Графит
Графит дар як қатор минтақаҳои Помир, силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Қаротегин дар байни варақсангҳои кристаллии палеозой ошкор шудааст. Дар конҳои Сангикар (Рашт), Зардӣ (Варзоб) ва Бодомдара (Ишкошим) захираи ками графит маълум аст.
Кварс
Кварсҳое, ки барои истеҳсоли шиша мувофиқанд, дар кӯҳҳои Қаромазор дар шакли рагҳо дар миёни гранитҳо, дар ҳавзаи дарёи Варзоб (мавзеи дарёи Такоб, Деҳмалик), дар миёни регсангҳои сурхи давраи бӯр ҷойгиранд. Реги кварсии кони Қӯрғонча (ноҳияи Ҷаббор Расулов) пас аз ғанисозӣ барои истеҳсоли шишаи тиреза ва маҳсулоти оптикӣ мувофиқ аст.
Абрақҳо (слюдаҳо)
Конҳои абрақҳо бештар дар Помири Ғарбӣ вомехӯранд. Конҳои Лоҷварддара ва Абхарв, ки дар миёни қабатҳои қадимтарини Тоҷикистон – гнейсу гранитҳои замони архей ҷойгиранд, аз пайҳои ғафсии 2,5–4-метраи ба 45–50 метр тӯлкашида иборатанд. Таркиби абрақҳоро асосан флогопит ташкил медиҳад. Флогопит дар кони Лоҷварддара ҳаҷми аз 8 то 75 килограмм дар 1 метри мураббаъро ишғол мекунад, дар кони Абхарв флогопит дар дохили линзаҳои андозаашон 5 ба 25 метр, ғафсиашон то 4,5 метр, дар шакли кристаллҳои бузургиашон то 10 ба 16 сантиметр қарор дорад.
Талк
Минерал аз синфи силикатҳои варақӣ. Дар Тоҷикистон зуҳуроти талк чандон зиёд набуда, асосан дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Мулвоч, Кӯҳи Лаъл, Ғорондара) дар миёни мармарҳо ва гнейсҳои кристаллии замони архей-протерозой ҷойгиранд. Талк, маъмулан, зуҳуроти алоҳидаро ташкил накарда, ҳамчун минерали ҳамсафар дар кон ё зуҳуроти дигар маъданҳо, ба амсоли лаъл, вомехӯрад. Зуҳурот ба ҷуз аз талк, инчунин энстатит ва форстерит дорад, ки дар саноати радиотехника истифода мешаванд. Форстеритро ҳамчун санги ҷавоҳиротӣ истифода кардан мумкин аст. Кони Мулвоч дар қатори талк, инчунин энстатит, тремолит, форстерит низ дорад. Кон дар радифи истихроҷи кони лаъли Кӯҳи Лаъл омӯхта шуда, захираҳои геологии талк дар ҳаҷми як миллион тонна арзёбӣ шудаанд. Дар Кӯҳи Лаъл талк минерали ҳамсафари энстатит, форстерит, лаъл ва магнезит мебошад ва дар дохили пайҳои пегматитӣ ҷойгир аст. Захираи умумии геологии талк дар ҳудуди 0,4 миллион тонна ҳисоб шудааст.
9. Ашёи аз ҷиҳати кимиёвӣ тоза ва оптикӣ: булӯр, гачи шаффоф, флюорити оптикӣ, шпати исландӣ.
Булӯр
Булӯр як намуди кварси шаффоф аст. Зуҳуроти булӯр асосан дар ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (сароби водии Ванҷ, ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Ванҷ, Язгулом ва Шоҳдара, силсилакӯҳи Музқӯл ва ғайра), ҳамчунин дар ҳудуди силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб) ҷойгир шуда, бо пайҳои гидротермалӣ, пегматитҳо ва скарнҳо, интрузияҳои гранитоидии фанерозой иртибот доранд. Булӯр бештар дар мавзеи шафати ҷинсҳои интрузивию граниттаркиб бо ҷинсҳои таркиби регсанг, оҳаксангдошта ташаккул ёфтааст. Дар баробари булӯр дар зуҳурот ҳамчунин минерали ҳамсафар — кварси булӯршакл вомехӯрад, ки онро дар саноати истеҳсоли чинӣ ва шишаи баландсифат истифода мебаранд. Булӯр дар соҳаҳои саноати ҳарбӣ, радиоэлектроника истифода мешавад.
