Олами ҳайвонот
Тақсимоти олами ҳайвоноти Тоҷикистон хусусияти амудӣ-минтақаӣ дорад. Ҳайвоноте, ки дар минтақаҳои амудии гуногун зиндагӣ мекунанд, ба шароити иқлим ва релйеф нағз мутобиқ гаштаанд. Дар минтақаи биёбонҳои ҳамвори Тоҷикистон, ки дар баландиҳои 280–300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд, иқлими субтропикии хушк ва дар экосистемаҳои даштҳои баландкӯҳи Помир, бошад, иқлими арктикӣ ҳукмфармост.
Агарчи Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хурд аст, дар он намудҳои басо гуногуни ҳайвонот зиндагӣ мекунанд.
Бино бар маълумоти солҳои охир, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 13 000 намуди ҳайвоноти бемуҳра ва муҳрадор мавҷуд аст. Аз ҷиҳати гуногунии намудҳо ҷойгоҳи хоссаро ҳашарот ишғол менамояд (зиёда аз 10 000 намуд). Дар фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 1 000 намуди ҳайвоноти эндемӣ (хосси маҳал) ба қайд гирифта шудааст.
Ҷонварони бемуҳра (Invertebrata)
Дар Тоҷикистон наздики 12 000 намуди ҷонварони бемуҳра, аз ҷумла содатаринҳо (Protozoa) — 300, кирмҳои паразит (Vermes) — 1 400, тортанакшаклҳо (Arachnida) — 715, ҳашарот (Insecta) — 10 000, нармбаданҳо (Mollusca) — 204 намуд ба қайд гирифта шудаанд. Хусусан бандпойҳо-тортанакшаклҳо (Arachnida) ва ҳашарот (Insecta) бисёр дучор меоянд. Тортанакшаклҳо гурӯҳҳои зеринро дар бар мегиранд: каждумҳо (Scorpiones) — 10, калаи гӯсола (Solifugae) — 40, тортанакҳо (Aranei) — 260, канаҳои зиреҳдор (Oribatei) — 104, канаҳои роғӣ (Tyroglyphoidea) — 44, канаҳои мӯяктан (Gamasoidea) — 50, канаҳои нармбадан (Ixodoidea) — 82 ва канаҳои чорҷуфтпо (Tetranychidae) — 120 намуд. Аз ин шумора 50 намуди канаҳо хосси Осиёи Марказӣ (эндемӣ) мебошанд.
Зероилаи канаҳои рустанихӯр (Tetranychoidae)-и Тоҷикистон аз 4 оила иборат аст: тортанакҳо (Tetranychidae), бриобидиҳо (Briobiidae), паҳнбаданҳо (Tenuipalpidae) ва эриофидҳо (Eriophidae). Қисми зиёди онҳо ҳамтохӯр (космополит) мебошанд. Дар байни чунин канаҳо зараррасонҳои зироат низ бисёранд. Аз 120 намуди ин канаҳо 29 намуд хосси Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ (эндемӣ), аз ҷумла 10 намуд танҳо хосси Помир мебошанд.
Ҳашарот (Insecta)
Олами ҳашароти Тоҷикистон аз 10 000 намуд, ки мансуб ба 29 қатор (отряд) мебошанд, иборат аст. Ба ҳашароти зараррасон ширинчаҳо, кирмакҳою зиреҳакҳо, ҳамчунин намудҳои гуногуни шапалаку гамбускҳо мансубанд. Онҳо дар буттаю дарахтони мева ва зироати кишоварзӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон наздики 70 намуди гаҳворачунбон мавҷуд аст. Бештари онҳо эндемӣ мебошанд.
Бисёр ҳашароти Тоҷикистон зеби табиатанд, бино бар ин, онҳоро коллексия мекунанд (масалан, сӯзанакҳо, гаҳворачунбонҳо, шапалакҳо, гамбускҳо, аскалафҳо). Таъсири номатлуби одамон ба намуд ва шумораи бисёр ҳайвоноти бемуҳра низ кам нест. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015, 2017) 90 намуди ҷонварони бемуҳра дохил карда шудаанд, ки 81 намуди онҳо ҳашарот мебошанд.
Ҳайвоноти муҳрадор (Vertebrates)
Ҳайвоноти муҳрадор дар фаунаи Тоҷикистон 582 намуд мебошанд, аз ҷумла моҳиҳо — 61, обхокиҳо – 2, хазандаҳо — 49, парандаҳо — 385 ва ширхорҳо — 85 намуд.
Моҳиҳо (Pisces)
Дар ҳавзҳои оби Тоҷикистон 61 намуди моҳӣ мавҷуд аст, ки ба 12 оила мансубанд. Хосса моҳиҳои дарёҳо (52 намуд), ҳавзҳо (17 намуд), кӯлҳо (20 намуд) ва чашмаҳо (10 намуд) гуногунанд. Аз шумораи умумии моҳиҳои гуногун зиёда аз 20 намуди онҳоро шикор мекунанд, масалан, суфмоҳӣ (Lucioperca lucioperca), зағарамоҳӣ (Cyprinus carpio), амурмоҳии сафед (Ctenopharyngodon idella), ғурримоҳиҳои сафед ва ало (Hypophthalmichthus molitrix, Aristichthus nobilis), симмоҳӣ (Abramis brama), шӯртан (Esox lucius), ширмоҳӣ (Schizothorax intermedius), савганмоҳии самарқандӣ (Varicorhinus capoeta heratensis), черсони аралӣ (Aspius aspius taeniatus) ва ғайра. Аз моҳиҳои қадимӣ ва хосси маҳал (эндемӣ) дар Тоҷикистон 3 намуди тосмоҳиҳо аз ҷинси белбиниҳои дурӯғин дучор меоянд: белбиниҳои дурӯғини амударёии калон (Pseudoscaphirhynchus kaufmanni), амударёии хурд (P. hermanni) ва сирдарёӣ (P. fedtschenkoi). Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015, 2017) 14 намуди моҳӣ дохил карда шудааст. Фаунаи моҳиҳои обҳои Тоҷикистон бо роҳи сунъӣ, яъне ба шароити маҳал мутобиқ сохтани 18 намуди моҳии пурбаҳо, зиёд карда шудааст: караси нуқрагун (Carassius auratus), лаққамоҳии америкоии наҳрӣ (Silurus glanis), суфмоҳии муқаррарӣ (Lucioperca lucioperca), симмоҳӣ (Abramis brama), амурмоҳии сафед (Ctenopharyngodon idella), ғурримоҳиҳои сафед ва ало (Hypophthalmichthus molitrix, Aristichthys nobilis), буффалои америкоӣ (Ictiobus bubalus), зоти нави зағарамоҳӣ (Cyprinus sp.), дурагаи хашинамоҳӣ бо стерляд, пеляди сибирӣ (Coregonus peled) ва ғайра.
