Обҳо
Мафҳуми ҷуғрофиёии «обҳои дохилӣ» тамоми пиряхҳо, шабакаи дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зеризаминӣ, чашмаҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуданд, дар бар мегирад. Онҳо дар табиат алоҳида вуҷуд надоранд ва дар робита бо дигар унсурҳо омӯхта мешаванд.
Пиряхҳо
Вобаста ба мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва иқлим Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин минтақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшокии Осиёи Марказӣ мебошанд. Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон бо номи олимону сайёҳони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сарватҳои табиии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи Тоҷику Помир (солҳои 1928–1932) бевосита пайваст мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0 °С паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3 000 метр баландӣ доранд, кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17 000–18 000 километри мураббаъ буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷикистон рост меояд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистон, Зарафшон мебошанд.
Дар силсилакӯҳҳои Помир чанд пиряхи калон дар атрофи қуллаҳои Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Ғалаба, Абуалӣ Сино ва ғайра пайдо шудаанд. Миқдори умумии пиряхҳои Помир 1 085 адад мебошад. Аз ҷумла, 7 пиряхи он зиёда аз 21 километр дарозӣ доранд. Калонтарини онҳо пиряхи Федченко аст, ки 77 километр дарозӣ дорад.
Дар низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии пиряхҳо 1 494,8 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Бузургтарини онҳо Янгидаван ва Ямонқиртин буда, дар нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Олой воқеъ гардидаанд. Калонтарин пиряхи силсилакӯҳи Ҳисор – Мӯра.
Дар маркази яхбандии силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҳам чандин пиряхи пастхамӣ ва водигӣ мушоҳида мешаванд. Калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он ба 41 километри мураббаъ баробар аст.
Пиряхҳо аз ³/₄ ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ин ҳодиса дар ҳар 12–15 сол ва тақрибан 30–70 сол дар натиҷаи тағйири иқлим ба вуҷуд меояд. Омӯзиши 35-солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳудуди пиряхҳои Бивачний ва Гармо то 4 километр кӯтоҳ шуда, пиряхи Хирсон 450 метр поин фуромадааст. Пиряхҳои қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Пётри Як аз 1,5 то 7 километр, пиряхҳои қисми шимолии он аз 1 то 6 километр, пиряхҳои силсилакӯҳи Паси Олой аз 2 то 3,5–4 километр кам гардида, масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Вахш 806 километри мураббаъ хурд шудааст.
Дарозии пиряхи Зарафшон дар тӯли солҳои 1908–1986 зиёда аз 1 километр, пиряхи Абрамов 80 метр (солҳои 1850–1984) кӯтоҳ гардидааст.
Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии аз 4 то 5 километр комилан об шудаанд. Олимон ва муҳаққиқон аксари пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистонро ба намуди лағжанда мансуб медонанд. Ба қайд гирифта шудааст, ки пиряхи калонтарини Тоҷикистон – Федченко солҳои 1868, 1910–13 ва соли 1963 ҳаракат карда, сипас дар муддати 40–50 соли охир аз лағжидан мондааст. Лағжиши пиряхҳо дар натиҷаи воқеъ будан дар нишебии маҳал, қувваи фишори қабати нави барф (солҳое, ки барф аз ҳад зиёд меборад), таконхӯрии кӯҳҳо, зилзила ва ғайра рух медиҳад.
Зери таъсири ин омилҳо агар забонаи пирях аз хатти барфӣ (ҳудудест, ки аз он боло ях босуръат об намешавад) поин фарояд, зуд об мешавад, зеро ҳарорати ҳаво пасттар аз хатти барфӣ нисбатан баланд мебошад.
Дар ҳолати танзими табиӣ ҳаракати онҳо 0,3–0,8 метрро ташкил медиҳад. Пиряхҳои Федченко дар як шабонарӯз бо суръати 0,7 метр, Ҷамъияти географӣ — 0,28 метр ва Зарафшон — 0,25 метр ҳаракат мекунанд. Аз ин сабаб онҳо ҳамчун захираи табиии ҷараёни дарёҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Дар фасли тобистон, ҳангоми об шудан, сатҳи оби дарёҳоро баланд бардошта, дар шароити иқлими континенталии хушки Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои обёрии заминҳо ва парвариши зироат аҳамияти калон доранд. Дар назди пиряхи Федченко (дар баландии 4 169 метр) пойгоҳи обуҳавосанҷии «Пиряхи Федченко» бунёд шудааст.