Гачи шаффоф
Гачи шаффоф дар минтақаи Исфара захираи бисёр дорад. Ин минерал дар саноати оптика истифода бурда мешавад.
Флюорити оптикӣ
Флюорит дар сурати шакли кристаллҳои шаффоф доштан барои истеҳсоли системаҳои оптикии махсус, ки танҳо нурҳои ултрабунафш ва инфрасурхро мегузаронанд, васеъ истифода мешавад. Чунин навъи флюорит бо зуҳуроти воқеъ дар қисми ғарбии водии Зарафшон ва мавзеи Бозордараи Помири Марказӣ маълум аст. Навъҳои баландсифати флюорити шаффоф, ки дар кони Моғов (Тоҷикистони Марказӣ) вомехӯранд, барои истеҳсоли флюорити синтетикии оптикӣ мувофиқанд. Дар мавзеи Кӯли Калон (силсилакӯҳи Зарафшон) кони флюорити оптикӣ ҷой гирифтааст. Баъзе аз кристаллҳои он азим буда, то 200 килограмм вазн доранд.
Шпати исландӣ
Шпати исландӣ — як навъи шаффофи калсит мебошад. Он дар силсилакӯҳи Зарафшон (кӯлҳои Марғузор ва Кӯли Калон) пайдо шудааст. Кристаллҳои он дар байни рагҳои калсити ношаффоф мавҷуданд, ки маъмулан таркишҳои дохили оҳаксангҳои палеозойро пур мекунанд.
10. Ашёи маъданӣ-металлургӣ: астат, волфрам, гилҳои ба оташ тобовар, магнезит, молибден, стронсий, флюорит.
Астат
Дар Тоҷикистон конҳои астат дар Қаромазор ва силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор ҷойгиранд (конҳои Такели, Мосариф, Сармат, Панчхок, Обисорбух ва ғайра). Манбаи асосии астат арсенопирит ва леллингит мебошад. Маъданҳо дар баробари астат ҳамчунин сурма, симоб, сурб, рух ва мис доранд.
Волфрам
Ҳоло дар Тоҷикистон захираҳои ками волфрам ошкор карда шудаанд. Зуҳуроти он дар Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Волфрам дар маъданҳо табиати скарн ва қисман гидротермалиро дорад. Конҳои то нимаи асри 20 кашфшуда — Чоруқдарон, Майҳура, Чилав, Такфон, Сармат, Пете — Репефт, Рарз ва ғайра захираҳои кам дошта, қисми онҳо пурра (Майҳура, Чилав, Чоруқдарон) истихроҷ шудаанд. Дар баробари волфрам дар маъданҳо ҳамчунин қалъагӣ, рух, мис, кадмий, молибден, индий вомехӯрад. Дар Помири Ғарбӣ кони маҷмаавии Икар воқеъ аст, ки дурнамои хуб дорад.
Гилҳои ба оташ тобовар
Гилҳои ба оташ тобовар дар дохили конҳои ангишти давраи юраи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор — Зидди (Варзоб), Тошқутан (шаҳри Турсунзода) ва Шӯроб (шаҳри Исфара) мавқеъ гирифтаанд. Ин навъи гилҳо дар металлургия, саноати семент барои истеҳсоли хиштҳои оташпазӣ — шамот истифода мешаванд.
Магнезит
Магнезит дар ҳавзаи дарёи Варзоб (кони Харангон) ва минтақаи Ванҷ (кони Бунай), ҳамчунин дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ дар миёни ҷинсҳои палеозой ошкор шудааст. Магнезит барои истеҳсоли хиштҳои ба ҳарорати баланд тобовар (хиштҳои шамотӣ) васеъ истифода мешавад.