Обхокиҳо (Amphibia)
Дар Тоҷикистон 2 намуди обхокиҳо — қурбоққа (Rana ridibunda) ва ғуки сабз (Bufo viridis) мавҷуд аст. Тайи солҳои охир бино бар корам кардани заминҳои партов, ареали қурбоққа васеъ гардид. Ғуки сабз дар Тоҷикистон ба таври амудӣ (дар баландиҳои 300–3 800 метр аз сатҳи баҳр) паҳн шудааст.
Хазандаҳо (Reptilia)
Дар Тоҷикистон 49 намуди хазандаҳо дучор меоянд, ки мансуб ба 2 қатор, 13 оила ва 23 ҷинс мебошанд. Хосса калтакалосҳо намудҳои гуногун (32 намуд) доранд; морҳо аз 16 ва сангпуштҳо аз 1 намуд иборат мебошанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 намуди хазандаҳо дохил карда шудааст.
Яке аз хазандаҳои басо паҳнгаштаи Тоҷикистон сангпушти даштӣ (Testudo horsfieldi cray) мебошад. Он дар талу теппа ва даштҳои доманакӯҳӣ зиндагӣ мекунад.
Калтакалосҳо дар Тоҷикистон бисёранд. Онҳо дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо, даштҳои доманакӯҳӣ, каму беш дар кӯҳҳо дучор меоянд. Ҳама намуди гекконҳо намудҳои камдучор ва маҳвшаванда мебошанд. Онҳо бештар дар поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш ва биёбони туғайзори «Баҳри тоҷик» дучор меоянд.
Дар Тоҷикистон калтакалоси калонтарин — сусмор (комилан Varanus griseus) низ дар ҳолати аз байн рафтан қарор дорад. Сабаби ин ҳол дигаргун гаштани маҳалли сукунати он аст. Сусмор тӯли 10 соли охир ягон-ягон танҳо дар регзорҳои атрофи обанбори «Баҳри тоҷик» ва поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ ба мушоҳида расидааст. Ҳоло 14 намуди калтакалосҳо ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
Аз 16 намуди мор чаҳор намуд дар ҳолати нисбатан хатарнок қарор доранд: мори афъӣ (Echis carinata), кӯрмор (Typhlops vermicularis), кӯброи осиёӣ (Naja oxiana) ва гурза (Vipera lebetina). Шумораи онҳо дар натиҷаи ғайриқонунӣ доштану дар серпентарияҳо барои заҳр ҷой додан, кам шуда истодааст. Сабаби асосии коҳиш ёфтани шумораи кӯрмор ва мори печони шарқӣ дар тибби мардумӣ истифода бурдани онҳост.
Парандаҳо (Aves)
Парандаҳо синфи сернамуди ҳайвоноти муҳрадори Тоҷикистон мебошанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ 385 намуду зернамуди парандаҳо дучор меоянд. Онҳо мансуб ба 16 қаторанд. Вобаста ба тарзи сукунат, парандаҳо муқимӣ, кӯчии лонасоз, кӯчанда, зимистонгузарон ва кӯчидаомада мешаванд.
Гуногунии намудҳои парандаҳои Тоҷикистон вобаста ба қаторҳои ҷудогона
Парандаҳои муқимӣ — 82, лонасоз — 150, кӯчӣ — 108, зимистонгузарон — 8, даргузар — 21 намудро дар бар мегиранд. Дар байни парандаҳои обӣ ва соҳилӣ зиёда аз 20 намуд аҳамияти шикорӣ ва саноатӣ доранд. Онҳо дар ҷойҳои ботлоқӣ, обанборҳо, кӯлҳо, ҳавзҳои сунъӣ ва дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Ба намудҳои шикорбоп ҳамчунин намояндагони қатори мурғшаклҳо (Galliformes) — кабк (Alectoris kakelik), бедона (Coturnix coturnix), мурғи ҳилол (Tetragallus tibetanus), тазарв (Phasianus colchicus) дохил мешаванд.
Бештарин намуди парандаҳо дар шохаҳои болоии кӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Бадахшон лона мегузоранд. Фаунаи парандаҳои Помири Шарқӣ аз рӯи шумора ва таркиби намуд тафовут дорад.
