шудааст, зеро аз дараи Варзоб шамол тамоми дуд ва чангу ғубори ин корхонаҳоро дар фазои Душанбе паҳн мекунад. Баъди ташаккули маҷмааи истеҳсолии саноати Тоҷикистони Ҷанубӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Ёвон чанд корхонаи барқталаб бунёд шуд, ки вазъи фазои атмосфераро дар ин минтақа мураккаб намуданд (масалан, корхонаҳои алюминий, электрокимиёвӣ, нуриҳои нитрогенӣ). Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» (шаҳри Турсунзода) бо вуҷуди истифодаи технологияи муосир, яке аз манбаъҳои асосии олудакунии фазои атмосфера дар водии Ҳисор мебошад. Вазъи ҳифзи захираҳои об Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккули обҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад ва бо нишондиҳандаҳои баланди таъминоти оби нӯшокӣ дар тамоми минтақа мақоми хосса касб кардааст, вале солҳои охир пойин омадани нишондиҳандаҳо ба назар мерасад. Бахусус, аз солҳои 80 асри 20 ҷумҳурӣ ба чандин мушкили экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ин бештар олудагии манбаъҳои об аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти мавҷуд, аз ҳама бештар дар олуда кардани оби ҷӯй ва дарёҳо комбинати маъдани Такоб, корхонаи нуриҳои азотии Вахш, комбинати маъдани кӯҳии Анзоб ва корхонаҳои зиёди саноати масолеҳи сохтмон «саҳмгузор» мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, бештари партовҳо ба ҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон (зиёда аз 35%), Сир (25,6%) ва Вахш (23%) рост меоянд. Мувофиқи маълумоти идораи дахлдор, дар вилояти Суғд ба бад шудани сифати оби дарёи Сир партовҳои шаҳрҳои атроф ва обҳои аз киштзорҳо ҷоришаванда сабаб шудаанд, зеро дар атрофи шаҳри Хуҷанд партовҳои нитрогенӣ аз меъёри муқаррарӣ аз 2,5 то 3,0 баробар зиёдтар ба назар мерасанд. Оби дарёи Зарафшон аз ҳисоби обҳои партови шаҳри Панҷакент, шаҳраки Зарафшон, ноҳияи Айнӣ ва партовҳои корхонаи маъдантозакунии Анзоб олуда мешавад. Дар таркиби партовҳои корхонаи мазкур бештар сурма ва дигар унсурҳои хавфнок мавҷуданд, ки аз меъёри зарурӣ 5–6 баробар зиёданд. Дарёи Вахш бештар аз ҳисоби партовҳои маишӣ, коммуналӣ, корхонаи нуриҳои азотӣ ва обҳои заминҳои кишоварзӣ олуда мешавад. Баъди шаҳри Леваканд миқдори нитрат дар таркиби об аз меъёри зарурӣ аз 2,5 то 3,0 баробар зиёд мешавад. Ҳифзи захираҳои замин Тоҷикистон яке аз кишварҳои камзамини минтақаи кӯҳсори Осиёи Марказӣ мебошад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва истифодаи зиёди замин дар соҳаҳои саноату сохтмон ва нақлиёт ба кам шудани заминҳои кишоварзӣ оварда расондааст. Бахусус, ҳиссаи заминҳои обёришаванда хеле коҳиш ёфтааст. Масалан, агар солҳои 70 асри 20 ба сари ҳар нафар аз аҳолии ҷумҳурӣ 0,29 гектар замини шудгоршаванда ва 0,15 гектар замини обёришаванда рост меомад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 0,18 ва 0,11 гектар расидааст. Яке аз хусусиятҳои заминҳои Тоҷикистон зиёд будани намак дар таркиби хок аст, ки он ба воситаи обҳои равон аз кӯҳсор ба ҳамвориҳо ва водиҳои наздикӯҳӣ ворид мешавад. Ҳоло масоҳати шӯрзамин зиёда аз 100 ҳазор гектар ё қариб 20%-и заминҳои киштшавандаи мамлакатро ташкил медиҳад. Дар миқёси минтақаҳои табиию ҷуғрофиёӣ бештари шӯрзаминҳо ба минтақаи Вахш (зиёда аз 40 ҳазор гектар) ва Шимол (35 ҳазор гектар) рост меоянд. Шӯршавии замин ба кишоварзии ҷумҳурӣ зарари ниҳоят калон мерасонад. Ҳар сол дар соҳаи пахтакорӣ аз ҳисоби шӯршавии замин аз 60 то 70 ҳазор тонна пахта талаф меёбад, ки ин ба азхудкунии 26 ҳазор гектар заминҳои навкорам баробар аст. Масъалаи дигари ҷиддӣ дар ин самт фарсоиш (эрозия)-и замин мебошад. Намудҳои эрозияи замин дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон васеъ паҳн гардидаанд. Дар кӯҳсор ва водиҳои наздикӯҳӣ эрозияи об ва яке аз шаклҳои паҳншудаи он – сел бартарӣ доранд. Дар минтақаи биёбонӣ шакли эрозияи бод (бодлес) ва дар заминҳои обёришаванда шакли эрозияи обёрӣ ва фурӯравӣ (овражная эрозия) рӯй медиҳанд. Ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳама бештар эрозия аз ҳисоби об паҳн шудааст. Аз рӯи маълумоти Институти хокшиносии Вазорати кишоварзӣ, бештар аз 41%-и масоҳати ҷумҳуриро фарсоиши об фаро гирифтааст. Фарсоиши об аз ҳама зиёдтар дар водии Ҳисор (75%), Кӯлоб (68%), Рашт (63%) ва нисбатан камтар дар вилояти Суғд (44%), водии Вахш (28,5%) ва Бадахшон (26%) паҳн шудааст. Бодлесӣ тақрибан 25%-и ҳудуди ҷумҳуриро ишғол намуда, он бештар дар ҳудуди Бадахшон (қариб 40%), водии Вахш (24%) ва вилояти Суғд (23%) дучор меояд. Фарсоиши замин таркиби хокро вайрон ва ҳосилнокии онро ниҳоят паст (то 2–3 баробар камҳосил) мекунад. Ҳудуди Тоҷикистон дорои фауна (ҳайвонот) ва флора (наботот)-и гуногун буда, дар ин ҷо бештар аз 5 ҳазор намуди рустаниҳои олиташаккул мавҷуданд. Ҳарчанд масоҳати Тоҷикистон нисбат ба Туркманистон 3,4 баробар хурдтар аст, вале намудҳои рустаниҳои гулдори он нисбат ба Туркманистон 2,5 баробар зиёдтаранд. Қариб 250 намуди рустании Тоҷикистон ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд, ки ба 36 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Тибқи таҳқиқоти олимон, дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди ҳайвоноти ширхор, 365 намуди паранда, 49 намуди хазанда, 40 намуди моҳӣ ва зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуд аст. Мутаассифона, давоми 50 соли охир бисёр намудҳои нодири ҳайвоноту парандагон дар натиҷаи дахолати антропогенӣ нобуд ва ё дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Аз ин лиҳоз, масъалаи омӯзиши мавзеъҳои ҳифзшаванда муҳим буда, таҳқиқи он на танҳо аҳамияти назарӣ, балки арзиши илмию амалӣ дорад. Мавзеъҳои ҳифзшаванда зери назорати давлат қарор доранд. Минтақаҳои табиии ҳифзи махсуси Тоҷикистон Минтақаҳои табиии ҳифзи махсуси Тоҷикистон дар таъмини амнияти экологии экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули захираҳои гуногуни биологӣ, манбаъҳои захираҳои обии мамлакат, таъмини мувозинати биологӣ-экологӣ, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аҳамияти бузург дошта, ба ҳифзу нигаҳдории давлат эҳтиёҷ доранд. Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, соли 2016 дар ҳудуди Тоҷикистон масоҳати умумии ин ҳудудҳо ба 3,1 миллион гектар (ё 22%-и масоҳати ҷумҳурӣ) баробар буд, ки аз ин 1,9 миллион гектар яхпӯш, барфпӯш ва обӣ мебошад. Манзумаи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи Тоҷикистонро се мамнуъгоҳи табиии давлатӣ, резервати биосферӣ (захирагоҳи зисткура), боғи табиӣ, боғи табиӣ-таърихӣ, ду филиали Боғи миллии Тоҷикистон, 13 парваришгоҳи табиии давлатӣ, ландшафтҳои табиӣ, 37 ёдгории табиӣ, иншооти Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва дигар объектҳои хосси табиат ташкил медиҳанд. Ташвишовар аст, ки бо сабаби пуршиддат гардидани таъсири харобиовар ба ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус таназзули муҳити зист, талафоти захираҳои гуногуни биологӣ мушоҳида мешавад, саршумори ҳайвоноти нодир кам ва захираҳои ҷангалӣ заиф мегарданд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори идоракунандаи давлатии Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. | Номгӯй | Теъдод | Масоҳат | | --- | --- | --- | | Минтақаҳои табиии ҳифзи махсус | 20 | 3,1 миллион гектар | | Мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ | 4 | 173 418 гектар | | Парки табиии давлатӣ | 1 | 2,6 миллион гектар | | Парваришгоҳҳои давлатӣ | 13 | 313 260 гектар | | Парки таърихию табиӣ | 1 | 3 000 гектар | | Парки табиӣ | 1 | 3 805 гектар | Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда торафт меафзояд ва ин боиси мунтазам зиёд шудани масоҳати онҳо мегардад. Ду намуди парваришгоҳҳо фаъолият доранд: 1) Парваришгоҳи туғайӣ-биёбонӣ (Бешаи палангон); 2) Парваришгоҳи кӯҳӣ (Ромит ва Даштиҷум). Парваришгоҳҳо олами ҳайвоноту набототро нигоҳ дошта, ҳамчун майдонҳои илмие хидмат мекунанд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи экологӣ баррасӣ шуда, ҳалли худро меёбанд. Дар дохили ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус ҳайвоноти нодир, ки танҳо барои ин макон хоссанд, вомехӯранд. Инҳо оҳуи бухороӣ, ғизол, бузи пармашох, архар, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, хирси малла, бабри барфӣ, силовсин ва ғайра мебошанд. Дар ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус ҳамчунин парандаҳои нодир, ки ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд, мавҷуданд (ғози кӯҳӣ (ғози ҳиндӣ) (Anser indicus Lath.), мурғи туғдор (дуғдори хушрӯяк) (Otis tarda tarda), тазарв (Phasianus colchicus L.)). Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон аз 8 категорияи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда чортои онҳо фаъолият дорад. Мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ Дар ҳудуди Тоҷикистон 4 мамнуъгоҳи табиии давлатӣ фаъолият доранд. Мамнуъгоҳҳои табиии давлатии Тоҷикистон: | Ном | Соли таъсис | Масоҳат, гектар | Макон | | --- | --- | --- | --- | | Бешаи палангон | 1938 | 49 700 | вилояти Хатлон | | Ромит | 1959 | 16 200 | шаҳри Ваҳдат | | Даштиҷум | 1983 | 19 700 | ноҳияи Шамсиддин Шоҳин | | Зоркӯл | 2000 | 87 700 | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | | Масоҳати умумӣ | | 173 300 | | Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» — нахустин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1938, бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва барқарор кардани олами набототу ҳайвоноти гуногуни минтақаҳои биёбону туғайзорҳои зери хатари нестшавӣ қарордошта, ба монанди туғайзорҳои нодири туранга, газ, санҷид, каврак ва дигар намудҳои гуногуни хосси ландшафтҳои экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвоноти гуногун, ба монанди оҳуи бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, ғизол, сагобӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра таъсис дода шудааст. Соли 1938 масоҳати мамнуъгоҳ 50 ҳазор гектар буд, ки солҳои 1945–1946 то 7 ҳазор гектар кам карда шуд ва соли 1951 ба он 27 ҳазор гектар илова гардид. Дар натиҷаи азхудкунии заминҳои водии Вахш (1953), ҳудуди он 21 ҳазор гектар кам шуд. Тибқи Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 9 майи 1959 масоҳати мамнуъгоҳ 41 ҳазор гектар муқаррар гардида, он ба Комитети хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тобеъ шуд. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон, дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна – Ому ҷой дорад. Масоҳати имрӯзаи мамнуъгоҳ 49 786 гектар аст. Ҳудуди мамнуъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст. Релйефи мамнуъгоҳ нисбатан ҳамвор буда, ҳудуди онро баландиҳои Қародум, Қашқакум, Буритоғ ва водиҳои дарёи Вахш ва қисман Панҷ ишғол кардаанд. Қисми соҳили чап, ки ба регзори Қашқакум дохил мешавад, то 530 метр баландӣ дорад. Нуқтаи баландтарини мамнуъгоҳро кӯҳҳои Хоҷақозиён ташкил медиҳанд, ки баландиашон аз 1 000 то 1 200 метр аст. Аз ҷиҳати заминрехтшиносӣ ҳудуди «Бешаи палангон»-ро ба 5 суфа тақсим кардаанд, ки аз ҷиҳати пайдоиш ва таркиби давраҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хоки он марғзорию ботлоқӣ ва биёбонӣ буда, дар баландиҳо ба хокҳои хокистарранги рӯшан ва тира иваз мешавад. Таркиби шифобахши обҳои зеризаминӣ 11–75 грамм дар як литрро ташкил медиҳад. Иқлими мамнуъгоҳ субтропикӣ (нимагармсерӣ)-и хушк буда, бо иқлими қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҳамгун аст. Ҳарорати миёнаи солона 17 дараҷаи Селсий, ҳарорати январ -2,4 дараҷаи Селсий, июл +32 дараҷаи Селсий аст. Ҳарорати баландтарини ҳаво дар моҳи июл 48 дараҷаи Селсий аст, давомнокии давраи гармӣ аз 250 то 310 рӯзро ташкил медиҳад. Миқдори боришот дар давоми сол аз 100 то 200 миллиметр тағйир меёбад ва бештар ба моҳҳои феврал ва апрел рост меояд. Тобистон дар мамнуъгоҳ аз моҳи май оғоз шуда, то нимаи сентябр идома меёбад. Дар мамнуъгоҳ намуди моҳии реликтивии белбинии Амударё зиндагӣ мекунад, ки он танҳо дар қитъаи Осиё, дар ҳавзаи дарёҳои Ому ва Сир ва дар Амрикои Шимолӣ, дар ҳавзаи дарёи Миссисипи вомехӯрад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ қариб 160 намуди паранда ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати зиёда аз 4 000 гектар мамнуъгоҳро обанбор ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнуъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст. Саршумори паланги туронӣ, гавазн, ғизол, гӯсфанди кӯҳӣ, тазарви тоҷикӣ, гурбаи қамишӣ ва дигар намудҳо ба таври назаррас кам гардид. Паланги туронӣ дар мамнуъгоҳ, ки бори охир соли 1953 ба қайд гирифта шуда буд, ҳоло аслан вуҷуд надорад. Сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳо дар маҷрои дарёи Вахш ба тағйири олами экологии ин мамнуъгоҳ сабаб шуд. Ҳоло дар мамнуъгоҳ 18 намуди ҳайвонот ва 15 намуди набототи нодир ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазанда, 34 намуди ширхорон, 2 намуди обхокӣ, 150 намуди паранда ва намудҳои сершумори нодири бемуҳрагон сукунат доранд. Мамнуъгоҳ яке аз минтақаҳои нодири кураи Замин мебошад, ки миқдори зиёди бешаҳои туғайзорро дар минтақаи субтропикии хушк нигоҳ медорад. Мамнуъгоҳи «Даштиҷум» Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1983, бо мақсади ҳифзу афзоиши охирин популятсияи ҳайвоноти нодир, ба мисли бузи кӯҳӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, мурғи даштӣ, суғур ва ғайра дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ташкил шудааст. Мамнуъгоҳ дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманаи силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, дар минтақаи ҷангалҳои камбарг воқеъ гардидааст. Даштиҷум дар Осиёи Миёна ягона мамнуъгоҳест, ки дар он оҳуи морхӯр ва ҷангалзори писта парвариш карда мешаванд. Масоҳати мамнуъгоҳ 19 700 гектар буда, шароити мусоиди ҷуғрофиёӣ дорад. Мамнуъгоҳи Даштиҷум дар қисми рости дарёи Панҷ, дар баландии 700–3 000 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст. Релйефи мураккаби мамнуъгоҳ бо силсилакӯҳҳо ва ағбаҳои мушкилгузар яке аз омилҳои асосии то ҳол дар ин мавзеъ нигоҳ доштани намуди бузҳои пармашох гардидааст. Дар мамнуъгоҳ 17 намуди ҳайвонот ва 6 намуди парандаи нодир мавҷуд аст. Намудҳои камёфт – оҳуи морхӯр, гӯсфанди ёбоӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, сагобии осиёимиёнагӣ ва дигар намудҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Вазъи экологии мамнуъгоҳ ташвишовар буда, то ҳол мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ҳама гуна фаъолияте, ки боиси тағйири мувозинати табиии он мегардад, қатъиян манъ аст. Солҳои охир дар мамнуъгоҳи Даштиҷум шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва ҷамъоварии гиёҳҳои табобатии нодир ба қайд гирифта шудааст. Омили дигари тезутундшавии ин буҳрони экологии мавзеъ, бунёди деҳаҳои куҳан мебошад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ва атрофи он чандин деҳа аз нав бунёд шудаанд. Мамнуъгоҳи «Зоркӯл» Мамнуъгоҳи табиии давлатии Зоркӯл бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2002 таъсис дода шудааст. Мамнуъгоҳ дар атрофи Зоркӯл, дар масоҳати 16,5 ҳазор гектар, дар Помири Шарқӣ, дар баландии 4 100–4 200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Зоркӯл ягона мамнуъгоҳ дар Помир (Бадахшон) буда, бо мақсади нигоҳ доштани маҷмӯи хоси комплекси табиии Помири Шарқӣ, макони ғози ҳиндӣ, архар ва бузи кӯҳии Осиёи Марказӣ бунёд шудааст. Кӯл дар марзи ду давлат (Афғонистон ва Тоҷикистон) ҷойгир шудааст. Дар мамнуъгоҳ 123 намуди наботот (терескен ва явшони гулдор, болиштак, ҷави русии новашакл, қиёқи сиёҳранг, заргулак ва ғайра) вомехӯранд, ки 15 намуди онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохиланд. Ҳамчунин, 15 намуди ҳайвоноти нодир - гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, силовсини туркистонӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, қашқалдоқи сурх, мурғи ҳилол, ғози ҳиндӣ ва дигар намудҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ се кӯли начандон калон бо номи умумии Чаканкӯл (дар яке аз дараҳои силсилакӯҳи Вахон) ҷойгиранд. Қисми болоии ин дара то қуллаи Ваҳдат мерасад, ки баландиаш 6 000 метр аст. Ҳайвоноти мамнуъгоҳ шомили архар, муфлон, шерпаланг (ирбис), силовсин, гург, рӯбоҳ ва савсор мебошад. Аз моҳиҳо, асосан ширмоҳӣ фаровон аст. Мамнуъгоҳи «Ромит» Мамнуъгоҳи табиии давлатии Ромит бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 1959 ташкил шудааст. Мамнуъгоҳ 58 километр дур аз шаҳри Душанбе, дар қисми ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ва миёнаи шохобҳои дарёҳои Кофарниҳон, Сарбо ва Сардаи Миёна қарор дорад. Чун категорияи мамнуъгоҳи табиии давлатӣ аз 3 августи соли 2013 мақоми резервати биосферии «Ромит»-ро касб кард. Масоҳати умумии мамнуъгоҳ 16 139 гектар мебошад. Ҳудуди он асосан дар воҳаи миёнакӯҳ ва қисман баландкӯҳ воқеъ буда, нуқтаи баландтаринаш 3 190 метр ва пасттаринаш 1 180 метр мебошад. Доманакӯҳҳо бо рустаниҳои буттаӣ пӯшонда шуда, бо нишебии фароз ва санглохӣ фарқ мекунанд. Намудҳои набототи решагӣ бештар вомехӯранд. Ромит мамнуъгоҳи кӯҳӣ ҳисоб меёбад. Релйефи мамнуъгоҳ мураккаб буда, ҳудуди он дар қисми кӯҳҳои сатҳи миёна ва баланд ҷойгир шудааст. Нуқтаи баландтарини он 3 195 метр ва пасттаринаш 1 176 метр аст. Вобаста ба сатҳи релйеф, ҳудуди он ба ду минтақа ҷудо мешавад: минтақаи бешазори кӯҳӣ (дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг; дар баландии 1 100–2 800 метр) ва минтақаи алпӣ (дар баландии 2 800–3 200 метр). Иқлими мамнуъгоҳи «Ромит» континенталӣ буда, ҳарорати миёнаи июл ба 18 дараҷаи Селсий ва миёнаи январ ба −8–13 дараҷаи Селсий баробар аст. Миқдори боришоти солона 800–900 миллиметр аст. Вобаста ба баландии сатҳи маҳал боришот низ зиёд мешавад ва ғафсии қабати барф то ба 40–50 сантиметр мерасад. Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ ба минтақаи Ҳисору Дарвоз хос буда, аз парандаҳо кабки дарӣ, бум, бедона, бургут, фотимачумчуқ, кабки ҳимолой, аз ширхорон хирси малла, паланги сафед, ҷайра, шерпаланг, сагобӣ, юрмон, суғур, қашқалдоқ, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, бузи кӯҳӣ (сибирӣ), мири мушон, аз хазандагон гурза, бахтур, мори печон вомехӯранд. Набототи мамнуъгоҳ гуногун буда, асосан аз рустаниҳои хоси сиёҳзамин, нимсаванна ва кӯҳдаштҳо иборат аст. Дар қисми шимолӣ марғзорҳои алпӣ ва субалпии хос дида мешаванд. Сарв ва заранг асоси ҷангалро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, чормағз, бодом, сафедор, бед, себ, олуча, гелос, дӯлона, тут, зирк, челон, ирғай ва ғайра дида мешаванд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 128–133.

0

Помир

Помир сарзамини кӯҳсор буда, дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар ҳудуди ин ноҳияи табиию ҷуғрофиёӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст, ки тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистонро ишғол мекунад. Дар Помир силсилакӯҳҳо ва қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои калон ва маҳалҳои аз ҳама баланди мамлакат воқеъ гардидаанд. Помир ноҳияи калонтарини баландкӯҳ аст. Аз баҳру уқёнус дур будани он ба шароити табиӣ ва иқлими ноҳия таъсир мерасонад. Релйефи ҳозираи Помир дар давраи кӯҳҳосилшавии алпӣ шакл гирифтааст. Қитъаҳое, ки аз ҷинсҳои кӯҳии сахти давраи палеозой ва мезозой таркиб ёфта буданд, бо таъсири ҳаракатҳои пуршиддати амудӣ ба баландиҳои гуногун бардошта шудаанд. Таҳшинҳо дар пастхамиҳои байникӯҳӣ, ки дар баҳрҳои собиқ ғун шудаанд, чин шуда, кӯҳҳои нав ҳосил кардаанд. Дар охири давраи кӯҳҳосилшавии алпӣ кӯҳҳои нав пайдо шуда, водиҳо аз сари нав бардошта шудаанд. Ин бардошташавӣ дар силсилакӯҳҳо ба ҳисоби миёна 4 100–4 200 метрро ташкил намуд. Дар як вақт хамии пешкӯҳи Помири Ғарбӣ ба фурӯравӣ дучор гардид. Водии Олой аз 2 000 то 3 000 метр бардошта шуд. Дар натиҷаи бардошташавӣ ва фурӯравии қишри замин канори ғарбии Помир ба фарсоиш (эрозия)-и босуръат дучор гардид. Дар натиҷа шаклҳои гуногуни релйефи эрозионӣ (водӣ ва дараҳои амиқ) ҳосил шуданд. Дар Помири Шарқӣ релйефи кӯҳии ҳарсангии сатҳаш ҳамвор ва водиҳои васеъ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои геологӣ сатҳи Помир намуди ҳозираро гирифт, ки қисмҳои алоҳидаи он аз якдигар бо табиати худ фарқ мекунанд. Вобаста ба ин омилҳои номбурда ҳудуди Помир ба қисми ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мешавад. Сарҳади он шартан аз мавзеи бо ярчи Усой (дарёи Мурғоб) пайваст шудани силсилакӯҳи Зулумарт, Яшилкӯл ва андароби дарёҳои Помиру Вахон мегузарад. Маркази шабакаи кӯҳии Помир силсилакӯҳи Академияи Фанҳо (дарозиаш 108 километр) ба шумор меравад. Қуллаи аз ҳама пасти ин силсилакӯҳ — Кашолаях (4 340 метр) баробари Монблан (баландтарин қуллаи Алп) аст. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (7 495 метр), ки дар ҳамин силсилакӯҳ воқеъ аст, қуллаи аз ҳама баланди Осиёи Марказӣ мебошад. Помири Ғарбӣ Помири Ғарбӣ сарзамини баландкӯҳ буда, сатҳи он аз силсилакӯҳҳои бузург ва водиҳои амиқи начандон васеи кӯҳӣ иборат аст. Қисми шимолу ғарбии онро силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз ва Ванҷ ишғол кардаанд. Дар шарқ ин силсилакӯҳҳо бо силсилакӯҳи Академияи Фанҳо пайваст мешаванд. Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо аз шимол (водии дарёи Муғсу), ба самти ҷануб (силсилакӯҳи Язгулом), ба таври меридионалӣ тӯл кашидааст. Ҷанубтар аз силсилакӯҳи Язгулом силсилакӯҳҳои Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара ва Вахон кашол ёфтаанд. Силсилакӯҳҳои Помири Ғарбӣ аз 5 500 то 7 495 метр (қуллаи Исмоили Сомонӣ) баландӣ доранд. Ҳамаи онҳо ғайр аз силсилакӯҳи Академияи Фанҳо ба таври меридионалӣ аз самти ҷанубу ғарбӣ тӯл кашидаанд, ки бештар тамоюли арзӣ доранд. Мувозӣ ба силсилакӯҳҳо водиҳо ва дарёҳои байникӯҳӣ тӯл кашидаанд. Аксари онҳо дар баландиҳои 2 000–3 000 метр воқеъ гардидаанд. Дар байни онҳо водиҳои Ванҷ, Ғунд, Шоҳдара, Язгулом нисбатан васеанд. Қисми аз ҳама фарохи онҳо дар поёноби дарёҳои Панҷ, Язгулом, Ғунд, Шоҳдара ба назар мерасад. Тавассути водии Ғунд роҳи автомобилгарди Ӯш — Хоруғ ва шоҳроҳи Қулма — Қароқурум мегузарад. Дар ҳудуди Помири Ғарбӣ чашмаҳои обҳои маъданӣ фаровонанд. Бахусус, обҳои термалии (гарми) он ҳарорати баланд ва аҳамияти табобатӣ доранд. Яке аз чашмаҳои шифобахши ин мавзеъ — Гармчашма дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 4,5 километр ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Ҳамчунин обҳои чашмаҳои Башор, Биби Фотимаи Заҳро, Ҷелондӣ, Авч, Зунг ва Птупи Помири Ғарбӣ хусусияти табобатӣ доранд. Иқлими Помири Ғарбӣ нисбат ба Помири Шарқӣ гармтар аст. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо +22 дараҷаи Селсий, январ −7–8 дараҷаи Селсий аст. Дар силсилакӯҳҳо ҳаво сард (қаҳратун) аст. Ҳарорати миёнаи сол дар ин мавзеъҳо ба 0 дараҷаи Селсий мерасад, баъзан аз он ҳам пасттар мешавад. Бориш низ ба мисли ҳарорат дар ҳудуди ин мавзеъ фарқи калон дорад. Дар водиҳо аз 105 миллиметр (Ишкошим) то 263 миллиметр (Хоруғ) бориш мешавад. Дар силсилакӯҳҳо, бахусус дар нишебиҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ бориш нисбатан зиёдтар мешавад (аз 500 то 700 миллиметр). Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо, ки ба таври меридионалӣ тӯл кашидааст, ҳамчун девор анбӯҳи ҳавои намеро, ки аз қабатҳои баланди атмосфера ҳаракат менамояд, нигоҳ медорад. Аз ҳамин сабаб дар ин ҷо аз 800 то 1 190 миллиметр боришот мешавад. Бориши зиёд ва баландии маҳал дар силсилакӯҳи Академияи Фанҳо ва силсилакӯҳҳои ба он пайваст барои ҳосил гардидани барфу яхҳои доимӣ мусоидат мекунанд. Калонтарини онҳо пиряхи Федченко аст, ки аз 127 силсилапирях таркиб ёфта, дарозии он 77 километр аст. Ғайр аз ин пиряхҳои алоҳида дар силсилакӯҳҳои Язгулом, Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара ва ғайра воқеъ гардидаанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимӣ манбаи асосии ғизогирии дарёҳо ҳисоб мешаванд. Дарёҳои Помири Ғарбӣ ба ҳавзаи дарёи Аму дохил шуда, ҷараёни оби онҳо ниҳоят тез аст ва дорои захираи бузурги неруи барқ мебошанд. Бузургтарин дарёи Помири Ғарбӣ Панҷ аст, ки дар натиҷаи якҷошавии 5 рӯди бузург – Ванҷ, Язгулом, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара ба вуҷуд омадааст. Аз ҳудуди Помири Ғарбӣ ҳамчунин шохобҳои дарёҳои Вахш, Қизилсу ва Мурғоб ҷорӣ мешаванд. Хок дар Помири Ғарбӣ вобаста ба сатҳи замин ва гуногунии иқлим ба тарзи вертикалӣ (амудӣ) паҳн гардидааст. Дар водии дарёи Панҷ ва шохобҳои он хокҳои тира, хокистарранг, қаҳваранг ва равшан дучор мешаванд. Дар минтақаи миёнакӯҳҳои сербориш хокҳои қаҳваранги муқаррарӣ, марғзорию даштӣ ва даштӣ-кӯҳӣ паҳн гардидаанд. Хокҳои минтақаи баландкӯҳи Помири Ғарбӣ биёбонӣ-даштӣ, даштӣ, марғзорию даштӣ мебошанд. Дар баъзе мавзеъҳо, дар байни хокҳои номбурда қитъа-қитъа хокҳои марғзорӣ, марғзорию ботлоқӣ ташаккул ёфтаанд. Помири Ғарбӣ набототи ба худ хос дорад. Дар ин ҷо вобаста ба гуногунии шароити табиӣ, аз набототи эфемерӣ то буттаҳо ва дарахтони мухталиф паҳн шудаанд. Паҳншавии наботот хусусияти амудӣ дорад. То баландиҳои 3 200 метр дар зери водӣ, пастхамию доманакӯҳҳо эфемерҳо, явшон, шӯра ва саксавул дучор мешаванд. Аз ин болотар явшон ва қитъаҳои алоҳидаи типчоқ ва шибоғ бартарӣ пайдо мекунанд. Дар баландиҳои аз 3 800 то 4 300 метр дар баробари тағйир ёфтани миқдори гармӣ ва намӣ, мувофиқан набототи биёбонии субалпӣ паҳн гардидааст. Дар қисми водии дарёҳо бештар дарахту буттаҳо вомехӯранд. Ин ҷо асосан бед, сафедор, тӯс, санҷид, зирк, дӯлона, хаданг ва анғат мерӯянд. Баъзан дар нишебии кӯҳҳо, ки водиҳоро иҳота кардаанд, ҷо-ҷо арчаҳои қадпаст дучор меоянд. Дар баъзе маҳалҳои водии Ванҷ, Шоҳдара ва Панҷ намудҳои дарахтони чормағз, нок ва себи худрӯй вомехӯранд. Аз намуди ҳайвонот дар силсилакӯҳҳои Помири Ғарбӣ хирс, хуки ёбоӣ, нахчир, шерпаланг, заргӯш, савсор, ҷайра ва ғайра паҳн шудаанд. Дар қисми минтақаи кӯҳҳои баланд гурги тибетӣ, суғури думдароз ва аз парандагон кабки ҳилол, мурғи ҳумо, саъба бештар ба назар мерасанд. Помири Шарқӣ Помири Шарқӣ аз суфакӯҳи васеъ иборат буда, кӯҳҳои он нисбатан ҳамвор мебошанд. Водиҳои Помири Шарқӣ (Мурғоб, Аличур ва ғайра) кушод буда, дар баландиҳои аз 3 400 то 4 300 метр ҷойгир шудаанд. Фурӯхамидаҳо ва водиҳо бо таҳшинҳои пиряхии давраи қадим пур шудаанд, ки ба релйефи Помири Шарқӣ хосият медиҳанд. Дар канори водиҳо ва фурӯхамидаҳо кӯҳҳо ва силсилакӯҳҳо қад афрохтаанд. Силсилакӯҳҳои Музкӯл, Вахон, Аличур аз ғарб ба шарқ тӯл кашида, силсилакӯҳи Сарикӯл қад-қади сарҳад бо Хитой мегузарад. Помири Шарқӣ баъди Тибет баландтарин кӯҳсори биёбонӣ ба шумор меравад. Баъзе аз ин силсилакӯҳҳо қуллаҳои тез ва нишебиҳои ростфуромада доранд. Силсилакӯҳи Музкӯл аз қабили онҳо буда, қуллаи баландтарини он 6 233 метр аст. Иқлими Помири Шарқӣ ниҳоят сард ва қаҳратун аст, ки ба баланд будани маҳал ва дурӣ аз баҳру уқёнусҳо вобаста аст. Дар ин мавзеъ зимистони дарози камбарф, ҳарорати миёнаи манфии сол ва боду тӯфонҳои сахт ҳукмронанд. Ҳарорати миёнаи январ дар баландии 3 600 метр ба -18 дараҷаи Селсий баробар аст. Ҳарорати миёнаи сол ҳам дар силсилакӯҳҳо ва ҳам дар водиҳову пастхамиҳо манфӣ мебошад. Баъзе рӯзҳои зимистон сардии ҳаво аз -47 дараҷаи Селсий (Мурғоб) то -50 дараҷаи Селсий (Қароқӯл) мерасад. Ҳарорати миёнаи июл аз +13–14 дараҷаи Селсий баланд намешавад. Дар силсилакӯҳҳо ҳарорат тақрибан +3–5 дараҷаи Селсий мешавад. Бориш дар ҳудуди Помири Шарқӣ як хел нест. Дар водиҳои қисми ғарбии Помири Шарқӣ аз 100 то 150 миллиметр бориш мешавад, аммо дар қисми шарқии он аз ин ҳам камтар аст. Дар мавзеъҳои алоҳидаи он аз 70 миллиметр (Қароқӯл) то 86 миллиметр (Булункӯл) бориш мешавад, ки миқдори асосии он ба фасли тобистон рост меояд. Зимистони Помири Шарқӣ камбориш аст. Бино бар ин, дар он ҷо нисбат ба Помири Ғарбӣ пиряхҳо камтар паҳн гардидаанд. Пиряхҳо асосан дар қисми ҷанубу ғарбии Помири Шарқӣ дар баландиҳои то 4 000 метр ва дар қисми шарқӣ дар баландиҳои 5 000–5 200 метр ҷойгиранд. Сатҳи баланд, осори яхбандиҳои қадим ва иқлими сард сабаби паҳн гардидани яхбандии бисёрсола дар Помири Шарқӣ гардидааст. Агар яхбандии бисёрсола дар дигар минтақаҳои баландтарини Тоҷикистон ба шакли қитъа ва ё порча-порча дучор ояд, дар Помири Шарқӣ он майдони васеъро ишғол кардааст. Қабати ях дар умқи аз 1,5 то 5 метр ба чашм мерасад. Мавҷуд будани қабати ях дар баъзе маҳалҳо сабаби ҳосилшавии ботлоқ гардидааст. Помири Шарқиро аксар биёбони баландкӯҳ низ меноманд. Дар ин мавзеъ дарахт ба мушоҳида намерасад. Намудҳои асосии наботот буттаву нимбуттаҳо ва гиёҳҳои гуногун мебошанд. Дар водии дарёҳо ва хамию доманакӯҳҳо набототи субалпӣ (то 4 300 метр) вомехӯранд. Дар ин минтақа асосан нимбуттаҳои терескен, явшон, астрагал, пиёзи кӯҳӣ, шибоғ ва ғайра месабзанд. Аз ин болотар минтақаи алпӣ (то 4 800 метр) воқеъ гардидааст, ки ҷо-ҷо нимбуттаю буттаҳо ва марғзорҳои алпӣ паҳн гардидаанд. Дар водиҳои Мурғоб, Оқсу ва Аличур, ки бо яхбандии доимӣ фаро гирифта шудаанд, хок сернам мешавад. Бино бар ин, дар ин маҳалҳо марғзорҳои ботлоқӣ бештар паҳн шудаанд, ки аз алафҳои хӯшадор, ғеша, явшон ва дигар гиёҳҳои намидӯст иборатанд. Аз олами ҳайвонот дар Помири Шарқӣ архар (гӯсфанди Марко Поло), нахчир, суғур, савсор, шерпаланг, гург ва ғайра вомехӯранд. Аз парандагон бештар кабки ҳилол, саҷдаи тибетӣ, уқоб, зоғ, лошахӯр, сӯфитурғай, мурғобии сурх, ғози ҳиндӣ паҳн шудаанд. Адабиёт Сидоренко Г. Т. Растительность Кураминского хребта. Сталинабад, 1953; Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958; Станюкович К. В. Растительность гор СССР. Душанбе, 1973; Таджикистан: природа и природные ресурсы. Душанбе, 1982; Тоиров Э. З. и другие. Минерально-сырьевые ресурсы Памира. Душанбе, 1986; Вопросы географии. Том 134. Москва, 2012; Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон (барои мактабҳои олӣ). Душанбе, 2016. Х. Муҳаббатов, М. Раҳимов, Р. Диловаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 124–127.