Дарёҳо
Бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Ому (1 415 километр) бо шохобҳои худ аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Ҳудуди Тоҷикистонро шабакаи ба ҳам наздики дарёҳо фаро гирифтааст, ки онҳо сароб ва шохоби дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон буда, ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд. Ҳамчунин, дарёҳои Вахш (524 километр), Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Элок, Искандар, Ёхсу, Булункӯл, Муғсу, Сурхоб, Хингоб, Камароб, Сорбоғ ва ғайра манбаи оби ошомиданӣ ва кишоварзии кишвар ба шумор мераванд.
Масоҳати заминҳое, ки аз ин дарёҳо об мегиранд, тақрибан 474 000 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи солонаи оби дар ин ҳавзаҳо ҷоришаванда ба 117,0 километри мукааб баробар ё худ 90%-и оберо, ки аз кӯҳҳо ба ҳамвории Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад, дар бар мегирад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ҳавзаи Амударё дар Осиёи Марказӣ бузургтарин ба ҳисоб рафта, он дар ҷануб нишебии низоми кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар шарқ силсилакӯҳи Сариқӯл, дар шимол силсилакӯҳҳои Олой, Туркистон ва Нурато (Ӯзбекистон)-ро убур мекунад. Масоҳати захира кардани об тақрибан 465 000 километри мураббаъ буда, аз он 225 100 километри мураббаъ бо ҳамроҳии ҳавзаи Зарафшон ва Қашқадарё (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба минтақаи кӯҳҳои ҳавза рост меояд. Қисми асосии оби ин ҳавза дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Вобаста ба баландии маҳал ва дар ҳудуди ҳавза боридани намуди гуногуни бориш, ташаккули пиряхҳо, барфҳои доимию мавсимӣ, обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо ғизогирии дарёҳо гуногун аст. Маҳз ҳамин манбаъҳоро ба эътибор гирифта, коршиносон чор намуди ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро (пиряхию барфӣ, барфию пиряхӣ, барфӣ ва барфию боронӣ) муайян кардаанд. Дарёҳои Вахш, Хингоб, Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Зарафшон, Фондарё, Яғноб, Искандар, Киштӯд, Моғиён ғизоро аз пиряху барфҳои баландкӯҳ мегиранд ва дар онҳо давоми сол ду бор (март–май, июл–август) обхезӣ мешавад. Агар ин дарёҳо дар баҳор аз ҳисоби об шудани барфҳои зимистон пуроб шаванд, тобистон дар натиҷаи обшавии барфҳои қабатнок ва пиряхҳо сероб мегарданд.
Ба дарёҳои ғизогириашон барфию пиряхӣ Кофарниҳон, Сурхоб, Варзоб, Ёхсу, Хонақоҳ, Қаротоғ, Ширкент, Сангикар дохил мешаванд. Ин дарёҳо моҳҳои май–июл аз ҳисоби обшавии забонаи пирях ва барфҳои аз хатти барфӣ поиномада сероб мешаванд.
Ғизогирии барфӣ ба Қизилсуи Ҷанубӣ, Ёхсу, баъзе шохобҳои хурди Вахш, Кофарниҳон, Қаротоғ ва Варзоб хос аст. Онҳо моҳҳои апрелу май аз ҳисоби барфи зимистон сероб мешаванд.
Шохобҳои қисми миёна ва поиноби Варзоб, Кофарниҳон, Элок, Ёхсу, Лучоб ба ғизогирии барфию боронӣ дохил мешаванд. Баробари об шудани барфҳои мавсимӣ ва ба охир расидани боронгарӣ оби ин дарёҳо ниҳоят кам мешавад.
Ҷуғрофиёдони Шӯравӣ И. С. Щукин ба ғайр аз намудҳои ғизогирии мазкур ду намуди дигари ғизогирии дарёҳои Тоҷикистонро муайян кардааст: ғизогирии боронӣ ва обҳои зеризаминӣ. Ба ин намудҳои ғизогирӣ дарёчаҳои хурди ҳавзаи дарёи Сир мансубанд.