Қатори мурғобиҳои ғӯтазан (Podicipediformes) аз 3 намуд иборат аст. Мурғобии ғӯтазани калон (Podiceps cristatus) дар ҷумҳурӣ зимистон мегузаронад; дар мавсими кӯчиш ва лонасозӣ дар ҳавзҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд. Мурғобии ғӯтазани хурд (Podiceps ruficollis) намуди муқимӣ аст; дар ҳавзҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва Марказӣ дучор меояд. Мурғобии ғӯтазани гардансиёҳ (Podiceps caspicus) камшумор буда, ҳангоми кӯчиш дар ҳавзҳои минтақаи ҳамвори Тоҷикистон дида мешавад.
Қатори белпойҳо (Pelecaniformes) 4 намуд дорад. Моҳихӯраки калон (Phalacrocorax carbosinensis) дар ҷумҳурӣ зимистон мегузаронад; он ҳангоми кӯчиш низ дучор меояд. Баъзе моҳихӯракҳои калонро метавон тамоми тобистон мушоҳида кард. Доираи паҳншавии он қисми зиёди қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла кӯлҳои баландкӯҳи Помирро дар бар мегирад. Моҳихӯраки хурд (Phalacrocorax pygmaeus) дар байни парандаҳои обӣ, ки дар Тоҷикистони Ҷанубӣ зимистон мегузаронанд, намуди нисбатан сершумор аст.
Қатори лаклакшаклҳо (Ciconiiformes) 12 намудро дар бар мегирад. Лаклакҳои сафед ва сиёҳ (Ciconia ciconia asiatica ва Ciconia nigra) дар Тоҷикистон парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор мебошанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Лаклаки хокистарранг (Ardea cinerea) парандаи кӯчии зимистонгузарону лонагузор мебошад. Дакани хурд (Ixobrychus minitus minitus) парандаи кӯчию лонагузор аст. Он дар пастиҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд.
Қатори лавҳанӯлҳо (Anseriformes) 25 намудро дар бар мегирад. Ғози кӯҳӣ (Anser indicus) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Он фақат дар ҷазираҳо ва соҳили кӯлҳои Помири Шарқӣ — Қарокӯл, Рангкӯл ва Зоркӯл лона мегузорад. Дар натиҷаи ташкил карда шудани мамнуъгоҳи Зоркӯл популятсияи ғози кӯҳӣ дар ин маҳал таҳти муҳофизат қарор дода шудааст.
Қатори парандаҳои соҳибчангол (Falconiformes) 35 намудро дар бар мегирад. Аз он 11 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Аз оилаи пайғуҳо (Accipitridae) уқоби ришдор (Dypaetus barbatus hemachalanus) дар баландиҳои 1 400–1 800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад; он вобаста ба мавсим ба таври амудӣ ҷой иваз мекунад. Лошахӯр (Neophron percenopterus) парандаи нодир ва камшумор аст. Дар доманакӯҳҳо ва манотиқи миёнакӯҳҳо зиндагӣ мекунад. Тавассути дарёи Панҷ то Қалъаихуф, Рӯшон ва Хоруғ боло мебарояд. Дар баландиҳои 1 800–2 000 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Уқоб-бургут (Agnilachrys aetus laphanea) парандаи муқимист. Дар шахҳо лона гузошта, кӯчи мавсимии амудӣ дорад.
Қатори мурғшаклҳо (Galliformes) 7 намуд дорад, ки 4 намудаш ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Кабки биёбонӣ (Ammoperdix griseogularis) намуди нисбатан нодири пурбаҳо аст. Дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ паҳн гаштааст. Кабки ришдор (Perdix daurica turcamona) намуди муқимӣ буда, дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Туркистон дучор меояд. Дар баландиҳои 1 200–2 200 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Мурғи ҳилол (Tetraogallus tibetanus) намуди бисёр камёфт ва камшумор буда, ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Ба он хавфи нестшавӣ таҳдид дорад. Мурғи ҳилол парандаи хосси баландкӯҳҳост. Тазарв (Phasianus colchicus) дар Тоҷикистон 3 зернамуд дорад: тазарви сиёҳи заргун ё тоҷикӣ (Ph. c. bianchii), тазарви зарафшонӣ (Ph.c. serafshanicus tarn) ва тазарви сирдарёӣ (Ph.c. turkestanicus forens). Ҳар се зернамуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.
Қатори турнашаклон (Gruiformes) 13 намудро дар бар мегирад. Аз онҳо 2 намуд аз оилаи дуғдоғиҳо (Otididae) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Дуғдоғ (Otis tarda tarda) ба Тоҷикистон барои зимистонгузаронӣ парида меояд. Ба гурӯҳи парандаҳои нодир дохил карда шудааст. Дар ҳадди нестӣ қарор дорад.
Қатори чаковакашаклҳо (Charadriiformes) 51 намуд дорад. Аз онҳо 5 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Доснӯлак (Ibidorhyncha struthersii) парандаи ниҳоят камдучор аст. Ба гурӯҳи парандаҳои зери хавфи нестӣ қарордошта мансуб аст. Ба Тоҷикистон барои гузаронидани зимистон меояд; баъзан лона мегузорад. Бино бар маълумоти мавҷуд, шумораи умумии доснӯлак дар Тоҷикистон аз 30 ҷуфт зиёд нест. Доснӯлак ба гурӯҳи парандаҳои муқимӣ мансуб буда, кӯчи мавсимӣ мекунад. Паҳншавии амудии он то баландиҳои 1 600–3 500 метр аз сатҳи баҳрро фаро мегирад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
Қатори кафтаршаклҳо (Columbiformes) 12 намудро дар бар мегирад. Дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон дучор меоянд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 намуди онҳо ворид карда шудаанд: кафтари синасафед (Columba leuconota) – намуди нодир буда, дар Помир ба назар мерасад; ғурғураки шикамсиёҳ (Pterocles orientalis orenarius) – намуди камшумори маҳвшаванда аст; сачдаи тибетӣ (Syrrhaptes tibetana) – намуди маҳвшаванда аст; харкафтар (Columba palumbus casiotis) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Дар арчазорон ва бешаҳои паҳнбарг, дар баландиҳои 1 200–3 000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд, дар дарахтон лона мегузорад.