Молибден
Захираҳои молибден дар Тоҷикистони Шимолӣ (Янгикони Ҷанубӣ) ва қисми ғарбии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд. Янгикони Ҷанубӣ дар дохили маҷмааи ҷинсҳои вулканию интрузивии анҷоми палеозой ҷойгир буда, паҳноии зиёд дорад. Дар таркиби маъдан ҳамчунин мис, қӯрғошим, висмут, селен, теллур ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Ҳоло бино бар набудани талабот, дар Янгикони Ҷанубӣ корҳои истихроҷ боздошта шудаанд. Дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ якчанд зуҳуроти молибден дар водии Ванҷ, болооби водии Язгулом, Хуф, дараи Бартанг ошкор карда шудаанд. Сатҳи омӯзиши геологияи зуҳуроти молибден паст аст.
Стронсий
Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Гулисой, Чилтош ва ғайра захираҳои миёнаи стронсий доранд. Маъдани стронсий дар натиҷаи таъсири обҳои гарми давраи мезозой ва кайнозой, ки тавассути ҳарорати нисбатан баланд ба ҷинсҳои кӯҳии мавҷуд таъсир расонида, аз таркиби онҳо ин унсурро фаро кашидаанд, пайдо шудааст.
Флогопит
Флогопит дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Лоҷварддара ва Абхарв) ёфт шудааст. Флогопити Лоҷварддара баландсифат буда, дар скарнҳои бо гнейсҳои қадимтарини токембрий ҳамшафат ҷойгир аст.
Флюорит
Флюорит асосан дар се ноҳияи геологии кишвар — Тоҷикистони Шимолӣ (Кони Мансур, Навгарзан ва ғайра), Марказӣ (Такоб, Кондара, Калтуч, Ромит, Теппаҳои сурх ва ғайра) ва Ҷанубу Шарқӣ (Оқҷилға, Дункелдик ва ғайра) воқеъ аст. Қисми асосии конҳои флюорит дар шакли рагу пайҳо дар миёни гранитҳо, вулканитҳо ва варақсангҳои палеозой, ҳамчунин вулканитҳои ҷавонтарин (воқеъ дар Помири Шарқӣ) қарор доранд. Миқдори флюорит дар маъданҳои конҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 25–55% баробар аст. Захираҳои асосии флюорит дар конҳои Тоҷикистони Шимолӣ мавҷуд буда, ба тавозуни давлатӣ ворид карда шудаанд. Захираҳои флюорити конҳои Тоҷикистони Марказӣ қариб комилан истихроҷ карда шудаанд. Флюорити конҳои Навгарзан, Конкутан (Тоҷикистони Шимолӣ), Кондара ва Бегар (Тоҷикистони Марказӣ) қаблан истихроҷ карда мешуданд. Флюорит дар саноати вазнин барои паст кардани ҳарорати гудозиши маъданҳо дар кӯраҳои филиззгудозӣ истифода мешавад. Онро дар баробари маъдан, масалан, маъдани оҳан, ба кӯраи гудозиш омехта мекунанд ва ин на танҳо ҳарорати гудозиши маъданро ба таври назаррас поин мекунад, балки ғализии гудохтаро меафзояд, ки ин ду омил дар саноати металлургия хеле муҳим буда, арзиши аслии маҳсулоти ниҳоиро коҳиш медиҳанд. Аз ин сабаб, минерали флюорит бо номи шпати гудозанда низ маъруф аст.
11. Масолеҳи бинокорӣ: семент, хишт, волластонит, гили керамзит ва аглопорит, гилҳои оташпазӣ, маводди оҳак, регу суфтапора, перлит, регу сангреза, регҳои кварсӣ ва бинокорӣ, сангҳои сохтмонӣ ва ғайра
Дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои қариб беохири ашёи гуногуни бинокорӣ мавҷуданд. Ҳоло садҳо кону зуҳуроти тақрибан 20 намуди ин ашё кашф шудаанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар ҷойгиранд ва танҳо аз рӯи намуд ва захираҳо фарқ доранд.
