Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Гунбади намаки Хоҷамуъмин

Гунбади намаки Хоҷамуъмин, кӯҳи азими намаки холис, ки бештар ҳамчун кӯҳи намак ё тали намак маълум аст, дар ҷануби кишвар, дар ноҳияи Восеъ, 20 километр ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Гунбади намаки Хоҷамуъмин аз баландии зиёда аз 600 метр намудор буда, шаклаш шабеҳи тоскулоҳи азимест, ки қуллаи он нисбат ба атрофаш 880 метр баландтар аст.

Гунбади намак байзашакл буда, дарозии кӯндалангаш аз 8 километр зиёдтар аст. Хоҷамуъмин якҷоя бо тали намаки Хоҷасартез, ки начандон дур мавқеъ гирифтааст, на танҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон низ ба шумори диапирҳои бузургтарин дохил мешаванд.

Шаклҳои зеризаминии релйефи карстии Хоҷамуъмин гуногунанд. Оби борон дар сатҳи гунбад ҷорӣ гашта, аввал дар қифҳои карстӣ ҷамъ мешавад, сипас ба даруни анбӯҳи намак медарояд. Дар дохили қабати намак роҳи тӯлониро тай намуда, боз дар доманаи гунбад пайдо мегардад. Ҳатто дар тафсонтарин рӯзҳои тобистон баъзе чашмаҳои намак хушк намешаванд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 150 чунин чашмаҳои намак ба қайд гирифта шудаанд.

Фаровонии ғорҳои намакӣ дар гунбади Хоҷамуъмин алҳол ба таври дақиқ ҳисоб карда нашудааст. Намаки Хоҷамуъмин тоза ва дорои микроунсурҳои барои андомгони инсон зарурӣ мебошад.

Ёдгории табиии Чилдухтарон

Дар доманаи силсилакӯҳи Дарвоз, ки дар остонаи манзумаи кӯҳии Помир ҷойгир аст, ҳарсангҳои машҳури Чилдухтарон воқеанд. Таҳнишастҳои сурхранги давраи неогени кайнозой фазои васеъро дар ҳавзаҳои дарёҳои Обихингоб ва Ёхсу ташкил додаанд. Таркиби ҷинсҳо ба ҳам монанд аст — регсангҳо бо қабатҳои аҳён-аҳён гил ва конгломератҳои ғафс бо ҳарсангҳои қирадор. Ғафсии ҷинсҳои неогенӣ то 6–6,5 километр мерасад.

Чилдухтарон мавзеи ягонае нест, ки дар он ҷо табиати худкор бо неруи муъҷизакораш аз ҷинсҳои давраи неоген релйефи ғайриодиву хотирмон офаридааст. Қалъаи Тамара, ки онро неруҳои табиат дар соҳили дарёи Обихингоб, дар наздикии деҳаи Тавилдара бунёд кардаанд, аз ҷиҳати ҳаҷм муҳташамтар аст. Қаторхарсангҳои сурхранг ва харобазорҳои шаҳрҳо ва қалъаҳоро дар обтақсимкунаки силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, чӣ аз тарафи дарёи Ёхсу ва чӣ аз канораи рости бо он ҳамҷавори водии Обиравон низ вохӯрдан мумкин аст.

Яке аз номҳои шохоби дарёи Ёхсу — Дандоншикан ифодаи хеле дақиқи релйефи неогении ин ноҳия мебошад. Ҳар қабати неоген симои худро дорад. Конгломератҳои неоген, ки бо регсангҳои оҳакӣ ва гилҳо иваз мешаванд, зери таъсири боду борон намуди юртаҳои сангии нӯгтезро мегиранд. Маҷмӯи ин гуна иншооти афсонаиро бо лабиринтҳо (гузаргоҳҳои мушкилгузар)-и танги кӯчаҳои рахнамонандаш аз дур ҳамчун шаҳри будоии вайроншуда қабул кардан мумкин аст.

Х. Муҳаббатов, А. Ниёзов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 140–141.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.