0

Ноҳияҳои табиию ҷуғрофиёӣ

Дар кураи Замин тамоми унсурҳои табиат: иқлим, релйеф, хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, олами наботот ва ҳайвонот дар робитаи мутақобила вуҷуд доранд. Қисмҳои таркибии табиат ба ҳамдигар пайваст ва омехта шуда, маҷмӯи гуногуншакли ҷузъиёти табиӣ бо номи комплексҳои табиию ҷуғрофиёӣ ё худ комплексҳои табиию минтақавиро ба вуҷуд меоранд. Қисмҳои таркибии комплексҳои табиию минтақавӣ дар доираи комплекс ҳамчун қисми том ва бо ҳам муртабит инкишоф меёбанд. Тағйир ёфтани яке аз ин унсурҳои таркибӣ сабаби дигаргун шудани тамоми комплекси табиӣ мегардад. Масалан, фарсоиш ва вайрон шудани қабати хок боиси хароб шудани олами наботот ва ҳайвонот мегардад. Дар ташаккули ноҳияҳои табиии Тоҷикистон қонуниятҳои арзӣ (горизонталӣ) ва амудии (вертикалӣ) табиат якҷо (хусусан дар ҳамворӣ ва адирҳо) амал мекунанд. Дар ин ҳолат, барои муайян кардани ҳудуди ноҳияҳои табиӣ ба эътибор гирифтани чунин омилҳо, монанди мавқеи ҷуғрофиёӣ, баландии маҳал, пайдоиш ва хусусиятҳои релйеф, иқлим, хок, олами наботот, ҳайвонот ва ғайра зарур мебошад. Аз рӯи ин қонуниятҳои амалкунандаи табиӣ ва тафовути мавҷуда ҳудуди Тоҷикистонро ба 5 ноҳияи табиию ҷуғрофиёӣ ҷудо намудан мумкин аст: Тоҷикистони Шимолӣ, Зарафшон, Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Помир. Тоҷикистони Шимолӣ Тоҷикистони Шимолӣ дар канори шимолии мамлакат ҷойгир буда, қисми ғарбии водии Фарғона, қисми ҷанубу шарқии дашти Дилварзин, нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон, ҷанубии силсилакӯҳи Курама ва кӯҳи Қаромазору Муғулро дар бар мегирад. Ҳудуди онро дар шимол кӯҳҳои Курама ва дар ҷануб силсилакӯҳи Туркистон муайян мекунанд. Тоҷикистони Шимолӣ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон (дар шимол, ғарб ва шарқ), Қирғизистон (дар ҷанубу шарқ) ҳаммарз буда, дар ҷануб ба ноҳияи Зарафшон пайваст мешавад. Аксари ҳудуди ноҳияро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Дар қисми шимолии ноҳия силсилакӯҳи Курама ва мавзеи кӯҳи Муғул — шохаи Тиёншони Ғарбӣ ҷойгиранд. Баландии силсилакӯҳи Курама ва Муғул ба ҳисоби миёна аз 200 то 1 000 метр мебошад. Силсилакӯҳи Курама қариб 170 километр дарозӣ дошта, нуқтаи аз ҳама баланди он Бобои Об (3 768 метр) дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳ ҷойгир шудааст. Ин қисм дар самти ҷанубу ғарбӣ тадриҷан паст шуда, то ҳамвории дашти Дилварзин идома меёбад. Қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистони Шимолиро қисми ғарбии водии Фарғона ишғол кардааст. Соҳили рости водии дарёи Сир, ки бараш 15–30 километр аст, релйефи мавҷмонанд дорад. Сатҳи водии Фарғонаро таҳшинҳои обоварда пӯшонидаанд. Дар атрофи он ҷинсҳои кӯҳӣ, ки сел аз наҳрҳои хушк, водии дарёҳо овардааст, хобидаанд. Онҳо доманакӯҳҳоро ишғол намуда, сатҳашон аз шимолу ҷануб ба тарафи маркази пастхамӣ (ғарбии Фарғона), ба самти ҷанубу ғарб ва шимолу шарқ силсилаи теппаю адирҳо кашол ёфтаанд (Исфисор, Деҳмой, Суфатоғ ва ғайра). Баландии нисбии онҳо 100–400 метр аст. Нишебиҳои ин теппаю адирҳо бо фаъолияти обҳои мавсимӣ ба қисмҳо ҷудо шудаанд. Дар ҷанубу шарқии ноҳия силсилаи кӯҳҳои Белисиник ба тарзи арзӣ кашол ёфтаанд. Дар самти ғарбии ноҳия дашти Мирзочӯл аз ғарб ба шарқ кашол ёфтааст. Баландии мутлақи он 250–500 метр аст. Қисми ҷанубии ин дашт ба ҳамвории доманакӯҳи силсилакӯҳҳои Туркистон пайваст мешавад. Дар қисми марказии ҳамворӣ адиру теппаҳои водии Ӯротеппа (Истаравшан) ҷойгиранд. Ин талу теппаҳо ҳамвориро ба ду қисм ҷудо мекунанд: шимолӣ ва ҷанубӣ. Дар қисми ҷанубии ҳамворӣ хамии Шаҳристон бо доманаи силсилакӯҳҳои Туркистон аз ғарб ба шарқ ба таври мувозӣ кашол ёфтааст. Талу теппаҳои ин мавзеъ чандон баланд нестанд. Дар канори шимолу ҷанубии хамӣ ҷинсҳои давраи палеозой хобидаанд. Маркази силсилатеппаҳои Ӯротеппа дар хамии Ӯротеппа воқеъ гардидааст. Талу теппаҳои Ӯротеппа ба қисмҳои ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мешаванд. Қисми ғарбии он баланд набуда, қисми шарқии он нисбатан баланд ва ба тарафи шаҳри Истаравшан моил аст. Ҷанубтар аз шаҳр талу теппаҳоро дарёчаи Каттасой бурида мегузарад. Пастхамии Фарғонаро дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу аз ҷануб ба шимол бурида мегузаранд. Заминҳои ин ноҳия барои парвариши зироатҳои техникӣ, сабзавот ва боғу токдорӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ин заминҳоро обёрӣ карда, колхозу совхозҳо бунёд намуданд. Соҳили чапи дарёи Сир бо об таъмин аст. Солҳои пеш аз ин ҷо роҳи корвон мегузашт, ки Ҳиндустонро бо мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна – Эрон, Туркия пайваста, бо номи «Роҳи абрешим» маъруф буд. Тоҷикистони Шимолӣ сарватҳои табиии фаровон дорад. Аз замонҳои қадим дар Қаромазор маъданро истихроҷ карда, аз он нуқра, тило, мис, сурб, симоб ва оҳан мегирифтанд. Хотираи бисёр конканҳоро номи конҳо абадӣ гардонидаанд (аз ҷумла, Кони Мансур). Саноати истихроҷи маъдан, бахусус дар асрҳои 9–11 (давраи ҳукмронии давлати Сомониён) ривоҷ ёфта буд. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ Тоҷикистони Шимолӣ ба яке аз ноҳияҳои муҳими истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо ғайр аз полиметаллҳо (конҳои Консой, Адрасмон, Олтинтопкан), оҳан (Чоқадамбулоқ), маъдани филиззоти нодир ва холис, ҳамчунин нафт (Нефтобод, Айритон, Равот), гази табиӣ (Қарақчикуми Шимолӣ), ангишт (Шӯроб), намаксанг (Қамишқӯрғон) ва масолеҳи бинокорӣ низ истихроҷ карда мешавад. Ба ноҳияи мазкур иқлими хушк хос аст, аммо вобаста ба мавқеъ ва баландии маҳал дар мавзеъҳои алоҳида қисмҳои таркибии иқлим тадриҷан тағйир меёбанд. Анбӯҳи ҳавои намноке, ки ба ноҳия аз самти ғарб дохил мешавад, пеш аз ҳама ба тарафи ғарбии силсилакӯҳҳо бармехӯрад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки иқлими Тоҷикистони Шимолӣ нисбат ба Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ё Марказӣ сардтар аст. Ин пеш аз ҳама ба мавқеи ҷуғрофиёии маҳал вобастагӣ дорад. Дар Тоҷикистони Шимолӣ ҳарорати моҳҳои тобистон нисбат ба ноҳияҳои ҷанубӣ пасттар (25–28 дараҷаи Селсий) ва зимистон сардтар (-2-3 дараҷаи Селсий) аст. Бориш кам (соле аз 80–100 то 300–400 миллиметр) буда, аз ғарб ба шарқ боз ҳам камтар мешавад. Дар Истаравшан ва атрофи он боришот ба 350 миллиметр, дар Хуҷанд 120–160 миллиметр ва дар Исфара ба 130 миллиметр мерасад. Дар доманакӯҳҳои Туркистон ва қисми ғарбии силсилакӯҳи Курама миқдори боришот меафзояд (400–500 миллиметр). Қисми асосии боришот дар мавсими хунукиҳо дар шакли борон ва барф меборад. Қабати барф зуд об шуда, баландии он маъмулан аз 5–10 сантиметр зиёд намешавад. Шароити иқлими ноҳия барои пахтакорӣ ва боғу токдорӣ мусоид аст. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳавзаи дарёи Сир мансуб мебошанд. Дар он ҷо обанборҳои Қайроққум, Фарҳод ва Каттасой, Канали Калони Фарғона, Канали Шимолии Фарғона бунёд шудаанд. Обанбори Каттасой дар дарёи ҳамном сохта шуда, аз он даштҳои хушки атроф обёрӣ мешаванд. Дарёҳо ғайр аз обёрӣ, барои истеҳсоли қувваи барқ (неругоҳи барқии обии Қайроққум) ва рушди хоҷагии моҳипарварӣ истифода мешаванд. Хоки Тоҷикистони Шимолӣ хокистарранги равшан, қисман шӯрзада ва серсанг аст. Дар соҳили рости дарёи Сир то баландиҳои 1 400 метр хокҳои хокистарранги равшан паҳн гардидаанд. Тоҷикистони Шимолӣ набототи ба худ хос дорад. Дар ҳамвориҳо набототи биёбонӣ – асосан шӯрагиёҳ, чимак ба назар мерасад. Соҳили дарёҳо, обанборҳо ва кӯлҳо туғайзор аст. Дар кӯҳу доманакӯҳҳо дарахту буттаҳои гуногун, ба монанди арча, зирк, настаран, бодом ва ғайра мерӯянд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ низ гуногун аст. Дар ҳамвориҳо ҷонварони хосси нимбиёбону биёбон — хояндаҳо, хазандаҳо сукунат доранд. Дар кӯҳҳо ҷонварони ширхори калон – гург, шағол, рӯбоҳ ва парандаҳои соҳибчанголу (қаргас, шоҳин, шунқор) муқаррарӣ мавҷуданд. Зарафшон Ноҳияи Зарафшонро аксар Кӯҳистон ҳам меноманд. Он дар байни ноҳияҳои табиии Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ҷой гирифтааст. Нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор, ҷанубии силсилакӯҳҳои Туркистон ва водии силсилакӯҳҳои Зарафшонро дар бар мегирад. Релйефи ноҳияи Зарафшон ниҳоят мураккаб буда, аз ҷинсҳои давраи палеозой ва қисман мезозой иборат аст. Дар силсилакӯҳҳои водӣ қуллаҳои баланду тез ва дараҳои ниҳоят танг пайдо шудаанд. Ташаккули пиряхҳо дар минтақаи баландкӯҳ шаклҳои гуногуни релйефи кӯҳию пиряхиро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло симои асосии релйефро асосан силсилакӯҳҳо, водиҳо, наҳру дараҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Силсилакӯҳҳо дар қисми шарқӣ гиреҳи ягонаро ташкил додаанд, ки аз ин гиреҳ силсилакӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон ба самти ғарб, ба тарзи арзӣ тӯл кашидаанд. Сатҳи онҳо аз шарқ ба ғарб оҳиста-оҳиста паст шуда, ба ҳамвориҳо мепайвандад. Ҷои аз ҳама пасти ин ноҳия 700–950 метр аз сатҳи баҳр аст, баъзе қуллаҳо зиёда аз 5 000 метр баландӣ доранд. Баландии силсилакӯҳҳо дар ғарб 2 000 метр ва дар шарқ зиёда аз 5 500 метр аст. Дар ҷойҳои нисбатан пасттари силсилакӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистон ағбаҳои мошингузар (ағбаи Анзоб, 3 372 метр ва Шаҳристон, 3 351 метр) мавҷуданд ва дар замони истиқлол дар ин ҷо нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» бунёд шуданд. Ба итмом расидани сохтмони роҳи Душанбе – Айнӣ – Истаравшан – Чаноқ робитаи доимии ноҳияҳои шимолу ҷануби кишварро мустаҳкам намуд. Дар байни силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон водии Зарафшон ҷойгир аст. Таҳкурсии водӣ аз ҷинсҳои давраи палеозой иборат мебошад. Қисми болои водӣ тангтар буда, ба сӯи ғарб паҳн мешавад ва дар Панҷакент ба 12–20 километр мерасад. Дар байни силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор водии дарёи Яғноб ҷойгир шудааст. Водии Яғноб нисбатан хурд буда, дар баландии 2 000–3 000 метр аз сатҳи баҳр, байни силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон воқеъ гардидааст. Силсилакӯҳи Зарафшон онро аз водии Зарафшон ҷудо мекунад. Вобаста ба сохти геологӣ дар водии Зарафшон конҳои бисёри сарватҳои табиӣ вомехӯранд. Бахусус, аз сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияи Зарафшон ангиштсанг (конҳои Фон-Яғноб, Киштӯд, Моғиён ва ғайра) бисёр аст. Яке аз ҳодисаҳои аҷиби табиӣ «шахи сӯзон» мебошад, ки дар мавзеи кони Малик мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо 3,5 ҳазор сол аст, ки дар зери замин ангишт месӯзад. Иқлими ноҳия хусусиятҳои худро дорад. Қатъи назар аз кӯҳсор будани қаламрави он ва баландӣ, дар ин ҷо умумияти иқлимӣ ба назар мерасад. Аз ҳамвории водиҳо то қуллаҳои силсилакӯҳҳо бо каме тафовут иқлими хушку зимистони камбарф мушоҳида мешавад, зеро аз шимол силсилакӯҳи Туркистон, дар ҷануб силсилакӯҳи Ҳисор ҳамчун садде барои ба ноҳия дохил шудани анбӯҳи ҳавои намнок мегарданд. Анбӯҳи ҳавои намнок, ки аз тарафи ғарб ба ноҳия меояд, манбаи асосии бориш ба ҳисоб меравад, аммо миқдори бориш вобаста ба фаслҳои сол, хусусияти релйеф, мавқеи силсилакӯҳҳо дар ноҳия аз ғарб ба шарқ тағйир меёбад. Миқдори солонаи бориш дар қисми ғарбии силсилакӯҳи Зарафшон 325 миллиметр (шаҳри Панҷакент), дар шарқи он 277 миллиметр аст. Дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон 400 миллиметр ва дар баъзе мавзеъҳои баландкӯҳи силсилакӯҳи Зарафшон 400–800 миллиметр бориш мешавад. Дар қисми нисбатан танг ва амиқи водии Зарафшон бориш кам ба назар мерасад. Дар мавзеи дарёи Фон ҳам бориш аз 200 миллиметр зиёд нест. Дар қисми ғарбии водии Зарафшон қабати барф 40–50 рӯз, дар шарқи он қариб 100 рӯз давом мекунад. Зимистонаш чандон хунук нест. Ҳарорати миёнаи январ дар ғарб аз –1 дараҷаи Селсий то –8 дараҷаи Селсий дар шарқ тағйир меёбад. Тобистон ҳарорати миёнаи июл дар ғарб +25 дараҷаи Селсий ва дар шарқ +18 дараҷаи Селсий-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати аз ҳама баланд дар атрофи шаҳри Панҷакент (то +40 дараҷаи Селсий), ҳарорати паст дар ағбаи Анзоб (то –36 дараҷаи Селсий) мушоҳида мешавад. Ноҳияи Зарафшон пиряхи бисёр дорад. Пиряхҳои ҳозира боқимондаҳои пиряхҳои азими қадим мебошанд, ки замоне дар баландии 2 000 метр аз сатҳи баҳр хобида будаанд. Пиряхи аз ҳама бузург дар ҷои ба ҳам пайвастани силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон воқеъ аст. Он пиряхи Зарафшон мебошад, тӯли он 25 километр, масоҳаташ 41,0 километри мураббаъ буда, чанд шоха дорад. Ҳамаи дарёҳои ноҳия ба ҳавзаи Зарафшон мансубанд. Онҳо аз пирях об гирифта, водиҳояшон танг ва сершаханд. Дарозии дарёи Зарафшон зиёда аз 877 километр мебошад (315 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон гузашта, боқимондааш аз ҳудуди Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад). Дар минтақаи Зарафшон кӯлҳои хурду калон зиёданд. Аз кӯлҳои ноҳия Марғзор ва Искандаркӯл машҳуранд. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд, ки қад-қади дарёи Шинг (дар шохаҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Зарафшон) ҷой гирифтаанд. Ҳар сол барои дамгирӣ ва саёҳат ҳазорҳо одам аз гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ меоянд. Искандаркӯл, ки дар бораи он қиссаву ривоятҳо бисёранд, дар нишебии шумолии силсилакӯҳи Ҳисор, дар натиҷаи лағзиши кӯҳ пайдо шудааст. Масоҳати кӯл чандон зиёд нест (3,5 километри мураббаъ), вале аз рӯи ҳаҷми гардиши солонаи об 26 маротиба аз кӯли Севан бартар аст. Дар назди саргаҳи дарёи Искандар, ки аз ҳамин кӯл ҷорӣ мешавад, шаршараи баланд (30 метр) пайдо шудааст. Ин дарё бо дарёи Яғноб як шуда, дарёи Фонро ба вуҷуд меорад. Ҳамаи дарёҳои Зарафшон, бино бар сероб ва тезҷараён буданашон, захираи зиёди энергетикӣ доранд. Оби кӯлу дарёҳои водии Зарафшон манбаи муҳими обёрии заминҳо низ мебошад. Аз онҳо барои обёрӣ наҳру ҷӯйборҳо гузаронидаанд. Калонтарини онҳо Канали Марғедар мебошад, ки аз дарёи Киштӯд об мегирад. Дашти Марғедар, Вағаштон, Ғусар ва ғайра аз ин наҳр обёрӣ мешаванд. Наҳри Тӯхсанкорез ҳамвории Панҷакент ва дашти Мушинорро обёрӣ мекунад. Дар олами набототи ноҳия минтақаҳои биёбон, миёнакӯҳ ва баландкӯҳ ҷудо карда мешаванд. Олами набототи ноҳияи Зарафшон то баландии 1 200 метр ва дар баъзе мавзеъҳо то 2 000 метр хусусияти даштию биёбонӣ дорад. Баландтар аз он алафзорҳо бо нимбуттаю буттазорҳо омехта месабзанд. Дар минтақаи миёнакӯҳҳо наботот нисбатан гуногун аст. Аз набототи алафӣ чорӯбак, сафедпӯшак, чукрӣ, чавак, рова, кӯмот ва ғайра паҳн шудаанд. Дар ин минтақа дарахтони арча, фарк, заранг, дӯлона, туғ, насрин, зирк, анғат, иргай, хома, лиф, бодом ва ғайра месабзанд. Дар мавзеъҳои камбориши минтақа ҷо-ҷо набототи даштию биёбонӣ низ вомехӯранд, дар баландиҳои 2 600–4 000 метр марғзорҳои даштию баландкӯҳ паҳн гардидаанд. Дар водии дарёҳо бештар дарахтони сафедор, анғат, газ, бед, санҷид ва ғайра вомехӯранд. Олами ҳайвоноти ноҳияи табиии Зарафшон низ гуногун аст. Дар ҳамворӣ ва доманакӯҳҳо намояндагони ҳайвоноти хоянда (заргӯш, суғур, калламуш), хазанда (мор, калтакалос), аз парандаҳо бештар шонасарак, гунҷишк, соч, мусича; дар минтақаи кӯҳӣ шағол, гург, хирс, шерпаланг, оҳу, харгӯш, гуроз, суғур; дар нишебиҳои шумолии силсилакӯҳи Ҳисор кабк, мурғи ҳилол, мурғобӣ, хумо, бургут ва ғайра вомехӯранд. Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дар байни силсилакӯҳҳои Ҳисор (шимол), Ҳазрати Шоҳ (шарқ), Боботоғ (ғарб) ва дарёҳои Панҷу Ому (ҷануб) воқеъ гардидааст. Релйефи ин ноҳия аз силсилакӯҳҳои паст ва хамиҳои бузург иборат буда, бо ҳамин хусусияташ аз дигар ноҳияҳои табиӣ фарқ мекунад. Силсилакӯҳҳои асосӣ – Вахш, Боботоғ, Сарсарак, Оқтоғ, Қаротоғ аз ҷинсҳои таҳшин иборатанд. Дар қуллаи кӯҳҳо барфҳои доимӣ ва пиряхҳо хобидаанд. Дар байни силсилакӯҳҳо водию хамиҳо ҷойгир шудаанд, ки баландиашон аз сатҳи баҳр 300–900 метр мебошад. Ин водию хамиҳо мавзеи асосии парвариши рустаниҳои гармидӯсти ҷумҳурӣ мебошанд. Доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо чун чарогоҳҳои зимистонаю баҳорӣ, ҳамчунин барои боғу токдории лалмӣ истифода мешаванд. Аз ҷиҳати сохти геологӣ ноҳия асосан дар натиҷаи чиндоршавии алпӣ аз таҳшинҳои давраҳои мезозой ва кайнозой ташаккул ёфтааст. Ин таҳшинҳо аз рег, гил, оҳаксанг, гаҷ, конгломерат (омехтаи регу ҷинсҳои кӯҳии шикаста), мергел (омехтаи гилу оҳаксанг) иборатанд. Дар натиҷаи чиндоршавӣ аз ин таҳшинҳо кӯҳҳои паст ба вуҷуд омадаанд, ки аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб бо ҳам мувозӣ тӯл кашидаанд (кӯҳҳои Боботоғ, Сарсарак, Сурхкӯҳ, Қаротоғ, Челонтоғ). Дар байни ин кӯҳҳо пастхамию ҳамвориҳои Вахш, Ҳисор, Кофарниҳони Поён, Ёвон, Данғара, Фархор, Ховалинг, Муъминобод дар баландиҳои 300–1 200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. Аз сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияи табиии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои намаксанг (Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, Тутбулоқ), оҳаксангу доломит (Пасхур, Ёвон), нафту газ (Қизилтумшуқ, Андигон, Шоҳамбарӣ, Балҷувон, Хоҷасартез, Сулдузӣ) мавҷуданд. Аз рӯи таҳқиқоти геологӣ дар ҳудуди ноҳия дар қабатҳои давраи юра захираҳои бузурги нафту газ ҷойгиранд. Аз ин хотир аз ҷониби ширкати «Газпром»-и Россия дар мавзеи конҳои Сариқамиш ва Рангон ва аз ҷониби ширкати амрикоии «Робсон» дар ҳудуди кони гази «Комсомол» корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода шуданд. Дар байни чашмаҳои маъданӣ мавқеи муҳимро Хоҷаобигарм ишғол кардааст. Чашмаҳо дар доманаи ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор, дар баландии 1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар нишебии қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1 100 метр аз сатҳи баҳр осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷойгир аст. Тобистони ноҳия тӯлонӣ, гарм ва хушк буда, зимистонаш нисбатан намнок ва гарм аст. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо 28–30 дараҷаи Селсий мебошад. Дар ноҳияи Шаҳритус дар миёнаи фасли тобистон ҳарорати ҳаво ба 43–44 дараҷаи Селсий (баландтаринаш 48 дараҷаи Селсий) мерасад. Ҳарорати миёнаи январ дар водиҳо мусбат (1–2 дараҷаи Селсий) аст, вале ҳангоми вазидани бодҳои сард ҳарорати ҳаво метавонад ба −25–30 дараҷаи Селсий расад. Канори шимолу шарқии ноҳия ва пасткӯҳҳои дохили он аз пастхамӣ ва ҳамвориҳо бо баландии худ фарқ мекунанд. Аз ин рӯ зимистон дар ин мавзеъҳо нисбат ба пастхамӣ ва ҳамвориҳо сардтар аст. Ҳарорати миёнаи январ аз -4 то -7 дараҷаи Селсий тағйир меёбад. Дар пастхамию ҳамвориҳо ҳарорати миёнаи январ мусбат мебошад. Вобаста ба миқдори бориш Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбиро ба қисмҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар қисми шимолии ноҳия (мавзеи Ҳисор) соле 600–700 миллиметр (бештаринаш 1 600 миллиметр), дар қисми ҷанубӣ тақрибан 500 миллиметр бориш мешавад. Миқдори бориш дар доманакӯҳҳо барои равнақи боғу токдории лалмӣ кофист. Водиҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои иқлим барои парвариши рустаниҳои техникӣ (пахтаи маҳиннах, анчибар), субтропикӣ (анор, анҷир, хурмо) ва ситрусӣ (лиму) мусоиданд. Дарёҳои ин ноҳия нисбатан наздик ҷой гирифта, ба ҳавзаи дарёи Аму мансубанд. Дарёҳои бузургтарини он Аму (Ому) ва шохобҳои он — Панҷ, Кофарниҳон, Вахш, Сурхоб мебошанд. Дарёҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дорои захираи бузурги неруи барқ мебошанд. Дар дарёи Вахш силсилаи неругоҳҳои барқии обӣ (Норак, Сарбанд, Шаршара, Марказӣ, Бойғозӣ) бунёд шуданд. Ҳоло дар ин дарё бузургтарин неругоҳи барқии обии Роғун сохта шуда истодааст, ки иқтидораш 3,6 миллион киловатт мебошад, баландии сарбанди он 335 метр аст. Дар обанбори он 13,3 миллиард метри мукааб об ғун хоҳад шуд (аз обанбори Норак 4 миллиард метри мукааб зиёд аст). Хок ва набототи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ гуногунанд. Онҳо вобаста ба шаклҳои гуногуни релйеф (ҳамворӣ, адирҳо, теппаҳо, пасткӯҳҳо) ва иқлим ба таври амудӣ паҳн гардидаанд. Дар баландиҳои 350–800 метр дар хоки хокистарранги равшан эфемерҳо, қиёқ, пудина ва ғайра месабзанд. Аз ин боло дар баландиҳои 600–700 метр хоки хокистарии муқаррарӣ ва дар баландиҳои 800–1 600 метр хоки хокистарранги тира паҳн шудааст. Дар ин намудҳои хоки хокистарранг ҳам асосан ғеша ва пудина бо эфемерҳо, эфемероидҳо ва дигар гиёҳҳои алафӣ омехта месабзанд. Дар шӯразаминҳо шӯра, дар санглоҳу резгорҳо саксавул, чарғиз, ҷузғун месабзанд. Дар минтақаи хокҳои хокистарранг ва хокҳои ғайриминтақаӣ (хоки ботлоқӣ, карбонатии пӯсида, марғзору ботлоқӣ) набототи туғайзор ва ғайра вомехӯранд. Ин намудҳои наботот дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Панҷ ва обдоғҳои онҳо паҳн гардидаанд. Дар туғайзор ва ботлоқҳо сафедори сиёҳ, санҷид, анғат, ғеша, най, сарнай (эриантус), чинорак ва дигар гиёҳҳои намидӯст нашвунамои хуб доранд. Дар нишебиҳои кӯҳҳои пасти ноҳия, ки бориш нисбатан зиёд аст, буттаҳо, дарахтон ва алафҳои гуногун месабзанд. Дар ин мавзеъҳо бодом, дӯлона, настаран, зирк, арча, аз гиёҳҳо камол, юган, ковил, хушадорҳо, савсан ва ғайра мерӯянд. Дар сойи водӣ ва нишебии кӯҳҳои шимолу шарқии ноҳия, ки хокҳои дорчинранг паҳн гардидаанд, ғайр аз бодом, писта, зирк ва дӯлона дар маҳалҳои сернам бед, фарк, сафедор, заранг, зардолу, олуча, чормағз ҳар ҷо-ҳар ҷо дучор мешаванд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, дар туғайзори дарёбодҳо гуроз, заргӯш, ҷирон сукунат доранд. Аз дарандаҳо гург, сагобӣ, кафтор, шағол, гурбаи найзор дучор меоянд; дар биёбонҳо мор (кӯбро, гурза) ва дигар хазандагон маскан гирифтаанд. Яке аз ҷонварони маъмули ин ноҳияи табиӣ сусмор аст. Дарозии он ба 1,5 метр мерасад. Дар кӯҳҳои ноҳия морхӯр дучор меояд. Аз парандаҳо тазарв, мурғи ҳилол, кабк, шоҳин ва бургут мавҷуданд. Аксари намудҳои рустанӣ ва ҳайвонот дар мамнуъгоҳҳо ҳифз карда мешаванд. Соли 1938 мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (47 ҳазор гектар), соли 1959 дар нишебиҳои силсилакӯҳи Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнуъгоҳи «Ромит» (дар масоҳати зиёда аз 16 ҳазор гектар), соли 1983 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мамнуъгоҳи «Даштиҷум» (масоҳатан 53,4 ҳазор километри мураббаъ) ташкил карда шуданд, ки барои муҳофизати ҳайвонот ва набототи қисми кӯҳсори вилояти Хатлон аҳамияти калон доранд. Тоҷикистони Марказӣ Тоҷикистони Марказӣ дар шимол бо силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Олой, дар шарқ бо силсилакӯҳҳои Паси Олой ва Академияи Фанҳо, дар ҷануб бо силсилакӯҳи Дарвоз ҳамсарҳад аст; ҳудуди он дар ғарб аз канори ғарбии силсилакӯҳи Дарвоз ва шохаи силсилакӯҳҳои Вахшу Қаротегин мегузарад. Релйефи Тоҷикистони Марказӣ мураккаб аст, он аз водии дарёҳо, ки бо кӯҳҳо ҷудо шудаанд, иборат мебошад. Ба силсилакӯҳҳои асосии ноҳия Вахш, Ҳазрати Шоҳ, Дарвоз, Пётри Якум мансубанд. Водиҳои Сурхоб ва Хингоб нисбат ба дигар водиҳо фарохтар мебошанд. Аз ҷиҳати сохти геологӣ ҳудуди ноҳия пастхамии байникӯҳӣ буда, давоми пастхамии мезозоии депрессияи тоҷик мебошад. Он асосан аз таҳшинҳои давраи мезозой (миёна) ва кайнозой (нав) таркиб ёфтааст. Ин таҳшинҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои кӯҳҳосилшавии алпӣ чиндор шуда, дар баъзе кӯҳҳо ниҳоят баланд (зиёда аз 5 000 метр) бардошта шудаанд. Ҳаракатҳои қишри замин дар ин ҷо ҳоло ҳам давом доранд. Зилзилаҳои дар ҳудуди ноҳия рухдода гувоҳи онанд (аз ҷумла, зилзилаи Ҳоит, соли 1949). Қисми зиёди масоҳати ноҳияро кӯҳҳо ишғол кардаанд, аммо на ҳамаи онҳо комилан ба ноҳия тааллуқ доранд. Аз байни онҳо фақат силсилакӯҳи Қаротегин дар ҳудуди ноҳия воқеъ гардидааст. Аз самти шимолу шарқ ба ҳудуди ноҳия шохаҳои ҷанубу шарқии силсилакӯҳи ғарбии Олой ва Паси Олой дохил шудаанд. Қисми асосии силсилакӯҳҳои Дарвоз, Пётри Якум, Вахш, Зиғар низ ба ноҳия мансубанд. Ҳамаи силсилакӯҳҳо баландии минтақаи баландкӯҳро ташкил медиҳанд. Дар мавзеъҳои баланди нишебиҳои силсилакӯҳҳо барф ва пиряхҳо воқеъ гардидаанд. Аз ин сабаб дар минтақаи баландкӯҳ шаклҳои релйефи пиряхӣ зиёданд. Калонтарин водиҳои ноҳия дар байни баландиҳои 1 200–3 200 метр воқеъ гардидаанд. Муҳимтарини онҳо водии Сурхоб мебошад, ки аз шарқ ба ғарб ба масофаи зиёда аз 140 километр тӯл кашидааст. Сатҳи он аз ғарб ба тарафи шарқ баланд (аз 1 200 метр то 2 100 метр) мешавад. Дар он мавзеъҳое, ки ба дарёи Сурхоб наздиканд, водӣ танг мешавад. Дар ҳудуди ноҳия ҳамчунин дараҳои нисбатан хурд (Камароб, Ғориф, Ясман, Такоба ва ғайра) воқеанд. Дар баъзе мавзеъҳои дараҳо заминҳои фарох паҳн гардидаанд. Аз ҷумла водии Лахш, ки дар байни дарёҳои Сурхоб ва Муғсу воқеъ аст, ба майдони васеи кишту боғдорӣ табдил ёфтааст. Сарватҳои табиӣ. Конҳои ангишти Назарайлоқ ва Миёнадуи ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ аҳамияти калон доранд. Дар ноҳия конҳои нефелин, молибден, асбест, санги мармар, масолеҳи бинокорӣ ва обҳои маъдандор низ зиёданд. Аз ҷумла, чашмаҳои маъдандори Обигарм ва Тандиқӯл. Иқлими Тоҷикистони Марказӣ нисбатан нарм аст. Дар водиҳои паст иқлими муътадили тобистони нисбатан серун ҳукмфармост. Тобистон ҳарорати миёнаи июл дар Ғарм 24 дараҷаи Селсий, Сангвор 22 дараҷаи Селсий, Лахш 21 дараҷаи Селсий гарм мебошад. Зимистон ҳарорати январ дар шимоли ноҳия -25–27 дараҷаи Селсий хунук мешавад. Дар ҷануби он аз 3 то 8 дараҷаи Селсий тағйир меёбад. Баъзе рӯзҳои тобистон ҳарорат то 37–40 дараҷаи Селсий гарм, зимистон то 27–30 дараҷаи Селсий хунук мешавад. Дар силсилакӯҳҳо зимистон ниҳоят хунук ва тобистон серун аст. Боришот дар ҳудуди ноҳия нобаробар тақсим шудааст. Аз ҷумла, дар водиҳое, ки ба тарафи ғарб кушодаанд, ва дар кӯҳҳое, ки рӯ ба рӯи самти ҳаракати анбӯҳи ҳавои нам воқеъ гардидаанд, боришот зиёд мешавад. Дар нишебиҳои шимолу ғарбии силсилакӯҳи Дарвоз 900 миллиметр, дар кӯҳҳои атрофи водии Сурхоб аз 600 миллиметр то 7 090 миллиметр бориш мешавад. Дар водии Сурхоб, Панҷ ва атрофи Қалъаихум тақрибан 500 миллиметр бориш мешавад. Миқдори бориши солона дар қисми ғарбии ноҳияи Рашт 650–900 миллиметр, дар шарқи он (Лахш) 270–280 миллиметр аст. Иқлими ноҳияи мазкур барои парвариши картошка, ҷуворимакка, сабзавоткорӣ ва боғпарварӣ мусоид аст. Бориши нисбатан зиёди минтақаи кӯҳсор ва вобаста ба он, ҳосил шудани барфу пиряхҳои доимӣ сабаби пайдоиши шабакаи зичи дарёҳо гардидааст. Калонтарини онҳо дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Сорбоғ ва Сангикар мебошанд. Онҳо дар рафти ҷараёни худ аз ду тарафи соҳил шохобҳои бисёр қабул мекунанд. Бисёрии онҳо дарёҳои кӯтоҳи тезҷараён буда, дар кӯҳҳо дараҳои танг ҳосил кардаанд. Аксари дарёҳо аз барфу пиряхҳо ғизо мегиранд. Дарёҳое, ки аз барфу пирях ғизо мегиранд, моҳи май ва июн сероб мешаванд. Вобаста ба ҷойи кӯҳҳо ва миқдори бориш, таркиби наботот дар нишебии ҳамаи силсилакӯҳҳо як хел нест. Дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Дарвоз набототи даштӣ, шибоғ, шӯра, қиёқ, буттаҳо, дарахтони чормағз, писта, челон, дӯлона, насрин, заранг, арчаву бодом месабзанд. Набототи миёнакӯҳи силсилакӯҳи Пётри Якум ҳам аз гиёҳҳои даштӣ ва буттаю дарахтҳо иборат аст. Дар қисми поёнии минтақаи миёнакӯҳи Пётри Якум (нишебии ғарбӣ), дар қатори алафҳои даштӣ ҷо-ҷо дарахтони чормағзу фарк вомехӯранд. Баробари боло баромадан онҳоро арчазор ва алафзорҳои даштӣ иваз мекунанд. Дар нишебиҳои силсилакӯҳи Қаротегин олами наботот ва гиёҳҳои гуногун аз буттаву дарахтони зирк, насрин, бодом, дӯлона, писта, татум ва ғайра иборат аст. Хоки водиҳои Тоҷикистони Марказӣ хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо дорчинӣ ва марғзории баландкӯҳӣ мебошад. Дар нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Дарвоз ҷо-ҷо дарахтони худрӯи мева — анор, анҷир, бодом, писта мерӯянд. Дар баландии зиёда аз 3 000 метр марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ доман паҳн кардаанд (ҳамчун чарогоҳи тобистона аҳамияти калон доранд). Олами ҳайвоноти Тоҷикистони Марказӣ гуногун аст. Дар ин ҷо аз ширхорҳо бузи кӯҳӣ, шерпаланг, хирс, гург, гуроз, ҳамчунин хояндагони гуногун (заргӯш, суғур), хазандаҳо (гурза, мори обӣ, калтакалос), парандаҳо (кабк, мурғи ҳилол, қаргас) ва ғайра сукунат доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 117–124.