Дарёҳои Ому, Панҷ, Вахш, Кофарниҳон бузургтарин ва дарозтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Ому
Ому (Ҷайҳун) бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар болообаш Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуз ба он мерезанд. Дарозиаш 1 415 километр, аз сарғаҳи Панҷ 2 540 километр. Ому берун аз марзи Тоҷикистон, аз нишебии кӯҳҳои Ҳиндукуш, аз пиряхи Вревский об мегирад. Дар сарғаҳаш Вахондарё ном дорад. Баъди бо дарёи Помир ҳамроҳ шудан номи Панҷро мегирад. Баробари ба ҳам пайваст шудани Панҷ ва Вахш дарёи Ому ташкил шуда, 85 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Онро ҳамчун роҳи нақлиёти дарёӣ низ истифода мебаранд, аз Тирмиз то поиноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1 400 километрро ташкил медиҳад. Ба воситаи Ому маҳсулоти саноати нафт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғайра кашонда мешавад.
Панҷ
Панҷ яке аз дарёҳои дарозтарини (921 километр) Тоҷикистон буда, тезҷараёнтарин дарё дар дунё ба ҳисоб меравад. Панҷ дарёи сарҳадӣ буда, сарғаҳи он аз андароби дарёҳои Помир (аз рост) ва Вахондарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбааш пиряху барф. То давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон аз соҳили чапи дарёҳои Панҷ ва Ому мегузашт. Сипас, хатти сарҳади ду мамлакатро аз байни дарё муайян намуданд. Ҳоло оби дарёро ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон истифода мебаранд. Ҳавзаи обгирии дарёи Панҷ 114 000 километри мураббаъ мебошад. Дар қисми болообаш то шаҳраки Ишкошим паҳнои маҷрои дарё 1–5 километрро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи сарфи оби дарёи Панҷ 1 100 метри мукааб дар сония, ҳаҷми солонаи он 35 километри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти бисёрсола, маҷрои аз ҳама зиёди сарфи солона 4 000 метри мукааб дар сония ба моҳи июл ва сарфи ками солона ба моҳи феврал рост меояд, ки ҳамагӣ 281 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи солонаи гилолудии таркиби дарё баъди аз кӯҳҳо баромадан тақрибан 1 500 грамм дар метри мукааб мебошад. Захираи гидроэнергетикии дарёи Панҷ 98 миллиард киловатт-соат ва бо шохобҳояш 150 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.
Вахш
Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дарозии он 524 километр. Аз пайвастани дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд омада, бо номи Сурхоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Вахш пуробу пуртуғён мешавад, бештар аз водии танг ба дараҳои амиқ гузашта, 170 километр болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шоха тақсим мешавад. Манбаи асосии оби Вахш пиряху барф. Масоҳати умумии ҳавзаи дарё 39 ҳазор километри мураббаъ, сарфи миёнаи солонаи обаш 633 метри мукааб дар сония. Захираи гидроэнергетикии дарёи Вахш – ниҳоят бузург аст. Мувофиқи нақша, дар ин дарё ғайр аз неругоҳҳои барқи обии сохташуда сохтмони 5 неругоҳи дигар дар назар аст. Гилолудии таркиби оби Вахш дар 1 метри мукааб ба 2,8 килограмм баробар аст.
Кофарниҳон
Кофарниҳон дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ буда, яке аз шохобҳои асосии дарёи Ому аст. Аз нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешавад (60 километр дар водии Ҳисор равон аст). Дар назди шаҳраки Ромит, баъди якҷошавии дарёҳои Сорбо (аз чап) ва Сардаи Миёна (аз рост) ташаккул меёбад ва номи Кофарниҳонро мегирад. Дарозиаш 387 километр, масоҳати ҳавзааш 11 600 километри мураббаъ. Он аз пиряхи беноме сарчашма гирифта, дар дараи Ромит ба самти ҷанубу ғарб ҷорӣ мешавад ва аз деҳаи Чинор ба водии фарохи Ҳисор мебарояд. Шохобҳои асосиаш аз рост – Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва аз чап дарёи Элок. Баъд аз ҳамроҳшавӣ бо дарёи Хонақоҳ ба тарафи ҷануб тоб хӯрда, то резишгоҳ аз байни силсилакӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ҷорӣ мешавад. Кофарниҳон то ба Ому рехтан ба ҳамворӣ баромада, ба якчанд шоха тақсим мешавад. Аз охири март то охири сентябр сероб аст. Сарфи миёнаи солонаи об 102 метри мукааб дар сония, дар фасли зимистон 26,6 метри мукааб дар сония. Сарфи зиёдтарин – 1 290 метри мукааб дар сония соли 1952 ба қайд гирифта шудааст. Аз поиноби он водии Бешкент обёрӣ мешавад. Оби дарёи Кофарниҳон нисбатан гилолуд мебошад.