Қатори фохташаклҳо (Cuculiformes) 2 намуд дорад; фохтаи муқаррарӣ (Cuculus canorus) ва фохтаи кар (C. saturolas). Парандаҳои кӯчӣ ва нодир мебошанд.
Қатори чуғзҳо (Strisiformes) 8 намуд дорад. Дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Дар кӯҳҳо ва пастиҳо лона мегузоранд; ҳангоми кӯч ба мушоҳида мерасанд. Намояндаи он бум (Bubo bubo omissus) мебошад.
Қатори мурғони шабгард (Caprimulgiformes) аз 2 намуд иборат аст: мурғи шабгарди муқаррарӣ (Caprimulgus europaeus sarudnyi) ва мурғи шабгарди буттаӣ (Caprimulgus aegyptius arenicolorsev). Онҳо дар Тоҷикистон парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор мебошанд.
Қатори рақшашаклҳо (Coraciiformes) 5 намудро дар бар мегирад: кабутак (Alcedo atthis atthis), шурқаҳои заргун (Merops apiaster) ва сабз (Merops superciliosus persicus), кабудзоғ (Coracias garrulus semenowi), ҳудҳуд (Upupa epops epops). Ҳамаи онҳо парандаҳои кӯчӣ ва лонагузор (дар пасткӯҳҳо ва баландкӯҳҳо) мебошанд.
Қатори досакшаклҳо (Apodiformes) 3 намуд дорад. Досаки шикамсафед (Apus melbatuneti) ва досаки сиёҳ (A. apus pekinensis swinhoe) парандаҳои кӯчӣ буда, дар пасткӯҳҳои Помиру Олой лона мегузоранд. Досаки хурд (A. affinis galibejensis) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
Қатори эзорсурхакҳо (Piciformes) 2 намудро дар бар мегирад: эзорсурхаки сафедбол (Dendrocopos leucopterus) дар ҳудуди Помиру Олой паҳн шудааст ва дар ҳамон ҷойҳо лона мегузорад. Сарпечак (Junx torquilla) дар Помиру Олой танҳо дар мавсими кӯч дучор меояд.
Қатори гунҷишкшаклҳо (Passeriformes) 163 намудро дар бар мегирад. Аз ин шумора 7 намуд ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст: паттагунҷишк (Carrulax lineatus), магасхӯраки биҳиштӣ (Terpsiphone paradisi), магасхӯраки думсурх (Muscicapa ruficauda), сафедпояк (Microcichlas couleri), норуи обӣ (Chaimarrornis leucocephala), гунҷишки нилӣ (Myophonus caeruleus), момоҷурғотаки нақшин (Leptopoecile sophia).
Тирамоҳ аз арзҳои шимолӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 80 намуд парандаҳо парида меоянд. Онҳо дар ин ҷо шароити барои зиндагӣ мувофиқ пайдо карда, то охири баҳор мемонанд. Парандаҳои обӣ ва соҳилӣ гурӯҳи нисбатан сершумори парандаҳои зимистонгузарон мебошанд. Дар обанборҳои Тоҷикистон селаҳои калони моҳихӯракҳо (Larus), крачекҳо (Corvus), лойхӯракҳо (Caltris) ва бакланҳо (Phalacrocorax) ҷой мегиранд. Ҳудуди ҷумҳурӣ яке аз долонҳои асосӣ барои кӯчи парандаҳо ба дигар қисмҳои Осиё мебошад.
Ширхорҳо (Mammalia)
Ширхорҳо 85 намудро дар бар гирифта, мансуб ба 47 ҷинс, 22 оила ва 6 қатор (ҳашаротхорон, дастболҳо, харгӯшшаклҳо, хояндаҳо, дарандаҳо ва сумдорҳо) мебошанд.
Қатори ҳашаротхӯрҳо (Insectivora) шохаи қадимтарини ҳайвоноти ширхор буда, дар Тоҷикистон 6 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 4 ҷинс ва 2 оила мебошанд. Намояндаи сершумори ин гурӯҳ сафеддандонаки хурд (Crocidura suaveolens) буда, ҳам дар ландшафтҳои табиӣ ва ҳам дар ландшафтҳои ғайритабиӣ, аз туғайзорҳо то баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунад. Хорпушти хордароз (Paraechinus hypomelas) дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздик ба онҳо (баландии 350–1 200 метр аз сатҳи баҳр) дучор меояд. Ба маҳалли зист (ареал) ва шумораи хорпушти хордароз корам кардани заминҳо ва чаронидани чорво таъсири манфӣ расонидааст. Бӯрдандонаки бухорӣ (Sorex buchariensis) эндемики Тоҷикистон буда, каму беш дар ҳудуди силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Пётри Якум дучор меояд. Сафеддандонаки думсафед (Crocidura pergrisea) намуди хоссаи кӯҳсор буда, камёфт аст; он дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор, Шуғнон ва Ишкошим дар баландиҳои 2 500–3 600 метр аз сатҳи баҳр мушоҳида мешавад.
