Помир
Помир сарзамини кӯҳсор буда, дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар ҳудуди ин ноҳияи табиию ҷуғрофиёӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст, ки тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистонро ишғол мекунад. Дар Помир силсилакӯҳҳо ва қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои калон ва маҳалҳои аз ҳама баланди мамлакат воқеъ гардидаанд. Помир ноҳияи калонтарини баландкӯҳ аст. Аз баҳру уқёнус дур будани он ба шароити табиӣ ва иқлими ноҳия таъсир мерасонад.
Релйефи ҳозираи Помир дар давраи кӯҳҳосилшавии алпӣ шакл гирифтааст. Қитъаҳое, ки аз ҷинсҳои кӯҳии сахти давраи палеозой ва мезозой таркиб ёфта буданд, бо таъсири ҳаракатҳои пуршиддати амудӣ ба баландиҳои гуногун бардошта шудаанд. Таҳшинҳо дар пастхамиҳои байникӯҳӣ, ки дар баҳрҳои собиқ ғун шудаанд, чин шуда, кӯҳҳои нав ҳосил кардаанд. Дар охири давраи кӯҳҳосилшавии алпӣ кӯҳҳои нав пайдо шуда, водиҳо аз сари нав бардошта шудаанд. Ин бардошташавӣ дар силсилакӯҳҳо ба ҳисоби миёна 4 100–4 200 метрро ташкил намуд. Дар як вақт хамии пешкӯҳи Помири Ғарбӣ ба фурӯравӣ дучор гардид. Водии Олой аз 2 000 то 3 000 метр бардошта шуд. Дар натиҷаи бардошташавӣ ва фурӯравии қишри замин канори ғарбии Помир ба фарсоиш (эрозия)-и босуръат дучор гардид. Дар натиҷа шаклҳои гуногуни релйефи эрозионӣ (водӣ ва дараҳои амиқ) ҳосил шуданд. Дар Помири Шарқӣ релйефи кӯҳии ҳарсангии сатҳаш ҳамвор ва водиҳои васеъ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои геологӣ сатҳи Помир намуди ҳозираро гирифт, ки қисмҳои алоҳидаи он аз якдигар бо табиати худ фарқ мекунанд. Вобаста ба ин омилҳои номбурда ҳудуди Помир ба қисми ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мешавад. Сарҳади он шартан аз мавзеи бо ярчи Усой (дарёи Мурғоб) пайваст шудани силсилакӯҳи Зулумарт, Яшилкӯл ва андароби дарёҳои Помиру Вахон мегузарад. Маркази шабакаи кӯҳии Помир силсилакӯҳи Академияи Фанҳо (дарозиаш 108 километр) ба шумор меравад. Қуллаи аз ҳама пасти ин силсилакӯҳ — Кашолаях (4 340 метр) баробари Монблан (баландтарин қуллаи Алп) аст. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (7 495 метр), ки дар ҳамин силсилакӯҳ воқеъ аст, қуллаи аз ҳама баланди Осиёи Марказӣ мебошад.
Помири Ғарбӣ
Помири Ғарбӣ сарзамини баландкӯҳ буда, сатҳи он аз силсилакӯҳҳои бузург ва водиҳои амиқи начандон васеи кӯҳӣ иборат аст. Қисми шимолу ғарбии онро силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз ва Ванҷ ишғол кардаанд. Дар шарқ ин силсилакӯҳҳо бо силсилакӯҳи Академияи Фанҳо пайваст мешаванд. Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо аз шимол (водии дарёи Муғсу), ба самти ҷануб (силсилакӯҳи Язгулом), ба таври меридионалӣ тӯл кашидааст. Ҷанубтар аз силсилакӯҳи Язгулом силсилакӯҳҳои Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара ва Вахон кашол ёфтаанд. Силсилакӯҳҳои Помири Ғарбӣ аз 5 500 то 7 495 метр (қуллаи Исмоили Сомонӣ) баландӣ доранд. Ҳамаи онҳо ғайр аз силсилакӯҳи Академияи Фанҳо ба таври меридионалӣ аз самти ҷанубу ғарбӣ тӯл кашидаанд, ки бештар тамоюли арзӣ доранд. Мувозӣ ба силсилакӯҳҳо водиҳо ва дарёҳои байникӯҳӣ тӯл кашидаанд. Аксари онҳо дар баландиҳои 2 000–3 000 метр воқеъ гардидаанд. Дар байни онҳо водиҳои Ванҷ, Ғунд, Шоҳдара, Язгулом нисбатан васеанд. Қисми аз ҳама фарохи онҳо дар поёноби дарёҳои Панҷ, Язгулом, Ғунд, Шоҳдара ба назар мерасад. Тавассути водии Ғунд роҳи автомобилгарди Ӯш — Хоруғ ва шоҳроҳи Қулма — Қароқурум мегузарад.