Семент
Ашё барои истеҳсоли семент аз оҳаксанг (75–80%), гилсанг (20–25%), гач (то 5%), ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо пайвастаҳои оҳан (то 1%) иборат аст. Оҳаксангҳои ҳамаи давраҳои рифей-фанерозой (то палеоген) барои истеҳсоли семент муносибанд. Дар заминаи конҳои оҳаксанги Харангон, Варзоб, Ёвон, Данғара, Шаҳритус саноати сементи ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Конҳои гилсангҳо ба қабатҳои давраҳои бӯр, палеоген ва квартер мутааллиқ буда, дар мавзеъҳои маҷмӯаҳои давраи мезозой ва кайнозой ҷойгиранд. Гачи бинокорӣ дар қабатҳои давраҳои табоширу бӯр, палеоген вомехӯрад. Аз миёни онҳо конҳои Араб, Исфара, Шаршар, Хоҷасартез калонтарин буда, дар саноати семент мавриди истифодаи васеъ қарор доранд.
Хишт
Барои истеҳсоли хишт навъҳои гил, лёссҳо (зардхоки нарм) ва гилҳои реголуд, ки маъмулан дар миёни қабатҳои давраҳои мезозой ва кайнозой вомехӯранд, истифода мешаванд. Ҳоло даҳҳо корхонаҳои хиштпазии мамлакат аз ашёи лёссу гилҳои реголуди квартер, ки ғафсияшон то 60–80 метр мебошад, истифода мекунанд. Конҳои маъмултарини Зебон, Душанбе, Табакчӣ, Регар, Навобод, Қизилсой, Ӯротеппа, Хонобод, Кӯлоб, Ҳоит ва ғайра захираҳои калони ашё доранд.
Волластонит
Волластонит дар Қаромазори Ғарбӣ (кони Чанғалак), дар мавзеи шафати гранодиоритҳо бо оҳаксанги мармаршудаи палеозой вомехӯрад.
Гили керамзитӣ ва аглопорит
Гилҳо ва гилҳои реголудро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоте, ки хосияти хуби гарминигоҳдорӣ дорад (керамзит ва аглопорит), истифода кардан мумкин аст. Зуҳуроти ин ашё дар мамлакат фаровон аст. Конҳои Тешуқтош, Гулписта ва ғайра захираи калони ин навъҳои гилро доранд, ки барои ташкили саноати истеҳсоли керамзитҳо ва аглопоритҳо кофӣ мебошанд.
Гилҳои оташпазӣ
Гилҳои оташпазӣ дар болооби дарё пайдо шудаанд. Дар байни конҳои ангиштсанг мавҷуданд. Конро бо усули кушода, бо истихроҷи ҳамзамони ангишт ва гилҳои оташтобовар коркард кардан мумкин аст.
Маводди оҳак
Маводди оҳак барои истеҳсоли оҳак истифода мешавад ва маъмулан аз ҷинсҳои оҳаксанг ва доломит иборат аст. Барои ин оҳаксангҳо ва доломитҳои давраи бӯру палеоген, ки ҳангоми дар зери ҳарорати баланд (то 1 200 °С) тафсонидан оҳаки баландсифат ҳосил мекунанд, ҷавобгӯ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ бисёр конҳои ин мавод (Араб, Исфара, Ғузн, Табакчӣ, Работ, Гулписта ва ғайра) кашф шудаанд.
Маводди регу суфтапора
Регҳо, суфтапораҳо (гравий) дар маҷрои дарёҳо, суфаҳои болои маҷро, мавзеи хуруҷи селҳо дар маҷмуъ захираҳои асосии маводди регу суфтапораро ташкил медиҳанд. Ин мавод асосан барои истеҳсоли бетон истифода мешавад. 90% бетон маводди регу суфтапора мебошад. Конҳои онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон (аз ҷумла, Панҷакент, Ҳайробод, Дардар, Пахтакор, Ширкент, Кӯлоб, Қамар, Сучон ва ғайра) паҳн шудаанд.