Зарафшон
Зарафшон яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ. Дар гузаштаи дур шохаи Омударё буда, бино бар рушди обёрӣ, ҳоло ҳамчун як ҳавзаи ҷудогона дониста мешавад. Болообашро (то резишгоҳи Фондарё) Мастчоҳ низ меноманд. Дарозиаш 877 километр, масоҳати ҳавзааш 41 860 километри мураббаъ, аз ҷумла қисми кӯҳиаш 17 710 километри мураббаъ. Дар шимол аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар ғарб то регзори Сандуқли (биёбони Қизилқум) мерасад. 317 километр ҷараёни боло ва миёнаи он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии обшуста ва амиқи он боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула). Дар ҳудуди Тоҷикистон Зарафшон бештар аз 100 шохоб дорад. Бузургтарини онҳо шохобҳои чапи Фон, Киштӯд ва Моғиён мебошанд. Водии дарё аз шарқ ба ғарб торафт васеъ ва тадриҷан паст мешавад. Аз резишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Шӯрча), водӣ ба самти ғарб торафт вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар, Сӯчина ва шаҳри Панҷакент Зарафшон дарёбоди васеъ ҳосил кардааст.
Мувофиқи таҳқиқоти пиряхшиноси шӯравӣ А. О. Кемерих, дарёи Зарафшон 32% аз ҳисоби пиряхҳо, 37% аз ҳисоби барфҳо, 31% аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизо мегирад. Бино бар ин, дар ин дарё ду маротиба (март–май ва июл) обхезӣ ба амал меояд. Давраи серобиаш июн–август, камобиаш сентябр–март. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар назди Дупула 155 метри мукааб дар сония, дар назди дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа 164 метри мукааб дар сония. Сарфи аз ҳама бештари об 930 метри мукааб дар сония (7 июли 1942) ва 996 метри мукааб дар сония (31 майи 1964), сарфи камтарини он 24 метри мукааб дар сония (31 январи 1928) ба қайд гирифта шудааст. Дар имтидоди солҳои 2005–2010 сарфи об ба миқдори 200–250 метри мукааб дар сония (каме бештар аз меъёр) мушоҳида шудааст. Оби дарё тобистон лойолуд аст, 1 метри мукааб об 0,80 килограмм лойқа дорад. Миқдори солонаи обовардҳо 4 440 ҳазор тонна (В. Л. Шулс, 1956).
Фон
Фон ва шохоботи он (Искандар, Яғноб) аз нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор об мегиранд. Дарозии дарёи Фон 24,5 километр ва ҳавзаи обгириаш 3 230 километри мураббаъ. Он ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар назди шаҳраки Айнӣ бо дарёи Мастчоҳ омезиш меёбад. Ин дарё бо шохобҳои худ мутобиқан аз баландиҳои зиёда аз 2 195–3 440 метр об мегирад. Ҳавзаи дарёҳои Искандар 274 километри мураббаъ, Яғноб 1 650 километри мураббаъ. Миқдори солонаи обовардҳои дарёи Искандар 63 212 тонна, Яғноб 308,5 ҳазор тонна.
Киштӯд
Киштӯд (шохоби чапи дарёи Зарафшон) аз ҷануб ба шимол ҷорӣ шуда, дар қисми шарқии деҳаи Шӯрча аз тарафи чап ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Болообаш Пушневат ва миёнобаш Арчамайдон ном доранд. Ду шохоби калон дорад. Аз тарафи чап дарёи Ворӯ ва аз тарафи рост дарёи Артуч ба он пайваст мешаванд. Дарозиаш 53 километр, масоҳати ҳавзааш 863 километри мураббаъ. Қисми болоии ҳавза дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Ҳисор ва қисмҳои миёнаву поинаш дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ҷой гирифтаанд. Давраи серобиаш аз нимаи апрел то нимаи октябр. Сарфи миёнаи солонаи об 7,32 метри мукааб дар сония, ҳангоми камобӣ — 3,86 метри мукааб дар сония.