Қатори дастболҳо (Chiroptera) дар Тоҷикистон 19 намуди кӯршапаракҳоро, ки мансуб ба 9 ҷинс ва 3 оила мебошанд, муттаҳид кардааст. Аз 3 намуди кӯршапаракҳои наълбинӣ (Rhinolopidae), ки дар Тоҷикистон дучор меоянд, кӯршапаракҳои наълбинии хурд (Rhinolophus hipposideros) ва бухорӣ (R. bucharicus) нисбатан кам мебошанд. Оилаи кӯршапаракҳои муқаррарӣ (Vespertilionidae) 15 намудро дар бар мегирад. Кӯршапараки нисбатан сершумори ин оила хаффошак (Pipistrellus pipistrellus) мебошад. Он дар ҳама ҷо – дар паноҳгоҳҳои сунъӣ, табиӣ ва иморатҳо дучор меояд. Дар кӯҳҳо дар баландиҳои то 2 000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Кӯршапараки гӯшкалони осиёӣ (Barbastella leucomelas), хаффоши чармгун (Pipistrellus savii), кӯршапараки лабчин (Tadarida teniotis) ва хаффоши найзагӯши шикамсафед (Otonycteris hemprichi) кӯршапаракҳои нисбатан камшумор мебошанд. Онҳо дар Тоҷикистон зимистонро дар нақби конҳои ғайрифаъол мегузаронанд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 13 намуди кӯршапарак дохил карда шудааст.
Қатори хояндаҳо (Rodentia) қатори аз ҳама сершумори ширхорҳо дар Тоҷикистон буда, 32 намуди мансуб ба 17 ҷинс ва 7 оиларо дар бар мегирад. Оилаи мири мушон (Cricetidae) 14 намудро, ки наздики 50% ҳамаи хояндаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, муттаҳид кардааст. Намояндаи асосии ин оила муши регзори думсурх (Meriones erythrourus) буда, дар биёбонҳо, ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ дучор меояд. Муши регзори калон (Rhombomys opimus), торфо (Meriones tamariscinus) ва нисфирӯзӣ (M. meridianus) ареали нисбатан маҳдуд дошта, дар минтақаҳои нимбиёбони Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ҷинси муши даштии хокистарранг (Microtus) 6 намудро дар бар мегирад: помирӣ (Microtus fuldachi), арчагӣ (M. carruthersii), ҷамъиятӣ (M. socialis), афғонӣ (M. afghanus), муқаррарӣ (M. arvalius) ва қирғизӣ (M. kirgiziorum). Ба истиснои муши даштии афғонӣ, бисёр мушҳои даштии дигар дар ландшафти кӯҳӣ мушоҳида мешаванд.
Аз ҷинси кӯрмушҳо (Ellobius) дар Тоҷикистон 2 намуд вомехӯрад: кӯрмуши шарқӣ (Ellobius tancrei) ва кӯрмуши олойӣ (Ellobius alaicus); кӯрмуши шарқӣ ғайр аз Помир, дар ҳама ҷо дучор меояд.
Аз нигоҳи гуногунии намуд дар байни хояндаҳо ҷои дуввумро баъди мири мушон мушҳо (Muridae) ишғол мекунанд. Ин оила дар Тоҷикистон 5 намудро дар бар мегирад. Намояндагони сершумор ва паҳншудаи онҳо муши хонагӣ (Mus musculus), муши хурди ҷангалӣ (Sylvaemus uralensis) ва калламушҳои туркистонӣ ва хокистарранг (Rattus turkestanicus ва R. norvegicus) мебошанд.
Оилаи санҷобиҳо (Sciuridae) дар Тоҷикистон 5 намудро дар бар мегирад: юрмонҳои ангуштборик (Spermophilopsis leptodactylus), тиёншонӣ (Citellus relictus) ва зард (C. fulvus), суғури сурх (Marmota caudata) ва суғури Мензбир (M. menzbieri). Дар натиҷаи корам кардани дашту регзорҳо популятсияи юрмонҳои ангуштборик ва зард зери хавфи нобудшавӣ қарор дорад.
Суғури сурх (Marmota caudata) намуди хосси кӯҳистон аст. Он ғайр аз силсилакӯҳҳои Курама дар ҳамаи силсилакӯҳҳои Тоҷикистон дучор меояд. Суғури сурх дар байни ширхорҳои мӯйнадори шикорбоби Тоҷикистон ҷои асосиро ишғол мекунад. Дар Бадахшон суғури сурх хеле бисёр аст. Суғури Мензбир (Marmota menzbieri) эндемики Тиёншони Ғарбӣ буда, дар Тоҷикистон бори аввал соли 1960 дар қисми шарқии силсилакӯҳҳои Курама, дар маҳалли кони Оқтош ба мушоҳида расидааст. Дар натиҷаи аз худ карда шудани болооби Оқтош ва ҳудуди ба он наздики силсилакӯҳҳои Курама, аввали солҳои 80 асри 20 популятсияи суғури Мензбир ба дигар маҳалҳои Тоҷикистон низ паҳн шуд.
Мушобӣ (Ондатра) ва нутрияро барои пӯсташон шикор мекунанд. Нутрия (Myocastor coypus) ба Тоҷикистон соли 1949 оварда шудааст. Онро ба ҳавзҳои мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» сар дода буданд. Дар натиҷаи хуб муътод шудан, мушобӣ популятсияи ваҳширо ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар ҳамаи шибарзорҳои поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Қизилсу ва Яхсу паҳн гаштааст. Ондатра (Ondatra zibethica) ба Тоҷикистони Шимолӣ аввали солҳои 50 асри 20 аз Ӯзбекистон омадааст. Он ҳоло ҳамаи системаҳои обёрии водии Фарғона ва обанборҳои «Фарҳод»-у «Барқи тоҷик»-ро ишғол кардааст.
Намояндаҳои нодири қатори хояндаҳо тавушқони хурд (Allactaga elater) ва тавушқони Северсов (A. severtzovi) мебошанд. Минтақаи зисти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд мебошад: биёбонҳои гилзамин, регзор ва шӯрзаминҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ.