Перлит
Перлит як навъи шишаи вулканӣ (обсидиан) аст. Дар кӯҳҳои Қаромазор (кони Тошкескан) ошкор шудааст. Ба сифати масолеҳи бинокорӣ васеъ истифода мешавад.
Регу сангреза
Регу сангреза дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Онҳо асосан дар майдончаҳои дарёҳо маҳдуданд.
Регҳои кварсӣ
Регҳои кварсӣ барои истеҳсоли шишаи хоҷагӣ истифода мешаванд. Кони асосии онҳо дар ноҳияи Спитамен, дар Тоҷикистони Шимолӣ (кони Қӯрғончӣ) воқеъ аст, ки захираи саноатии зиёда аз 50 миллион тонна ашёро дорад.
Регҳои сохтмонӣ
Регҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи масолеҳи маъмули сохтмонӣ мебошанд. Конҳои регҳои хушсифат то ҳол танҳо дар минтақаҳои Исфара (конҳои Араб, Зумрадшоҳ, Шӯроб), Ҷаббор Расулов (суфаҳои Сирдарё), Панҷакент (кони Чорбоғ) ва Помир ёфт шудаанд. Захираҳои регҳои сохтмонӣ маъмулан дар таркиби таҳшинҳои давраи неоген ва чаҳорум мавҷуданд.
Сангҳои сохтмонӣ
Сангҳои сохтмонӣ аз ҷинсҳои таҳшинию тафтавӣ ва метаморфӣ: оҳаксанг, доломитҳо, регсангҳо, гранитҳо, гранодиоритҳо, диоритҳо, порфирҳо, порфиритҳо, диабазҳо, мармар, гнейсҳо ва ғайра иборатанд. Дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд. Конҳои маъмули Бекобод, Ленинобод, Вахш, Чашма, Кондара, ки дар маҷмӯъ қариб 100 миллион метри мукааб захираҳои категорияи саноатӣ доранд, зарфияти асосии захираҳои ин сангҳоро ташкил медиҳанд. Сангҳои сохтмонӣ барои сохтмони биноҳо ва иншоот, ҳамчунин истеҳкоми соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ, нишебиҳои шафати роҳҳо ва ғайра истифода мешаванд.
12. Гурӯҳи обҳои зеризаминӣ: ошомиданӣ, техникӣ, минералӣ, шифоӣ, гарм, намакобҳо.
Обҳои зеризаминӣ
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обҳои зеризаминӣ мебошад, ки аксари онҳо барои истихроҷ дастрас буда, барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ, таъминоти оби аҳолӣ, обёрии заминҳо ва чарогоҳҳо мувофиқанд. Ҳаҷм ва хусусиятҳои ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ, сифат, умқи ҷойгиршавӣ ва сатҳи омӯзиши онҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ – минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳамвори мамлакат фарқ мекунад. Дар манотиқи кӯҳистон, ки аз маҷмааи ҷинсҳои яхлухти тафтавӣ ва метаморфӣ иборатанд, обҳои зеризаминӣ асосан аз ҳисоби боришот ташаккул меёбанд. Дар минтақаҳо чашмаҳои обашон ошомиданӣ фаровонанд. Реҷаи обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо дар манотиқи кӯҳистон ба омилҳои иқлимӣ бисёр вобаста аст ва дар мавсими баҳору тобистон хуруҷ ва тирамоҳ коҳиш меёбад. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Курама ва Қаромазор, Ҳисор ва Дарвоз, ки аз маҷмӯи ҷинсҳои давраҳои мезозой ва кайнозой аз гилҳо, регсангҳо, конгломератҳо, оҳаксангҳо ва гачҳо иборатанд, чашмаҳо аҳён ташаккул ёфта, дар аксар ҳолат шӯранд. Чашмаи Чилучорчашма (ноҳияи Шаҳритус) оби шаффофи мӯътадил (+17 °C) дорад.