Моғиён
Моғиён ҳамчун дарёҳои Фон ва Киштӯд аз нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор ибтидо гирифта, ба самти шимол ҷорӣ мешавад. Дар назди деҳаи Сӯчина ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Дарозии он 68 километр, ҳавзаи захира кардани об дар он 100 километри мураббаъ аст. Моғиён як шохоби калон (дарёи Шинг) дорад, водии дарё он қадар васеъ нест. Дар баъзе маҳалҳо паҳнои маҷрои дарё 10 метр мебошад. Сарфи миёнаи солонаи оби дарёи Моғиён дар резишгоҳаш 8,65 метри мукааб дар сония. Миқдори солонаи обовардҳои дарё тақрибан 93,6 тонна.
Сир
Сир яке аз рӯдхонаҳои бузургтарини мамлакат аст, ки аз ҳудуди вилояти Суғд гузашта, ба баҳри Арал мерезад. Баъди Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Масоҳати он 462 000 километри мураббаъ, аз ин миқдор 223 000 километри мураббаъ ба қисми кӯҳии ҳавза рост меояд. Ҳиссаи асосии он берун аз марзи Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дарёи Сир аз якҷошавии дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд омадааст. Қисми баландтарини ҳавзаро силсилакӯҳҳои Туркистону Олой ташкил медиҳанд. Дарозии Сир аз сарғаҳи Норин то баҳри Арал 2 670 (3 019) километр. Аз ҳудуди Тоҷикистон 197 километр оби он ҷорӣ мешавад. Шохобҳои соҳили чапи ба Сир ҷоришаванда аз силсилакӯҳи Туркистон ибтидо мегиранд. Бузургтарини онҳо – Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу, Бурған, Басманда. Аз ин шохобҳо дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу берун аз ҳудуди Тоҷикистон (дар ҳудуди Қирғизистон) ташаккул меёбанд, фақат қисми поиноби онҳо вориди ҷумҳурии мо мегарданд. Оби ҷоришавандаи онҳо 900 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Оби дарёи Сир ба 15 миллиард метри мукааб баробар аст.
Кӯлҳо
Кӯлҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мисли шабакаи дарёҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Онҳо вобаста ба иқлим ва релйеф бештар дар мавзеъҳои кӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз ҳамдигар аз ҷиҳати пайдоиш, масоҳат, ғизогирӣ, мавҷудияти организмҳо, шӯрию ширинии об, умқ фарқ мекунанд. Аксари кӯлҳо асосан дар минтақаи иқлими намии нокифоя, тобистони муътадил, зимистони муътадили нарм ва хунукии сербарф дар баландиҳои аз 2 900–4 700–4 800 то 5 000 метр пайдо шудаанд. Барои ҳосил шудани кӯлҳо дар ин минтақа баландии маҳал, мавҷуд будани шаклҳои гуногуни релйеф, пиряхҳо ва бориш дар давоми сол мусоидат менамояд. Омили дигари ҳосилшавии кӯлҳои кӯҳсор лағзиш ва кандашавию фуромадани кӯҳпораҳо мебошад. Дар ин маврид ҷинсҳои кӯҳӣ сари роҳи ҷараёни дарёҳоро мегиранд ва дар натиҷа кӯл ҳосил мешавад. Кӯлҳои ҳамворӣ дар ҳамвориҳо, он ҷойҳое, ки дар таркиби таҳшинҳо, оҳаксанг, гач, намак вуҷуд дорад ва зери таъсири обҳои зеризаминию саҳнизаминӣ тез шуста мешаванд, пайдо шудаанд. Дар ташаккул ва инкишофи кӯлҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, иқлимӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба таври гуногун маънидод карда, онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд. Аз ҷумла, ҷуғрофиёдони Шӯравӣ Р. Д. Забиров кӯлҳои Осиёи Марказиро омӯхта, аз нигоҳи пайдоиш онҳоро ба 7 намуд ҷудо кардааст:
-
Кӯлҳои пайдоиши тектоникӣ. Ин намуди кӯлҳо дар фурӯхамидаҳои тектоникӣ, дар натиҷаи тағйири шадиди қишри Замин пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ба ин намуд кӯлҳои Помири Шарқӣ, аз ҷумла, Қароқӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Рангкӯл ва ғайра дохил мешаванд.