Қатори заргӯшшаклҳо (Lagomorpha) ҳамагӣ 3 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 2 оила мебошанд: заргӯшҳо (Leporidae) — 1 намуд ва ғулмушҳо (Lagomyidae) – 2 намуд. Заргӯши толай (Lepus tolai) дар баландиҳои 300–5 600 метр аз сатҳи баҳр аз водии дарёҳо ва биёбонҳо то бешазорҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳҳо паҳн гаштааст. Намояндаи баландкӯҳии заргӯшшаклҳо – ғулмуши гӯшкалон (Ochotona roylei) дар Бадахшон (дар баландиҳои 2 200–4 800 метр аз сатҳи баҳр), ғулмуши сурх (Ochotona rutila) бошад, танҳо дар Помир паҳн гаштааст.
Қатори ҷуфтсумҳо (Artiodactyla) дар Тоҷикистон аз 7 намуд иборат аст, ки мансуб ба 4 ҷинс ва 3 оила мебошанд. Намояндаи бештар паҳншудаи ин қатор гуроз (Sus scrofa) мебошад. Холгул (Cervus elaphus bactrianus) намояндаи калонтарини ҷуфтсумҳои Тоҷикистон (вазни наринааш то 250 килограмм) буда, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии муҳофизати табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Холгул дар туғайзор зиндагӣ мекунад. Ҳоло бисёр туғайзорҳо ба замини кишт табдил дода шудаанд. Холгулҳо солҳои 50 асри 20 дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» ва ҳудуди ба он наздик 500–600 сар буданд. Ҳоло зери хатари нестшавӣ қарор доранд. Дар табиат (in situ) холгул дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» ва туғайзори соҳили рости дарёи Панҷ, қад-қади сарҳади Афғонистон ва дар қӯруқи Зарафшон мавҷуд аст.
Ғазол (Gazella subgutturosa) дар қитъаҳои нимбиёбони заминашон сахт ва ҳамвориҳои доманакӯҳҳову паҳнкӯҳҳо (400–1 800 метр аз сатҳи баҳр) дучор меояд. Он ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Ибтидои солҳои 90 дар Тоҷикистон 100–150 сар ғазол ба қайд гирифта шуда буд. Дар натиҷаи бераҳмона нест кардан ва дигаргун шудани маҳалли сукунат, ғазол зери хавфи нестӣ қарор дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон наздики 80–100 ғазол мавҷуд аст.
Бузи кӯҳӣ (Capra sibirica) намояндаи ниҳоят паҳншудаи сумдорҳои кӯҳҳои Тоҷикистон мебошад. Он дар баландиҳои 1 600–5 000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Шумораи умумии бузи кӯҳӣ аввали солҳои 80 дар қаламрави Тоҷикистон 41 ҳазор сар буд. Солҳои 90-уми асри гузашта шикори ғайриқонунии бузи кӯҳӣ ба популятсияи он зиёни калон расонд.
Морхӯр (Capra falconeri) ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Саршумори асосии он қад-қади сарҳади Афғонистон, дар шохаҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳҳои Дарвоз ва шохаҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ боқӣ мондааст. Ареали ҳозираи паҳншавии морхӯр дар шакли тасмаи борики дарозиаш 80 километр ва паҳноиаш 5–25 километр мебошад. Дар натиҷаи шикори ғайриқонунӣ ва кӯруқшиканӣ аввали солҳои 80-ум шумораи морхӯр дар силсилакӯҳи Сарсарак хеле кам гардид. Солҳои пеш дар ин макон сукунатгоҳи морхӯр 30 ҳазор гектарро ташкил мекард. Ҳоло саршумори асосии морхӯр дар шохаҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Дарвоз ва силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ боқӣ мондааст. Морхӯрро шикор мекунанд.
Гӯсфанди кӯҳӣ (Ovis vignei bochariensis) солҳои пеш хеле зиёд паҳн шуда буд. Ибтидои солҳои 50-ум миқдори умумии он дар Тоҷикистон 5 000 сарро ташкил мекард. Ҳоло шумораи он аз 600–700 сар зиёд нест.
Архар (Ovis ammon polii) гӯсфанди ваҳшии калонтарини Осиёи Марказӣ; дар Помир дучор меояд. Хати амудии паҳншавии он баландиҳои 3 600–5 300 метр аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Маҳалли асосии зиндагии он баландиҳои 4 100–4 300 метр аз сатҳи баҳр мебошад. Солҳои 90 асри гузашта саршумори архар дар натиҷаи беназоратӣ ва ҳифз накардани он хеле кам шуд. Мувофиқи баъзе маълумот, шумораи архар дар қаламрави Помир зиёда аз 27 ҳазор сар мебошад.
Қатори дарандаҳо (Carnivora) дар Тоҷикистон 20 намудро дар бар мегирад, ки мансуб ба 5 оила ва 10 ҷинс мебошанд. Хусусан оилаи савсоршаклҳо (Mustelidae) 8 намудро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ 40%-и фаунаи ширхорҳои дарандаи Тоҷикистон аст. Намояндаи асосии ин оила савсор (Martes foina) мебошад. Он дар бешазори паҳнбарг ва арчазорҳо зиндагӣ мекунад.
Қашқалдоқ (Meles meles) яке аз ҷонварони калонтарини оилаи савсоршаклҳо мебошад. Дар натиҷаи тағйир додани ландшафт савсорҳо дар минтақаи ҳамворӣ куллан нест шудаанд. Саршумори асосии қашқалдоқ дар бешазорҳои кӯҳӣ ҷой дорад, вале нисбат ба савсорҳо камтар мебошад.