Ташаккули обҳои зеризаминӣ дар заминҳои обёришаванда хусусияти худро дорад, зеро онҳо аз ҳисоби ворид шудани оби тозаи рӯизаминӣ аз ҳавзаи дарёҳо, шабакаи васеи обёрӣ пайдо мешаванд. Ҳиссаи онҳо дар ташаккули обҳои зеризаминӣ то 90%-ро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти (нишондиҳандаи) самаранокии аксари шабакаҳои обёрии ҷумҳурӣ аз садди 0,4 баланд нест, яъне ҳаҷми зиёдаи обҳои рӯизаминӣ, ки барои обёрӣ истифода мешаванд, ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ мешавад. Сатҳи обҳои зеризаминии минтақаҳои обёришаванда дар давоми сол ба тағйири мавсимӣ вобаста аст.
Обҳои минералӣ
Дар Тоҷикистон обҳои минералӣ фаровон буда, зиёда аз 220 чашмаи он ошкор шудааст. Обҳои минералии мамлакат вобаста ба таркиби ионҳои дар он ҳалшуда ба гурӯҳҳои зер тақсим мешаванд: карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, йоду бромӣ, силитсийдор, радондор ва ғайра. Аз рӯи таркиби газҳо обҳои минералӣ ба обҳои деоксиди карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, нитрогенӣ ва метан, тибқи ҳарорат ба обҳои сард, мӯътадил, гарм ва сӯзон тақсим мешаванд.
Обҳои минералии чашмаҳои гарми (термалии) Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, чашмаҳои карбонатии (нарзании) Хоҷасангхок (Зиддӣ), Анзоб, Навобод, Сист, Чартигумбез, Лангар, чашмаҳои кибритию ҳидрогении Хоҷчилдиёр, Хуҷӣ, Тошбулоқ, Пушин, чашмаи йоду бромдори Хоҷаякон ва чашмаҳои шӯри Минбатман, Ҷигарсӯхта, Шар-Шар ва ғайра дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъмулу машҳуранд.
Обҳои минералӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар 7 ҳавзаи артезианӣ, ки қисми онҳо фаромарзианд, ҷойгиранд: ҳавзаи Душанбе, ҳавзаи Кофарниҳон, ҳавзаи Вахш, ҳавзаи Кӯлоб, ҳавзаи Фарғона, ҳавзаи Зарафшон ва ҳавзаи Сурхондарё. Дар Тоҷикистони Шимолӣ обҳои сарди радондор паҳн шудаанд, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ чашмаҳои обҳои гарми силитсийдор ва обҳои сарди карбонатӣ фаровонанд.
Дар ноҳияи ҷавони геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ обҳои гарми кибритию ҳидрогенӣ, йоду бромдор ва шӯр паҳн шудаанд.
Дар заминаи чашмаҳои гарм ва маъдании Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ осоишгоҳҳо ва дармонгоҳҳо бунёд шудаанд. Мавзеи Хоҷаобигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар баландии 1 700–1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қариб 40 чашмаро дар бар мегирад.
Чашмаҳои Обигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, қариб 20 манбаи оби гарми маъданиро дар бар мегиранд.
Дар Тоҷикистон чандин чашмаҳои обҳои минералӣ дар ҷараёни корҳои пармакунии нафту газ, ки қабатҳои жарфи заминро мекушоданд, кашф карда шуданд. Масалан, обҳои шифобахши Қизилтумшуқ ва Ҳавотоғ, ки аз қабатҳои оҳаксанг ва регсангҳои замони ордовик ва палеоген ба боло хуруҷ мекунанд. Дар шаҳри Ваҳдат обҳои минералии кибриту гидрогении Андигон бо ҳарорати +54 °С, обҳои гарми Явроз бо ҳарорати аз +26 °С то +42 °С маъмуланд.