Дар ҳудуди Помири Ғарбӣ чашмаҳои обҳои маъданӣ фаровонанд. Бахусус, обҳои термалии (гарми) он ҳарорати баланд ва аҳамияти табобатӣ доранд. Яке аз чашмаҳои шифобахши ин мавзеъ — Гармчашма дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 4,5 километр ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Ҳамчунин обҳои чашмаҳои Башор, Биби Фотимаи Заҳро, Ҷелондӣ, Авч, Зунг ва Птупи Помири Ғарбӣ хусусияти табобатӣ доранд.
Иқлими Помири Ғарбӣ нисбат ба Помири Шарқӣ гармтар аст. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо +22 дараҷаи Селсий, январ −7–8 дараҷаи Селсий аст.
Дар силсилакӯҳҳо ҳаво сард (қаҳратун) аст. Ҳарорати миёнаи сол дар ин мавзеъҳо ба 0 дараҷаи Селсий мерасад, баъзан аз он ҳам пасттар мешавад. Бориш низ ба мисли ҳарорат дар ҳудуди ин мавзеъ фарқи калон дорад. Дар водиҳо аз 105 миллиметр (Ишкошим) то 263 миллиметр (Хоруғ) бориш мешавад. Дар силсилакӯҳҳо, бахусус дар нишебиҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ бориш нисбатан зиёдтар мешавад (аз 500 то 700 миллиметр). Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо, ки ба таври меридионалӣ тӯл кашидааст, ҳамчун девор анбӯҳи ҳавои намеро, ки аз қабатҳои баланди атмосфера ҳаракат менамояд, нигоҳ медорад. Аз ҳамин сабаб дар ин ҷо аз 800 то 1 190 миллиметр боришот мешавад. Бориши зиёд ва баландии маҳал дар силсилакӯҳи Академияи Фанҳо ва силсилакӯҳҳои ба он пайваст барои ҳосил гардидани барфу яхҳои доимӣ мусоидат мекунанд. Калонтарини онҳо пиряхи Федченко аст, ки аз 127 силсилапирях таркиб ёфта, дарозии он 77 километр аст. Ғайр аз ин пиряхҳои алоҳида дар силсилакӯҳҳои Язгулом, Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара ва ғайра воқеъ гардидаанд.
Пиряхҳо ва барфҳои доимӣ манбаи асосии ғизогирии дарёҳо ҳисоб мешаванд. Дарёҳои Помири Ғарбӣ ба ҳавзаи дарёи Аму дохил шуда, ҷараёни оби онҳо ниҳоят тез аст ва дорои захираи бузурги неруи барқ мебошанд. Бузургтарин дарёи Помири Ғарбӣ Панҷ аст, ки дар натиҷаи якҷошавии 5 рӯди бузург – Ванҷ, Язгулом, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара ба вуҷуд омадааст. Аз ҳудуди Помири Ғарбӣ ҳамчунин шохобҳои дарёҳои Вахш, Қизилсу ва Мурғоб ҷорӣ мешаванд.
Хок дар Помири Ғарбӣ вобаста ба сатҳи замин ва гуногунии иқлим ба тарзи вертикалӣ (амудӣ) паҳн гардидааст. Дар водии дарёи Панҷ ва шохобҳои он хокҳои тира, хокистарранг, қаҳваранг ва равшан дучор мешаванд. Дар минтақаи миёнакӯҳҳои сербориш хокҳои қаҳваранги муқаррарӣ, марғзорию даштӣ ва даштӣ-кӯҳӣ паҳн гардидаанд. Хокҳои минтақаи баландкӯҳи Помири Ғарбӣ биёбонӣ-даштӣ, даштӣ, марғзорию даштӣ мебошанд. Дар баъзе мавзеъҳо, дар байни хокҳои номбурда қитъа-қитъа хокҳои марғзорӣ, марғзорию ботлоқӣ ташаккул ёфтаанд.
Помири Ғарбӣ набототи ба худ хос дорад. Дар ин ҷо вобаста ба гуногунии шароити табиӣ, аз набототи эфемерӣ то буттаҳо ва дарахтони мухталиф паҳн шудаанд. Паҳншавии наботот хусусияти амудӣ дорад. То баландиҳои 3 200 метр дар зери водӣ, пастхамию доманакӯҳҳо эфемерҳо, явшон, шӯра ва саксавул дучор мешаванд. Аз ин болотар явшон ва қитъаҳои алоҳидаи типчоқ ва шибоғ бартарӣ пайдо мекунанд. Дар баландиҳои аз 3 800 то 4 300 метр дар баробари тағйир ёфтани миқдори гармӣ ва намӣ, мувофиқан набототи биёбонии субалпӣ паҳн гардидааст.
