Обанбори Норак
Обанбори Норак дар дарёи Вахш, дар мавзеи Пули Сангин сохта шудааст. Сарбанди он дар ҷаҳон баландтарин буда, баландиаш 300 метр аст. Ҳаҷми обаш 10,5 миллиард метри мукааб, сатҳи он ба 98 километри мураббаъ баробар аст. Дарозии обанбор 70 километр, умқи миёнаи он 107 метр аст. Барои бо оби обанбор обшор гардидани дашти Данғара нақби Данғара бунёд карда шудааст.
Ғайр аз обанбори Норак, дар дарёи Вахш боз бунёди 5 обанбор пешбинӣ шудааст. Калонтарини онҳо обанбори Роғун (13 миллиард метри мукааб) хоҳад буд. Дар дарёи Панҷ сохтани чор обанбор пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии ғунҷоиши об дар онҳо ба 62 миллиард метри мукааб хоҳад расид.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 85.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