0

Олами ҳайвонот

Тақсимоти олами ҳайвоноти Тоҷикистон хусусияти амудӣ-минтақаӣ дорад. Ҳайвоноте, ки дар минтақаҳои амудии гуногун зиндагӣ мекунанд, ба шароити иқлим ва релйеф нағз мутобиқ гаштаанд. Дар минтақаи биёбонҳои ҳамвори Тоҷикистон, ки дар баландиҳои 280–300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд, иқлими субтропикии хушк ва дар экосистемаҳои даштҳои баландкӯҳи Помир, бошад, иқлими арктикӣ ҳукмфармост. Агарчи Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хурд аст, дар он намудҳои басо гуногуни ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Бино бар маълумоти солҳои охир, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 13 000 намуди ҳайвоноти бемуҳра ва муҳрадор мавҷуд аст. Аз ҷиҳати гуногунии намудҳо ҷойгоҳи хоссаро ҳашарот ишғол менамояд (зиёда аз 10 000 намуд). Дар фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 1 000 намуди ҳайвоноти эндемӣ (хосси маҳал) ба қайд гирифта шудааст. Ҷонварони бемуҳра (Invertebrata) Дар Тоҷикистон наздики 12 000 намуди ҷонварони бемуҳра, аз ҷумла содатаринҳо (Protozoa) — 300, кирмҳои паразит (Vermes) — 1 400, тортанакшаклҳо (Arachnida) — 715, ҳашарот (Insecta) — 10 000, нармбаданҳо (Mollusca) — 204 намуд ба қайд гирифта шудаанд. Хусусан бандпойҳо-тортанакшаклҳо (Arachnida) ва ҳашарот (Insecta) бисёр дучор меоянд. Тортанакшаклҳо гурӯҳҳои зеринро дар бар мегиранд: каждумҳо (Scorpiones) — 10, калаи гӯсола (Solifugae) — 40, тортанакҳо (Aranei) — 260, канаҳои зиреҳдор (Oribatei) — 104, канаҳои роғӣ (Tyroglyphoidea) — 44, канаҳои мӯяктан (Gamasoidea) — 50, канаҳои нармбадан (Ixodoidea) — 82 ва канаҳои чорҷуфтпо (Tetranychidae) — 120 намуд. Аз ин шумора 50 намуди канаҳо хосси Осиёи Марказӣ (эндемӣ) мебошанд. Зероилаи канаҳои рустанихӯр (Tetranychoidae)-и Тоҷикистон аз 4 оила иборат аст: тортанакҳо (Tetranychidae), бриобидиҳо (Briobiidae), паҳнбаданҳо (Tenuipalpidae) ва эриофидҳо (Eriophidae). Қисми зиёди онҳо ҳамтохӯр (космополит) мебошанд. Дар байни чунин канаҳо зараррасонҳои зироат низ бисёранд. Аз 120 намуди ин канаҳо 29 намуд хосси Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ (эндемӣ), аз ҷумла 10 намуд танҳо хосси Помир мебошанд. Ҳашарот (Insecta) Олами ҳашароти Тоҷикистон аз 10 000 намуд, ки мансуб ба 29 қатор (отряд) мебошанд, иборат аст. Ба ҳашароти зараррасон ширинчаҳо, кирмакҳою зиреҳакҳо, ҳамчунин намудҳои гуногуни шапалаку гамбускҳо мансубанд. Онҳо дар буттаю дарахтони мева ва зироати кишоварзӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон наздики 70 намуди гаҳворачунбон мавҷуд аст. Бештари онҳо эндемӣ мебошанд. Бисёр ҳашароти Тоҷикистон зеби табиатанд, бино бар ин, онҳоро коллексия мекунанд (масалан, сӯзанакҳо, гаҳворачунбонҳо, шапалакҳо, гамбускҳо, аскалафҳо). Таъсири номатлуби одамон ба намуд ва шумораи бисёр ҳайвоноти бемуҳра низ кам нест. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015, 2017) 90 намуди ҷонварони бемуҳра дохил карда шудаанд, ки 81 намуди онҳо ҳашарот мебошанд. Ҳайвоноти муҳрадор (Vertebrates) Ҳайвоноти муҳрадор дар фаунаи Тоҷикистон 582 намуд мебошанд, аз ҷумла моҳиҳо — 61, обхокиҳо – 2, хазандаҳо — 49, парандаҳо — 385 ва ширхорҳо — 85 намуд. Моҳиҳо (Pisces) Дар ҳавзҳои оби Тоҷикистон 61 намуди моҳӣ мавҷуд аст, ки ба 12 оила мансубанд. Хосса моҳиҳои дарёҳо (52 намуд), ҳавзҳо (17 намуд), кӯлҳо (20 намуд) ва чашмаҳо (10 намуд) гуногунанд. Аз шумораи умумии моҳиҳои гуногун зиёда аз 20 намуди онҳоро шикор мекунанд, масалан, суфмоҳӣ (Lucioperca lucioperca), зағарамоҳӣ (Cyprinus carpio), амурмоҳии сафед (Ctenopharyngodon idella), ғурримоҳиҳои сафед ва ало (Hypophthalmichthus molitrix, Aristichthus nobilis), симмоҳӣ (Abramis brama), шӯртан (Esox lucius), ширмоҳӣ (Schizothorax intermedius), савганмоҳии самарқандӣ (Varicorhinus capoeta heratensis), черсони аралӣ (Aspius aspius taeniatus) ва ғайра. Аз моҳиҳои қадимӣ ва хосси маҳал (эндемӣ) дар Тоҷикистон 3 намуди тосмоҳиҳо аз ҷинси белбиниҳои дурӯғин дучор меоянд: белбиниҳои дурӯғини амударёии калон (Pseudoscaphirhynchus kaufmanni), амударёии хурд (P. hermanni) ва сирдарёӣ (P. fedtschenkoi). Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015, 2017) 14 намуди моҳӣ дохил карда шудааст. Фаунаи моҳиҳои обҳои Тоҷикистон бо роҳи сунъӣ, яъне ба шароити маҳал мутобиқ сохтани 18 намуди моҳии пурбаҳо, зиёд карда шудааст: караси нуқрагун (Carassius auratus), лаққамоҳии америкоии наҳрӣ (Silurus glanis), суфмоҳии муқаррарӣ (Lucioperca lucioperca), симмоҳӣ (Abramis brama), амурмоҳии сафед (Ctenopharyngodon idella), ғурримоҳиҳои сафед ва ало (Hypophthalmichthus molitrix, Aristichthys nobilis), буффалои америкоӣ (Ictiobus bubalus), зоти нави зағарамоҳӣ (Cyprinus sp.), дурагаи хашинамоҳӣ бо стерляд, пеляди сибирӣ (Coregonus peled) ва ғайра. Обхокиҳо (Amphibia) Дар Тоҷикистон 2 намуди обхокиҳо — қурбоққа (Rana ridibunda) ва ғуки сабз (Bufo viridis) мавҷуд аст. Тайи солҳои охир бино бар корам кардани заминҳои партов, ареали қурбоққа васеъ гардид. Ғуки сабз дар Тоҷикистон ба таври амудӣ (дар баландиҳои 300–3 800 метр аз сатҳи баҳр) паҳн шудааст. Хазандаҳо (Reptilia) Дар Тоҷикистон 49 намуди хазандаҳо дучор меоянд, ки мансуб ба 2 қатор, 13 оила ва 23 ҷинс мебошанд. Хосса калтакалосҳо намудҳои гуногун (32 намуд) доранд; морҳо аз 16 ва сангпуштҳо аз 1 намуд иборат мебошанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 намуди хазандаҳо дохил карда шудааст. Яке аз хазандаҳои басо паҳнгаштаи Тоҷикистон сангпушти даштӣ (Testudo horsfieldi cray) мебошад. Он дар талу теппа ва даштҳои доманакӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Калтакалосҳо дар Тоҷикистон бисёранд. Онҳо дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо, даштҳои доманакӯҳӣ, каму беш дар кӯҳҳо дучор меоянд. Ҳама намуди гекконҳо намудҳои камдучор ва маҳвшаванда мебошанд. Онҳо бештар дар поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш ва биёбони туғайзори «Баҳри тоҷик» дучор меоянд. Дар Тоҷикистон калтакалоси калонтарин — сусмор (комилан Varanus griseus) низ дар ҳолати аз байн рафтан қарор дорад. Сабаби ин ҳол дигаргун гаштани маҳалли сукунати он аст. Сусмор тӯли 10 соли охир ягон-ягон танҳо дар регзорҳои атрофи обанбори «Баҳри тоҷик» ва поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ ба мушоҳида расидааст. Ҳоло 14 намуди калтакалосҳо ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Аз 16 намуди мор чаҳор намуд дар ҳолати нисбатан хатарнок қарор доранд: мори афъӣ (Echis carinata), кӯрмор (Typhlops vermicularis), кӯброи осиёӣ (Naja oxiana) ва гурза (Vipera lebetina). Шумораи онҳо дар натиҷаи ғайриқонунӣ доштану дар серпентарияҳо барои заҳр ҷой додан, кам шуда истодааст. Сабаби асосии коҳиш ёфтани шумораи кӯрмор ва мори печони шарқӣ дар тибби мардумӣ истифода бурдани онҳост. Парандаҳо (Aves) Парандаҳо синфи сернамуди ҳайвоноти муҳрадори Тоҷикистон мебошанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ 385 намуду зернамуди парандаҳо дучор меоянд. Онҳо мансуб ба 16 қаторанд. Вобаста ба тарзи сукунат, парандаҳо муқимӣ, кӯчии лонасоз, кӯчанда, зимистонгузарон ва кӯчидаомада мешаванд. Гуногунии намудҳои парандаҳои Тоҷикистон вобаста ба қаторҳои ҷудогона Парандаҳои муқимӣ — 82, лонасоз — 150, кӯчӣ — 108, зимистонгузарон — 8, даргузар — 21 намудро дар бар мегиранд. Дар байни парандаҳои обӣ ва соҳилӣ зиёда аз 20 намуд аҳамияти шикорӣ ва саноатӣ доранд. Онҳо дар ҷойҳои ботлоқӣ, обанборҳо, кӯлҳо, ҳавзҳои сунъӣ ва дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Ба намудҳои шикорбоп ҳамчунин намояндагони қатори мурғшаклҳо (Galliformes) — кабк (Alectoris kakelik), бедона (Coturnix coturnix), мурғи ҳилол (Tetragallus tibetanus), тазарв (Phasianus colchicus) дохил мешаванд. Бештарин намуди парандаҳо дар шохаҳои болоии кӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Бадахшон лона мегузоранд. Фаунаи парандаҳои Помири Шарқӣ аз рӯи шумора ва таркиби намуд тафовут дорад. Қатори мурғобиҳои ғӯтазан (Podicipediformes) аз 3 намуд иборат аст. Мурғобии ғӯтазани калон (Podiceps cristatus) дар ҷумҳурӣ зимистон мегузаронад; дар мавсими кӯчиш ва лонасозӣ дар ҳавзҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд. Мурғобии ғӯтазани хурд (Podiceps ruficollis) намуди муқимӣ аст; дар ҳавзҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва Марказӣ дучор меояд. Мурғобии ғӯтазани гардансиёҳ (Podiceps caspicus) камшумор буда, ҳангоми кӯчиш дар ҳавзҳои минтақаи ҳамвори Тоҷикистон дида мешавад. Қатори белпойҳо (Pelecaniformes) 4 намуд дорад. Моҳихӯраки калон (Phalacrocorax carbosinensis) дар ҷумҳурӣ зимистон мегузаронад; он ҳангоми кӯчиш низ дучор меояд. Баъзе моҳихӯракҳои калонро метавон тамоми тобистон мушоҳида кард. Доираи паҳншавии он қисми зиёди қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла кӯлҳои баландкӯҳи Помирро дар бар мегирад. Моҳихӯраки хурд (Phalacrocorax pygmaeus) дар байни парандаҳои обӣ, ки дар Тоҷикистони Ҷанубӣ зимистон мегузаронанд, намуди нисбатан сершумор аст. Қатори лаклакшаклҳо (Ciconiiformes) 12 намудро дар бар мегирад. Лаклакҳои сафед ва сиёҳ (Ciconia ciconia asiatica ва Ciconia nigra) дар Тоҷикистон парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор мебошанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Лаклаки хокистарранг (Ardea cinerea) парандаи кӯчии зимистонгузарону лонагузор мебошад. Дакани хурд (Ixobrychus minitus minitus) парандаи кӯчию лонагузор аст. Он дар пастиҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд. Қатори лавҳанӯлҳо (Anseriformes) 25 намудро дар бар мегирад. Ғози кӯҳӣ (Anser indicus) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Он фақат дар ҷазираҳо ва соҳили кӯлҳои Помири Шарқӣ — Қарокӯл, Рангкӯл ва Зоркӯл лона мегузорад. Дар натиҷаи ташкил карда шудани мамнуъгоҳи Зоркӯл популятсияи ғози кӯҳӣ дар ин маҳал таҳти муҳофизат қарор дода шудааст. Қатори парандаҳои соҳибчангол (Falconiformes) 35 намудро дар бар мегирад. Аз он 11 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Аз оилаи пайғуҳо (Accipitridae) уқоби ришдор (Dypaetus barbatus hemachalanus) дар баландиҳои 1 400–1 800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад; он вобаста ба мавсим ба таври амудӣ ҷой иваз мекунад. Лошахӯр (Neophron percenopterus) парандаи нодир ва камшумор аст. Дар доманакӯҳҳо ва манотиқи миёнакӯҳҳо зиндагӣ мекунад. Тавассути дарёи Панҷ то Қалъаихуф, Рӯшон ва Хоруғ боло мебарояд. Дар баландиҳои 1 800–2 000 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Уқоб-бургут (Agnilachrys aetus laphanea) парандаи муқимист. Дар шахҳо лона гузошта, кӯчи мавсимии амудӣ дорад. Қатори мурғшаклҳо (Galliformes) 7 намуд дорад, ки 4 намудаш ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Кабки биёбонӣ (Ammoperdix griseogularis) намуди нисбатан нодири пурбаҳо аст. Дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ паҳн гаштааст. Кабки ришдор (Perdix daurica turcamona) намуди муқимӣ буда, дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Туркистон дучор меояд. Дар баландиҳои 1 200–2 200 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Мурғи ҳилол (Tetraogallus tibetanus) намуди бисёр камёфт ва камшумор буда, ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Ба он хавфи нестшавӣ таҳдид дорад. Мурғи ҳилол парандаи хосси баландкӯҳҳост. Тазарв (Phasianus colchicus) дар Тоҷикистон 3 зернамуд дорад: тазарви сиёҳи заргун ё тоҷикӣ (Ph. c. bianchii), тазарви зарафшонӣ (Ph.c. serafshanicus tarn) ва тазарви сирдарёӣ (Ph.c. turkestanicus forens). Ҳар се зернамуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Қатори турнашаклон (Gruiformes) 13 намудро дар бар мегирад. Аз онҳо 2 намуд аз оилаи дуғдоғиҳо (Otididae) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Дуғдоғ (Otis tarda tarda) ба Тоҷикистон барои зимистонгузаронӣ парида меояд. Ба гурӯҳи парандаҳои нодир дохил карда шудааст. Дар ҳадди нестӣ қарор дорад. Қатори чаковакашаклҳо (Charadriiformes) 51 намуд дорад. Аз онҳо 5 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Доснӯлак (Ibidorhyncha struthersii) парандаи ниҳоят камдучор аст. Ба гурӯҳи парандаҳои зери хавфи нестӣ қарордошта мансуб аст. Ба Тоҷикистон барои гузаронидани зимистон меояд; баъзан лона мегузорад. Бино бар маълумоти мавҷуд, шумораи умумии доснӯлак дар Тоҷикистон аз 30 ҷуфт зиёд нест. Доснӯлак ба гурӯҳи парандаҳои муқимӣ мансуб буда, кӯчи мавсимӣ мекунад. Паҳншавии амудии он то баландиҳои 1 600–3 500 метр аз сатҳи баҳрро фаро мегирад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Қатори кафтаршаклҳо (Columbiformes) 12 намудро дар бар мегирад. Дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон дучор меоянд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 намуди онҳо ворид карда шудаанд: кафтари синасафед (Columba leuconota) – намуди нодир буда, дар Помир ба назар мерасад; ғурғураки шикамсиёҳ (Pterocles orientalis orenarius) – намуди камшумори маҳвшаванда аст; сачдаи тибетӣ (Syrrhaptes tibetana) – намуди маҳвшаванда аст; харкафтар (Columba palumbus casiotis) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Дар арчазорон ва бешаҳои паҳнбарг, дар баландиҳои 1 200–3 000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд, дар дарахтон лона мегузорад. Қатори фохташаклҳо (Cuculiformes) 2 намуд дорад; фохтаи муқаррарӣ (Cuculus canorus) ва фохтаи кар (C. saturolas). Парандаҳои кӯчӣ ва нодир мебошанд. Қатори чуғзҳо (Strisiformes) 8 намуд дорад. Дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Дар кӯҳҳо ва пастиҳо лона мегузоранд; ҳангоми кӯч ба мушоҳида мерасанд. Намояндаи он бум (Bubo bubo omissus) мебошад. Қатори мурғони шабгард (Caprimulgiformes) аз 2 намуд иборат аст: мурғи шабгарди муқаррарӣ (Caprimulgus europaeus sarudnyi) ва мурғи шабгарди буттаӣ (Caprimulgus aegyptius arenicolorsev). Онҳо дар Тоҷикистон парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор мебошанд. Қатори рақшашаклҳо (Coraciiformes) 5 намудро дар бар мегирад: кабутак (Alcedo atthis atthis), шурқаҳои заргун (Merops apiaster) ва сабз (Merops superciliosus persicus), кабудзоғ (Coracias garrulus semenowi), ҳудҳуд (Upupa epops epops). Ҳамаи онҳо парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор (дар пасткӯҳҳо ва баландкӯҳҳо) мебошанд. Қатори досакшаклҳо (Apodiformes) 3 намуд дорад. Досаки шикамсафед (Apus melbatuneti) ва досаки сиёҳ (A. apus pekinensis swinhoe) парандаҳои кӯчӣ буда, дар пасткӯҳҳои Помиру Олой лона мегузоранд. Досаки хурд (A. affinis galibejensis) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Қатори эзорсурхакҳо (Piciformes) 2 намудро дар бар мегирад: эзорсурхаки сафедбол (Dendrocopos leucopterus) дар ҳудуди Помиру Олой паҳн шудааст ва дар ҳамон ҷойҳо лона мегузорад. Сарпечак (Junx torquilla) дар Помиру Олой танҳо дар мавсими кӯч дучор меояд. Қатори гунҷишкшаклҳо (Passeriformes) 163 намудро дар бар мегирад. Аз ин шумора 7 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст: паттагунҷишк (Carrulax lineatus), магасхӯраки биҳиштӣ (Terpsiphone paradisi), магасхӯраки думсурх (Muscicapa ruficauda), сафедпояк (Microcichlas couleri), норуи обӣ (Chaimarrornis leucocephala), гунҷишки нилӣ (Myophonus caeruleus), момоҷурғотаки нақшин (Leptopoecile sophia). Тирамоҳ аз арзҳои шимолӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 80 намуд парандаҳо парида меоянд. Онҳо дар ин ҷо шароити барои зиндагӣ мувофиқ пайдо карда, то охири баҳор мемонанд. Парандаҳои обӣ ва соҳилӣ гурӯҳи нисбатан сершумори парандаҳои зимистонгузарон мебошанд. Дар обанборҳои Тоҷикистон селаҳои калони моҳихӯракҳо (Larus), крачекҳо (Corvus), лойхӯракҳо (Caltris) ва бакланҳо (Phalacrocorax) ҷой мегиранд. Ҳудуди ҷумҳурӣ яке аз долонҳои асосӣ барои кӯчи парандаҳо ба дигар қисмҳои Осиё мебошад. Ширхорҳо (Mammalia) Ширхорҳо 85 намудро дар бар гирифта, мансуб ба 47 ҷинс, 22 оила ва 6 қатор (ҳашаротхорон, дастболҳо, харгӯшшаклҳо, хояндаҳо, дарандаҳо ва сумдорҳо) мебошанд. Қатори ҳашаротхӯрҳо (Insectivora) шохаи қадимтарини ҳайвоноти ширхор буда, дар Тоҷикистон 6 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 4 ҷинс ва 2 оила мебошанд. Намояндаи сершумори ин гурӯҳ сафеддандонаки хурд (Crocidura suaveolens) буда, ҳам дар ландшафтҳои табиӣ ва ҳам дар ландшафтҳои ғайритабиӣ, аз туғайзорҳо то баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунад. Хорпушти хордароз (Paraechinus hypomelas) дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздик ба онҳо (баландии 350–1 200 метр аз сатҳи баҳр) дучор меояд. Ба маҳалли зист (ареал) ва шумораи хорпушти хордароз корам кардани заминҳо ва чаронидани чорво таъсири манфӣ расонидааст. Бӯрдандонаки бухорӣ (Sorex buchariensis) эндемики Тоҷикистон буда, каму беш дар ҳудуди силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Пётри Якум дучор меояд. Сафеддандонаки думсафед (Crocidura pergrisea) намуди хоссаи кӯҳсор буда, камёфт аст; он дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор, Шуғнон ва Ишкошим дар баландиҳои 2 500–3 600 метр аз сатҳи баҳр мушоҳида мешавад. Қатори дастболҳо (Chiroptera) дар Тоҷикистон 19 намуди кӯршапаракҳоро, ки мансуб ба 9 ҷинс ва 3 оила мебошанд, муттаҳид кардааст. Аз 3 намуди кӯршапаракҳои наълбинӣ (Rhinolopidae), ки дар Тоҷикистон дучор меоянд, кӯршапаракҳои наълбинии хурд (Rhinolophus hipposideros) ва бухорӣ (R. bucharicus) нисбатан кам мебошанд. Оилаи кӯршапаракҳои муқаррарӣ (Vespertilionidae) 15 намудро дар бар мегирад. Кӯршапараки нисбатан сершумори ин оила хаффошак (Pipistrellus pipistrellus) мебошад. Он дар ҳама ҷо – дар паноҳгоҳҳои сунъӣ, табиӣ ва иморатҳо дучор меояд. Дар кӯҳҳо дар баландиҳои то 2 000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Кӯршапараки гӯшкалони осиёӣ (Barbastella leucomelas), хаффоши чармгун (Pipistrellus savii), кӯршапараки лабчин (Tadarida teniotis) ва хаффоши найзагӯши шикамсафед (Otonycteris hemprichi) кӯршапаракҳои нисбатан камшумор мебошанд. Онҳо дар Тоҷикистон зимистонро дар нақби конҳои ғайрифаъол мегузаронанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 13 намуди кӯршапарак дохил карда шудааст. Қатори хояндаҳо (Rodentia) қатори аз ҳама сершумори ширхорҳо дар Тоҷикистон буда, 32 намуди мансуб ба 17 ҷинс ва 7 оиларо дар бар мегирад. Оилаи мири мушон (Cricetidae) 14 намудро, ки наздики 50% ҳамаи хояндаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, муттаҳид кардааст. Намояндаи асосии ин оила муши регзори думсурх (Meriones erythrourus) буда, дар биёбонҳо, ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд. Муши регзори калон (Rhombomys opimus), торфо (Meriones tamariscinus) ва нисфирӯзӣ (M. meridianus) ареали нисбатан маҳдуд дошта, дар минтақаҳои нимбиёбони Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҷинси муши даштии хокистарранг (Microtus) 6 намудро дар бар мегирад: помирӣ (Microtus fuldachi), арчагӣ (M. carruthersii), ҷамъиятӣ (M. socialis), афғонӣ (M. afghanus), муқаррарӣ (M. arvalius) ва қирғизӣ (M. kirgiziorum). Ба истиснои муши даштии афғонӣ, бисёр мушҳои даштии дигар дар ландшафти кӯҳӣ мушоҳида мешаванд. Аз ҷинси кӯрмушҳо (Ellobius) дар Тоҷикистон 2 намуд вомехӯрад: кӯрмуши шарқӣ (Ellobius tancrei) ва кӯрмуши олойӣ (Ellobius alaicus); кӯрмуши шарқӣ ғайр аз Помир, дар ҳама ҷо дучор меояд. Аз нигоҳи гуногунии намуд дар байни хояндаҳо ҷои дуввумро баъди мири мушон мушҳо (Muridae) ишғол мекунанд. Ин оила дар Тоҷикистон 5 намудро дар бар мегирад. Намояндагони сершумор ва паҳншудаи онҳо муши хонагӣ (Mus musculus), муши хурди ҷангалӣ (Sylvaemus uralensis) ва калламушҳои туркистонӣ ва хокистарранг (Rattus turkestanicus ва R. norvegicus) мебошанд. Оилаи санҷобиҳо (Sciuridae) дар Тоҷикистон 5 намудро дар бар мегирад: юрмонҳои ангуштборик (Spermophilopsis leptodactylus), тиёншонӣ (Citellus relictus) ва зард (C. fulvus), суғури сурх (Marmota caudata) ва суғури Мензбир (M. menzbieri). Дар натиҷаи корам кардани дашту регзорҳо популятсияи юрмонҳои ангуштборик ва зард зери хавфи нобудшавӣ қарор дорад. Суғури сурх (Marmota caudata) намуди хосси кӯҳистон аст. Он ғайр аз силсилакӯҳҳои Курама дар ҳамаи силсилакӯҳҳои Тоҷикистон дучор меояд. Суғури сурх дар байни ширхорҳои мӯйнадори шикорбоби Тоҷикистон ҷои асосиро ишғол мекунад. Дар Бадахшон суғури сурх хеле бисёр аст. Суғури Мензбир (Marmota menzbieri) эндемики Тиёншони Ғарбӣ буда, дар Тоҷикистон бори аввал соли 1960 дар қисми шарқии силсилакӯҳҳои Курама, дар маҳалли кони Оқтош ба мушоҳида расидааст. Дар натиҷаи аз худ карда шудани болооби Оқтош ва ҳудуди ба он наздики силсилакӯҳҳои Курама, аввали солҳои 80 асри 20 популятсияи суғури Мензбир ба дигар маҳалҳои Тоҷикистон низ паҳн шуд. Мушобӣ (Ондатра) ва нутрияро барои пӯсташон шикор мекунанд. Нутрия (Myocastor coypus) ба Тоҷикистон соли 1949 оварда шудааст. Онро ба ҳавзҳои мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» сар дода буданд. Дар натиҷаи хуб муътод шудан, мушобӣ популятсияи ваҳширо ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар ҳамаи шибарзорҳои поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Қизилсу ва Яхсу паҳн гаштааст. Ондатра (Ondatra zibethica) ба Тоҷикистони Шимолӣ аввали солҳои 50 асри 20 аз Ӯзбекистон омадааст. Он ҳоло ҳамаи системаҳои обёрии водии Фарғона ва обанборҳои «Фарҳод»-у «Барқи тоҷик»-ро ишғол кардааст. Намояндаҳои нодири қатори хояндаҳо тавушқони хурд (Allactaga elater) ва тавушқони Северсов (A. severtzovi) мебошанд. Минтақаи зисти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд мебошад: биёбонҳои гилзамин, регзор ва шӯрзаминҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ. Қатори заргӯшшаклҳо (Lagomorpha) ҳамагӣ 3 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 2 оила мебошанд: заргӯшҳо (Leporidae) — 1 намуд ва ғулмушҳо (Lagomyidae) – 2 намуд. Заргӯши толай (Lepus tolai) дар баландиҳои 300–5 600 метр аз сатҳи баҳр аз водии дарёҳо ва биёбонҳо то бешазорҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳҳо паҳн гаштааст. Намояндаи баландкӯҳии заргӯшшаклҳо – ғулмуши гӯшкалон (Ochotona roylei) дар Бадахшон (дар баландиҳои 2 200–4 800 метр аз сатҳи баҳр), ғулмуши сурх (Ochotona rutila) бошад, танҳо дар Помир паҳн гаштааст. Қатори ҷуфтсумҳо (Artiodactyla) дар Тоҷикистон аз 7 намуд иборат аст, ки мансуб ба 4 ҷинс ва 3 оила мебошанд. Намояндаи бештар паҳншудаи ин қатор гуроз (Sus scrofa) мебошад. Холгул (Cervus elaphus bactrianus) намояндаи калонтарини ҷуфтсумҳои Тоҷикистон (вазни наринааш то 250 килограмм) буда, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии муҳофизати табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Холгул дар туғайзор зиндагӣ мекунад. Ҳоло бисёр туғайзорҳо ба замини кишт табдил дода шудаанд. Холгулҳо солҳои 50 асри 20 дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» ва ҳудуди ба он наздик 500–600 сар буданд. Ҳоло зери хатари нестшавӣ қарор доранд. Дар табиат (in situ) холгул дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» ва туғайзори соҳили рости дарёи Панҷ, қад-қади сарҳади Афғонистон ва дар қӯруқи Зарафшон мавҷуд аст. Ғазол (Gazella subgutturosa) дар қитъаҳои нимбиёбони заминашон сахт ва ҳамвориҳои доманакӯҳҳову паҳнкӯҳҳо (400–1 800 метр аз сатҳи баҳр) дучор меояд. Он ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Ибтидои солҳои 90 дар Тоҷикистон 100–150 сар ғазол ба қайд гирифта шуда буд. Дар натиҷаи бераҳмона нест кардан ва дигаргун шудани маҳалли сукунат, ғазол зери хавфи нестӣ қарор дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон наздики 80–100 ғазол мавҷуд аст. Бузи кӯҳӣ (Capra sibirica) намояндаи ниҳоят паҳншудаи сумдорҳои кӯҳҳои Тоҷикистон мебошад. Он дар баландиҳои 1 600–5 000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Шумораи умумии бузи кӯҳӣ аввали солҳои 80 дар қаламрави Тоҷикистон 41 ҳазор сар буд. Солҳои 90-уми асри гузашта шикори ғайриқонунии бузи кӯҳӣ ба популятсияи он зиёни калон расонд. Морхӯр (Capra falconeri) ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Саршумори асосии он қад-қади сарҳади Афғонистон, дар шохаҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳҳои Дарвоз ва шохаҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ боқӣ мондааст. Ареали ҳозираи паҳншавии морхӯр дар шакли тасмаи борики дарозиаш 80 километр ва паҳноиаш 5–25 километр мебошад. Дар натиҷаи шикори ғайриқонунӣ ва кӯруқшиканӣ аввали солҳои 80-ум шумораи морхӯр дар силсилакӯҳи Сарсарак хеле кам гардид. Солҳои пеш дар ин макон сукунатгоҳи морхӯр 30 ҳазор гектарро ташкил мекард. Ҳоло саршумори асосии морхӯр дар шохаҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Дарвоз ва силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ боқӣ мондааст. Морхӯрро шикор мекунанд. Гӯсфанди кӯҳӣ (Ovis vignei bochariensis) солҳои пеш хеле зиёд паҳн шуда буд. Ибтидои солҳои 50-ум миқдори умумии он дар Тоҷикистон 5 000 сарро ташкил мекард. Ҳоло шумораи он аз 600–700 сар зиёд нест. Архар (Ovis ammon polii) гӯсфанди ваҳшии калонтарини Осиёи Марказӣ; дар Помир дучор меояд. Хати амудии паҳншавии он баландиҳои 3 600–5 300 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Маҳалли асосии зиндагии он баландиҳои 4 100–4 300 метр аз сатҳи баҳр мебошад. Солҳои 90 асри гузашта саршумори архар дар натиҷаи беназоратӣ ва ҳифз накардани он хеле кам шуд. Мувофиқи баъзе маълумот, шумораи архар дар қаламрави Помир зиёда аз 27 ҳазор сар мебошад. Қатори дарандаҳо (Carnivora) дар Тоҷикистон 20 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 5 оила ва 10 ҷинс мебошанд. Хусусан оилаи савсоршаклҳо (Mustelidae) 8 намудро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ 40%-и фаунаи ширхорҳои дарандаи Тоҷикистон аст. Намояндаи асосии ин оила савсор (Martes foina) мебошад. Он дар бешазори паҳнбарг ва арчазорҳо зиндагӣ мекунад. Қашқалдоқ (Meles meles) яке аз ҷонварони калонтарини оилаи савсоршаклҳо мебошад. Дар натиҷаи тағйир додани ландшафт савсорҳо дар минтақаи ҳамворӣ куллан нест шудаанд. Саршумори асосии қашқалдоқ дар бешазорҳои кӯҳӣ ҷой дорад, вале нисбат ба савсорҳо камтар мебошад. Росу (Mustela nivalis) намояндаи аз ҳама хурди ширхорҳои даранда буда, дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Марказӣ, ҳамчунин Помир дар баландиҳои 400–4 000 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Саршумори росу дар ҳама ҷо кам мебошад. Бино бар ин, онро ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид кардаанд. Солонга (Mustela altaica) танҳо дар Бадахшон ва Помир дар баландиҳои 2 700–3 700 метр аз сатҳи баҳр ба назар мерасад. Маҳалли сукунати он заминҳои серсангу резгори наздик ба колонияи хояндаҳои мушмонанд мебошад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Мири мушони ало (Vormela peregusna) солҳои пеш дар водиҳо ва пасткӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Марказӣ ва Шимолӣ зиёд дучор мешуд. Ҳоло он каму беш дар туғайзорҳо, заминҳои кишт, баъзан дар деҳаҳо дучор меояд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Сагобии осиёимиёнаӣ (Lutra lutra) дар ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон, ғайр аз Помири Шарқӣ, дучор меояд. Саршумори он дар ҳама ҷо кам аст ва ниёз ба муҳофизат дорад. Мири мушони даштӣ (Mustela eversmanni) солҳои 60 асри 20 дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон (1 600 метр аз сатҳи баҳр) наздик ба маҳалли сукунати юрмони зард ва тавушқонҳо мушоҳида шуда буд. Тӯли даҳсолаҳои охир тамоман ба назар нарасидааст. Эҳтимол комилан нест шуда бошад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Қоқум (Mustela erminea) дар Бадахшон ва Помир дар атрофи мамнуъгоҳи «Зоркӯл» дар баландии 4 600 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Аз оилаи кафторшаклҳо (Hyaenidae) дар Тоҷикистон як намуд – кафтор (Hyaena hyaena) ба мушоҳида мерасад. Ин ҷонвари камёфт солҳои пеш дар туғайзорҳо ва нимбиёбонҳои доманакӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва Шимолӣ дар баландиҳои 300–1 200 метр аз сатҳи баҳр паҳн шуда буд. Дар натиҷаи ба заминҳои кишт табдил дода шудани маҳалли сукунат ва нест карда шудан, кафтор кам мондааст. Солҳои 2016–19 дар силсилакӯҳҳои Октоғ гурӯҳи кафторҳо аксбардорӣ шуда буд. Эҳтимол шумораи онҳо дар ин силсилакӯҳ аз 20 ҷуфт зиёд нест. Оилаи гурбашаклҳо (Felidae) дар Тоҷикистон 5 намуд дорад: бабри туронӣ (Panthera tigris virgata), паланг (Pardus pardus), шерпаланг (Uncia uncia), силовсини туркистонӣ (Felis lynx), гурбаи найистон (Felis chaus) ва гурбаи даштӣ (Felis libyca). Бабри туронӣ намуди мункариз аст. Охири солҳои 40 асри 20 дар туғайзорҳо ҳамагӣ 15–20 сар буд. Бори охир изи пои бабр 8 июли соли 1954 дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай», ҷанубтари Ҳалқакӯл ёфт шудааст. Паланг (Pardus pardus) солҳои пеш дар кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ паҳн шуда буд. Солҳои охир оид ба мавҷудияти паланг дар Тоҷикистон маълумоти аниқ нест. Изи пои онро бори охир соли 1967 дар силсилакӯҳҳои Сарсарак дидаанд. Шерпаланг (Panthera uncia) ареали васеъ дорад. Дар Тоҷикистон дар 20 силсилакӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи Фанҳо, Пётр Якум, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой дучор меояд. Барои маҳфуз мондани шерпаланг қаламрави Бадахшон ва Помир мувофиқ буда, 70%-и масоҳати сукунатгоҳи шерпаланг дар ин ҷо аст. Масоҳати сукунатгоҳи он дар Тоҷикистон 85,7 ҳазор километри мураббаъ – баробар ба 2,8%-и ареали ҳозираи ҷаҳонии ин ҷонвар мебошад. Маҳалли сукунати хоссаи шерпаланг дар ҷумҳурӣ (нишебиҳои рости кӯҳҳо, шахҳо, резгорҳо) дар баландиҳои 2 000–5 200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Солҳои 60 асри 20 шумораи шерпаланг дар Тоҷикистон хеле зиёд буд (наздики 1 000 сар). Шерпаланг ҳамчун ҷонваре, ки зери хавфи нестшавӣ қарор дорад, ба Рӯйхати Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) дохил карда шудааст. Бино бар маълумоти сарчашмаи мазкур, шумораи шерпаланг дар ҷумҳурӣ тахминан 250 сар мебошад. Хирси малла (Ursus arctos) дар минтақаҳои кӯҳсор ва баландкӯҳи силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Пётр Якум, Ҳазрати Шоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим сукунат дорад. Ба таври пароканда дар Помир низ ба мушоҳида мерасад. Хирси малла дар Тоҷикистон дар баландиҳои 1 500–5 000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Бештар минтақаҳои арчазор ва бешаҳои дарахтони паҳнбарг (сафедорзорҳо, зарангзорҳо, чормағззорҳо, олучазорҳо), ҳамчунин дараҳои бедолу дарахти кӯҳҳоро макон гузидааст. Баъди хоби зимистонӣ дар минтақаҳои болои кӯҳ зиндагӣ мекунад. Шумораи хирс дар Тоҷикистон наздики 700–800 сар аст. Кӯруқшиканӣ ва аз худ карда шудани бешазори кӯҳҳо боиси коҳиш ёфтани саршумори хирси малла гаштааст. Аз 85 намуди ширхорҳо 11 намуд ҳайвоноти шикорбоб мебошанд. Таъсири омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон Экосистемаҳои табиӣ ва олами ҳайвоноти Тоҷикистон зери таъсири антропогении бошиддат тӯли 50 соли охир ба вуҷуд омадаанд. Неру ва умқи таъсироти омилҳои антропогенӣ ба ҳайвонот нобаробар буда, вобаста ба хусусиятҳои релйеф ва баландии маҳал тағйир меёбанд. Ба шумораи омилҳои асосӣ, ки ба фауна таъсири номатлуб мерасонанд, деградатсияи маҳалли сукунати ҳайвонот, кӯруқшиканӣ, ғайриқонунӣ дошта гирифтану коллексия кардани ҳашарот, хусусан намудҳои камёфти шоҳпараку гамбускҳои зебову пурбаҳо, мансуб мебошанд. Таҳлили таъсироти омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон далолат бар он мекунад, ки тӯли ним асри охир аз таркиби фаунаи ҷумҳурӣ 2 намуди ширхорҳо — зернамуди туронии бабр (Panthera tigris virgata) ва суғури Мензбир (Marmota caudata), ҳамчунин намояндаи камёфти ихтиофаунаи Осиёи Марказӣ — белбинии дурӯғии сирдарёӣ (Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi) нест шудаанд. Илова бар ин, дар бораи тӯли даҳсолаҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон маҳфуз мондани чунин намудҳои ҳайвоноти муҳрадор, аз қабили паланги осиёипешӣ (Panthera pardus ciscaucasica), хази даштӣ (Mustela eversmanni), кафтари синасафед (Columba leuconota) ва мори шибоии даштӣ (Vipera arsinii) маълумоти дақиқ нест. Деградатсияи туғайзорҳо, кам шудани саршумори сумдорҳои ёбоӣ ва бераҳмона шикор кардани онҳо, боиси нест шудани зернамуди туронии бабр гардид. Бори охир изи он 8 июли соли 1954 дар мамнуъгоҳ мушоҳида шудааст. Ибтидои солҳои 80 дар силсилакӯҳи Курама популятсияи охирини суғури Мензбир, ки солҳои 60 мушоҳида шуда буд, нест гардид. Тӯли даҳсолаҳои охир ба гуногуншаклии биологии дарёҳо ва обанборҳои Тоҷикистон олуда шудани муҳити зист таъсири номатлуб расонид. Масалан, олуда гаштани ҳавзаи Сирдарё сабаби нестшавии белбинии калбакии сирдарёӣ (Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi) ва хормоҳии аралӣ (Acipenser nudiventris) шуд. Ба ҳамин сабаб шумораи белбиниҳои амударёии калон ва хурд (Pseudoscaphirhynchus kaufmanni ва Ps. hermanni) — намояндагони ихтиофаунаи эндемӣ ва камёфти Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш низ хеле кам гаштааст. Ҳоло дар Тоҷикистон популятсияи холгул (Cervus elaphus bactrianus), гӯсфанди кӯҳӣ (Ovis vignei bocharensis), гӯсфанди Северсов (Ovis ammon severtzovi), шерпаланг (Panthera uncia), ғози кӯҳӣ (Anser indicus), ғазол (Gazella subgutturosa) ва сусмори хокистарранг (Varanus griseus) низ дар вазъи ногувор қарор дорад. Ҳайвонот таъсирот ва дигаргуниҳои антропогении ландшафтро ба таври гуногун эҳсос карда, баъзе намудҳои онҳо дар ландшафти антропогенӣ баҳри худ шароити мусоид пайдо мекунанд. Онҳоро ҳайвоноти антропофилӣ меноманд. Гурӯҳе аз намудҳои ҳайвонот ба тағйироти антропогении ландшафт бетафовутанд, яъне онҳо мутобиқати экологии баланд дошта, метавонанд ҳам дар экосистемаҳои табиӣ ва ҳам дар ландшафти антропогенӣ зиндагӣ кунанд. Намудҳои дигар ба таъсири антропогенӣ вокуниши комилан манфӣ зоҳир мекунанд. Онҳо намудҳое мебошанд, ки қобилияти тағйири омилҳои экологиро надоранд ва ба шароити нав бад мутобиқ мешаванд. Дар давоми даҳсолаҳои охир омили антропогении дигари манфӣ, ки барои гуногунии биологӣ, муҳити зиндагӣ ва саломатии одам хатар дорад, ин ба ҳудудҳои нав ворид гаштани намудҳои ғайр маҳсуб меёбад. Намудҳои ғайр намудҳое мебошанд, ки хосси ин ё он маҳал нестанд. Пайдоиши онҳо ба фаъолияти одамон вобаста буда, аз дигар минтақаҳои кураи замин ба ин ҷо оварда шудаанд (дар натиҷаи тиҷорати озод, рушди технологияҳои нақлиётӣ, сайёҳӣ, туризм ва ғайра). Бисёр намудҳои ғайр ба шароити нав афтода, бино бар дар байни ҳайвоноти маҳаллӣ набудани намудҳои рақобатпазир зуд мутобиқат пайдо мекунанд. Бисёри онҳо бадхашм мебошанд, бо намудҳои маҳаллӣ ҷуфт шуда, намудҳои аборигениро ба вуҷуд меоранд ва ба генофонди таҳҷой зиён ворид мекунанд. Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ ба ҳамаи давлатҳои аъзои худ иҷозат намедиҳад, ки намудҳои ғайрро афзоиш диҳанд. Ҳоло дар таркиби фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 40 намуди ғайр ошкор карда шудааст. Намудҳои ғайр хусусан дар байни ҳашарот ва моҳиҳо бисёранд (77,5%). А. Саидов --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 94–116.