Росу (Mustela nivalis) намояндаи аз ҳама хурди ширхорҳои даранда буда, дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Марказӣ, ҳамчунин Помир дар баландиҳои 400–4 000 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Саршумори росу дар ҳама ҷо кам мебошад. Бино бар ин, онро ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид кардаанд.
Солонга (Mustela altaica) танҳо дар Бадахшон ва Помир дар баландиҳои 2 700–3 700 метр аз сатҳи баҳр ба назар мерасад. Маҳалли сукунати он заминҳои серсангу резгори наздик ба колонияи хояндаҳои мушмонанд мебошад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст.
Мири мушони ало (Vormela peregusna) солҳои пеш дар водиҳо ва пасткӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Марказӣ ва Шимолӣ зиёд дучор мешуд. Ҳоло он каму беш дар туғайзорҳо, заминҳои кишт, баъзан дар деҳаҳо дучор меояд. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст.
Сагобии осиёимиёнаӣ (Lutra lutra) дар ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон, ғайр аз Помири Шарқӣ, дучор меояд. Саршумори он дар ҳама ҷо кам аст ва ниёз ба муҳофизат дорад.
Мири мушони даштӣ (Mustela eversmanni) солҳои 60 асри 20 дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон (1 600 метр аз сатҳи баҳр) наздик ба маҳалли сукунати юрмони зард ва тавушқонҳо мушоҳида шуда буд. Тӯли даҳсолаҳои охир тамоман ба назар нарасидааст. Эҳтимол комилан нест шуда бошад. Ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
Қоқум (Mustela erminea) дар Бадахшон ва Помир дар атрофи мамнуъгоҳи «Зоркӯл» дар баландии 4 600 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Аз оилаи кафторшаклҳо (Hyaenidae) дар Тоҷикистон як намуд – кафтор (Hyaena hyaena) ба мушоҳида мерасад. Ин ҷонвари камёфт солҳои пеш дар туғайзорҳо ва нимбиёбонҳои доманакӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва Шимолӣ дар баландиҳои 300–1 200 метр аз сатҳи баҳр паҳн шуда буд. Дар натиҷаи ба заминҳои кишт табдил дода шудани маҳалли сукунат ва нест карда шудан, кафтор кам мондааст. Солҳои 2016–19 дар силсилакӯҳҳои Октоғ гурӯҳи кафторҳо аксбардорӣ шуда буд. Эҳтимол шумораи онҳо дар ин силсилакӯҳ аз 20 ҷуфт зиёд нест.
Оилаи гурбашаклҳо (Felidae) дар Тоҷикистон 5 намуд дорад: бабри туронӣ (Panthera tigris virgata), паланг (Pardus pardus), шерпаланг (Uncia uncia), силовсини туркистонӣ (Felis lynx), гурбаи найистон (Felis chaus) ва гурбаи даштӣ (Felis libyca).
Бабри туронӣ намуди мункариз аст. Охири солҳои 40 асри 20 дар туғайзорҳо ҳамагӣ 15–20 сар буд. Бори охир изи пои бабр 8 июли соли 1954 дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай», ҷанубтари Ҳалқакӯл ёфт шудааст.
Паланг (Pardus pardus) солҳои пеш дар кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ паҳн шуда буд. Солҳои охир оид ба мавҷудияти паланг дар Тоҷикистон маълумоти аниқ нест. Изи пои онро бори охир соли 1967 дар силсилакӯҳҳои Сарсарак дидаанд.
Шерпаланг (Panthera uncia) ареали васеъ дорад. Дар Тоҷикистон дар 20 силсилакӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи Фанҳо, Пётр Якум, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой дучор меояд. Барои маҳфуз мондани шерпаланг қаламрави Бадахшон ва Помир мувофиқ буда, 70%-и масоҳати сукунатгоҳи шерпаланг дар ин ҷо аст. Масоҳати сукунатгоҳи он дар Тоҷикистон 85,7 ҳазор километри мураббаъ – баробар ба 2,8%-и ареали ҳозираи ҷаҳонии ин ҷонвар мебошад. Маҳалли сукунати хоссаи шерпаланг дар ҷумҳурӣ (нишебиҳои рости кӯҳҳо, шахҳо, резгорҳо) дар баландиҳои 2 000–5 200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Солҳои 60 асри 20 шумораи шерпаланг дар Тоҷикистон хеле зиёд буд (наздики 1 000 сар). Шерпаланг ҳамчун ҷонваре, ки зери хавфи нестшавӣ қарор дорад, ба Рӯйхати Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) дохил карда шудааст. Бино бар маълумоти сарчашмаи мазкур, шумораи шерпаланг дар ҷумҳурӣ тахминан 250 сар мебошад.
Хирси малла (Ursus arctos) дар минтақаҳои кӯҳсор ва баландкӯҳи силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Пётр Якум, Ҳазрати Шоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим сукунат дорад. Ба таври пароканда дар Помир низ ба мушоҳида мерасад. Хирси малла дар Тоҷикистон дар баландиҳои 1 500–5 000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Бештар минтақаҳои арчазор ва бешаҳои дарахтони паҳнбарг (сафедорзорҳо, зарангзорҳо, чормағззорҳо, олучазорҳо), ҳамчунин дараҳои бедолу дарахти кӯҳҳоро макон гузидааст. Баъди хоби зимистонӣ дар минтақаҳои болои кӯҳ зиндагӣ мекунад. Шумораи хирс дар Тоҷикистон наздики 700–800 сар аст. Кӯруқшиканӣ ва аз худ карда шудани бешазори кӯҳҳо боиси коҳиш ёфтани саршумори хирси малла гаштааст.
Аз 85 намуди ширхорҳо 11 намуд ҳайвоноти шикорбоб мебошанд.