Намакобҳо
Дар Тоҷикистон манбаи обҳое кашф шудаанд, ки миқдори намакҳои гуногун дар онҳо зиёд аст. Дар адабиёти тахассусӣ чунин обҳоро рапа меноманд. Рапаҳо маъмулан дар толобҳои маҳдуд, амсоли канораҳои баҳр (лагуна) ё кӯлҳо ба вуҷуд меоянд. Рапаҳои Тоҷикистон се гурӯҳи маъмули он – карбонатӣ, сулфатӣ ва хлоридиро намояндагӣ мекунанд. Дар мамлакат онҳо асосан дар мавзеъҳои рушди гумбазҳои намак ва ҷинсҳои намакдор, баъзан дар кӯлҳои тунукоб ташаккул ёфтаанд. Дар чунин шароит аксаран дар қаъри онҳо қабати лойҳо ба вуҷуд меояд, ки хусусиятҳои ҷолиб доранд. Масалан, кӯли Оқсукон дар ноҳияи Ашт, кӯли Советӣ дар ноҳияи Данғара. Дар водии Вахш аз қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии давраи бӯр, намакобҳои йоду бромдор маълум мешаванд, ки аз онҳо йод ва бромро ба миқдори саноатӣ фаро кашидан имконпазир аст. Ғайр аз он, дар намакобҳо рух, стронсий, молибден, сезий, рубидий ва калий мавҷуданд, ки аҳамияти саноатӣ доранд.
Дар лойқаҳои қаъри Сасиқкӯл миқдори баланди сурбу рух, нуқра, унсурҳои нодирзамин ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Чунин унсурҳо дар таркиби оби онҳо ҳам ҳаст. Аз ин лиҳоз, об ва намакоби Сасиқкӯл барои истихроҷи чандин ашёи маъданӣ муносибанд.
Заминаи моддаҳои минералии Тоҷикистон барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт ҷавобгӯ аст. Тоҷикистон аз бисёр сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, бор, намаксанг, нуқра, сурмаву симоб, ангишт, полиметаллҳо, флюорит, масолеҳи бинокорӣ, обҳои маъданӣ ва гарм ва ғайра дар ҳаҷми кофӣ таъмин аст. Дар баробари ин, захираҳои баъзе намудҳои ашёи минералӣ, ки дар замони муосир ниёзи дохилӣ ва берунӣ ба онҳо зиёд аст, дар мамлакат нокифояанд (торӣ ва уран, волфрам, оҳан, тило, унсурҳои нодирзамин, бентонит, фосфорит ва ғайра) ё ки то ҳол дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудаанд (намакҳои калий, каолин, нафту газ ва ғайра).
Ҳоло саноати кӯҳии Тоҷикистон барои ташаккул ва рушди соҳа заминаи зарурии маъданӣ дорад. Корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар умум коркарди аввалияи онро ба роҳ мондаанд, силсилаи комили коркарди маъдан танҳо дар корхонаҳои коркарди маъдани тило ва сурмадор ба роҳ монда шудааст, ки ин мақсадҳои стратегии Тоҷикистонро ба таври комил қаноатманд карда наметавонад.
Истифодаи маъданҳои Тоҷикистон бояд самаранок ба роҳ монда шуда, барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт равона карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии рушди босуръати саноатикунониро пеш гирифтааст, ки он бе заминаи муносиб ва кофии моддӣ – ашёи минералӣ ғайримумкин аст. Кашфу таҳқиқ, ҳисоби захираҳо ва арзёбии дурнамои зуҳуроти сарватҳои табиӣ тақвияти корҳои геологиро иқтизо дорад. Илм ва амалияи геологияи кишвар бояд пеш аз ҳама конҳои намаки калий, бентонит, фосфорит, унсурҳои нодирзаминиро кашф карда, захираҳои нафту газ, торӣ ва уран, оҳан, тило ва дигар ашёро тақвият бахшанд. Заминаи ғании сарватҳои табиӣ самти иқтисодиёт ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин хоҳад кард.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 68–72.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