0

Олами наботот

Олами набототи Тоҷикистон ҳудуди 4 400 намуди рустании олиташаккулро дар бар мегирад. Гуногунии рустаниҳо натиҷаи таҳаввулоти бардавоми мутобиқат ё трансформатсияи намудҳои наботот ба шароити мухталифи табиат мебошад. Ин ҳолат бештар хосси кишварҳои орографияашон мураккаб ва релйефашон иборат аз ҳамворию кӯҳҳои сарбафалак (300–7 500 метр аз сатҳи баҳр) аст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон аст, дар ин ҷо қонунҳои минтақабандии амудӣ амал мекунанд. Яъне дар ин сарзамин дар масоҳати ниҳоят хурд ҳама минтақаҳои табиии қисми берунитропикии Нимкураи шимолӣ такрор меёбанд; масалан, дар ҳамвориҳо — биёбонҳои тафсон, дар пасткӯҳҳо — рустаниҳои хоклес (эфемерӣ), болотар аз он — буттазорҳои ксерофитию бешазорҳои камдарахт, сипас ҷангалҳои паҳнбарги мезофилӣ, аз он боло — арчазорҳои ҳамроҳ бо тӯсзору алафзорҳои гуногун бо марғзорҳо, аз он болотар — марғзорҳои алпӣ ва биёбонҳои криофилӣ, дар сарҳади болотарин — биёбонҳои сард бо унсурҳои даштҳои биёбонгаштаи криофилӣ ва болиштакҳо. Дар бораи олами набототи ҷумҳурӣ тасаввуроти комил ва дурустро он гоҳ метавон ҳосил кард, ки агар он аз рӯи ноҳияҳои ҷудогонаи ботаникию ҷуғрофӣ ва типи рустаниҳо омӯхта шавад. Ноҳиябандии флоравии нисбатан мувофиқ ва дурусти набототи Тоҷикистон — ноҳиябандии Н. Ф. Гончаров (1937) аст. Аз таснифоти типологӣ — таснифоти П. Н. Овчинников (1948) бартарӣ дорад. Дарахтон Дендрофлораи Тоҷикистон намудҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 240 намуди дарахту бутта мерӯяд, ки ба гурӯҳҳои гуногуни экологӣ мансубанд. Ҳар намуд вобаста ба экология ва хусусияти биологии худ ба шароити хоку иқлим, баландиҳои гуногун, экспозитсияи нишебиҳо ва хусусиятҳои гидротермӣ мутобиқ мешавад. Дар олами дарахтон 8 навъу форматсияи минтақаиро ҷудо мекунанд (дар таснифи П. Н. Овчинников баъзе навъҳо бо номҳои дигар қайд карда шудаанд). Бешазори паҳнбарг Бешазори паҳнбарг ба форматсияи намудҳои мезофилии гармидӯсти паҳнбарги хазонрез мансуб мебошад. Беша ва бешаҳои камдарахт доимо ба ҳамдигар махлут буда, дар байни онҳо дарахтони чормағзу фарк зиёдтар ба назар мерасанд. Ҳамроҳ бо намудҳои мазкур ба миқдори гуногун дарахтони дигар, масалан, себи худрӯй, дӯлонасурхак, дӯлонаи хирсак, махлаб, ғубайро, олуча, ангурак, мушол, гулхор, хулул, хуч, марминҷон, ирғай, ток, садабодом, тилох низ мерӯянд. Чинорзорҳо, маъмулан, дар дарёбоди дарёву дарёчаҳо ё мавзеъҳои оби зеризаминиашон наздик, аҳёнан якҷо бо ҳамин гуна ҷой гирифтаанд. Маҳалли чунин бешазорҳо миёнакӯҳҳо (баландиҳои 1 900–2 000 метр аз сатҳи баҳр)-и Тоҷикистони Марказӣ, бештар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Ҳазрати Шоҳ ва Пётри Якум мебошанд, ки боришоти миёнаи солона 800–1 300 миллиметрро ташкил медиҳад. Алафзори бешаҳои паҳнбарг ғафс буда, бештар аз рустаниҳои марғзорҳои мезофилӣ, масалан, шанбалид, пойибузак, соқакӯтоҳ, нарма, нармаи ҷангалӣ, себаргаи сурх, сабадчагул, сич, ширеши Эчисон, ҳардума, хардумкаҳ, ғозипиёз, чаманлола, даҳзабон, торон, шилха ва ғайра иборат аст. Масоҳати умумии бешаҳои паҳнбарг зиёда аз 50 ҳазор гектар аст. Онҳо барои пешгирии бодлесӣ ва нигоҳ доштани об муҳиманд. Аз чунин бешаҳо чормағз ва меваҳои дигар, аз қабили себ, олуча, настаран (хуч) ва ғайра мегиранд. Бешаҳои резабарг Ба ин типи наботот форматсияҳои микротермӣ (сармобардор ва сармодӯст) ва дарахту буттаҳои ҳигрофилӣ ва мезофилӣ дохил мешаванд. Намояндаи нисбатан хосси ин тип тӯси тиёншонӣ аст, ки дарахтзорҳои зичиашон зиёда аз 0,6–0,8-ро ба вуҷуд меорад. Он дар ҷумҳурӣ (ва дар тамоми Осиёи Марказӣ) ягона тӯси полиморфӣ аст, ки олимони систематик ба зиёда аз 30 намуди мустақил ҷудо кардаанд; 13 намуди он ба китоби «Флораи РСС Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Тӯсзорҳо дар баландиҳои 1 800–4 500 метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Ба тӯсзорҳо бисёр вақт ғубайрои тиёншонӣ, арча, дӯлонаҳои олтой, дарвозӣ, Фишер ва ҳисорӣ, зирк, ангат, мушоли Алберт, хучи Биггер, пашмакқот, юлгун ва рустаниҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. Аз форматсияҳои дигар ба бешазори резабарг ҷамоаи ар-ари помирӣ, рими талассӣ, ҳамроҳ бо баъзе буттаҳои дар боло зикршуда дохил мешаванд. Бешазори дарёбод ё тӯғайҳо Ин тип (намуд) хосси ҷангалҳои қисми ҳамвори минтақаи биёбонҳои тафсони гунаи осиёимарказӣ мебошад, ки дар дарёбоди Вахш ва Кофарниҳону Сирдарё паҳн шуданд. Бешазорҳои тоқа аз сафедори туранга, санҷид, газ ва дарахтони дигар иборатанд. Онҳо дарахту буттаҳои гармидӯст, намидӯст ва намакдӯст (ҳалофилӣ) мебошанд. Майдони калонтарини рустаниҳои дарёбод дар тамоми Осиёи Марказӣ – бешазори дарёбоди поёноби дарёи Вахш мебошад, ки дар он ҷо мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» (масоҳаташ беш аз 52 000 гектар) ҷой гирифтааст. Шиблиак ё бешаҳои камдарахти ксерофилӣ Ба ин тип форматсияҳои челон, писта, татум, гулафшон, анҷир, анор, бодоми бухорӣ, тут, ҳирсакмуруд, хори чорсар, дарахти Иброҳим, пашмакзаранг, шинг ва зарддӯлона, яъне дарахтони начандон калони бутташакл мансубанд. Аз рӯи экология онҳо рустаниҳои гармидӯсту ба беобӣ тобовар буда, дар мавсими гармо баргашон хазон мешавад. Бештар пистазорҳои тоқа дучор меоянд, ки масоҳаташон наздики 8 000 гектар мебошад. Дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон (силсилакӯҳҳои Боботоғ, Таюнтов, Оқтов, Қаратов, Тереклитов, Сарсарак) мавқеи асосиро шиблиак ишғол намудааст. Он қисман дар Ҳисору Дарвоз, Курама ва Зарафшон низ дучор меояд. Баландии нисбатан мусоиди рушдгоҳи он аз сатҳи баҳр 700–1 500 метр мебошад. Бо чакалакҳо ё дарахтони алоҳида метавон дар баландии аз 500 метр то 1 700 метр дучор омад. Форматсияи буттачаҳои ксерофилӣ Намуди буттаҳои хурд, ки ҷудогона ё ҳамроҳ мерӯянд, бештар дар ҳудуди шиблиак ва арчазорҳои термофилӣ паҳн гаштанд. Ғевучи мурудбарг, ғевучи хордор, зирк, сада, яҳманак, ширхушккунак, ғомрук, бодомча, хома, бирешимхома, шинг, шӯтурпай, хотунаки дарвозӣ, ирғай, хуч ва ғайра буттазорҳои нисбатан зич ба вуҷуд меоранд. Ҷангалҳои дарахтони регбум Ҷангалҳои дарахтони регбум (псаммофит) форматсияи дарахтони хушкитобовари гармию регдӯст мебошанд. Намудҳои асосии онҳо саксавули сафед, ушнон ва намудҳои гуногуни ҷузғунро дар бар мегиранд, ки бутта ва дарахтони хурд буда, ҳеҷ гоҳ наздик намерӯянд. Маҳалли рушди онҳо майдончаҳои маҳдуд дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва соҳилҳои Сирдарё аст. Арчазорҳо Арчазорҳо аз се намуди бурс иборатанд: хорбурс (бурси туркистонӣ), сарварча, маҳинбурс. Гоҳо бо намуди дигар — паттаарча — низ метавон дучор омад, ки дар ҷойҳои баланд мисли буттазорҳои хурд ба назар мерасад. Се намуди зикршудаи бурс ё арча, бисёр вақт ҷамоаҳоеро ташкил медиҳанд, ки ба бешазори ҳақиқӣ монанданд. Онҳо дарахтони ҳамешасабз, ба хушкӣ тобовар ва гармидӯсту сардидӯст буда, зиёда аз 20 метр қад мекашанд, то 1 000 сол умр мебинанд. Масоҳати умумии чунин бешаҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 000 гектар аст. Маҳинбурси гармидӯст намуди бештар паҳншуда буда, дар баландиҳои 1 000–2 700 метр ба назар мерасад. Майдонҳои асосии алоҳида ва омехтаи он бо сарварча дар силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҷойгиранд. Бешазори бурсҳои сардидӯст (сарварча ва маҳинбурс) дар сарҳади болоии набототи ҷангал, дар баландии 1 800–3 400 метр ва майдонҳои калони онҳо дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Туркистон қарор доранд. Ҳамаи намудҳои арча ниҳоят суст месабзанд ва дар 30–40 сол ҳамагӣ 2–2,5 метр қад мекашанд. Онҳо баъди буридан дигарбора намесабзанд, аз тухм неш заданашон низ ғайримумкин аст. Набототи нимбутта, бутта ва гиёҳҳои дурушт Ин намудҳои наботот дар ҳамвориҳои паст, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо, ки маҷмӯи бориши солона ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 100–200 миллиметр каму зиёд мешавад, дучор меоянд; боришот номуътадил буда, дар баландии 4 000 метр, яъне дар Булункӯл, Қарокӯл ва Мурғоб (Помири Шарқӣ) мутаносибан 86, 72, 73 миллиметр аст. Биёбонҳо Дар биёбонҳо нимбуттачаҳои ба хушкӣ тобовар, гармидӯст (дар пастиҳо) ва сармобардор (дар Помири Шарқӣ) бартарӣ доранд. Нимбуттаҳои сармобардор дар шароити хушкии табиӣ ва физиологӣ рушд мекунанд. Дар биёбонҳои навоҳии назди Сирдарё, Курама, Туркистон, Зарафшон, ҷануби Тоҷикистон ва қисман Бадахшон (Помири Ғарбӣ) рушди бештарин (нашви сартосарӣ) ба мавсими тобистону баҳор рост меояд. Намудҳои асосии наботот явшон, терескен, шӯргиёҳ, руморан мебошанд. Сисанбарҳо Ҷамоаи асосан нимбуттаҳои гармидӯст, ба хушкӣ тобовар ва гиёҳҳои бисёрсолаи дуруштбарги ситабр. Чунин буттазорҳо хосси доманаҳои силсилакӯҳҳои Туркистон дар баландиҳои 1 400–1 600 метр мебошанд. Умуман, сисанбарҳо номуттасил паҳн гаштаанд. Онҳо хосси доманакӯҳ ва миёнакӯҳҳои Курама, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз буда, ба шароити дарёбодҳои серсангу шагали рӯдҳои кӯҳӣ ва нишебиҳои санглох бештар мутобиқ шудаанд. Сӯзанкахҳо ё хоргиёҳҳо Ҷамоаи рустаниҳои нимбуттача ва буттачаи хушкитобовар ва сармобардор. Ба онҳо бештар гиёҳҳои дурушт ҳамроҳ мешаванд. Бисёр рустаниҳо шакли болиштакҳоро доранд, масалан, хоргиёҳҳо, шутурхоракҳо, гаванҳои хордор ва ғайра. Аз хоргиёҳҳо нисбатан бештар чанд намуди каллахоракҳо дучор меоянд. Онҳо бештар дар Помири Шарқӣ, Тоҷикистони Шарқӣ ва Ҳисору Дарвоз паҳн гаштаанд. Алафзор Вобаста ба баландии мутлақ ва намнокии низоми он, ҳамчунин хусусияти субстрат, таркиб ва сохтори алафзор тағйир меёбад. Онҳо мисли дарахтзорон басо гуногуншакланд. Нимсаваннаҳо Ба ин гурӯҳ форматсияҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо рустаниҳои намидӯст (мезофилӣ) ва гармидӯсти як- ва бисёрсолаи давраи нашвашон ниҳоят кӯтоҳи мутобиқ ба фасли намноки сол (эфемерҳо ва эфемероидҳо) бартарӣ доранд. Онҳо ба чаҳор гурӯҳ ё зертип ҷудо мешаванд, ки се гурӯҳи он баррасӣ мешаванд. Нимсаваннаҳои гиёҳҳои қадпаст Дар ин ҷо гиёҳҳои яксолаи кӯтоҳпояи давраи нашъунамояшон кӯтоҳ (эфемерҳо) ва ҳамтоёни бисёрсолаи онҳо (эфемероидҳо) — ҷорӯбак, илох, ришқа, анизанта, буасёра, тасмашӯк, бузгандум, арзанак, ғозипиёз, сератотсефал, лолаарӯсак ва ғайра бартарӣ доранд. Нимсаваннаи рустаниҳои хӯшакалон Ҷамоаи мазкур бо сершумории гиёҳҳои хӯшакалони эфемери тафовут дорад. Барои чунин мавзеъҳо хардумкаҳ, тактак, нармаи бохтарӣ ва хазанда, думи рӯбоҳ, гандумак, шолияки паҳнбарг ва ғайра хос аст. Нимсаваннаи рустаниҳои баландпоя Ин гурӯҳ чатргулҳо, мураккабгулҳо ва тугмачагулҳоро дар бар мегирад. Намояндагони хосси онҳо югани ғизои чорво ва ҳисорӣ, шибитак, ров, рошак, марҷонгулаки зарафшонӣ, чоқла, буймодарон, дармана, гандапӯш, шибоғ, каллахорак, хоралаф, латтахорак, гули хайрӣ, ғармаша ва ғайра мебошанд. Даштҳо Даштҳо ҳамчун типи наботот дар фитосенози гиёҳҳои бисёрсолаи сармобардор ва хушкитобовар бартарӣ доранд. Гоҳо ба онҳо баъзе буттаву буттачаҳо низ ҳамроҳ мешаванд, ки муҳити рушдашон монанд аст. Бештар дар ноҳияҳои Туркистон, Зарафшон, Тоҷикистони Шарқӣ паҳн гашта, ҳамроҳ бо арчазорҳо, марғзорҳои баландкӯҳ ва хоргиёҳҳо дучор меоянд; дар минтақаҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир низ вомехӯранд. Дар даштҳои марғзорӣ алафҳои гуногун бештар буда, дар байни онҳо явшон, тахач, сӯзокгиёҳ, гурбагиёҳ, марзангӯш, нахӯдгулакҳо, каллахорак ва ғайра ҷойгоҳи хос доранд. Ҳамчунин табалғу, баъзе намудҳои хуч, мушол ва буттаҳои дигар вомехӯранд. Заминҳои нообод Заминҳои нообод форматсияи алафҳо ва болиштакҳои бисёрсолаи сармобардор мебошанд, ки дар баландиҳои зиёда аз 3 800 метр паҳн гаштаанд. Масоҳати начандон калони байни харсангҳо, регҳо ва баромадгоҳи қишри маншаро ишғол кардаанд. Ғолибан (махсусан дар сарҳади поёнӣ) бонавбат бо даштҳои марғзоргаштаи баландкӯҳҳо ва сазоботлоқҳо ҷойгир мешаванд. Марғзорҳо Марғзорҳо — форматсияи алафҳои бисёрсолаи сардию намидӯст мебошанд. Марғзорҳои ҷудогона бештар дар минтақаи субалпии баландиаш зиёда аз 2 500 (2 800) метр, дар мавзеъҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз, Курама, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ба назар мерасанд. Дар ҷамоаҳо, маъмулан, ҳардума, думирӯбоҳи зарафшонӣ, хардумкаҳ, алафи бӯрё, айтирқияқ, кобрезияи мӯймонанд, борикмева ва форсӣ, торон, сабадчагули алпӣ, зарбати зарафшонӣ, мунч, навъҳои илох, ғозипиёз, баҳоргулак, шахгулак ва рустаниҳои дигар вомехӯранд. Сазоботлоқ Гурӯҳи алафҳои бисёрсолаи гигрофил (намдӯст)-у микротермӣ, ки дар заминҳои ботлоқгаштаву торфшуда мерӯянд, масалан, илох, селини ботлоқӣ, марями кӯҳӣ, торон, думи рӯбоҳи ҳимолой ва нӯгтез, арзанаки ашӣ, шолияк, дишамбии ачамӣ, нармаи ашӣ ва хазанда, созӯи хурд ва ғайра. Сазоботлоқ хосси баландкӯҳҳо (беш аз 2 800 метр)-и ноҳияҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Шарқӣ мебошад. Ғайр аз типҳои зикршудаи наботот намудҳои махсус мавҷуданд, ки петрофит ном дошта, танҳо дар рӯйи харсангҳо мерӯянд ва теъдодашон хеле зиёд аст. Гурӯҳе аз онҳо ҳазмофитҳои ҳатмӣ буда, берун аз чунин экотоп ба назар намерасанд, масалан, илохҳо, мумгиёҳ, гурбагиёҳи хӯқандӣ, родиола, пӯпакгул, момогулакҳо, кулоҳгули ҳисорӣ, маҳмалӣ ва ғайра. Намудҳои дигар факультативӣ буда, дар шахҳо паноҳ меёбанд. Онҳо рустаниҳоеанд, ки дар заминҳои камхок тавони рақобат бо дигар набототро надоранд. Бисёр вақт дар таркиши харсангҳо арча, олучаи кӯҳӣ, кавар, шутурхор, чамилак, бузлоч ва ғайра низ сарпаноҳ меёбанд. Типҳои асосии минтақаҳои наботот Муҳити сукунати Тоҷикистон ниҳоят мураккаб аст. Муҳит ҳар қадар мураккабтар бошад, олами набототи он ҳамон қадар гуногун мешавад. Гуногунии шаклҳои ҳаёт сабаби мураккабии набототе мегардад, ки тобеи қонуни минтақабандии амудӣ мебошанд. Даштҳои силсилакӯҳҳои Туркистон ва Пётри Якум олами набототи Тоҷикистонро тавассути силсилакӯҳҳои Тян-Шон бо даштҳои Авруосиё ва тавассути пистазорҳо, арчазорҳои гармидӯст ва бешаҳои камдарахти ксерофитӣ бо вилояти Баҳримиёназамини Шарқӣ наздик месозанд. Флораи арчазорҳои микрофилӣ ва набототи Помири Шарқӣ бо олами набототи кӯҳҳои Осиёи Марказӣ умумиятҳои зиёд дорад. Ин ҳама далели аз нигоҳи генетикӣ гуногун будани флора ва рустаниҳои Тоҷикистон аст. Ин ҳолат сабаб шуд, ки Н. Ф. Гончаров (1937) дар Тоҷикистон 5 типи асосии минтақабандиро ҷудо созад: Минтақабандии Зарафшону Туркистон Минтақабандии Зарафшону Туркистон, силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Ҳисорро дар бар мегирад, ки ба чунин минтақаҳо ҷудо мешаванд: Минтақаи биёбонҳои явшон ва киштакурай дар баландии 320–600 метр. Минтақаи биёбонгашта (дармана)-и алафҳои паст ва нимсаваннаҳои эфимерӣ ё биёбонҳои эфимерӣ-дарманай; 500–1 100 метр. Минтақаи нимсаваннаҳои алафҳои баландпоя бо қитъаҳои шиблиак ва сисанбарҳо (бештар аз аврукзор); 1 400–1 800 метр. Минтақаи арчаҳои гармидӯст бо қитъаҳои бешазори паҳнбарг (заранги туркистонӣ); 1 800–2 500 метр. Минтақаи арчазори микротермӣ ва даштҳо. Дар ҳудуди болоӣ бо арчазорҳо, ки даштҳои марғзоргашта, сӯзанкахҳо ва марғзорҳо бадал мешаванд, иваз мегарданд; 2 500–3 400 метр. Минтақаи набототи криофилӣ («марғзорҳои алпӣ», даштҳои криофилӣ ва сӯзанкахҳо); 3 400–3 700 метр. Минтақабандии Ҳисору Дарвоз Нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, қисмати ғарбии силсилакӯҳи Қаротегин, силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Вахш ва Дарвоз. Минтақаи бешаҳои камдарахти ксерофитӣ ва нимсаваннаҳо; 200–1 600 метр. Минтақаи бешаҳои паҳнбарг, тӯсзорҳо, нимсаваннаи алафҳои баландпоя ва марғзорҳо; 1 200–2 800 (3 000) метр. Минтақаи марғзорҳои субалпӣ, даштҳои гуногуналаф, нимсаваннаҳои алафҳои баландпоя ва қисман хоралафҳо; 2 400–3 500 метр. Минтақаи даштҳо ва қитъаҳои сӯзанкахҳо; 3 200–3 600 метр. Минтақаи набототи криофилӣ бо бартарии заминҳои ноободу даштмонанди марғзорҳои пасталаф; 3 500–4 000 метр. Минтақабандии Тоҷикистони Ҷанубӣ Минтақаи нимсаваннаҳои алафҳои кӯтоҳпояи нармаву илох, бешазори дарёбод, киштакурайҳо ва дарахтони псаммофилӣ; 300–900 метр. Минтақаи бешаҳои ксерофилии камдарахт ва нимсаваннаҳо, бо бартарии пистазорҳо; 900–1 700 метр. Минтақаи арчазорҳои гармидӯст аз бурсу сисанбар; 1 700–2 300 метр. Минтақабандии Бадахшон Минтақаи буттаҳои ксерофил, нимсаваннаҳо ва набототи бешазори паҳнбарги мезофилӣ; 1 700–3 200 метр. Минтақаи даштҳои биёбонгаштаи сӯзанкахҳо ва биёбонҳои явшонзор; 2 200–2 800 метр. Минтақаи сӯзанкахҳо ва даштҳои сӯзанкаху биёбонгашта; 2 800–3 800 (4 000) метр. Минтақаи криофилӣ, ксерофилӣ, ксерофилии биёбонгашта бо қитъаҳои биёбонҳои баландкӯҳӣ; 3 800–4 600 метр. Минтақабандии Помири Шарқӣ Минтақаи биёбонҳои баландкӯҳ ва даштҳои криофилӣ ва сӯзанкахҳо. Минтақаи биёбонгаштаи криофитӣ, болиштакҳои биёбонгашта; 4 200–4 700 метр. Олами набототи ҷумҳурӣ аз намудҳои басо гуногуни рустанӣ ва маҷмӯи экологӣ-фитосенозӣ иборат аст. Дар бешазорони ҷумҳурӣ дарахту буттаи меваҳои худрӯй, ки саравлоди рустаниҳои мазрӯъ мебошанд, фаровонанд. Дар олами наботот рустаниҳои ғизоӣ, хӯроки чорво, давоӣ, даббоғӣ, равғандор, рангсозӣ, ороишӣ ва ғайра хеле бисёранд, ки инсон онҳоро ҳанӯз аз давраҳои қадим истифода мебарад. Бисёр навъҳои беҳтарини меваҷот, ғалладона, сабзавот натиҷаи заҳмати чандин асраи парвариш ва интихоб мебошанд. Бино бар ин, имрӯз, ки ҷамъият басо пеш рафтааст, набояд фақат дар бораи истифода, балки дар бораи ҳифз ва муносибати эҳтиёткорона ба олами наботот низ фикр кунем. Онҳо ҷузъи муҳити биологию ҷуғрофиёии кӯҳсор буда, дар минтақаи хушку гарм ҷой гирифтаанд. Несту нобуд кардани олами наботот хеле осон, вале барқарор сохтанашон беҳад душвор ва дар бисёр ҳолатҳо ғайриимкон аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 89–93.

0

Хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ

Хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ хосси Помири Шарқӣ буда, зери рустаниҳои биёбонии аз терескен, явшон ва гаммада таркибёфта пайдо шудаанд. Дар баландиҳои 3 300–4 800 метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Онҳо асосан тунукқабат ва санглох мебошанд. Хокҳои карбонатдор аксар вақт гачдор мебошанд. Дар онҳо миқдори моддаҳои органикӣ ниҳоят кам аст (0,5–1,0%). Ин хокҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешаванд. Дар минтақаи нисбатан хурди Помири Шарқӣ чандин намуди хок паҳн шудаанд, ки пайдоиши онҳо ба сатҳи пасти обҳои зеризаминӣ (0,5–3,0 метр) вобаста аст. Ба қатори ин хокҳо марғзорҳои баландкӯҳӣ, марғзорию ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ ва шӯрзаминҳои баландкӯҳӣ дохил мешаванд. Онҳо асосан бо майдончаҳои суфаҳои дарёӣ ва мавзеъҳои соҳилии кӯлҳои баландкӯҳӣ (Қароқӯл, Рангкӯл, Шӯркӯл, Зоркӯл ва ғайра) рост меоянд ва ҳамчун алафзорҳо ва чарогоҳҳо истифода мешаванд. Қисми зиёди минтақаи баландкӯҳро харсангҳо, сангрезаҳо, регсангҳо ва падидаи ҷинсҳои кӯҳии аслӣ ишғол кардаанд. Минтақаи нивалӣ Майдони паҳншавии минтақаи нивалӣ асосан ба ҳудуди Помир ва қисман ба баландкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ рост меояд. Дар байни пиряхҳо, майдонҳои барфӣ, харсангҳо ва пошхӯрдаҳои сангӣ порчаҳои хокҳои содда (кӯҳнашуда-рухлякӣ) паҳн шудаанд. Сарҳади минтақаи нивалӣ дар Помир то баландии 4 800–4 900 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст; дар минтақаҳои ғарбии Тоҷикистон то баландии 3 900–4 000 метр поин меравад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Хокҳои шусташудаи биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ

Хокҳои шусташудаи биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ асосан дар Помири Ғарбӣ, болотар аз хокҳои дорчинии (сафедтоб) кӯҳӣ, дар баландии 3 000–4 500 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Барои чунин хокҳо қабатчаи гумусии (0–30 сантиметр) чимдори возеҳ намудор, ранги хокистарӣ-дорчинранг, қабати шусташудаи хоки карбонатдор ва санглохӣ хос аст. Мавзеъҳои паҳншавии ин хокҳо барои чарогоҳ истифода бурда мешаванд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Хокҳои карбонатдори дорчинии равшани кӯҳӣ

Хокҳои карбонатдори дорчинии равшани кӯҳӣ асосан дар силсилакӯҳҳои Туркистон, Қурама ва Помири Ғарбӣ, дар баландии 1 800–2 700 (3 000) метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Ин хокҳо дар мавзеи арчазорҳои сирак ва рустаниҳои алафии явшону пудинаву силугиёҳӣ (типчоқӣ), дар минтақаҳои миқдори бориши солонаашон нисбатан кам (300–500 миллиметр), ҷойгиранд. Қабати муқаррарии хокҳои дорчинии равшани кӯҳӣ чунин хусусиятҳо дорад: қабатчаи гумусӣ 30–35 сантиметр ғафсӣ дошта, миқдори гумус 3,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Дар ин қабатча миқдори карбонатҳо кам аст (дар навъҳои суст шусташуда) ё онҳо то умқи 30–40 сантиметр шуста шудаанд. Дар таркиби хокҳои дорчинии равшани кӯҳӣ миқдори сангҳо хеле зиёд мебошад. Хокҳои дорчинии равшани кӯҳии шусташуда Хокҳои дорчинии равшани кӯҳии шусташуда болотар аз минтақаи хокҳои карбонатдори дорчинии равшан, дар баландиҳои аз 2 000 то 2 900 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Онҳо дар маҷмӯъ бо хокҳои кӯҳии арчазор дар силсилакӯҳҳои Қурама, Туркистон ва Зарафшон, ҳамчунин дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳи Пётри Якум ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помири Ғарбӣ ин намуди хок болотар аз хокҳои дорчинӣ (то баландии 3 000 метр) паҳн шудааст. Минтақаи хокҳои шусташудаи дорчинии равшан дар шимоли Тоҷикистон даштҳои марғию тархунию типчоқиро дар маҷмӯъ бо алафҳои ҳархела ва буттаҳои гуногун (бушол, загоза, хуч, ирғай) ва дарахтони алоҳида (арча, фарк, ғубайро) дар бар мегирад. Ҷинсҳои аслӣ барои ин намуди хок масолеҳи бодхӯрдашавии варақсангҳо, оҳаксангҳо ва хоросангҳо мебошанд. Гумуснокӣ дар онҳо нисбат ба хокҳои дорчинии равшани карбонатӣ хеле зиёд аст. Миқдори гумус дар қабатчаи болоӣ ба 8,0% мерасад. Хокҳо аз карбонатҳо комилан шуста шудаанд. Аз рӯи таркиби механикӣ ин хокҳо гилхокҳои миёнаю калондона мебошанд. Мавзеъҳои лалмии ин хокҳо ҳамчун киштзор, майдонҳои алафдаравӣ ва чарогоҳҳо ва мавзеъҳои обёришавандаи онҳо барои картошкапарварӣ, кишти тамоку ва боғдорӣ васеъ истифода мешаванд. Минтақаи баландкӯҳ Зиёда аз нисфи ҳудуди ҷумҳуриро баландиҳои аз 2 600 (2 900) то 4 000 (4 800) метр аз сатҳи баҳр ишғол кардаанд. Дар байни хокҳои минтақаи баландкӯҳ навъҳои зерини хок муайян карда шудаанд: марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ, марғзорӣ-даштии сиёҳранг, даштӣ, биёбонӣ-даштӣ, биёбонӣ-даштии шусташуда, биёбонӣ, маҷмааҳои марғзорӣ-баландкӯҳӣ, марғзорӣ-ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ, шӯрзаминҳои баландкӯҳӣ ва тақирмонанд. Хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ Хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ дар зери марғзорҳо бо рустаниҳои криофилӣ ва ксерофитӣ (кузиния, гули мино), дар баландиҳои 2 800–3 300 метр аз сатҳи баҳр ташаккул ёфтаанд. Онҳо дар мавзеъҳои чарогоҳҳои баландкӯҳи тобистонаи Тоҷикистони Марказӣ васеъ паҳн шудаанд. Қабатчаи гумусӣ ғафсии 25–30 сантиметр дошта, рангаш сурхи дорчинӣ (қаҳваранг) мешавад. Миқдори хоки пӯсида дар таркиби он 4,0–7,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо аз қабати хок пурра шуста шудаанд. Қабатчаҳои поинии хокҳои марғзорӣ ва даштии баландкӯҳӣ санглоху регдор мебошанд. Заминҳо бо чунин намуди хок ҳамчун чарогоҳи тобистона хеле васеъ истифода мешаванд. Хокҳои тираранги марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ Хокҳои тираранги марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ дар минтақаи хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ, дар баландиҳои 2 600–3 000 метр аз сатҳи баҳр аксар вақт дар мавзеъҳои релйефашон ҳамвор паҳн шудаанд. Миқдори гумус дар қабатчаи болоии ин хокҳо 6,0–12,0%-ро ташкил медиҳад. Дар қисми мобайнии қабати хок қабатчаи гумусӣ-иллювиалӣ мавҷуд аст, ки миқдори хоки пӯсидааш то 7%-ро ташкил медиҳад. Қисман ин хокҳо барои зироатҳои лалмӣ, аммо бештар ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода бурда мешаванд. Хокҳои баландкӯҳӣ-даштӣ Хокҳои баландкӯҳӣ-даштӣ дар шимоли Тоҷикистон дар баландиҳои аз 2 800 то 4 500 метр, дар Тоҷикистони Марказӣ дар баландиҳои 3 300–4 000 метр ва дар Помири Ғарбӣ дар баландиҳои 3 300–4 700 метр хеле паҳн шудаанд. Онҳо дар зери рӯйпӯши рустаниҳои типчоқӣ-чағазӣ пайдо шудаанд. Рӯи хок бо қабати чим пӯшида шудааст. Қабатчаи гумусӣ 30–40 сантиметр ғафсӣ ва ранги дорчинӣ дорад. Моддаҳои органикӣ дар таркибаш 3,0–11,0%-ро ташкил медиҳанд. Карбонатҳо дар умқи 50–100 сантиметр вомехӯранд. Ин намуди хокҳо аксар вақт хеле санглоханд ва ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода мешаванд. Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ барои қисмҳои ғарбӣ ва ҷанубии Помири Шарқӣ дар баландиҳои 3 200–4 700 метр аз сатҳи баҳр хос мебошанд. Дар қисми марказии Помири Шарқӣ онҳо дар маҷмӯъ бо хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ вомехӯранд. Рӯйпӯши хок ин ҷо дар зери саҳроҳои камалафи даштҳои биёбонӣ ва рустаниҳои хордор ташаккул ёфтааст. Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ асосан хеле санглоханд. Миқдори гумус дар қабатчаҳои болоӣ 2,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо дар тамоми қабати хок мавҷуданд. Мавзеи паҳншавии ин хокҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешавад. Ин хокҳоро аксар вақт заминҳои баландкӯҳи зангзада низ меноманд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Хок

Хок — ҷисми махсуси табииест, ки дар натиҷаи тағйири қабатҳои сатҳи болоии Замин зери таъсири якҷояи омилҳои ташкилкунандаи хок ба вуҷуд омадааст. Хок аз қабатчаҳои (горизонтҳои) хокӣ иборат аст, ки навъи хокро ташкил ва ҳосилхезиашро ифода мекунанд. Ташаккули хок (ё педогенез) – раванди биофизикӣ-кимиёии табиии пайдоиши хок аз қабатҳои болоии ҷинсҳои кӯҳӣ дар натиҷаи таъсири якҷояи омилҳои ташкилкунандаи хок (иқлим, релйеф, ҷинсҳои кӯҳӣ, организмҳо ва замон) мебошад, ки соли 1883 аз ҷониби олими машҳури рус В. В. Докучаев муайян карда шудааст. Хокҳои ҳудуди Тоҷикистон гуногун буда, вобаста ба маҳалли паҳншавӣ дар минтақаҳои амудӣ, яъне баландшавии минтақаҳо аз ҳамворӣ то баландкӯҳ, ба ҳам иртиботи наздик доранд. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои хокҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимон-хокшиносони шинохтаи шӯравию ватанӣ: И. Н. Антипов-Каратаев, П. А. Керзум, С. И. Васильчикова, В. Я. Кутеминский, Р. С. Леонтева, Л. Н. Почочонова, М. Р. Якутилов, Ю. А. Акрамов, Р. С. Сангинов, М. С. Султонов ва дигарон хеле дақиқ омӯхта шудаанд. Вобаста ба баландии мавзеъ, чор минтақаи амудии паҳншавии хок ҷудо карда шудаанд: минтақаи ҳамворию пасткӯҳ, ки асосан аз тирахок (хокҳои хокистарранг) иборат аст; минтақаи миёнакӯҳ дорои хокҳои дорчинии кӯҳӣ (хокҳои қаҳваранг); минтақаи баландкӯҳ бо навъи хокҳои баландкӯҳии марғзорию даштӣ, даштӣ, биёбонию даштӣ, зангзада ва биёбонӣ; минтақаи нивалӣ – минтақаи барфҳои доимии болотар аз хатти барфӣ ҷойгиршуда. Хокҳои минтақаи тирахок Хокҳои минтақаи тирахок ба намудҳои зерин ҷудо карда шудаанд: тирахок, тирахоки дорчинӣ, тирахоки марғзории равшан ва хира, аллювиалӣ-марғзорӣ ва аллювиалӣ-ҷангалӣ (тӯқайзорӣ) ва шӯрзамин. Тирахокҳо дар зери алафзори қадпасти нимсаваннаҳо ва ҷангалзори гармсер (ҷангалзори минтақаи гарм) пайдо мешаванд, ки минтақаҳои гармтарин ва хушктарин мебошанд. Тирахокҳо дар даштҳои зери доманакӯҳ ва доманакӯҳҳои ҷануб ва шимоли Тоҷикистон дар баландии 300–1 600 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Ҷинсҳои аслии ин хокҳоро асосан зардхокҳо (лёссҳо) ва регхокҳои лёссмонанд, ҳамчунин таҳшинҳои пролювиалӣ ташкил медиҳанд. Онҳо ба 3 зергурӯҳ тақсим карда шуданд: тирахокҳои равшан, маъмулӣ (одӣ) ва тираранг. Тирахокҳои равшан Тирахокҳои равшан дар ҳамвориҳои назди доманакӯҳ ва нишебиҳои адирҳои паст, дар баландиҳои аз 300 то 600 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд ва қабатҳои генетикии онҳо суст тараққӣ кардаанд. Қабати гумусии тирахокҳои равшан то 20 сантиметр ғафсӣ ва 1,0–1,55% гумус дорад. Миқдори карбонатҳо дар ин намуди хок то 20% мерасад. Таркиби гранулометрии тирахокҳои равшан аз регхоки сабук ва миёна ташкил ёфтааст. Тирахокҳои равшани мавзеъҳои обёришаванда асосан барои кишти зироати пахта истифода бурда мешаванд. Бисёр майдонҳои тирахокҳои равшанро низ ҳамчун чарогоҳи зимистона васеъ истифода мебаранд. Тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ Тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ ҳамвориҳои наздикӯҳӣ ва адирҳоро дар баландиҳои 600–900 метр аз сатҳи баҳр дар ҷануби ҷумҳурӣ ва дар шимол аз 900 то 1 400 метрро дар бар мегиранд. Ин навъи хокҳо дар шароити иқлими гарм ва хушк ба вуҷуд меоянд, аммо дар муқоиса бо тирахокҳои равшан аз боришот хубтар нам мегиранд ва дар кишоварзӣ асосан барои кишти зироатҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд. Бо намуди зоҳирии худ, тирахокҳои маъмулӣ аз тирахокҳои равшан хеле кам фарқ мекунанд. Тафовути онҳо танҳо дар муқоисаи қабатчаҳои гумусӣ ва карбонатии хокҳо дида мешавад. Қабати гумусдори ин хокҳо ғафсии 20 сантиметр ва аз он бештар дорад. Миқдори гумус дар таркиби ин намуди хокҳо тахминан 1,5–2,0%-ро ташкил медиҳад. Хусусиятҳои асосии сохтори микроморфологии тирахоки маъмулӣ – мавҷуд набудани ҷамъшавӣ (агрегатсия) дар тамоми қабати хок мебошанд, аммо дар қабатҳои болоӣ микроагрегатсия бармало дида мешавад. Аз ҷиҳати тақсимоти андозаи зарраҳо, тирахокҳои маъмулӣ, одатан, майда ва миёнадона буда, шӯр нестанд. Миқдори умумии намакҳо дар тамоми қабати хокҳо камтар аз 0,1% аст. Миқдори асосҳои ҷаббидашуда 10–13 миллиграмм-эквивалент ташкил медиҳад. Минтақаҳои аз тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ ташкилёфта асосан барои кишти зироатҳои лалмӣ, инчунин ҳамчун чарогоҳҳои зимистона ва ҳангоми обёрӣ кардан барои кишти зироати пахта истифода карда мешаванд. Хокҳои тираранг Хокҳои тираранг қисми болоии минтақаи тирахокро ишғол намуда, асосан дар суфаҳои баланди дарёҳо, дар доманакӯҳҳо, дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои паст ва ҳамвориҳои пролювиалии зерикӯҳӣ, дар ҳудуди баландиҳои мутлақи 900–1 750 метр аз сатҳи баҳр паҳн гаштаанд. Дар байни хокҳои тираранг аз рӯи дараҷаи ташаккул, таркиби механикӣ ва санглохӣ хокҳои гуногун дида мешаванд. Дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон, хокҳои тираранг майдадона буда, аз зардхокҳо ва регхокҳои лёссмонанд ташаккул ёфтаанд. Дар шимоли ҷумҳурӣ низ хокҳои тираранг паҳн шудаанд ва дар таркиби онҳо сангчаҳо, регҳо ва сангрезаҳо хеле зиёданд. Хокҳои тираранг бе обёрӣ, нисбат ба тирахокҳои зергурӯҳҳои боло номбаршуда, ҳосилхез буда, метавонанд ҳосили устувори зироатҳои лалмиро таъмин намоянд. Қабати хокҳои тираранг ба қабатчаҳои генетикии равшан ифодаёфта тақсим карда мешавад. Қабатчаи гумусӣ, ки ғафсии он тақрибан 30 сантиметр аст, дорои 2,5–4,0% гумус мебошад. Карбонатҳо дар қабати хок нобаробар тақсим шудаанд. Дар қабатчаи болоии гумус миқдори онҳо якбора зиёд шуда, ба 25–30% мерасад. Аз ҷиҳати таркиби гранулометрӣ хокҳои тираранг миёна ва калондона мешаванд. Масоҳати паҳншавии онҳо нисбат ба майдонҳои тирахокҳои равшан ва маъмулӣ каме зиёдтар буда, қисме аз онҳо обёрӣ карда мешаванд. Тирахоки дорчинӣ Тирахоки дорчинӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ васеъ паҳн нашудааст, гарчанде дар қисмҳои поинии минтақаи тирахок, дар қитъаҳои назаррас дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Қабатҳои тирахоки дорчинӣ ба қабатчаҳои генетикӣ хеле хуб тақсим карда мешаванд. Болои тирахоки қаҳваранг бо қабатчаи пӯстлохи зудшикани ковоки ғафсиаш 2–3 сантиметр пӯшонида шудааст, ки ба дохили он гӯё сангчаву сангрезаҳо афтида бошанд. Дар поёни он қабатчаи зичи дорчинӣ бо ғафсии 10–15 сантиметр ҷойгир аст, баъдан қабатчаи гачӣ (гипсий) мавҷуд аст, ки дар он гач дар қабатчаи ҷудогонаи сангӣ ба шакли шорида ё кристаллҳои нахдор ҷамъ шудааст. Баъдан ҷинсҳои лӯндасанг-сангрезаӣ хобидаанд, ки ба онҳо равандҳои бодҳӯрдашавӣ ва ташаккули хок каме таъсир расондааст. Аз сабаби кам будани рӯйпӯши рустанӣ миқдори моддаҳои органикӣ дар хокҳои дорчинии кӯҳӣ ночиз буда, то 1,0%-ро ташкил медиҳад. Дар қабатҳои болои ин хокҳо ҳадди зиёди карбонатҳо мавҷуданд. Дар қабати болоӣ нишондоди ишқорӣ (pH) ба 9,0 баробар аст. Тирахоки дорчинӣ ба хокҳои майдадона, регхокӣ, сангӣ (устухонӣ) тақсим мешавад. Якҷо бо тирахоки дорчинӣ, дар пастиҳои релйеф тақирҳо ва хокҳои тақирмонанд вомехӯранд, ки бо сатҳи шикастаи бисёркунҷа ва таркиби вазнини гранулометрӣ фарқ мекунанд. Мавзеъҳои аз тирахоки қаҳваранг ташкилёфта асосан барои чарогоҳҳои зимистона истифода бурда мешаванд. Тавассути обёрии заминҳои дорои тирахоки қаҳваранг, ин заминҳо барои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токзорҳо низ истифода карда мешаванд. Тирахоки марғзории равшан ва хира Хокҳои тирахоки марғзории равшан ва хира дар минтақаи тирахок, бахусус дар минтақаи обёришаванда, маъмул мебошанд. Онҳо дар пастхамиҳои мезорелйеф, ки дар он обҳои зеризаминӣ дар умқи 1–3 метр аз сатҳи хок поин хобидаанд, ба вуҷуд омадаанд. Хокҳои равшани тирахоки марғзорӣ асосан дар водии Вахш ва тирахоки марғзории хира дар водиҳои Ҳисор ва Кӯлоб паҳн шудаанд. Миқдори гумус дар қабатчаҳои болоии хокҳои тирахоки марғзории равшан то 3,0% ва дар хокҳои хира то 4,0% ва аз он ҳам зиёдтар аст. Онҳо аз тирахок бо сохтори беҳтар фарқ мекунанд. Хокҳои намуди тирахоки марғзории обёришаванда дар ҳудуди минтақаи тирахок баъзе хусусиятҳое доранд, ки барои хокҳои ин минтақа хоссанд. Масалан, шӯршавӣ, шӯрнокӣ, миқдори зиёди карбонат. Ин хокҳо асосан барои кишти зироатҳои обӣ истифода мешаванд. Қад-қади дарёбодҳои дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва Сурхоб (Қизилсу), хокҳои марғзории аллювиалӣ ва аллювиалӣ-ҷангалию тӯқайӣ вомехӯранд, ки бо наздикии сатҳи обҳои зеризаминӣ, таркиби механикии сабук ва шӯрнокӣ фарқ мекунанд. Дар таркиби онҳо миқдори гумус хеле кам (то 1%) мебошад. Шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор Шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор дар ҳудуди кишвар майдони нисбатан хурдро ишғол кардаанд. Дар унсурҳои пасти релйеф бо захбуркании (дренажи) сусти ҳудуди массивҳо дар ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ паҳн гаштаанд. Сабабҳои асосии пайдоиши шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор шӯршавии қабати хоку замин, мавқеи нисбатан наздики сатҳи обҳои зеризаминӣ ва хушксолии шадиди иқлим мебошанд. Вобаста ба таносуб ва бартарии баъзе намакҳои ба осонӣ ҳалшаванда, мутахассисон шӯрзаминҳои хлоридӣ, сулфат-хлоридӣ, хлорид-сулфатӣ, сулфатӣ, гачдор ва содадорро ҷудо мекунанд. Дар шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор қисми асосиро намакҳои ба осонӣ ҳалшавандаи заҳрнок барои зироати кишоварзӣ дар қабатчаҳои боло ташкил медиҳанд, ки миқдори онҳо як ё якчанд фоизро ташкил медиҳад. Дар қабати болоии нимметрӣ захираи умумии намакҳо зиёда аз 80–120 тонна дар гектар буда, миқдори хлор то 36 тонна дар гектар мерасад. Барои азхудкунии шӯрзаминҳо аз қабатҳои хок намакҳои барзиёди зуд ҳалшавандаро рафъ кардан зарур аст. Ин амал тавассути шустан бо системаи (шабакаи) таҳияшудаи коллекторӣ-захбурканӣ ба даст оварда мешавад. Намакҳои шусташуда ба андозаи бештар дар истифодаи тадбирҳои агробиологӣ барои истеҳсоли такрории ҳосилхезии онҳо ниёз доранд. Хокҳои регсангӣ ва тақиршакли биёбонӣ Хокҳои регсангии биёбонӣ ва тақиршакл дар поиноби ҳавзаи дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, дар водии дарёҳои Аму ва Сир ва дар водии Бешкент, дар қитъаҳои пастхамӣ ба назар мерасанд, ки қабатҳои тақсимнашуда доранд. Хокҳои тақирмонанди биёбонӣ дар таҳшинҳои қабат-қабати аллювиалии намакдор ташаккул ёфтаанд, ки таркибашон гилӣ-регхокӣ ва регхокии ғурӯшадор мебошанд. Хусусияти асосии хокҳои баррасишуда қариб дар ҳама ҷо шӯрнокии назарраси онҳост, ки бо зиёд шудани шӯрнокии ҷинсҳои ташкилдиҳандаи мавзеъҳо алоқаманд аст. Нишондиҳандаҳои ҳосилхезии (бонитети) ин хокҳо мисли чарогоҳҳои бесамари зимистон хеле паст мебошанд. Ҳоло мавзеъҳои дорои чунин хокҳо бештар барои кишти зироатҳои обӣ истифода бурда мешаванд. Минтақаи миёнакӯҳии хокҳои дорчинии кӯҳӣ (қаҳваранг) Ин минтақа доманакӯҳҳо ва нишебиҳои силсилакӯҳҳоро дар баландиҳои аз 900–1 600 то 2 800 метр аз сатҳи баҳр фаро гирифтааст. Хокҳои ин минтақа дар зери рустаниҳои дарахтӣ-буттагӣ ва алафҳои қадбаланди нимсаваннагӣ ташаккул ёфтаанд. Ба онҳо миқдори баланди гумус, қабатчаи ғафси гумусӣ, сохтори доначаҳои возеҳ ифодаёфта ва дар қабатҳои поинии хок ҷамъ шудани карбонатҳо хос мебошанд. Аз қабати болоии ин хокҳо, ба умқи 80–120 сантиметр, пайвастагиҳои карбонатӣ шуста шудаанд. Дар минтақаи мазкур, асосан хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ, дорчинии маъмулии кӯҳӣ, дорчинии равшани кӯҳӣ ва дорчинии равшани кӯҳии шусташуда паҳн шудаанд. Хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ Хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ дар қисми поинии минтақаи хокҳои дорчинӣ, дар баландиҳои аз 700–800 то 1 400–1 900 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Қабатчаи гумусӣ ғафсии 30–35 сантиметр дошта, миқдори гумус дар он 3,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо аз қабатчаи гумусӣ шуста шудаанд. Поинтар аз ин қабатча қабатчаи ба таври возеҳ ифодаёфта ҷойгир аст, ки дар он карбонатҳо дар шакли мағор (пӯпанак) ва конкреция вомехӯранд, ки миқдори онҳо то 30% мерасад. Хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ Хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ болотар аз хокҳои карбонатии дорчинӣ паҳн шуда, дар баландиҳои аз 1 600 то 2 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Онҳо дар зери ҷангалҳои паҳнбарги аз дарахтони чормагзи юнонӣ, заранг ва ғайра, ҳамчунин аз рустаниҳои калоналафи нимсаваннагӣ иборат будаи минтақаҳои камбориш (аз 800–900 миллиметр зиёд), пайдо мешаванд. Дар байни хокҳои дорчинӣ хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ хеле ҳосилхезанд. Қабатчаи гумус, ки тақрибан 40 сантиметр ғафсӣ дорад, дар таркибаш аз 5,0 то 10% гумус дорад. Карбонатҳо дар умқи то 80–120 сантиметр аз таркиби хокҳо шуста шудаанд. Таркиби механикии ин хокҳо аксар вақт гилхоки вазнин мебошад. Майдони хокҳои маъмули дорчинии кӯҳӣ барои рушди боғдории лалмӣ аҳамияти калон дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 86–88.