Таъсири омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон
Экосистемаҳои табиӣ ва олами ҳайвоноти Тоҷикистон зери таъсири антропогении бошиддат тӯли 50 соли охир ба вуҷуд омадаанд. Неру ва умқи таъсироти омилҳои антропогенӣ ба ҳайвонот нобаробар буда, вобаста ба хусусиятҳои релйеф ва баландии маҳал тағйир меёбанд. Ба шумораи омилҳои асосӣ, ки ба фауна таъсири номатлуб мерасонанд, деградатсияи маҳалли сукунати ҳайвонот, кӯруқшиканӣ, ғайриқонунӣ дошта гирифтану коллексия кардани ҳашарот, хусусан намудҳои камёфти шоҳпараку гамбускҳои зебову пурбаҳо, мансуб мебошанд.
Таҳлили таъсироти омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон далолат бар он мекунад, ки тӯли ним асри охир аз таркиби фаунаи ҷумҳурӣ 2 намуди ширхорҳо — зернамуди туронии бабр (Panthera tigris virgata) ва суғури Мензбир (Marmota caudata), ҳамчунин намояндаи камёфти ихтиофаунаи Осиёи Марказӣ — белбинии дурӯғии сирдарёӣ (Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi) нест шудаанд. Илова бар ин, дар бораи тӯли даҳсолаҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон маҳфуз мондани чунин намудҳои ҳайвоноти муҳрадор, аз қабили паланги осиёипешӣ (Panthera pardus ciscaucasica), хази даштӣ (Mustela eversmanni), кафтари синасафед (Columba leuconota) ва мори шибоии даштӣ (Vipera arsinii) маълумоти дақиқ нест.
Деградатсияи туғайзорҳо, кам шудани саршумори сумдорҳои ёбоӣ ва бераҳмона шикор кардани онҳо, боиси нест шудани зернамуди туронии бабр гардид. Бори охир изи он 8 июли соли 1954 дар мамнуъгоҳ мушоҳида шудааст. Ибтидои солҳои 80 дар силсилакӯҳи Курама популятсияи охирини суғури Мензбир, ки солҳои 60 мушоҳида шуда буд, нест гардид.
Тӯли даҳсолаҳои охир ба гуногуншаклии биологии дарёҳо ва обанборҳои Тоҷикистон олуда шудани муҳити зист таъсири номатлуб расонид. Масалан, олуда гаштани ҳавзаи Сирдарё сабаби нестшавии белбинии калбакии сирдарёӣ (Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi) ва хормоҳии аралӣ (Acipenser nudiventris) шуд. Ба ҳамин сабаб шумораи белбиниҳои амударёии калон ва хурд (Pseudoscaphirhynchus kaufmanni ва Ps. hermanni) — намояндагони ихтиофаунаи эндемӣ ва камёфти Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш низ хеле кам гаштааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон популятсияи холгул (Cervus elaphus bactrianus), гӯсфанди кӯҳӣ (Ovis vignei bocharensis), гӯсфанди Северсов (Ovis ammon severtzovi), шерпаланг (Panthera uncia), ғози кӯҳӣ (Anser indicus), ғазол (Gazella subgutturosa) ва сусмори хокистарранг (Varanus griseus) низ дар вазъи ногувор қарор дорад.
Ҳайвонот таъсирот ва дигаргуниҳои антропогении ландшафтро ба таври гуногун эҳсос карда, баъзе намудҳои онҳо дар ландшафти антропогенӣ баҳри худ шароити мусоид пайдо мекунанд. Онҳоро ҳайвоноти антропофилӣ меноманд. Гурӯҳе аз намудҳои ҳайвонот ба тағйироти антропогении ландшафт бетафовутанд, яъне онҳо мутобиқати экологии баланд дошта, метавонанд ҳам дар экосистемаҳои табиӣ ва ҳам дар ландшафти антропогенӣ зиндагӣ кунанд. Намудҳои дигар ба таъсири антропогенӣ вокуниши комилан манфӣ зоҳир мекунанд. Онҳо намудҳое мебошанд, ки қобилияти тағйири омилҳои экологиро надоранд ва ба шароити нав бад мутобиқ мешаванд.
Дар давоми даҳсолаҳои охир омили антропогении дигари манфӣ, ки барои гуногунии биологӣ, муҳити зиндагӣ ва саломатии одам хатар дорад, ин ба ҳудудҳои нав ворид гаштани намудҳои ғайр маҳсуб меёбад. Намудҳои ғайр намудҳое мебошанд, ки хосси ин ё он маҳал нестанд. Пайдоиши онҳо ба фаъолияти одамон вобаста буда, аз дигар минтақаҳои кураи замин ба ин ҷо оварда шудаанд (дар натиҷаи тиҷорати озод, рушди технологияҳои нақлиётӣ, сайёҳӣ, туризм ва ғайра). Бисёр намудҳои ғайр ба шароити нав афтода, бино бар дар байни ҳайвоноти маҳаллӣ набудани намудҳои рақобатпазир зуд мутобиқат пайдо мекунанд. Бисёри онҳо бадхашм мебошанд, бо намудҳои маҳаллӣ ҷуфт шуда, намудҳои аборигениро ба вуҷуд меоранд ва ба генофонди таҳҷой зиён ворид мекунанд. Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ ба ҳамаи давлатҳои аъзои худ иҷозат намедиҳад, ки намудҳои ғайрро афзоиш диҳанд. Ҳоло дар таркиби фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 40 намуди ғайр ошкор карда шудааст. Намудҳои ғайр хусусан дар байни ҳашарот ва моҳиҳо бисёранд (77,5%).
А. Саидов
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 94–116.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




