Фосфоритҳо
Фосфоритҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд, вале сифати миёнаю паст ва захираи кам доранд. Онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар дохили регсангҳо, гилсангҳо ва оҳаксангҳои палеоген қарор доранд. Фосфоритҳо ба қабатҳои давраи палеоген мутааллиқанд. Зуҳуроти онҳо бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор шудааст. Дар кони Зидеҳ (болооби дарёи Варзоб) фосфоритҳо танҳо дар қабати оҳаксангҳо ва гипсангҳои палеоген ошкор шудаанд. Чор қабати фосфорит дар минтақаи кон тақрибан 10 миллион тонна захира доранд. Силсилаи зуҳуроти дигар — Қаротоғ (шаҳри Ҳисор) ва Исфара — паҳнои камтар дошта, захираҳои умумии онҳо ба 35 миллион тонна мерасанд.
Ҷинсҳои карбонатӣ
Ҷинсҳои карбонатӣ — оҳаксанг, мармар, доломит дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Ин намуди ашё бештар бо таҳшинҳои силур, девон, карбон, мели боло ва палеоген муаррифӣ шудааст. Оҳаксанг ва доломит, ки ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё истифода мешаванд, зуҳуроти бисёр доранд ва махзани асосии ашёи карбонатӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар қисми Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ конҳои Араб, Ворух, Исфара ва дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Пусхур, Ёвон, Чинор ва ғайра ҷойгиранд.
Кони Пусхур қабати оҳаксанги давраи палеогенро бо ғафсии миёнаи 80 метр дар бар мегирад. Оҳаксанг дар айни замон ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли содаи калсий, карбиди калсий ва хипохлорит, ҳамчунин дар истеҳсоли семент низ васеъ истифода мешавад. Доломитҳои кони Ёвон, ки дар миёни қабатҳои оҳаксанги палеоген ҷойгир шудаанд, наздики 20% оксиди магний, 0,3% оксидҳои оҳану алюминий доранд.
8. Ашёи техникӣ (асбест, графит, кварс, абрақҳо, талк ва ғайра)
Асбест
Конҳои асбест асосан дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Дар қисми Дарвози Ҷанубӣ, водии Ванҷ зуҳуроти ҷинсҳои серпентинизатсияшуда ва базитии давраи палеозойи миёна ошкор шудаанд, ки то 6% асбест доранд. Дар болооби ҳавзаи дарёи Муғсу (ноҳияи Лахш) конҳои Сасиқтеппа ва Баландкиик мавҷуданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 67–68.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