0

Обҳои зеризаминӣ

Обҳои зеризаминӣ вобаста ба сохти геологии маҳал, гуногунии намудҳои релйеф ва шароити иқлимӣ дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ дар умқҳои гуногун вомехӯранд. Обҳои зеризаминӣ бо ду намуд (чашма ва қабати заминӣ) мавҷуданд. Чашмаҳо ҳамчун оби равон оби дарёҳоро ғанӣ мегардонанд. Дар баробари чашмаҳои оби ошомиданӣ, чашмаҳое низ вуҷуд доранд, ки вобаста ба таркиби кимиёиашон барои муолиҷаи бемориҳо истифода мешаванд. Онҳоро обҳои маъданӣ ё шифобахш меноманд. Дар ҳудуди Тоҷикистон миқдори чунин чашмаҳо аз 200 зиёдтар аст. Маъмултарини онҳо Хоҷаобигарм, Обигарм, Ҳавотағ (Ҳавотоғ), Явроз, Гармоба, Шоҳамбарӣ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Анзоб, Челондӣ ва Гармчашма мебошанд. Захира ва истифода Ба ҳисоби миёна захираи солонаи обҳои зеризаминӣ 18,7 километри мукаабро ташкил медиҳад. Захира ва сатҳи онҳо вобаста ба фасли сол, миқдори бориш ва обёрии заминҳои кишт тағйир меёбад. Захираи истифодашавандаи онҳо дар як сол 2,8 километри мукааб буда, сарфи амалии об дар давоми сол 2,3 километри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон», аз ин миқдор 39,3% барои эҳтиёҷоти хоҷагию нӯшокӣ, 7,[…]% барои эҳтиёҷоти истеҳсолию техникӣ ва 38,1% барои обёрӣ истифода мешавад. Захираи обҳои зеризаминӣ ва ниёз ба он дар қисмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ҳамгун нест. Дар Тоҷикистони Шимолӣ захираи обҳои зеризаминӣ 25%-и захираи умумиҷумҳуриро ташкил медиҳад. Боқимондаи он — 21% ба вилояти Хатлон, 21,4% ба Бадахшон ва 31,2% ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. Ҷойгиршавӣ ва таркиби кимиёӣ Обҳои зеризаминӣ дар ҳудуди Тоҷикистон на фақат бо ҳаҷм, балки бо умқи ҷойгиршавӣ ва таркиби кимиёиашон тафовут доранд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ обҳои зеризаминӣ дар хамиҳои байникӯҳӣ, дар умқҳои 3–60–80 метр ва дар водии Ҳисор дар умқи 5–40 метр воқеъ гардидаанд. Дар водии дарёи Сир обҳои зеризаминӣ асосан оби нӯшокии ҳидрокарбонатӣ мебошанд. Фақат дар баъзе маҳалҳо оби шӯри сулфурӣ дида мешавад, ки дараҷаи маъданнокии он 5 грамм дар литрро ташкил медиҳад. Обҳои зеризаминии водии Ҳисор ҳам ширин буда, дар таркибашон ҳидрокарбонати калсий доранд. Дараҷаи маъданнокиашон то 1 грамм дар литр аст. Дар қисми ғарбии водии Ҳисор обҳои зеризаминии фишордор паҳн гардидаанд. Обҳои зеризаминии қисми шимолии водии Вахш асосан ширин буда, дар қисми ҷанубии он ба оби шӯру сулфату хлориддор табдил меёбанд. Маъданнокии он 5–50 грамм дар литр аст. Дар сароби дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб оби ҳидрокарбонатии фишордор бартарӣ дорад. Фақат дар қисми мобайнии водии ин дарёҳо дараҷаи маъданнокии оби зеризаминӣ то 2–3 грамм дар литр меафзояд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ обҳои зеризаминӣ дар умқи аз 10 то 100 метр вомехӯранд. Маъданнокии асосӣ аз 3 то 40 грамм дар литр меафзояд. Обҳои зеризаминии ҷанубии водии Вахш барои истифода чандон мувофиқ нестанд. Дар Помир (Бадахшон) обҳои зеризаминӣ асосан дар водии дарёҳо, атрофи наҳру кӯлҳо воқеъ гардидаанд. Захираи онҳо ниҳоят кам мебошад. Эзоҳи таҳрир: фоизи истифодаи истеҳсолию техникӣ дар манбаъ «7,%» чоп шудааст. Рақами баъди вергул нопурра аст; онро бе далели иловагӣ барқарор кардан имкон надорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 85.

0

Обанбори Норак

Обанбори Норак дар дарёи Вахш, дар мавзеи Пули Сангин сохта шудааст. Сарбанди он дар ҷаҳон баландтарин буда, баландиаш 300 метр аст. Ҳаҷми обаш 10,5 миллиард метри мукааб, сатҳи он ба 98 километри мураббаъ баробар аст. Дарозии обанбор 70 километр, умқи миёнаи он 107 метр аст. Барои бо оби обанбор обшор гардидани дашти Данғара нақби Данғара бунёд карда шудааст. Ғайр аз обанбори Норак, дар дарёи Вахш боз бунёди 5 обанбор пешбинӣ шудааст. Калонтарини онҳо обанбори Роғун (13 миллиард метри мукааб) хоҳад буд. Дар дарёи Панҷ сохтани чор обанбор пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии ғунҷоиши об дар онҳо ба 62 миллиард метри мукааб хоҳад расид. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 85.

0

Обҳо

Мафҳуми ҷуғрофиёии «обҳои дохилӣ» тамоми пиряхҳо, шабакаи дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зеризаминӣ, чашмаҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуданд, дар бар мегирад. Онҳо дар табиат алоҳида вуҷуд надоранд ва дар робита бо дигар унсурҳо омӯхта мешаванд. Пиряхҳо Вобаста ба мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва иқлим Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин минтақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшокии Осиёи Марказӣ мебошанд. Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон бо номи олимону сайёҳони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сарватҳои табиии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи Тоҷику Помир (солҳои 1928–1932) бевосита пайваст мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0 °С паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3 000 метр баландӣ доранд, кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17 000–18 000 километри мураббаъ буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷикистон рост меояд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистон, Зарафшон мебошанд. Дар силсилакӯҳҳои Помир чанд пиряхи калон дар атрофи қуллаҳои Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Ғалаба, Абуалӣ Сино ва ғайра пайдо шудаанд. Миқдори умумии пиряхҳои Помир 1 085 адад мебошад. Аз ҷумла, 7 пиряхи он зиёда аз 21 километр дарозӣ доранд. Калонтарини онҳо пиряхи Федченко аст, ки 77 километр дарозӣ дорад. Дар низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии пиряхҳо 1 494,8 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Бузургтарини онҳо Янгидаван ва Ямонқиртин буда, дар нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Олой воқеъ гардидаанд. Калонтарин пиряхи силсилакӯҳи Ҳисор – Мӯра. Дар маркази яхбандии силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҳам чандин пиряхи пастхамӣ ва водигӣ мушоҳида мешаванд. Калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он ба 41 километри мураббаъ баробар аст. Пиряхҳо аз ³/₄ ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ин ҳодиса дар ҳар 12–15 сол ва тақрибан 30–70 сол дар натиҷаи тағйири иқлим ба вуҷуд меояд. Омӯзиши 35-солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳудуди пиряхҳои Бивачний ва Гармо то 4 километр кӯтоҳ шуда, пиряхи Хирсон 450 метр поин фуромадааст. Пиряхҳои қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Пётри Як аз 1,5 то 7 километр, пиряхҳои қисми шимолии он аз 1 то 6 километр, пиряхҳои силсилакӯҳи Паси Олой аз 2 то 3,5–4 километр кам гардида, масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Вахш 806 километри мураббаъ хурд шудааст. Дарозии пиряхи Зарафшон дар тӯли солҳои 1908–1986 зиёда аз 1 километр, пиряхи Абрамов 80 метр (солҳои 1850–1984) кӯтоҳ гардидааст. Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии аз 4 то 5 километр комилан об шудаанд. Олимон ва муҳаққиқон аксари пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистонро ба намуди лағжанда мансуб медонанд. Ба қайд гирифта шудааст, ки пиряхи калонтарини Тоҷикистон – Федченко солҳои 1868, 1910–13 ва соли 1963 ҳаракат карда, сипас дар муддати 40–50 соли охир аз лағжидан мондааст. Лағжиши пиряхҳо дар натиҷаи воқеъ будан дар нишебии маҳал, қувваи фишори қабати нави барф (солҳое, ки барф аз ҳад зиёд меборад), таконхӯрии кӯҳҳо, зилзила ва ғайра рух медиҳад. Зери таъсири ин омилҳо агар забонаи пирях аз хатти барфӣ (ҳудудест, ки аз он боло ях босуръат об намешавад) поин фарояд, зуд об мешавад, зеро ҳарорати ҳаво пасттар аз хатти барфӣ нисбатан баланд мебошад. Дар ҳолати танзими табиӣ ҳаракати онҳо 0,3–0,8 метрро ташкил медиҳад. Пиряхҳои Федченко дар як шабонарӯз бо суръати 0,7 метр, Ҷамъияти географӣ — 0,28 метр ва Зарафшон — 0,25 метр ҳаракат мекунанд. Аз ин сабаб онҳо ҳамчун захираи табиии ҷараёни дарёҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Дар фасли тобистон, ҳангоми об шудан, сатҳи оби дарёҳоро баланд бардошта, дар шароити иқлими континенталии хушки Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои обёрии заминҳо ва парвариши зироат аҳамияти калон доранд. Дар назди пиряхи Федченко (дар баландии 4 169 метр) пойгоҳи обуҳавосанҷии «Пиряхи Федченко» бунёд шудааст. Дарёҳо Бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Ому (1 415 километр) бо шохобҳои худ аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Ҳудуди Тоҷикистонро шабакаи ба ҳам наздики дарёҳо фаро гирифтааст, ки онҳо сароб ва шохоби дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон буда, ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд. Ҳамчунин, дарёҳои Вахш (524 километр), Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Элок, Искандар, Ёхсу, Булункӯл, Муғсу, Сурхоб, Хингоб, Камароб, Сорбоғ ва ғайра манбаи оби ошомиданӣ ва кишоварзии кишвар ба шумор мераванд. Масоҳати заминҳое, ки аз ин дарёҳо об мегиранд, тақрибан 474 000 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи солонаи оби дар ин ҳавзаҳо ҷоришаванда ба 117,0 километри мукааб баробар ё худ 90%-и оберо, ки аз кӯҳҳо ба ҳамвории Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад, дар бар мегирад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ҳавзаи Амударё дар Осиёи Марказӣ бузургтарин ба ҳисоб рафта, он дар ҷануб нишебии низоми кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар шарқ силсилакӯҳи Сариқӯл, дар шимол силсилакӯҳҳои Олой, Туркистон ва Нурато (Ӯзбекистон)-ро убур мекунад. Масоҳати захира кардани об тақрибан 465 000 километри мураббаъ буда, аз он 225 100 километри мураббаъ бо ҳамроҳии ҳавзаи Зарафшон ва Қашқадарё (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба минтақаи кӯҳҳои ҳавза рост меояд. Қисми асосии оби ин ҳавза дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Вобаста ба баландии маҳал ва дар ҳудуди ҳавза боридани намуди гуногуни бориш, ташаккули пиряхҳо, барфҳои доимию мавсимӣ, обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо ғизогирии дарёҳо гуногун аст. Маҳз ҳамин манбаъҳоро ба эътибор гирифта, коршиносон чор намуди ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро (пиряхию барфӣ, барфию пиряхӣ, барфӣ ва барфию боронӣ) муайян кардаанд. Дарёҳои Вахш, Хингоб, Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Зарафшон, Фондарё, Яғноб, Искандар, Киштӯд, Моғиён ғизоро аз пиряху барфҳои баландкӯҳ мегиранд ва дар онҳо давоми сол ду бор (март–май, июл–август) обхезӣ мешавад. Агар ин дарёҳо дар баҳор аз ҳисоби об шудани барфҳои зимистон пуроб шаванд, тобистон дар натиҷаи обшавии барфҳои қабатнок ва пиряхҳо сероб мегарданд. Ба дарёҳои ғизогириашон барфию пиряхӣ Кофарниҳон, Сурхоб, Варзоб, Ёхсу, Хонақоҳ, Қаротоғ, Ширкент, Сангикар дохил мешаванд. Ин дарёҳо моҳҳои май–июл аз ҳисоби обшавии забонаи пирях ва барфҳои аз хатти барфӣ поиномада сероб мешаванд. Ғизогирии барфӣ ба Қизилсуи Ҷанубӣ, Ёхсу, баъзе шохобҳои хурди Вахш, Кофарниҳон, Қаротоғ ва Варзоб хос аст. Онҳо моҳҳои апрелу май аз ҳисоби барфи зимистон сероб мешаванд. Шохобҳои қисми миёна ва поиноби Варзоб, Кофарниҳон, Элок, Ёхсу, Лучоб ба ғизогирии барфию боронӣ дохил мешаванд. Баробари об шудани барфҳои мавсимӣ ва ба охир расидани боронгарӣ оби ин дарёҳо ниҳоят кам мешавад. Ҷуғрофиёдони Шӯравӣ И. С. Щукин ба ғайр аз намудҳои ғизогирии мазкур ду намуди дигари ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро муайян кардааст: ғизогирии боронӣ ва обҳои зеризаминӣ. Ба ин намудҳои ғизогирӣ дарёчаҳои хурди ҳавзаи дарёи Сир мансубанд. Дарёҳои Ому, Панҷ, Вахш, Кофарниҳон бузургтарин ва дарозтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Ому Ому (Ҷайҳун) бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар болообаш Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуз ба он мерезанд. Дарозиаш 1 415 километр, аз сарғаҳи Панҷ 2 540 километр. Ому берун аз марзи Тоҷикистон, аз нишебии кӯҳҳои Ҳиндукуш, аз пиряхи Вревский об мегирад. Дар сарғаҳаш Вахондарё ном дорад. Баъди бо дарёи Помир ҳамроҳ шудан номи Панҷро мегирад. Баробари ба ҳам пайваст шудани Панҷ ва Вахш дарёи Ому ташкил шуда, 85 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Онро ҳамчун роҳи нақлиёти дарёӣ низ истифода мебаранд, аз Тирмиз то поиноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1 400 километрро ташкил медиҳад. Ба воситаи Ому маҳсулоти саноати нафт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғайра кашонда мешавад. Панҷ Панҷ яке аз дарёҳои дарозтарини (921 километр) Тоҷикистон буда, тезҷараёнтарин дарё дар дунё ба ҳисоб меравад. Панҷ дарёи сарҳадӣ буда, сарғаҳи он аз андароби дарёҳои Помир (аз рост) ва Вахондарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбааш пиряху барф. То давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон аз соҳили чапи дарёҳои Панҷ ва Ому мегузашт. Сипас, хатти сарҳади ду мамлакатро аз байни дарё муайян намуданд. Ҳоло оби дарёро ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон истифода мебаранд. Ҳавзаи обгирии дарёи Панҷ 114 000 километри мураббаъ мебошад. Дар қисми болообаш то шаҳраки Ишкошим паҳнои маҷрои дарё 1–5 километрро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи сарфи оби дарёи Панҷ 1 100 метри мукааб дар сония, ҳаҷми солонаи он 35 километри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти бисёрсола, маҷрои аз ҳама зиёди сарфи солона 4 000 метри мукааб дар сония ба моҳи июл ва сарфи ками солона ба моҳи феврал рост меояд, ки ҳамагӣ 281 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи солонаи гилолудии таркиби дарё баъди аз кӯҳҳо баромадан тақрибан 1 500 грамм дар метри мукааб мебошад. Захираи гидроэнергетикии дарёи Панҷ 98 миллиард киловатт-соат ва бо шохобҳояш 150 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Вахш Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дарозии он 524 километр. Аз пайвастани дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд омада, бо номи Сурхоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Вахш пуробу пуртуғён мешавад, бештар аз водии танг ба дараҳои амиқ гузашта, 170 километр болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шоха тақсим мешавад. Манбаи асосии оби Вахш пиряху барф. Масоҳати умумии ҳавзаи дарё 39 ҳазор километри мураббаъ, сарфи миёнаи солонаи обаш 633 метри мукааб дар сония. Захираи гидроэнергетикии дарёи Вахш – ниҳоят бузург аст. Мувофиқи нақша, дар ин дарё ғайр аз неругоҳҳои барқи обии сохташуда сохтмони 5 неругоҳи дигар дар назар аст. Гилолудии таркиби оби Вахш дар 1 метри мукааб ба 2,8 килограмм баробар аст. Кофарниҳон Кофарниҳон дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ буда, яке аз шохобҳои асосии дарёи Ому аст. Аз нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешавад (60 километр дар водии Ҳисор равон аст). Дар назди шаҳраки Ромит, баъди якҷошавии дарёҳои Сорбо (аз чап) ва Сардаи Миёна (аз рост) ташаккул меёбад ва номи Кофарниҳонро мегирад. Дарозиаш 387 километр, масоҳати ҳавзааш 11 600 километри мураббаъ. Он аз пиряхи беноме сарчашма гирифта, дар дараи Ромит ба самти ҷанубу ғарб ҷорӣ мешавад ва аз деҳаи Чинор ба водии фарохи Ҳисор мебарояд. Шохобҳои асосиаш аз рост – Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва аз чап дарёи Элок. Баъд аз ҳамроҳшавӣ бо дарёи Хонақоҳ ба тарафи ҷануб тоб хӯрда, то резишгоҳ аз байни силсилакӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ҷорӣ мешавад. Кофарниҳон то ба Ому рехтан ба ҳамворӣ баромада, ба якчанд шоха тақсим мешавад. Аз охири март то охири сентябр сероб аст. Сарфи миёнаи солонаи об 102 метри мукааб дар сония, дар фасли зимистон 26,6 метри мукааб дар сония. Сарфи зиёдтарин – 1 290 метри мукааб дар сония соли 1952 ба қайд гирифта шудааст. Аз поиноби он водии Бешкент обёрӣ мешавад. Оби дарёи Кофарниҳон нисбатан гилолуд мебошад. Зарафшон Зарафшон яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ. Дар гузаштаи дур шохаи Омударё буда, бино бар рушди обёрӣ, ҳоло ҳамчун як ҳавзаи ҷудогона дониста мешавад. Болообашро (то резишгоҳи Фондарё) Мастчоҳ низ меноманд. Дарозиаш 877 километр, масоҳати ҳавзааш 41 860 километри мураббаъ, аз ҷумла қисми кӯҳиаш 17 710 километри мураббаъ. Дар шимол аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар ғарб то регзори Сандуқли (биёбони Қизилқум) мерасад. 317 километр ҷараёни боло ва миёнаи он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии обшуста ва амиқи он боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула). Дар ҳудуди Тоҷикистон Зарафшон бештар аз 100 шохоб дорад. Бузургтарини онҳо шохобҳои чапи Фон, Киштӯд ва Моғиён мебошанд. Водии дарё аз шарқ ба ғарб торафт васеъ ва тадриҷан паст мешавад. Аз резишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Шӯрча), водӣ ба самти ғарб торафт вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар, Сӯчина ва шаҳри Панҷакент Зарафшон дарёбоди васеъ ҳосил кардааст. Мувофиқи таҳқиқоти пиряхшиноси шӯравӣ А. О. Кемерих, дарёи Зарафшон 32% аз ҳисоби пиряхҳо, 37% аз ҳисоби барфҳо, 31% аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизо мегирад. Бино бар ин, дар ин дарё ду маротиба (март–май ва июл) обхезӣ ба амал меояд. Давраи серобиаш июн–август, камобиаш сентябр–март. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар назди Дупула 155 метри мукааб дар сония, дар назди дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа 164 метри мукааб дар сония. Сарфи аз ҳама бештари об 930 метри мукааб дар сония (7 июли 1942) ва 996 метри мукааб дар сония (31 майи 1964), сарфи камтарини он 24 метри мукааб дар сония (31 январи 1928) ба қайд гирифта шудааст. Дар имтидоди солҳои 2005–2010 сарфи об ба миқдори 200–250 метри мукааб дар сония (каме бештар аз меъёр) мушоҳида шудааст. Оби дарё тобистон лойолуд аст, 1 метри мукааб об 0,80 килограмм лойқа дорад. Миқдори солонаи обовардҳо 4 440 ҳазор тонна (В. Л. Шулс, 1956). Фон Фон ва шохоботи он (Искандар, Яғноб) аз нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор об мегиранд. Дарозии дарёи Фон 24,5 километр ва ҳавзаи обгириаш 3 230 километри мураббаъ. Он ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар назди шаҳраки Айнӣ бо дарёи Мастчоҳ омезиш меёбад. Ин дарё бо шохобҳои худ мутобиқан аз баландиҳои зиёда аз 2 195–3 440 метр об мегирад. Ҳавзаи дарёҳои Искандар 274 километри мураббаъ, Яғноб 1 650 километри мураббаъ. Миқдори солонаи обовардҳои дарёи Искандар 63 212 тонна, Яғноб 308,5 ҳазор тонна. Киштӯд Киштӯд (шохоби чапи дарёи Зарафшон) аз ҷануб ба шимол ҷорӣ шуда, дар қисми шарқии деҳаи Шӯрча аз тарафи чап ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Болообаш Пушневат ва миёнобаш Арчамайдон ном доранд. Ду шохоби калон дорад. Аз тарафи чап дарёи Ворӯ ва аз тарафи рост дарёи Артуч ба он пайваст мешаванд. Дарозиаш 53 километр, масоҳати ҳавзааш 863 километри мураббаъ. Қисми болоии ҳавза дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Ҳисор ва қисмҳои миёнаву поинаш дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ҷой гирифтаанд. Давраи серобиаш аз нимаи апрел то нимаи октябр. Сарфи миёнаи солонаи об 7,32 метри мукааб дар сония, ҳангоми камобӣ — 3,86 метри мукааб дар сония. Моғиён Моғиён ҳамчун дарёҳои Фон ва Киштӯд аз нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор ибтидо гирифта, ба самти шимол ҷорӣ мешавад. Дар назди деҳаи Сӯчина ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Дарозии он 68 километр, ҳавзаи захира кардани об дар он 100 километри мураббаъ аст. Моғиён як шохоби калон (дарёи Шинг) дорад, водии дарё он қадар васеъ нест. Дар баъзе маҳалҳо паҳнои маҷрои дарё 10 метр мебошад. Сарфи миёнаи солонаи оби дарёи Моғиён дар резишгоҳаш 8,65 метри мукааб дар сония. Миқдори солонаи обовардҳои дарё тақрибан 93,6 тонна. Сир Сир яке аз рӯдхонаҳои бузургтарини мамлакат аст, ки аз ҳудуди вилояти Суғд гузашта, ба баҳри Арал мерезад. Баъди Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Масоҳати он 462 000 километри мураббаъ, аз ин миқдор 223 000 километри мураббаъ ба қисми кӯҳии ҳавза рост меояд. Ҳиссаи асосии он берун аз марзи Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дарёи Сир аз якҷошавии дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд омадааст. Қисми баландтарини ҳавзаро силсилакӯҳҳои Туркистону Олой ташкил медиҳанд. Дарозии Сир аз сарғаҳи Норин то баҳри Арал 2 670 (3 019) километр. Аз ҳудуди Тоҷикистон 197 километр оби он ҷорӣ мешавад. Шохобҳои соҳили чапи ба Сир ҷоришаванда аз силсилакӯҳи Туркистон ибтидо мегиранд. Бузургтарини онҳо – Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу, Бурған, Басманда. Аз ин шохобҳо дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу берун аз ҳудуди Тоҷикистон (дар ҳудуди Қирғизистон) ташаккул меёбанд, фақат қисми поиноби онҳо вориди ҷумҳурии мо мегарданд. Оби ҷоришавандаи онҳо 900 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Оби дарёи Сир ба 15 миллиард метри мукааб баробар аст. Кӯлҳо Кӯлҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мисли шабакаи дарёҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Онҳо вобаста ба иқлим ва релйеф бештар дар мавзеъҳои кӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз ҳамдигар аз ҷиҳати пайдоиш, масоҳат, ғизогирӣ, мавҷудияти организмҳо, шӯрию ширинии об, умқ фарқ мекунанд. Аксари кӯлҳо асосан дар минтақаи иқлими намии нокифоя, тобистони муътадил, зимистони муътадили нарм ва хунукии сербарф дар баландиҳои аз 2 900–4 700–4 800 то 5 000 метр пайдо шудаанд. Барои ҳосил шудани кӯлҳо дар ин минтақа баландии маҳал, мавҷуд будани шаклҳои гуногуни релйеф, пиряхҳо ва бориш дар давоми сол мусоидат менамояд. Омили дигари ҳосилшавии кӯлҳои кӯҳсор лағзиш ва кандашавию фуромадани кӯҳпораҳо мебошад. Дар ин маврид ҷинсҳои кӯҳӣ сари роҳи ҷараёни дарёҳоро мегиранд ва дар натиҷа кӯл ҳосил мешавад. Кӯлҳои ҳамворӣ дар ҳамвориҳо, он ҷойҳое, ки дар таркиби таҳшинҳо, оҳаксанг, гач, намак вуҷуд дорад ва зери таъсири обҳои зеризаминию саҳнизаминӣ тез шуста мешаванд, пайдо шудаанд. Дар ташаккул ва инкишофи кӯлҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, иқлимӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба таври гуногун маънидод карда, онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд. Аз ҷумла, ҷуғрофиёдони Шӯравӣ Р. Д. Забиров кӯлҳои Осиёи Марказиро омӯхта, аз нигоҳи пайдоиш онҳоро ба 7 намуд ҷудо кардааст: Кӯлҳои пайдоиши тектоникӣ. Ин намуди кӯлҳо дар фурӯхамидаҳои тектоникӣ, дар натиҷаи тағйири шадиди қишри Замин пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ба ин намуд кӯлҳои Помири Шарқӣ, аз ҷумла, Қароқӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Рангкӯл ва ғайра дохил мешаванд. Кӯлҳои суфакӯҳҳои баланд. Онҳо дар хамии ағбаҳо дар натиҷаи ба қабати замин суст задани обҳои борон ва ё ҷорӣ пайдо шудаанд. Кӯлҳое, ки дар водии дарёи Аличур воқеъ гардидаанд, ба ҳамин намуди кӯлҳо дохил мешаванд ва бо моилии соҳилҳову умқи ками худ фарқ мекунанд. Кӯлҳои моренавӣ. Ин намуди кӯлҳо дар водиҳои кӯҳӣ, дар натиҷаи об шуда ақиб рафтани худи пирях ё забонаи он, моренаҳои бо пирях омада, пеши ҷараёни оби атмосферӣ ва ҷориро гирифта ҳосил шудаанд. Онҳо, маъмулан, дар забонаи пиряхҳои қадим пайдо мешаванд. Масалан, кӯлҳои Марғузор, Кӯли калони водии Зарафшон ва кӯлҳои водии дарёи Қаратоғ. Кӯлҳои фурӯғалтӣ. Пайдоиши ин намуди кӯлҳо ба кӯчиши ҷинсҳои кӯҳии дар нишебии онҳо мавҷуд вобаста аст. Дар натиҷаи фурӯ ғалтидану пеши маҷрои оби дарёҳои кӯҳиро банд кардани кӯҳпораҳо пайдо мешаванд. Чунин кӯлҳо бо умқи худ фарқ мекунанд. Сарез ва Сабзкӯл (Яшилқул)-и Помир аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд. Кӯлҳои шуставӣ. Онҳо дар водии дарёҳо, дар натиҷаи ивазшавии маҷрои дарёҳо ва ё нест шудани маҷрои пешинаи он ба вуҷуд меоянд. Чунин кӯлҳоро дар водии дарёҳои Ому, Сир ва ғайра дидан мумкин аст. Кӯлҳои делтавӣ ё резишгоҳӣ. Ин намуди кӯлҳо ниҳоят каманд. Калонтарини онҳо дар резишгоҳи дарёи Ому (кӯли Судач) мавҷуд аст, ки 35 километр дарозӣ ва 15 километр паҳноӣ дорад. Кӯлҳои ниҳоӣ. Ин намуди кӯлҳо дар натиҷаи истифодаи оби дарё барои обёрӣ ва дигар амалҳо ҳосил мешаванд. Аз ҷумла, кӯли Қарангӣ дар резишгоҳи дарёи Зарафшон. Дар бораи ин таснифот фикри олимон гуногун аст. Олими Шӯравӣ И. С. Щукин кӯлҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба бандшуда, моренавӣ, карстӣ – чӯқида, Р. И. Селиванов ба пиряхӣ, бандшуда, амиқ, соҳилдарёӣ ва сатҳӣ, Д. А. Чумичев ба чӯқида, тектоникию пиряхӣ, пиряхию моренавӣ, лойкавию шӯр, соҳилдарёӣ тақсим кардаанд. Дар асари ба наздикӣ чопшудаи М. Раҳимов кӯлҳо ба тектоникӣ-пиряхӣ, карстӣ, бандшуда, маҷроӣ ва дар таҳқиқоти Х. Аброров кӯлҳо ба тектоникӣ, пиряхӣ, бандшуда ва ҳидрогенӣ (обӣ) ҷудо шудаанд. Ҳалли дурусти ин масъала таҳқиқоти мушаххасро талаб мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2 000 кӯл мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар баландиҳои 3 500–5 000 метр воқеъ гардидаанд. Агар 1%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯлҳо ишғол карда бошанд, кӯлҳои Помир 5,4%-и масоҳати онро ишғол кардаанд. Маълум мешавад, ки миқдор ва масоҳату ҳаҷми асосии кӯлҳо ба мавзеъҳои баландкӯҳ ва пеш аз ҳама ба ҳудуди Помир рост меояд. Дар мавзеи кӯҳҳои паст ва доманакӯҳҳо тақрибан 100 кӯл бо масоҳати 17 километри мураббаъ мавҷуданд. Аз рӯи маълумоти охирин дар мавзеи баландкӯҳҳо 1 920 кӯл мавҷуд аст, масоҳати умумии онҳо 709 километри мураббаъ. Бузургтарини онҳо Сарез (80 километри мураббаъ), Зоркӯл (36,9 километри мураббаъ), Яшилқул (36,6 километри мураббаъ), Қароқӯл (380 километри мураббаъ), Искандаркӯл (3,4 километри мураббаъ) мебошанд. Ҳаҷми умумии оби кӯлҳо 46,3 километри мукааб. Захираи оби ширини кӯлҳо 19,3 километри мукааб аст, ки 17,3 километри мукааб ба кӯли Сарез рост меояд. 90%-и оби кӯлҳои шӯрро оби Қароқӯл (бузургтарин кӯли Тоҷикистон) ташкил медиҳад. Умқи он дар қисми ғарбиаш то 238 метр, дарозиаш 30 километр ва паҳноиаш 23,4 километр, ҳаҷми обаш 26,5 километри мукааб мебошад. Дарозии марзи он 163,6 километр. Таркиби оби кӯл аз намаки натрий, калий, хлор, сулфатҳо ва ғайра иборат аст. Оби кӯл аз моҳи ноябр то моҳҳои май–июн ях мекунад. Ғафсии яхи он ба ҳисоби миёна 0,5 метр. Ба кӯл дарёҳои Музкӯл ва Қарочилға мерезанд. Ҷиҳати хосси соҳили кӯл он аст, ки дар масофаи якчанд километр аз ях таркиб ёфтааст. Қароқӯл пайдоиши тектоникӣ-пиряхӣ дорад. Шӯркӯл ва Рангкӯл низ ба ҳамин намуд дохил мешаванд. Рангкӯл дар баландии 3 762 метр воқеъ буда, тавассути шохоб бо Шӯркӯл пайваст мешавад. Сатҳи оби он аз сатҳи оби Қароқӯл 130 метр пасттар аст. Ба кӯлҳои бандшуда Сарез, Шадакӯл ва Яшилқул дохил мешаванд. Ҳар ду кӯли аввал дар як вақт, соли 1911 дар натиҷаи заминларза пайдо шудаанд. Дар натиҷаи ин заминларза анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии фурӯғалтида бо баландии 800 метр ва паҳнои 5 километр пеши маҷрои дарёи Мурғобро банд намуд. Агар дарозӣ ва умқи Сарезро муқоиса намоем, соли 1913 дарозии он 28 километр, умқаш 280 метр буд. Соли 1987 ин нишондодҳо мувофиқан ба 55,8 километр ва 499,6 метр баробар шуданд. Яшилкӯл ҳам дар натиҷаи бо анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Соҳили кӯлро аз шимолу ҷануб шохаҳои кӯҳи Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ иҳота намудаанд. Дарёҳои Аличур, Марҷонаи Калон ва Хурд ба он ҷорӣ шуда, танҳо дарёи Бартанг аз он берун меояд. Аҳамияти ин кӯлҳо барои танзими табиии оби дарёҳо бузург аст. Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ низ кӯлҳои масоҳаташон хурд зиёданд. Аксари онҳо дар қисми миёнакӯҳ воқеъ гардидаанд. Дар худи ҳавза ва шохобҳои дарёи Зарафшон 60 кӯл дар баландии бештар аз 1 000 метр мавҷуданд. Масоҳати умумии онҳо 9,18 километри мураббаъ. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Х. Аброров, дар ҳавзаи дарёи Моғиён — 16 кӯл, Киштӯд – 28 кӯл, Пасрӯд – 4 кӯл ва дарёи Искандар — 12 кӯл ҷойгиранд. Ин кӯлҳо ба намуди кӯлҳои бандшуда ва тектоникию пиряхӣ мансубанд. Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Масоҳати он 3,4 километри мураббаъ, дарозиаш 3,26 километр, паҳноиаш 2,9 километр. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва Панҷчашма мерезанд. Ҳаҷми оби он 172 миллион метри мукааб, ҷои аз ҳама амиқаш 72 метр. Кӯл дар баландии 2 255 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ин мавзеъ барои ҳосил гардидани майдони ҷоришавии дарёи Искандар мусоид аст. Дарозии дарё 18–20 километр ва моилии он дар ҳар як километр 30–35 метрро ташкил медиҳад. Дар силсилакӯҳи Ҳисор, ғайр аз Искандаркӯл, кӯлҳои хурд (Темурдара, Кӯлчаузак, Пайрон, Анкантат, Қарақӯл, Серима ва ғайра) мавҷуданд. Пайдоиши онҳо ҳам ба тағйири пирях ва бандшавии маҷрои дарёчаҳо вобаста аст. Дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздикӯҳӣ кӯлҳои шӯр ва гилолуд (лойқа) бештар вомехӯранд. Бахусус, дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ чунин кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои шӯр асосан дар атрофи кони намаки Хоҷасартез ва дар гумбази кони Хоҷамуъмин вомехӯранд, ки дар натиҷаи намакро шуста бурдани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, онҳоро кӯлҳои карстӣ ҳам мегӯянд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои кӯҳии мулоим (гач, бӯр, оҳаксанг) паҳн гардидаанд, низ дар натиҷаи шуста бурдани онҳо кӯлҳои начандон калон пайдо шудаанд. Ба ин кӯлҳо Лохур (ҷанубтари деҳаи Кӯктош), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (дар шаҳри Исфара) дохил мешаванд. Кӯлҳои старицагӣ (маҷроӣ) ё соҳилӣ дар водии дарёҳои Вахш, Панҷ, Сир вомехӯранд. Онҳо камоншакл буда, дар натиҷаи обхезиҳо пайдо шудаанд. Ин гуна кӯлҳо дар минтақаи «Бешаи палангон» низ бисёранд. Дар онҳо моҳӣ ва парандагони обӣ мавҷуданд. Кӯли шӯри Оқсукон аз кӯлҳои шӯри ҷануби Тоҷикистон фарқ мекунад, дар фасли тобистон хушк шуда, дар тагаш намак ҳосил мешавад. Онро ҷамъ намуда, тавассути коркарди махсус ҳамчун намаки ошӣ ва лойқаи онро барои муолиҷаи беморон истифода мебаранд. Кӯл дар баландии 429 метр воқеъ аст, масоҳаташ 12 километри мураббаъ. Аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 километр тӯл кашида, паҳноиаш 0,5–2 километр, умқаш 0,5–0,7 метр аст. Обанборҳо Дар баробари кӯлҳо дар Тоҷикистон ба мақсади ба танзим даровардани оби дарёҳо, обёрӣ ва истеҳсоли қувваи барқ обанборҳо бунёд шудаанд. Бузургтарин обанборҳо дар дарёҳои Вахшу Сир сохта шудаанд. Обанборҳои Тоҷикистон – Баҳри Тоҷик (собиқ Қайроққум), Фарҳод, Каттасой, Бойғозӣ, Норак, Муъминобод, Селбӯр, Даҳанасой ва Сарбанд. Ҳаҷми умумии оби онҳо, ғайр аз обанбори Фарҳод, 46,4 километри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин обанборҳо Фарҳод, Баҳри Тоҷик, Норак, Сарбанд, Бойғозӣ хусусияти комплексӣ доранд. Ҳоло ба таври комплексӣ ва самарабахш истифода бурдани сарватҳои обии мамлакат дар мадди аввал қарор дорад, зеро онҳо дар як вақт талаботи якчанд соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, обёрӣ, хоҷагии манзил, саноат, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, нақлиётро қонеъ мегардонанд. Вазифаи муҳимтарини обанборҳо ба танзим даровардани сарфи об (дар ҳолати пуробӣ ва камобии дарёҳо) мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин бор соли 1946 дар маҷрои дарёи Сир обанбори Фарҳод бунёд карда шуд. Масоҳати он 46 километри мураббаъ, паҳнояш 3 километр, дарозиаш 24 километр, умқаш 15 метр мебошад. Обанбори Баҳри Тоҷик соли 1956 сохта шуд. Масоҳати он 520 километри мураббаъ, паҳнояш 20 километр, дарозиаш 55 километр, ҳаҷми умумии обаш 4,2 километри мукааб. Ин обанбор на фақат заминҳо ва шаҳру деҳаҳои атрофро бо об таъмин менамояд, ҳамчунин барои рушди моҳипарварӣ низ мусоид аст. Ҳоло бо қувваи барқи неругоҳи барқи обии Қайроққум дар ин ҷо якчанд насоси обкашӣ насб шудаанд. Канали худҷорӣ, ки аз обанбори Фарҳод об мегирад, дашти Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ)-ро обёрӣ мекунад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 79–85.