-
Кӯлҳои суфакӯҳҳои баланд. Онҳо дар хамии ағбаҳо дар натиҷаи ба қабати замин суст задани обҳои борон ва ё ҷорӣ пайдо шудаанд. Кӯлҳое, ки дар водии дарёи Аличур воқеъ гардидаанд, ба ҳамин намуди кӯлҳо дохил мешаванд ва бо моилии соҳилҳову умқи ками худ фарқ мекунанд.
-
Кӯлҳои моренавӣ. Ин намуди кӯлҳо дар водиҳои кӯҳӣ, дар натиҷаи об шуда ақиб рафтани худи пирях ё забонаи он, моренаҳои бо пирях омада, пеши ҷараёни оби атмосферӣ ва ҷориро гирифта ҳосил шудаанд. Онҳо, маъмулан, дар забонаи пиряхҳои қадим пайдо мешаванд. Масалан, кӯлҳои Марғузор, Кӯли калони водии Зарафшон ва кӯлҳои водии дарёи Қаратоғ.
-
Кӯлҳои фурӯғалтӣ. Пайдоиши ин намуди кӯлҳо ба кӯчиши ҷинсҳои кӯҳии дар нишебии онҳо мавҷуд вобаста аст. Дар натиҷаи фурӯ ғалтидану пеши маҷрои оби дарёҳои кӯҳиро банд кардани кӯҳпораҳо пайдо мешаванд. Чунин кӯлҳо бо умқи худ фарқ мекунанд. Сарез ва Сабзкӯл (Яшилқул)-и Помир аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд.
-
Кӯлҳои шуставӣ. Онҳо дар водии дарёҳо, дар натиҷаи ивазшавии маҷрои дарёҳо ва ё нест шудани маҷрои пешинаи он ба вуҷуд меоянд. Чунин кӯлҳоро дар водии дарёҳои Ому, Сир ва ғайра дидан мумкин аст.
-
Кӯлҳои делтавӣ ё резишгоҳӣ. Ин намуди кӯлҳо ниҳоят каманд. Калонтарини онҳо дар резишгоҳи дарёи Ому (кӯли Судач) мавҷуд аст, ки 35 километр дарозӣ ва 15 километр паҳноӣ дорад.
-
Кӯлҳои ниҳоӣ. Ин намуди кӯлҳо дар натиҷаи истифодаи оби дарё барои обёрӣ ва дигар амалҳо ҳосил мешаванд. Аз ҷумла, кӯли Қарангӣ дар резишгоҳи дарёи Зарафшон.
Дар бораи ин таснифот фикри олимон гуногун аст. Олими Шӯравӣ И. С. Щукин кӯлҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба бандшуда, моренавӣ, карстӣ – чӯқида, Р. И. Селиванов ба пиряхӣ, бандшуда, амиқ, соҳилдарёӣ ва сатҳӣ, Д. А. Чумичев ба чӯқида, тектоникию пиряхӣ, пиряхию моренавӣ, лойкавию шӯр, соҳилдарёӣ тақсим кардаанд. Дар асари ба наздикӣ чопшудаи М. Раҳимов кӯлҳо ба тектоникӣ-пиряхӣ, карстӣ, бандшуда, маҷроӣ ва дар таҳқиқоти Х. Аброров кӯлҳо ба тектоникӣ, пиряхӣ, бандшуда ва ҳидрогенӣ (обӣ) ҷудо шудаанд. Ҳалли дурусти ин масъала таҳқиқоти мушаххасро талаб мекунад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2 000 кӯл мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар баландиҳои 3 500–5 000 метр воқеъ гардидаанд. Агар 1%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯлҳо ишғол карда бошанд, кӯлҳои Помир 5,4%-и масоҳати онро ишғол кардаанд. Маълум мешавад, ки миқдор ва масоҳату ҳаҷми асосии кӯлҳо ба мавзеъҳои баландкӯҳ ва пеш аз ҳама ба ҳудуди Помир рост меояд. Дар мавзеи кӯҳҳои паст ва доманакӯҳҳо тақрибан 100 кӯл бо масоҳати 17 километри мураббаъ мавҷуданд. Аз рӯи маълумоти охирин дар мавзеи баландкӯҳҳо 1 920 кӯл мавҷуд аст, масоҳати умумии онҳо 709 километри мураббаъ. Бузургтарини онҳо Сарез (80 километри мураббаъ), Зоркӯл (36,9 километри мураббаъ), Яшилқул (36,6 километри мураббаъ), Қароқӯл (380 километри мураббаъ), Искандаркӯл (3,4 километри мураббаъ) мебошанд. Ҳаҷми умумии оби кӯлҳо 46,3 километри мукааб. Захираи оби ширини кӯлҳо 19,3 километри мукааб аст, ки 17,3 километри мукааб ба кӯли Сарез рост меояд.
