Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Сохти давлатӣ ва марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохти давлатӣ ва шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад. Маънои ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки дар давлати мо мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судӣ, Конститутсия, низоми қонунгузорӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандии ягона, низоми ягонаи пул ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ надоранд. Роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин мешаванд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шакли идораи ҷумҳурии президентиро тавассути раъйпурсии умумӣ (6 ноябри соли 1994) бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфт. Аломатҳои асосии шакли идораи ҷумҳурӣ: ба муҳлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва ғайра. Шакли идораи ҷумҳурии президентӣ ва аломатҳои он дар моддаҳои 64 ва 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Муфассал нигар: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷ. Ҷамшедзода.

Сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохти мавҷудаи марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо каме дигаргуниҳо идомаи сохтори қаблии давраи Шӯравӣ мебошад. Меъёрҳои марбут ба тартиби танзими ҳуқуқии сохтори марзӣ-маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби аввали Конститутсия дарҷ шуда, тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона ва ҳудуди он тақсимнашавандаву дахлнопазир эълон гардидааст. Муқаррар шудааст, ки тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд (қисми 4-и моддаи 7). Дар моддаи 56 масъалаи таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ ва тағйири онҳо ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гузошта шудааст (банди 1).

Мақсади тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои марзию маъмурӣ босамар ташкил кардани идораи давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Воҳидҳои марзию маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот иборатанд. Низоми воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду вилояти маъмурӣ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои ҳайати вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иборат аст. Дар асоси қонуни конститутсионӣ ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ ҷудо шуда, тобеи ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр мебошанд. Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо ҷудо мешаванд. Шаҳрҳо аз рӯи аҳамият ба ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷудо гардидаанд. Ҳудудҳои истифодаи низоми махсус (мамнуъгоҳҳо, боғҳои табиии давлатӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, ёдгориҳои табиат, ҳудудҳои таъйиноти мудофиавӣ ва ғайра) воҳидҳои ҳудудӣ мебошанд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои марзию маъмуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, барҳам ва тағйир медиҳад, маркази маъмурии онҳо, сарҳади воҳидҳои марзию маъмуриро муқаррар мекунад ва тағйир медиҳад, мансубияти маҳалҳои аҳолинишинро ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа муайян мекунад, масъалаҳои номгузорӣ ва тағйири номи воҳидҳои марзию маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсису барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурӣ, таъсиси комиссия ва ғайра ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод ирсол мекунад.

А. Имомов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 144.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.