0

Иқлим

Иқлими Тоҷикистон аз ҳад зиёд гарм, хушк ва континенталӣ буда, ба омилҳои табиию ҷуғрофиёии зерин вобаста мебошад: мавқеи ҷуғрофиёии Тоҷикистон дар канори арзи шимолии минтақаи субтропикӣ; хусусияти хосси гардиши умумии атмосфера; мавқеи Тоҷикистон дар дохили қитъаи Авруосиё. Дар байни омилҳои иқлимташкилдиҳанда мавқеи ҷуғрофиёӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Онро пеш аз ҳама дар кадом арзи ҷуғрофиёӣ воқеъ гардидани минтақа муайян менамояд. Ҳудуди Тоҷикистон дар байни арзҳои 36°40′ ва 41°05′ арзи шимолӣ дар канори шимолии минтақаи субтропикии Нимкураи шимолӣ ҷойгир аст. Иқлими он асосан хушк (континенталӣ) буда, боду ҳавояш зуд-зуд иваз мешавад. Зимистони хунук, баҳори серборон ва тобистони хушки Тоҷикистон бо якдигар зуд иваз мешаванд. Тағйири иқлим, ба ҳолати дигар гузаштани он ба фарқи сатҳи маҳал аз сатҳи баҳр вобаста аст. Барои водиҳои пасти Тоҷикистон иқлими субтропикӣ, барои минтақаи миёнакӯҳ иқлими муътадили гарм ва барои баландкӯҳҳо иқлими хунук хос аст. Хусусияти иқлими Тоҷикистон афканиши зиёди нури Офтоб ба сатҳи Замин мебошад. Мувофиқи омор, давомнокии миёнаи солонаи нурафкании Офтоб ба ҳисоби миёна 2 097–3 166 соатро ташкил медиҳад. Зери таъсири он дар рӯи замин қисмҳои таркибии табиат, аз ҷумла, релйеф, об, хок, олами набототу ҳайвонот, обҳои дохилӣ, комплекси табиӣ, зироати кишоварзӣ ташаккул ёфтанд. Нақши иқлим дар ҷобаҷогузории саноат, шароити зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ ниҳоят бузург аст. Бино бар ин, ҳангоми ҷойгиркунӣ, барномарезӣ, истифодаи иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатӣ, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, нигаҳдории тандурустӣ хусусият ва таъсири иқлим ба назар гирифта мешавад. Ҳар қадар кунҷи афтодани нури Офтоб ба маҳал калон бошад, ҳамон қадар сатҳи замин бештар гарм мешавад, агар хурд бошад, мутобиқан камтар гарм мешавад. Дар таҳвили зимистон (22 декабр), баландии Офтоб ба кунҷи 28°, дар тобистон ба кунҷи 75° баробар аст. Вобаста ба ин, бузургии миёнаи нурдиҳии солонаи Офтоб дар ҳудуди Тоҷикистон аз 151 (дар назди обанбори Баҳри Тоҷик), то 176,1 килокалория бар сантиметри мураббаъ (дар пойгоҳи обуҳавосанҷии пиряхи Федченко, ки дар баландии 4 169 метр ҷой гирифтааст) фарқ мекунад. Аммо афканиши нури Офтоб ба сатҳи Замин на ҳамеша дар ҳама маҳал фақат ба арзи ҷуғрофиёӣ вобаста аст. Зеро дар атмосфераи замин буғи об, абрҳо, чангу ғубор мавҷуд аст, ки як қисми гармӣ ва равшании Офтобро фурӯ мебаранд ва пароканда мекунанд. Гардиши ҳаво Ҳудуди Тоҷикистон дар ҷои таъсири якчанд ҷараёни шиддатноки гардиши атмосферӣ воқеъ аст. Яке аз онҳо антисиклони сибирӣ дар фасли зимистон мебошад. Мавҷҳои (анбӯҳҳои) сард аз Арктика то ҳудуди ҷанубии Тоҷикистон мерасанд, аммо кӯҳҳо, ки кишварро аз шимолу шарқ иҳота кардаанд, барои вуруди ҳавои сард монеъ мешаванд. Вуруди ҳавои сард дар фасли зимистон, маъмулан, дар натиҷаи нуфузи анбӯҳи ҳавои гармсерӣ рух медиҳад. Ҷараёни муҳими дигари атмосферӣ — афсурдагии (пастшавӣ) ҳарорати тобистонҳо бештар аст. Ба шаклгирии он наздикии биёбонҳо ва кӯҳҳои баланд мусоидат карда, ба он ҳавои соф, хушк ва хеле гарм хос аст. Кӯҳҳои Курама, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор, ки ба тарзи арзӣ тӯл кашидаанд, пеши ҳаракати ҷараёни ҳавои хушки шимолӣ ва шимолу шарқиро гирифта, барои бевосита ба ғарби водиҳои Фарғона, Зарафшон ва қисми ҷанубии ҷумҳурӣ дохил шудани он монеъ мешаванд. Анбӯҳи ҳавое, ки дар ин ё он ноҳия доимӣ ё дар давоми ягон фасли сол ҳукмрон аст, намуди иқлимро муайян мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба иваз шудани таъсири анбӯҳи гуногуни ҳаво вобаста ба фаслҳои сол ба сабаби дар маркази қитъаи Авруосиё ва аз уқёнусҳо дур воқеъ гардидани Тоҷикистон, иқлими он ниҳоят континенталӣ мебошад. Ҳудуди Тоҷикистон дар зери таъсири ду маркази анбӯҳи ҳавои атмосферӣ қарор дорад: наму нарми атлантикӣ ва хушку сарди арктикӣ. Анбӯҳи ҳавои атлантикӣ ба намуди сиклон, арктикӣ ҳамчун антисиклон амал мекунад. Дар фаслҳои зимистон ва баҳор сиклонҳои ғарбӣ бориши беист меоранд, иқлим дар зери таъсири ҷараёни ҳамин ду маркази анбӯҳи ҳаво ташаккул меёбад. Анбӯҳи ҳавои арктикӣ дар атрофи кӯли Байкал, ки онро антисиклони Сибир низ мегӯянд, шакл мегирад. Барои он фишори баланд ва ҳавои хушки хунук хос аст. Зимистон он аз қисми шимолии Осиёи Миёна мегузарад, бо таъсири он фишори атмосферӣ аз шимол ба ҷануб торафт паст мешавад. Яъне дар ҳолати дар сари роҳи ҷараёни антисиклони Сибир вуҷуд надоштани садди табиӣ он бе мамоният то доманакӯҳҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаракат мекунад. Ҳангоми аз болои силсилакӯҳҳо (тавассути ағбаҳо) ҳаракат карда гузаштани он ва ё бо роҳи даврадавр ба водиҳо дохил шудан, хосияти худро каме тағйир медиҳад ва таъсираш нисбатан суст мешавад. Дар баробари фаро расидани мавсими гармӣ қитъаи Авруосиё хеле гарм мешавад. Дар ин вақт антисиклони Сибир худ ба худ нест мешавад. Ҷараёни анбӯҳи ҳавои гарму нарме, ки аз уқёнуси Атлантик меояд, ба тамоми Аврупо паҳн гардида, ба самти шарқ ҳаракат мекунад. Ҳамвории Осиёи Миёна тамоми сол дар зери таъсири бодҳои шимолӣ аст; дар зимистон бодҳои шарқӣ ва дар тобистон шамоли ғарбӣ бартарӣ пайдо мекунанд. Дар минтақаи кӯҳҳо, аз ҷумла кӯҳҳои Тоҷикистон он бодҳои дар ҳамворӣ ҳаракаткунанда ба кӯҳҳо бархӯрда, тавассути таъсири онҳо хосияти аввалаи худро тағйир медиҳанд. Муайян шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баробари ба ҳар 100 метр боло баромадан ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна аз 0,5 то 0,8 °С пасттар мешавад, ки ин бештар ба водии Рашт ва Дарвозу Помир хос аст. Барои тағйир ёфтани хосияти ҳавои ба Тоҷикистон аз берун воридшуда самти идома ёфтани силсилакӯҳҳо мақоми хос дорад. Зеро онҳо аз самти ғарб ба шарқ ва ба шимолу шарқ идома ёфта, ҳалқаи сарбастаро ташкил намудаанд. Ин барои дар фасли зимистон бо роҳи даврадавр ба водиҳо аз ғарб ба ҷануб ворид шудани ҳавои сарди континенталии арктикӣ ва дар он ҷойҳо муддате банд шуда мондани он мусоидат мекунад. Чунин сарбастагии кӯҳҳо дар шарқ ва шимолу шарқ сабаби дар фасли тобистон дар водиҳо банд шуда истодани ҳавои гарму хушки континенталии тропикӣ мешавад. Мавқеи кӯҳҳо низ ба тақсимоти боришот таъсир мерасонад. Боришот дар ҳамон қисми кӯҳҳо бештар мешавад, ки онҳо нисбат ба ҷараёни ҳавои наминии аз самти ғарб воридшуда рӯ ба рӯ бошанд. Дар қисми дигари кӯҳҳо боришот камтар мешавад. Тафовути иқлими маҳаллӣ Агар ташаккули иқлими континенталӣ дар ҳудуди Тоҷикистон комилан ба омилҳои умумии ҳосилкунандаи иқлим вобаста бошад, пас тафовути қаламрави иқлими мавзеъҳои алоҳидаи онро шароити маҳаллӣ муайян менамояд. Пеш аз ҳама ба тафовути баландии маҳал, экспозитсияи нишебии силсилакӯҳҳо, самти кашолёбии онҳо, водиҳо, мавқеи мавзеъҳои алоҳида дар шимол ва ё ҷануби Тоҷикистон, хусусияти сатҳи онҳо вобаста аст. Вобаста ба таъсири ин омилҳо дар ҳудуди Тоҷикистон иқлими водиҳо, ҳамвориҳои доманакӯҳӣ, кӯҳҳои баланд ва Помири Шарқӣ ба таври муайян аз якдигар фарқ мекунанд. Дар водиҳои шимолии Тоҷикистон ҳарорати миёнаи январ -2 °С, июл қариб 30 °С мешавад. Ҳарорати солона ба ҳисоби миёна вобаста ба баландии маҳал аз +17 °С (дар биёбонҳои гарми ҷанубӣ) то -6 °С (дар баландкӯҳҳои Помир) аст. Ҳарорати баландтарин дар моҳи июл ва пасттарин дар моҳи январ мушоҳида мешавад. Пасттарин дараҷаи ҳарорати зимистонаи Помири Шарқӣ (Булункӯл) -63 °С аст. Дар ҷануби кишвар ҳадди аксари ҳарорат ба +47 °С мерасад. Аз ҷумла, соли 1997 дар ноҳияи Шаҳритус ҳавои гарм бо ҳарорати +40 °С 53 рӯз ва дар ноҳияи Панҷ 26 рӯз идома дошт. Дар имтидоди солҳои 2000–2010 дар водиҳои Тоҷикистон ҳарорати 40 °С ва баландтар аз он мушоҳида шудааст. Тақрибан 75% боришоти солона ба фасли зимистон рост меояд. Дар минтақаҳои кӯҳистон, ки барои дохилшавии анбӯҳи ҳавои намнок кушодаанд, боришот бештар ба назар мерасад. Кӯҳҳои баланд таъсири сояафкании орографӣ дошта, баъзе ноҳияҳои камборишотро аз анбӯҳи нам нигоҳ медоранд. Ба онҳо водиҳои амику танги кӯҳӣ ва фалот (плато)-и баландкӯҳ дар шарқи Помир, ки дар он ҷо боришоти камтар аз 100 миллиметр хос аст, дохил мешаванд. Дар биёбонҳои пасти гарм, дар ҷануби Тоҷикистон низ бориш кам аст. Ҳадди аксари боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ бештар аз 1 000–1 800 миллиметр аст. Дар ҳолати ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ аз +15 °С паст нафаромадан дар водиҳои шимолӣ маҷмӯи ҳарорати нури Офтоб 4 000 °С, дар водиҳои ҷанубӣ 5 000 °С-ро ташкил медиҳад. Ин иқлим ба минтақаи субтропикии хушк хос аст, ки дар шароити обёрии маснуӣ боиси нашъунамои хуби зироат ва дарахтони мевадиҳандаи гармдӯст мегардад. Ба иқлими водиҳо ва ҳамвориҳои доманакӯҳӣ бодҳои гуногуни фурӯмвазӣ ва маҳаллӣ низ таъсир мерасонанд. Яке аз ин бодҳо (Фён: олмонӣ Föhn) боди сахт, хушк ва гарми маҳаллӣ буда, бештар дар зимистон аз кӯҳҳо ба водиҳо мефарояд. Дар роҳи худ барфҳоро об мекунад ва сабаби нашъунамои барвақтии наботот мегардад. Гармсел дар фасли гармо ба водиҳо аз биёбонҳои ҳамсоя мевазад, ки он боиси гирифтори офат шудани заминҳои кишоварзӣ мегардад. Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон боди «афғон» аз ҷанубу ғарб ва дар қисми шимолӣ боди «Фарғона» аз ғарб мевазад. Дар ин мавзеъҳо ҳарорати миёнаи январ ва феврал аз -14 то -26 °С мерасад. Ҳарорати миёнаи июл ба +4, +15 °С баробар аст (нишондоди умумӣ). Иқлими баландкӯҳҳо Дар фазои кушоди сатҳи баландкӯҳҳо ҳарорати солона (тафовути ҳарорати миёнаи моҳи аз ҳама хунук) 20–22 °С-ро ташкил медиҳад. Баробари рост шудани сатҳи маҳал аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб амплитудаи ҳарорат кам мешавад. Аз ҳамин сабаб дар қисми ғарбии кӯҳҳои Тоҷикистон, ки бо қисми шарқии онҳо дар як арз ва баландӣ воқеанд, тобистон салқин, зимистон нисбатан гармтар мебошад. Дар баландкӯҳҳо вобаста ба экспозитсия, хусусияти моилӣ ё ростфарони нишебӣ, тангии дараҳо ва водиҳои байникӯҳӣ маҳалҳои маҳдуди дорои иқлими хос ҳосил мешаванд, ки аз фазои умумии иқлими кӯҳҳои баланд фарқ мекунад. Масалан, аз сабаби дар нишебии шимолӣ ва ҷанубӣ таҳти кунҷи гуногун афтидани нури Офтоб иқлими онҳо аз якдигар фарқ мекунад. Дар натиҷа, иқлими нишебии шимолии баландкӯҳҳо серун ва қисми ҷанубиаш нисбатан гарм мешавад. Водиҳои баландкӯҳ аз ғарб ба самти шарқ кашол ёфтаанд, кӯҳҳои баланд барои ба водӣ дохил шудани шамолҳои хунуки шимолӣ монеъ мешаванд. Иқлими онҳо, бо вуҷуди дар баландии зиёд аз сатҳи баҳр ҷойгир будан, хеле гарм мешавад. Масалан, водии Зарафшон дар баландии бештар аз 1 522 метр аз сатҳи баҳр (шаҳраки Айнӣ), водии Ғунд дар баландии 2 080 метр аз сатҳи баҳр (шаҳри Хоруғ) воқеъ гардидаанд. Дар ин мавзеъҳо мутобиқан ҳарорати ҳаво тобистон 24,4 °С ва 22,0 °С, зимистон -2,3 °С ва -7,1 °С-ро ташкил медиҳад. Тақсимоти боришот Дигар ҷиҳати хосси иқлими Тоҷикистон дар давоми сол дар ҳудуди он нобаробар тақсим шудани бориш мешавад, ки асосан ба бодҳо ва релйефи маҳал вобаста аст. Ба ҳудуди Тоҷикистон бориш қариб комилан аз уқёнуси Атлантик тавассути бодҳои ғарбӣ ворид мешавад. Аз ин ҷиҳат дар нишебиҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбии силсилакӯҳҳо боришот бештар мешавад. Нишебиҳои шимолӣ ва водии дарёҳое, ки онҳоро кӯҳҳо ва шохаҳои онҳо иҳота кардаанд, камбориш мешаванд. Муайян шудааст, ки бориши аз ҳама зиёд дар минтақаи камбаре, ки ҷанубтари 39° арзи шимолӣ мегузарад (аз қисми ғарбӣ ва ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Ҳисор то силсилакӯҳҳои баланд) мушоҳида мешавад. Ҳудуди онро иқлимшиносон аз байни хатҳои уфуқии 1 000–1 200 метр ва 3 000–4 000 метр муайян кардаанд. Аз ин минтақа ба боло ва поин миқдори бориш торафт кам мешавад. Аз силсилакӯҳи Ҳисор ба тарафи шарқ намии ҳаво нисбатан кам мешавад. Бино бар ин, дар қисми ҷанубии кӯҳи Дарвоз, нишебиҳои ғарбии кӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ва Вахш то 1 500 миллиметр бориш ба амал меояд. Дар Помири Ғарбӣ аз 800 то 1 500 ва баъзан 1 800 миллиметр, дар кӯҳҳои ҳавзаи дарёи Фон (шохоби чапи дарёи Зарафшон) то 1 300 миллиметр бориш мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва хамиҳо, ки атрофашонро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд, бориш ниҳоят кам ба назар мерасад. Масалан, дар водии Рашт нисбат ба маҳалли Хоҷаобигарм бориш 3 маротиба камтар мушоҳида мешавад. Дар қисми фарохи водии Зарафшон миқдори бориш аз 300 то 250 миллиметр ва дар мавзеъҳои танги он то 150–200 миллиметр кам мегардад. Дар қисми ҳамвори водиҳои Тоҷикистони Шимолӣ миқдори солонаи бориш аз 200 миллиметр зиёд намешавад. Дар доманакӯҳҳо баробари баланд шудани сатҳи маҳал, миқдори солонаи бориш аз 400 то 600 миллиметр зиёд мешавад. Бориши аз ҳама кам дар атрофи Конибодом ва Исфара (100–155 миллиметр) мушоҳида мешавад. Иқлими Помири Шарқӣ Дар ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба водию доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд иқлими Помири Шарқӣ бо сардии бештари худ фарқ мекунад. Помири Шарқӣ яке аз суфакӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қисми шарқии релйефи онро водиҳои фарохи хамида ташкил медиҳанд, ки дар баландии 3 700–4 500 метр воқеъ гардидаанд. Дар атрофи онҳо кӯҳ ва силсилакӯҳҳо қомат рост кардаанд. Сатҳи аксари онҳо гумбазшакл аст, баъзеашон қуллаҳои тез ва нишебиҳои ростфуромадаи монанд доранд. Иқлими ин ҷо ниҳоят сард буда, барои он зимистони дароз, манфӣ будани ҳарорати пасти миёнаи сол, вазидани шамолҳои сахт хос аст. Вобаста ба баландии аз сатҳи баҳр (3 000–3 200 метр) давраи хунукӣ бештар аз 8 моҳ идома меёбад. Пасттарин дараҷаи ҳарорат дар Булункӯл (-63 °С) ва Чавшангоз (-49 °С) мушоҳида мешавад. Муайян кардани чигунагии бориш дар баландкӯҳҳои Бадахшон вобаста ба омилҳои кӯҳшиносист. Намнокӣ бештар дар қисми ғарбӣ ба назар мерасад. Ҳисоби миёнаи бориши солона дар ҳудуди пиряхи Федченко 1 192 миллиметр ва минтақаи ғарбӣ 600 миллиметр (дар баъзе минтақаҳо — Қарокӯл, Мурғоб, Булункӯл 72–86 миллиметр) аст. Вазиши бод дар бештари ҳудуди Бадахшон бо сабаби баланд будани кӯҳҳо ҳамчун монеа хеле суст, дар кӯталҳову дараҳо тезтар аст. Давомнокии нурафкании Офтоб 3 000 соатро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз ин, дар водиҳо маҷмӯи ҳарорати фаъол аз 1 500 °С зиёд нест. Ҳарорати миёнаи сол дар баландиҳои 4 000–4 700 метр ба -8 °С баробар аст. Ҳарорати миёнаи январ дар Мурғоб ба −17,3 °С баробар буда, баъзан то −47 °С хунук мешавад. Дар Қарокӯл хунукӣ ба -50 °С мерасад. Ҳарорати давраи гармо ҳам чандон баланд нест. Моҳи июл дар баландиҳои 3 600–4 000 метр, ҳарорати миёна 8–12 °С-ро ташкил медиҳад. Баъзан 20–25 °С гарм мешавад. Аз ҳамин сабаб дар Помири Шарқӣ миқдори бориш кам буда, ҳамагӣ 120–150 миллиметрро ташкил медиҳад. Баъзан ҳатто дар як сол 70–120 миллиметр бориш мешавад. Аз ин нигоҳ Помири Шарқиро биёбони баландкӯҳ меноманд. Минтақаҳои иқлимӣ Вобаста ба омилҳои иқлимҳосилкунанда ва тафовути амудии иқлим олимон дар ҳудуди Тоҷикистон 5 минтақаи иқлимиро ҷудо намудаанд. Дар ҷудо намудани онҳо тафовути амудӣ, унсурҳои асосии иқлим, ҳаракат ва боришро ба эътибор гирифтаанд, аммо дар номгузорӣ ва миқдори минтақаҳо фикри ягона вуҷуд надорад. Масалан, А. А. Молчанов ҳудуди Тоҷикистонро ба чор минтақа тақсим (соли 1925, Тошканд) ва ба таври зерин номгузорӣ кардааст: Иқлими биёбонӣ; Иқлими дашти доманакӯҳҳо; Иқлими кӯҳӣ; Иқлими баландкӯҳи биёбонӣ. Дар ин тақсимот тафовути ҳарорат ва боришот на фақат нишондиҳандаи минтақаи иқлимӣ, балки ҳамчун муайянкунандаи хусусияти минтақаҳои табиӣ истифода шудааст. Шояд барои ҳамин бошад, ки дар ин тақсимот минтақаи иқлими миёнакӯҳҳо вуҷуд надорад. Он бо минтақаи иқлими кӯҳӣ якҷо ва пайваста тавсиф шудааст. Эҳтимол ҳамин норасоиро И. С. Щукин дар назар дошта, кӯҳҳоро ба се минтақаи иқлимӣ (соли 1936) ҷудо намудааст: Минтақаи кӯҳҳои паст; Минтақаи миёнакӯҳ; Минтақаи баландкӯҳ ва ё алпӣ. Минбаъд олимон дар заминаи омӯзиши иқлим ва тафовути қаламрави он дар Тоҷикистон панҷ минтақаи иқлимиро ҷудо кардаанд. Аз ҷумла, Р. М. Селиванов дар асоси ба таври амудӣ тағйир ёфтани гармӣ ва бориш ҳудуди Тоҷикистонро ба минтақаҳои зерин ҷудо намудааст: Минтақаи гарм ва хеле гарм; Минтақаи гарми муътадил; Минтақаи серун; Минтақаи сард; Минтақаи сарди доимӣ. Солҳои баъдӣ Р. М. Селиванов ин намудҳои иқлимро мувофиқи хусусияти фаслҳои сол – зимистон ва тобистон номгузорӣ кард, ки он бо тартиби зерин баррасӣ гардидааст: Иқлими тобистонаш ниҳоят гарми зимистонаш нарм; Иқлими тобистонаш гарми зимистонаш серун; Иқлими муътадил; Иқлими хунук; Иқлими биёбони баландкӯҳ. Ин номгузорӣ аҳаммияти амалӣ дошта, имкон медиҳад, хоҷагиро бо дар назар доштани хусусиятҳои ҳар як минтақаи иқлимӣ бо таъмини мутахассисони касбӣ инкишоф диҳем. Тамоюли амалӣ додан дар тақсимоти ҷуғрофиёдони шӯравӣ А. М. Владимирова бештар зоҳир мегардад. Ӯ ба гурӯҳбандии намудҳои иқлим, ки докторони илми ҷуғрофиё М. И. Будико ва А. А. Григорова кор кардаанд, такя карда, намудҳои иқлими Тоҷикистонро тавре муайян кардааст, ки хусусиятҳои минтақаҳо дар номи онҳо комилан инъикос ва чунин ифода шудаанд: Минтақаи иқлимии хушк (тобистони гарм, зимистони нарм ва нарми муътадил); Минтақаи иқлимии намии нокифоя (тобистони ниҳоят гарм, зимистони нарм ва нарми муътадил); Минтақаи иқлимии намии нокифоя (тобистони гарм ва зимистони нарми муътадил); Минтақаи иқлимии намии нокифоя (тобистони муътадил, зимистони муътадили нарм ва сарди сербарф); Минтақаи иқлимии хушк (тобистони муътадили гарм ва зимистони муътадили қаҳратун). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 73–78.