90%-и оби кӯлҳои шӯрро оби Қароқӯл (бузургтарин кӯли Тоҷикистон) ташкил медиҳад. Умқи он дар қисми ғарбиаш то 238 метр, дарозиаш 30 километр ва паҳноиаш 23,4 километр, ҳаҷми обаш 26,5 километри мукааб мебошад. Дарозии марзи он 163,6 километр. Таркиби оби кӯл аз намаки натрий, калий, хлор, сулфатҳо ва ғайра иборат аст. Оби кӯл аз моҳи ноябр то моҳҳои май–июн ях мекунад. Ғафсии яхи он ба ҳисоби миёна 0,5 метр. Ба кӯл дарёҳои Музкӯл ва Қарочилға мерезанд. Ҷиҳати хосси соҳили кӯл он аст, ки дар масофаи якчанд километр аз ях таркиб ёфтааст. Қароқӯл пайдоиши тектоникӣ-пиряхӣ дорад. Шӯркӯл ва Рангкӯл низ ба ҳамин намуд дохил мешаванд. Рангкӯл дар баландии 3 762 метр воқеъ буда, тавассути шохоб бо Шӯркӯл пайваст мешавад. Сатҳи оби он аз сатҳи оби Қароқӯл 130 метр пасттар аст.
Ба кӯлҳои бандшуда Сарез, Шадакӯл ва Яшилқул дохил мешаванд. Ҳар ду кӯли аввал дар як вақт, соли 1911 дар натиҷаи заминларза пайдо шудаанд.
Дар натиҷаи ин заминларза анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии фурӯғалтида бо баландии 800 метр ва паҳнои 5 километр пеши маҷрои дарёи Мурғобро банд намуд. Агар дарозӣ ва умқи Сарезро муқоиса намоем, соли 1913 дарозии он 28 километр, умқаш 280 метр буд. Соли 1987 ин нишондодҳо мувофиқан ба 55,8 километр ва 499,6 метр баробар шуданд. Яшилкӯл ҳам дар натиҷаи бо анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Соҳили кӯлро аз шимолу ҷануб шохаҳои кӯҳи Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ иҳота намудаанд. Дарёҳои Аличур, Марҷонаи Калон ва Хурд ба он ҷорӣ шуда, танҳо дарёи Бартанг аз он берун меояд. Аҳамияти ин кӯлҳо барои танзими табиии оби дарёҳо бузург аст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ низ кӯлҳои масоҳаташон хурд зиёданд. Аксари онҳо дар қисми миёнакӯҳ воқеъ гардидаанд. Дар худи ҳавза ва шохобҳои дарёи Зарафшон 60 кӯл дар баландии бештар аз 1 000 метр мавҷуданд. Масоҳати умумии онҳо 9,18 километри мураббаъ. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Х. Аброров, дар ҳавзаи дарёи Моғиён — 16 кӯл, Киштӯд – 28 кӯл, Пасрӯд – 4 кӯл ва дарёи Искандар — 12 кӯл ҷойгиранд. Ин кӯлҳо ба намуди кӯлҳои бандшуда ва тектоникию пиряхӣ мансубанд.
Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Масоҳати он 3,4 километри мураббаъ, дарозиаш 3,26 километр, паҳноиаш 2,9 километр. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва Панҷчашма мерезанд. Ҳаҷми оби он 172 миллион метри мукааб, ҷои аз ҳама амиқаш 72 метр. Кӯл дар баландии 2 255 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ин мавзеъ барои ҳосил гардидани майдони ҷоришавии дарёи Искандар мусоид аст. Дарозии дарё 18–20 километр ва моилии он дар ҳар як километр 30–35 метрро ташкил медиҳад. Дар силсилакӯҳи Ҳисор, ғайр аз Искандаркӯл, кӯлҳои хурд (Темурдара, Кӯлчаузак, Пайрон, Анкантат, Қарақӯл, Серима ва ғайра) мавҷуданд. Пайдоиши онҳо ҳам ба тағйири пирях ва бандшавии маҷрои дарёчаҳо вобаста аст.
Дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздикӯҳӣ кӯлҳои шӯр ва гилолуд (лойқа) бештар вомехӯранд. Бахусус, дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ чунин кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои шӯр асосан дар атрофи кони намаки Хоҷасартез ва дар гумбази кони Хоҷамуъмин вомехӯранд, ки дар натиҷаи намакро шуста бурдани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, онҳоро кӯлҳои карстӣ ҳам мегӯянд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои кӯҳии мулоим (гач, бӯр, оҳаксанг) паҳн гардидаанд, низ дар натиҷаи шуста бурдани онҳо кӯлҳои начандон калон пайдо шудаанд. Ба ин кӯлҳо Лохур (ҷанубтари деҳаи Кӯктош), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (дар шаҳри Исфара) дохил мешаванд. Кӯлҳои старицагӣ (маҷроӣ) ё соҳилӣ дар водии дарёҳои Вахш, Панҷ, Сир вомехӯранд. Онҳо камоншакл буда, дар натиҷаи обхезиҳо пайдо шудаанд. Ин гуна кӯлҳо дар минтақаи «Бешаи палангон» низ бисёранд. Дар онҳо моҳӣ ва парандагони обӣ мавҷуданд.
Кӯли шӯри Оқсукон аз кӯлҳои шӯри ҷануби Тоҷикистон фарқ мекунад, дар фасли тобистон хушк шуда, дар тагаш намак ҳосил мешавад. Онро ҷамъ намуда, тавассути коркарди махсус ҳамчун намаки ошӣ ва лойқаи онро барои муолиҷаи беморон истифода мебаранд. Кӯл дар баландии 429 метр воқеъ аст, масоҳаташ 12 километри мураббаъ. Аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 километр тӯл кашида, паҳноиаш 0,5–2 километр, умқаш 0,5–0,7 метр аст.
Обанборҳо
Дар баробари кӯлҳо дар Тоҷикистон ба мақсади ба танзим даровардани оби дарёҳо, обёрӣ ва истеҳсоли қувваи барқ обанборҳо бунёд шудаанд. Бузургтарин обанборҳо дар дарёҳои Вахшу Сир сохта шудаанд. Обанборҳои Тоҷикистон – Баҳри Тоҷик (собиқ Қайроққум), Фарҳод, Каттасой, Бойғозӣ, Норак, Муъминобод, Селбӯр, Даҳанасой ва Сарбанд. Ҳаҷми умумии оби онҳо, ғайр аз обанбори Фарҳод, 46,4 километри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин обанборҳо Фарҳод, Баҳри Тоҷик, Норак, Сарбанд, Бойғозӣ хусусияти комплексӣ доранд. Ҳоло ба таври комплексӣ ва самарабахш истифода бурдани сарватҳои обии мамлакат дар мадди аввал қарор дорад, зеро онҳо дар як вақт талаботи якчанд соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, обёрӣ, хоҷагии манзил, саноат, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, нақлиётро қонеъ мегардонанд.
Вазифаи муҳимтарини обанборҳо ба танзим даровардани сарфи об (дар ҳолати пуробӣ ва камобии дарёҳо) мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин бор соли 1946 дар маҷрои дарёи Сир обанбори Фарҳод бунёд карда шуд. Масоҳати он 46 километри мураббаъ, паҳнояш 3 километр, дарозиаш 24 километр, умқаш 15 метр мебошад.
Обанбори Баҳри Тоҷик соли 1956 сохта шуд. Масоҳати он 520 километри мураббаъ, паҳнояш 20 километр, дарозиаш 55 километр, ҳаҷми умумии обаш 4,2 километри мукааб. Ин обанбор на фақат заминҳо ва шаҳру деҳаҳои атрофро бо об таъмин менамояд, ҳамчунин барои рушди моҳипарварӣ низ мусоид аст. Ҳоло бо қувваи барқи неругоҳи барқи обии Қайроққум дар ин ҷо якчанд насоси обкашӣ насб шудаанд. Канали худҷорӣ, ки аз обанбори Фарҳод об мегирад, дашти Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ)-ро обёрӣ мекунад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 79–85.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