0

Графит

Графит дар як қатор минтақаҳои Помир, силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Қаротегин дар байни варақсангҳои кристаллии палеозой ошкор шудааст. Дар конҳои Сангикар (Рашт), Зардӣ (Варзоб) ва Бодомдара (Ишкошим) захираи ками графит маълум аст. Кварс Кварсҳое, ки барои истеҳсоли шиша мувофиқанд, дар кӯҳҳои Қаромазор дар шакли рагҳо дар миёни гранитҳо, дар ҳавзаи дарёи Варзоб (мавзеи дарёи Такоб, Деҳмалик), дар миёни регсангҳои сурхи давраи бӯр ҷойгиранд. Реги кварсии кони Қӯрғонча (ноҳияи Ҷаббор Расулов) пас аз ғанисозӣ барои истеҳсоли шишаи тиреза ва маҳсулоти оптикӣ мувофиқ аст. Абрақҳо (слюдаҳо) Конҳои абрақҳо бештар дар Помири Ғарбӣ вомехӯранд. Конҳои Лоҷварддара ва Абхарв, ки дар миёни қабатҳои қадимтарини Тоҷикистон – гнейсу гранитҳои замони архей ҷойгиранд, аз пайҳои ғафсии 2,5–4-метраи ба 45–50 метр тӯлкашида иборатанд. Таркиби абрақҳоро асосан флогопит ташкил медиҳад. Флогопит дар кони Лоҷварддара ҳаҷми аз 8 то 75 килограмм дар 1 метри мураббаъро ишғол мекунад, дар кони Абхарв флогопит дар дохили линзаҳои андозаашон 5 ба 25 метр, ғафсиашон то 4,5 метр, дар шакли кристаллҳои бузургиашон то 10 ба 16 сантиметр қарор дорад. Талк Минерал аз синфи силикатҳои варақӣ. Дар Тоҷикистон зуҳуроти талк чандон зиёд набуда, асосан дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Мулвоч, Кӯҳи Лаъл, Ғорондара) дар миёни мармарҳо ва гнейсҳои кристаллии замони архей-протерозой ҷойгиранд. Талк, маъмулан, зуҳуроти алоҳидаро ташкил накарда, ҳамчун минерали ҳамсафар дар кон ё зуҳуроти дигар маъданҳо, ба амсоли лаъл, вомехӯрад. Зуҳурот ба ҷуз аз талк, инчунин энстатит ва форстерит дорад, ки дар саноати радиотехника истифода мешаванд. Форстеритро ҳамчун санги ҷавоҳиротӣ истифода кардан мумкин аст. Кони Мулвоч дар қатори талк, инчунин энстатит, тремолит, форстерит низ дорад. Кон дар радифи истихроҷи кони лаъли Кӯҳи Лаъл омӯхта шуда, захираҳои геологии талк дар ҳаҷми як миллион тонна арзёбӣ шудаанд. Дар Кӯҳи Лаъл талк минерали ҳамсафари энстатит, форстерит, лаъл ва магнезит мебошад ва дар дохили пайҳои пегматитӣ ҷойгир аст. Захираи умумии геологии талк дар ҳудуди 0,4 миллион тонна ҳисоб шудааст. Ашёи аз ҷиҳати кимиёвӣ тоза ва оптикӣ: булӯр, гачи шаффоф, флюорити оптикӣ, шпати исландӣ. Булӯр Булӯр як намуди кварси шаффоф аст. Зуҳуроти булӯр асосан дар ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (сароби водии Ванҷ, ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Ванҷ, Язгулом ва Шоҳдара, силсилакӯҳи Музқӯл ва ғайра), ҳамчунин дар ҳудуди силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб) ҷойгир шуда, бо пайҳои гидротермалӣ, пегматитҳо ва скарнҳо, интрузияҳои гранитоидии фанерозой иртибот доранд. Булӯр бештар дар мавзеи шафати ҷинсҳои интрузивию граниттаркиб бо ҷинсҳои таркиби регсанг, оҳаксангдошта ташаккул ёфтааст. Дар баробари булӯр дар зуҳурот ҳамчунин минерали ҳамсафар — кварси булӯршакл вомехӯрад, ки онро дар саноати истеҳсоли чинӣ ва шишаи баландсифат истифода мебаранд. Булӯр дар соҳаҳои саноати ҳарбӣ, радиоэлектроника истифода мешавад. Гачи шаффоф Гачи шаффоф дар минтақаи Исфара захираи бисёр дорад. Ин минерал дар саноати оптика истифода бурда мешавад. Флюорити оптикӣ Флюорит дар сурати шакли кристаллҳои шаффоф доштан барои истеҳсоли системаҳои оптикии махсус, ки танҳо нурҳои ултрабунафш ва инфрасурхро мегузаронанд, васеъ истифода мешавад. Чунин навъи флюорит бо зуҳуроти воқеъ дар қисми ғарбии водии Зарафшон ва мавзеи Бозордараи Помири Марказӣ маълум аст. Навъҳои баландсифати флюорити шаффоф, ки дар кони Моғов (Тоҷикистони Марказӣ) вомехӯранд, барои истеҳсоли флюорити синтетикии оптикӣ мувофиқанд. Дар мавзеи Кӯли Калон (силсилакӯҳи Зарафшон) кони флюорити оптикӣ ҷой гирифтааст. Баъзе аз кристаллҳои он азим буда, то 200 килограмм вазн доранд. Шпати исландӣ Шпати исландӣ — як навъи шаффофи калсит мебошад. Он дар силсилакӯҳи Зарафшон (кӯлҳои Марғузор ва Кӯли Калон) пайдо шудааст. Кристаллҳои он дар байни рагҳои калсити ношаффоф мавҷуданд, ки маъмулан таркишҳои дохили оҳаксангҳои палеозойро пур мекунанд. Ашёи маъданӣ-металлургӣ: астат, волфрам, гилҳои ба оташ тобовар, магнезит, молибден, стронсий, флюорит. Астат Дар Тоҷикистон конҳои астат дар Қаромазор ва силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор ҷойгиранд (конҳои Такели, Мосариф, Сармат, Панчхок, Обисорбух ва ғайра). Манбаи асосии астат арсенопирит ва леллингит мебошад. Маъданҳо дар баробари астат ҳамчунин сурма, симоб, сурб, рух ва мис доранд. Волфрам Ҳоло дар Тоҷикистон захираҳои ками волфрам ошкор карда шудаанд. Зуҳуроти он дар Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Волфрам дар маъданҳо табиати скарн ва қисман гидротермалиро дорад. Конҳои то нимаи асри 20 кашфшуда — Чоруқдарон, Майҳура, Чилав, Такфон, Сармат, Пете — Репефт, Рарз ва ғайра захираҳои кам дошта, қисми онҳо пурра (Майҳура, Чилав, Чоруқдарон) истихроҷ шудаанд. Дар баробари волфрам дар маъданҳо ҳамчунин қалъагӣ, рух, мис, кадмий, молибден, индий вомехӯрад. Дар Помири Ғарбӣ кони маҷмаавии Икар воқеъ аст, ки дурнамои хуб дорад. Гилҳои ба оташ тобовар Гилҳои ба оташ тобовар дар дохили конҳои ангишти давраи юраи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор — Зидди (Варзоб), Тошқутан (шаҳри Турсунзода) ва Шӯроб (шаҳри Исфара) мавқеъ гирифтаанд. Ин навъи гилҳо дар металлургия, саноати семент барои истеҳсоли хиштҳои оташпазӣ — шамот истифода мешаванд. Магнезит Магнезит дар ҳавзаи дарёи Варзоб (кони Харангон) ва минтақаи Ванҷ (кони Бунай), ҳамчунин дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ дар миёни ҷинсҳои палеозой ошкор шудааст. Магнезит барои истеҳсоли хиштҳои ба ҳарорати баланд тобовар (хиштҳои шамотӣ) васеъ истифода мешавад. Молибден Захираҳои молибден дар Тоҷикистони Шимолӣ (Янгикони Ҷанубӣ) ва қисми ғарбии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд. Янгикони Ҷанубӣ дар дохили маҷмааи ҷинсҳои вулканию интрузивии анҷоми палеозой ҷойгир буда, паҳноии зиёд дорад. Дар таркиби маъдан ҳамчунин мис, қӯрғошим, висмут, селен, теллур ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Ҳоло бино бар набудани талабот, дар Янгикони Ҷанубӣ корҳои истихроҷ боздошта шудаанд. Дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ якчанд зуҳуроти молибден дар водии Ванҷ, болооби водии Язгулом, Хуф, дараи Бартанг ошкор карда шудаанд. Сатҳи омӯзиши геологияи зуҳуроти молибден паст аст. Стронсий Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Гулисой, Чилтош ва ғайра захираҳои миёнаи стронсий доранд. Маъдани стронсий дар натиҷаи таъсири обҳои гарми давраи мезозой ва кайнозой, ки тавассути ҳарорати нисбатан баланд ба ҷинсҳои кӯҳии мавҷуд таъсир расонида, аз таркиби онҳо ин унсурро фаро кашидаанд, пайдо шудааст. Флогопит Флогопит дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Лоҷварддара ва Абхарв) ёфт шудааст. Флогопити Лоҷварддара баландсифат буда, дар скарнҳои бо гнейсҳои қадимтарини токембрий ҳамшафат ҷойгир аст. Флюорит Флюорит асосан дар се ноҳияи геологии кишвар — Тоҷикистони Шимолӣ (Кони Мансур, Навгарзан ва ғайра), Марказӣ (Такоб, Кондара, Калтуч, Ромит, Теппаҳои сурх ва ғайра) ва Ҷанубу Шарқӣ (Оқҷилға, Дункелдик ва ғайра) воқеъ аст. Қисми асосии конҳои флюорит дар шакли рагу пайҳо дар миёни гранитҳо, вулканитҳо ва варақсангҳои палеозой, ҳамчунин вулканитҳои ҷавонтарин (воқеъ дар Помири Шарқӣ) қарор доранд. Миқдори флюорит дар маъданҳои конҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 25–55% баробар аст. Захираҳои асосии флюорит дар конҳои Тоҷикистони Шимолӣ мавҷуд буда, ба тавозуни давлатӣ ворид карда шудаанд. Захираҳои флюорити конҳои Тоҷикистони Марказӣ қариб комилан истихроҷ карда шудаанд. Флюорити конҳои Навгарзан, Конкутан (Тоҷикистони Шимолӣ), Кондара ва Бегар (Тоҷикистони Марказӣ) қаблан истихроҷ карда мешуданд. Флюорит дар саноати вазнин барои паст кардани ҳарорати гудозиши маъданҳо дар кӯраҳои филиззгудозӣ истифода мешавад. Онро дар баробари маъдан, масалан, маъдани оҳан, ба кӯраи гудозиш омехта мекунанд ва ин на танҳо ҳарорати гудозиши маъданро ба таври назаррас поин мекунад, балки ғализии гудохтаро меафзояд, ки ин ду омил дар саноати металлургия хеле муҳим буда, арзиши аслии маҳсулоти ниҳоиро коҳиш медиҳанд. Аз ин сабаб, минерали флюорит бо номи шпати гудозанда низ маъруф аст. Масолеҳи бинокорӣ: семент, хишт, волластонит, гили керамзит ва аглопорит, гилҳои оташпазӣ, маводди оҳак, регу суфтапора, перлит, регу сангреза, регҳои кварсӣ ва бинокорӣ, сангҳои сохтмонӣ ва ғайра Дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои қариб беохири ашёи гуногуни бинокорӣ мавҷуданд. Ҳоло садҳо кону зуҳуроти тақрибан 20 намуди ин ашё кашф шудаанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар ҷойгиранд ва танҳо аз рӯи намуд ва захираҳо фарқ доранд. Семент Ашё барои истеҳсоли семент аз оҳаксанг (75–80%), гилсанг (20–25%), гач (то 5%), ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо пайвастаҳои оҳан (то 1%) иборат аст. Оҳаксангҳои ҳамаи давраҳои рифей-фанерозой (то палеоген) барои истеҳсоли семент муносибанд. Дар заминаи конҳои оҳаксанги Харангон, Варзоб, Ёвон, Данғара, Шаҳритус саноати сементи ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Конҳои гилсангҳо ба қабатҳои давраҳои бӯр, палеоген ва квартер мутааллиқ буда, дар мавзеъҳои маҷмӯаҳои давраи мезозой ва кайнозой ҷойгиранд. Гачи бинокорӣ дар қабатҳои давраҳои табоширу бӯр, палеоген вомехӯрад. Аз миёни онҳо конҳои Араб, Исфара, Шаршар, Хоҷасартез калонтарин буда, дар саноати семент мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Хишт Барои истеҳсоли хишт навъҳои гил, лёссҳо (зардхоки нарм) ва гилҳои реголуд, ки маъмулан дар миёни қабатҳои давраҳои мезозой ва кайнозой вомехӯранд, истифода мешаванд. Ҳоло даҳҳо корхонаҳои хиштпазии мамлакат аз ашёи лёссу гилҳои реголуди квартер, ки ғафсияшон то 60–80 метр мебошад, истифода мекунанд. Конҳои маъмултарини Зебон, Душанбе, Табакчӣ, Регар, Навобод, Қизилсой, Ӯротеппа, Хонобод, Кӯлоб, Ҳоит ва ғайра захираҳои калони ашё доранд. Волластонит Волластонит дар Қаромазори Ғарбӣ (кони Чанғалак), дар мавзеи шафати гранодиоритҳо бо оҳаксанги мармаршудаи палеозой вомехӯрад. Гили керамзитӣ ва аглопорит Гилҳо ва гилҳои реголудро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоте, ки хосияти хуби гарминигоҳдорӣ дорад (керамзит ва аглопорит), истифода кардан мумкин аст. Зуҳуроти ин ашё дар мамлакат фаровон аст. Конҳои Тешуқтош, Гулписта ва ғайра захираи калони ин навъҳои гилро доранд, ки барои ташкили саноати истеҳсоли керамзитҳо ва аглопоритҳо кофӣ мебошанд. Гилҳои оташпазӣ Гилҳои оташпазӣ дар болооби дарё пайдо шудаанд. Дар байни конҳои ангиштсанг мавҷуданд. Конро бо усули кушода, бо истихроҷи ҳамзамони ангишт ва гилҳои оташтобовар коркард кардан мумкин аст. Маводди оҳак Маводди оҳак барои истеҳсоли оҳак истифода мешавад ва маъмулан аз ҷинсҳои оҳаксанг ва доломит иборат аст. Барои ин оҳаксангҳо ва доломитҳои давраи бӯру палеоген, ки ҳангоми дар зери ҳарорати баланд (то 1 200 °С) тафсонидан оҳаки баландсифат ҳосил мекунанд, ҷавобгӯ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ бисёр конҳои ин мавод (Араб, Исфара, Ғузн, Табакчӣ, Работ, Гулписта ва ғайра) кашф шудаанд. Маводди регу суфтапора Регҳо, суфтапораҳо (гравий) дар маҷрои дарёҳо, суфаҳои болои маҷро, мавзеи хуруҷи селҳо дар маҷмуъ захираҳои асосии маводди регу суфтапораро ташкил медиҳанд. Ин мавод асосан барои истеҳсоли бетон истифода мешавад. 90% бетон маводди регу суфтапора мебошад. Конҳои онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон (аз ҷумла, Панҷакент, Ҳайробод, Дардар, Пахтакор, Ширкент, Кӯлоб, Қамар, Сучон ва ғайра) паҳн шудаанд. Перлит Перлит як навъи шишаи вулканӣ (обсидиан) аст. Дар кӯҳҳои Қаромазор (кони Тошкескан) ошкор шудааст. Ба сифати масолеҳи бинокорӣ васеъ истифода мешавад. Регу сангреза Регу сангреза дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Онҳо асосан дар майдончаҳои дарёҳо маҳдуданд. Регҳои кварсӣ Регҳои кварсӣ барои истеҳсоли шишаи хоҷагӣ истифода мешаванд. Кони асосии онҳо дар ноҳияи Спитамен, дар Тоҷикистони Шимолӣ (кони Қӯрғончӣ) воқеъ аст, ки захираи саноатии зиёда аз 50 миллион тонна ашёро дорад. Регҳои сохтмонӣ Регҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи масолеҳи маъмули сохтмонӣ мебошанд. Конҳои регҳои хушсифат то ҳол танҳо дар минтақаҳои Исфара (конҳои Араб, Зумрадшоҳ, Шӯроб), Ҷаббор Расулов (суфаҳои Сирдарё), Панҷакент (кони Чорбоғ) ва Помир ёфт шудаанд. Захираҳои регҳои сохтмонӣ маъмулан дар таркиби таҳшинҳои давраи неоген ва чаҳорум мавҷуданд. Сангҳои сохтмонӣ Сангҳои сохтмонӣ аз ҷинсҳои таҳшинию тафтавӣ ва метаморфӣ: оҳаксанг, доломитҳо, регсангҳо, гранитҳо, гранодиоритҳо, диоритҳо, порфирҳо, порфиритҳо, диабазҳо, мармар, гнейсҳо ва ғайра иборатанд. Дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд. Конҳои маъмули Бекобод, Ленинобод, Вахш, Чашма, Кондара, ки дар маҷмӯъ қариб 100 миллион метри мукааб захираҳои категорияи саноатӣ доранд, зарфияти асосии захираҳои ин сангҳоро ташкил медиҳанд. Сангҳои сохтмонӣ барои сохтмони биноҳо ва иншоот, ҳамчунин истеҳкоми соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ, нишебиҳои шафати роҳҳо ва ғайра истифода мешаванд. Гурӯҳи обҳои зеризаминӣ: ошомиданӣ, техникӣ, минералӣ, шифоӣ, гарм, намакобҳо. Обҳои зеризаминӣ Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обҳои зеризаминӣ мебошад, ки аксари онҳо барои истихроҷ дастрас буда, барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ, таъминоти оби аҳолӣ, обёрии заминҳо ва чарогоҳҳо мувофиқанд. Ҳаҷм ва хусусиятҳои ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ, сифат, умқи ҷойгиршавӣ ва сатҳи омӯзиши онҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ – минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳамвори мамлакат фарқ мекунад. Дар манотиқи кӯҳистон, ки аз маҷмааи ҷинсҳои яхлухти тафтавӣ ва метаморфӣ иборатанд, обҳои зеризаминӣ асосан аз ҳисоби боришот ташаккул меёбанд. Дар минтақаҳо чашмаҳои обашон ошомиданӣ фаровонанд. Реҷаи обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо дар манотиқи кӯҳистон ба омилҳои иқлимӣ бисёр вобаста аст ва дар мавсими баҳору тобистон хуруҷ ва тирамоҳ коҳиш меёбад. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Курама ва Қаромазор, Ҳисор ва Дарвоз, ки аз маҷмӯи ҷинсҳои давраҳои мезозой ва кайнозой аз гилҳо, регсангҳо, конгломератҳо, оҳаксангҳо ва гачҳо иборатанд, чашмаҳо аҳён ташаккул ёфта, дар аксар ҳолат шӯранд. Чашмаи Чилучорчашма (ноҳияи Шаҳритус) оби шаффофи мӯътадил (+17 °C) дорад. Ташаккули обҳои зеризаминӣ дар заминҳои обёришаванда хусусияти худро дорад, зеро онҳо аз ҳисоби ворид шудани оби тозаи рӯизаминӣ аз ҳавзаи дарёҳо, шабакаи васеи обёрӣ пайдо мешаванд. Ҳиссаи онҳо дар ташаккули обҳои зеризаминӣ то 90%-ро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти (нишондиҳандаи) самаранокии аксари шабакаҳои обёрии ҷумҳурӣ аз садди 0,4 баланд нест, яъне ҳаҷми зиёдаи обҳои рӯизаминӣ, ки барои обёрӣ истифода мешаванд, ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ мешавад. Сатҳи обҳои зеризаминии минтақаҳои обёришаванда дар давоми сол ба тағйири мавсимӣ вобаста аст. Обҳои минералӣ Дар Тоҷикистон обҳои минералӣ фаровон буда, зиёда аз 220 чашмаи он ошкор шудааст. Обҳои минералии мамлакат вобаста ба таркиби ионҳои дар он ҳалшуда ба гурӯҳҳои зер тақсим мешаванд: карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, йоду бромӣ, силитсийдор, радондор ва ғайра. Аз рӯи таркиби газҳо обҳои минералӣ ба обҳои деоксиди карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, нитрогенӣ ва метан, тибқи ҳарорат ба обҳои сард, мӯътадил, гарм ва сӯзон тақсим мешаванд. Обҳои минералии чашмаҳои гарми (термалии) Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, чашмаҳои карбонатии (нарзании) Хоҷасангхок (Зиддӣ), Анзоб, Навобод, Сист, Чартигумбез, Лангар, чашмаҳои кибритию ҳидрогении Хоҷчилдиёр, Хуҷӣ, Тошбулоқ, Пушин, чашмаи йоду бромдори Хоҷаякон ва чашмаҳои шӯри Минбатман, Ҷигарсӯхта, Шар-Шар ва ғайра дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъмулу машҳуранд. Обҳои минералӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар 7 ҳавзаи артезианӣ, ки қисми онҳо фаромарзианд, ҷойгиранд: ҳавзаи Душанбе, ҳавзаи Кофарниҳон, ҳавзаи Вахш, ҳавзаи Кӯлоб, ҳавзаи Фарғона, ҳавзаи Зарафшон ва ҳавзаи Сурхондарё. Дар Тоҷикистони Шимолӣ обҳои сарди радондор паҳн шудаанд, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ чашмаҳои обҳои гарми силитсийдор ва обҳои сарди карбонатӣ фаровонанд. Дар ноҳияи ҷавони геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ обҳои гарми кибритию ҳидрогенӣ, йоду бромдор ва шӯр паҳн шудаанд. Дар заминаи чашмаҳои гарм ва маъдании Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ осоишгоҳҳо ва дармонгоҳҳо бунёд шудаанд. Мавзеи Хоҷаобигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар баландии 1 700–1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қариб 40 чашмаро дар бар мегирад. Чашмаҳои Обигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, қариб 20 манбаи оби гарми маъданиро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон чандин чашмаҳои обҳои минералӣ дар ҷараёни корҳои пармакунии нафту газ, ки қабатҳои жарфи заминро мекушоданд, кашф карда шуданд. Масалан, обҳои шифобахши Қизилтумшуқ ва Ҳавотоғ, ки аз қабатҳои оҳаксанг ва регсангҳои замони ордовик ва палеоген ба боло хуруҷ мекунанд. Дар шаҳри Ваҳдат обҳои минералии кибриту гидрогении Андигон бо ҳарорати +54 °С, обҳои гарми Явроз бо ҳарорати аз +26 °С то +42 °С маъмуланд. Намакобҳо Дар Тоҷикистон манбаи обҳое кашф шудаанд, ки миқдори намакҳои гуногун дар онҳо зиёд аст. Дар адабиёти тахассусӣ чунин обҳоро рапа меноманд. Рапаҳо маъмулан дар толобҳои маҳдуд, амсоли канораҳои баҳр (лагуна) ё кӯлҳо ба вуҷуд меоянд. Рапаҳои Тоҷикистон се гурӯҳи маъмули он – карбонатӣ, сулфатӣ ва хлоридиро намояндагӣ мекунанд. Дар мамлакат онҳо асосан дар мавзеъҳои рушди гумбазҳои намак ва ҷинсҳои намакдор, баъзан дар кӯлҳои тунукоб ташаккул ёфтаанд. Дар чунин шароит аксаран дар қаъри онҳо қабати лойҳо ба вуҷуд меояд, ки хусусиятҳои ҷолиб доранд. Масалан, кӯли Оқсукон дар ноҳияи Ашт, кӯли Советӣ дар ноҳияи Данғара. Дар водии Вахш аз қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии давраи бӯр, намакобҳои йоду бромдор маълум мешаванд, ки аз онҳо йод ва бромро ба миқдори саноатӣ фаро кашидан имконпазир аст. Ғайр аз он, дар намакобҳо рух, стронсий, молибден, сезий, рубидий ва калий мавҷуданд, ки аҳамияти саноатӣ доранд. Дар лойқаҳои қаъри Сасиқкӯл миқдори баланди сурбу рух, нуқра, унсурҳои нодирзамин ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Чунин унсурҳо дар таркиби оби онҳо ҳам ҳаст. Аз ин лиҳоз, об ва намакоби Сасиқкӯл барои истихроҷи чандин ашёи маъданӣ муносибанд. Заминаи моддаҳои минералии Тоҷикистон барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт ҷавобгӯ аст. Тоҷикистон аз бисёр сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, бор, намаксанг, нуқра, сурмаву симоб, ангишт, полиметаллҳо, флюорит, масолеҳи бинокорӣ, обҳои маъданӣ ва гарм ва ғайра дар ҳаҷми кофӣ таъмин аст. Дар баробари ин, захираҳои баъзе намудҳои ашёи минералӣ, ки дар замони муосир ниёзи дохилӣ ва берунӣ ба онҳо зиёд аст, дар мамлакат нокифояанд (торӣ ва уран, волфрам, оҳан, тило, унсурҳои нодирзамин, бентонит, фосфорит ва ғайра) ё ки то ҳол дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудаанд (намакҳои калий, каолин, нафту газ ва ғайра). Ҳоло саноати кӯҳии Тоҷикистон барои ташаккул ва рушди соҳа заминаи зарурии маъданӣ дорад. Корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар умум коркарди аввалияи онро ба роҳ мондаанд, силсилаи комили коркарди маъдан танҳо дар корхонаҳои коркарди маъдани тило ва сурмадор ба роҳ монда шудааст, ки ин мақсадҳои стратегии Тоҷикистонро ба таври комил қаноатманд карда наметавонад. Истифодаи маъданҳои Тоҷикистон бояд самаранок ба роҳ монда шуда, барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт равона карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии рушди босуръати саноатикунониро пеш гирифтааст, ки он бе заминаи муносиб ва кофии моддӣ – ашёи минералӣ ғайримумкин аст. Кашфу таҳқиқ, ҳисоби захираҳо ва арзёбии дурнамои зуҳуроти сарватҳои табиӣ тақвияти корҳои геологиро иқтизо дорад. Илм ва амалияи геологияи кишвар бояд пеш аз ҳама конҳои намаки калий, бентонит, фосфорит, унсурҳои нодирзаминиро кашф карда, захираҳои нафту газ, торӣ ва уран, оҳан, тило ва дигар ашёро тақвият бахшанд. Заминаи ғании сарватҳои табиӣ самти иқтисодиёт ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин хоҳад кард. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 68–72.

0

Фосфоритҳо

Фосфоритҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд, вале сифати миёнаю паст ва захираи кам доранд. Онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар дохили регсангҳо, гилсангҳо ва оҳаксангҳои палеоген қарор доранд. Фосфоритҳо ба қабатҳои давраи палеоген мутааллиқанд. Зуҳуроти онҳо бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор шудааст. Дар кони Зидеҳ (болооби дарёи Варзоб) фосфоритҳо танҳо дар қабати оҳаксангҳо ва гипсангҳои палеоген ошкор шудаанд. Чор қабати фосфорит дар минтақаи кон тақрибан 10 миллион тонна захира доранд. Силсилаи зуҳуроти дигар — Қаротоғ (шаҳри Ҳисор) ва Исфара — паҳнои камтар дошта, захираҳои умумии онҳо ба 35 миллион тонна мерасанд. Ҷинсҳои карбонатӣ Ҷинсҳои карбонатӣ — оҳаксанг, мармар, доломит дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Ин намуди ашё бештар бо таҳшинҳои силур, девон, карбон, мели боло ва палеоген муаррифӣ шудааст. Оҳаксанг ва доломит, ки ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё истифода мешаванд, зуҳуроти бисёр доранд ва махзани асосии ашёи карбонатӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар қисми Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ конҳои Араб, Ворух, Исфара ва дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Пусхур, Ёвон, Чинор ва ғайра ҷойгиранд. Кони Пусхур қабати оҳаксанги давраи палеогенро бо ғафсии миёнаи 80 метр дар бар мегирад. Оҳаксанг дар айни замон ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли содаи калсий, карбиди калсий ва хипохлорит, ҳамчунин дар истеҳсоли семент низ васеъ истифода мешавад. Доломитҳои кони Ёвон, ки дар миёни қабатҳои оҳаксанги палеоген ҷойгир шудаанд, наздики 20% оксиди магний, 0,3% оксидҳои оҳану алюминий доранд. Ашёи техникӣ (асбест, графит, кварс, абрақҳо, талк ва ғайра) Асбест Конҳои асбест асосан дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Дар қисми Дарвози Ҷанубӣ, водии Ванҷ зуҳуроти ҷинсҳои серпентинизатсияшуда ва базитии давраи палеозойи миёна ошкор шудаанд, ки то 6% асбест доранд. Дар болооби ҳавзаи дарёи Муғсу (ноҳияи Лахш) конҳои Сасиқтеппа ва Баландкиик мавҷуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 67–68.

0