Дар қисми водии дарёҳо бештар дарахту буттаҳо вомехӯранд. Ин ҷо асосан бед, сафедор, тӯс, санҷид, зирк, дӯлона, хаданг ва анғат мерӯянд. Баъзан дар нишебии кӯҳҳо, ки водиҳоро иҳота кардаанд, ҷо-ҷо арчаҳои қадпаст дучор меоянд. Дар баъзе маҳалҳои водии Ванҷ, Шоҳдара ва Панҷ намудҳои дарахтони чормағз, нок ва себи худрӯй вомехӯранд. Аз намуди ҳайвонот дар силсилакӯҳҳои Помири Ғарбӣ хирс, хуки ёбоӣ, нахчир, шерпаланг, заргӯш, савсор, ҷайра ва ғайра паҳн шудаанд. Дар қисми минтақаи кӯҳҳои баланд гурги тибетӣ, суғури думдароз ва аз парандагон кабки ҳилол, мурғи ҳумо, саъба бештар ба назар мерасанд.
Помири Шарқӣ
Помири Шарқӣ аз суфакӯҳи васеъ иборат буда, кӯҳҳои он нисбатан ҳамвор мебошанд. Водиҳои Помири Шарқӣ (Мурғоб, Аличур ва ғайра) кушод буда, дар баландиҳои аз 3 400 то 4 300 метр ҷойгир шудаанд. Фурӯхамидаҳо ва водиҳо бо таҳшинҳои пиряхии давраи қадим пур шудаанд, ки ба релйефи Помири Шарқӣ хосият медиҳанд. Дар канори водиҳо ва фурӯхамидаҳо кӯҳҳо ва силсилакӯҳҳо қад афрохтаанд. Силсилакӯҳҳои Музкӯл, Вахон, Аличур аз ғарб ба шарқ тӯл кашида, силсилакӯҳи Сарикӯл қад-қади сарҳад бо Хитой мегузарад. Помири Шарқӣ баъди Тибет баландтарин кӯҳсори биёбонӣ ба шумор меравад. Баъзе аз ин силсилакӯҳҳо қуллаҳои тез ва нишебиҳои ростфуромада доранд. Силсилакӯҳи Музкӯл аз қабили онҳо буда, қуллаи баландтарини он 6 233 метр аст.
Иқлими Помири Шарқӣ ниҳоят сард ва қаҳратун аст, ки ба баланд будани маҳал ва дурӣ аз баҳру уқёнусҳо вобаста аст. Дар ин мавзеъ зимистони дарози камбарф, ҳарорати миёнаи манфии сол ва боду тӯфонҳои сахт ҳукмронанд. Ҳарорати миёнаи январ дар баландии 3 600 метр ба -18 дараҷаи Селсий баробар аст. Ҳарорати миёнаи сол ҳам дар силсилакӯҳҳо ва ҳам дар водиҳову пастхамиҳо манфӣ мебошад. Баъзе рӯзҳои зимистон сардии ҳаво аз -47 дараҷаи Селсий (Мурғоб) то -50 дараҷаи Селсий (Қароқӯл) мерасад. Ҳарорати миёнаи июл аз +13–14 дараҷаи Селсий баланд намешавад. Дар силсилакӯҳҳо ҳарорат тақрибан +3–5 дараҷаи Селсий мешавад. Бориш дар ҳудуди Помири Шарқӣ як хел нест. Дар водиҳои қисми ғарбии Помири Шарқӣ аз 100 то 150 миллиметр бориш мешавад, аммо дар қисми шарқии он аз ин ҳам камтар аст. Дар мавзеъҳои алоҳидаи он аз 70 миллиметр (Қароқӯл) то 86 миллиметр (Булункӯл) бориш мешавад, ки миқдори асосии он ба фасли тобистон рост меояд.
Зимистони Помири Шарқӣ камбориш аст. Бино бар ин, дар он ҷо нисбат ба Помири Ғарбӣ пиряхҳо камтар паҳн гардидаанд. Пиряхҳо асосан дар қисми ҷанубу ғарбии Помири Шарқӣ дар баландиҳои то 4 000 метр ва дар қисми шарқӣ дар баландиҳои 5 000–5 200 метр ҷойгиранд.
Сатҳи баланд, осори яхбандиҳои қадим ва иқлими сард сабаби паҳн гардидани яхбандии бисёрсола дар Помири Шарқӣ гардидааст. Агар яхбандии бисёрсола дар дигар минтақаҳои баландтарини Тоҷикистон ба шакли қитъа ва ё порча-порча дучор ояд, дар Помири Шарқӣ он майдони васеъро ишғол кардааст. Қабати ях дар умқи аз 1,5 то 5 метр ба чашм мерасад. Мавҷуд будани қабати ях дар баъзе маҳалҳо сабаби ҳосилшавии ботлоқ гардидааст. Помири Шарқиро аксар биёбони баландкӯҳ низ меноманд. Дар ин мавзеъ дарахт ба мушоҳида намерасад. Намудҳои асосии наботот буттаву нимбуттаҳо ва гиёҳҳои гуногун мебошанд. Дар водии дарёҳо ва хамию доманакӯҳҳо набототи субалпӣ (то 4 300 метр) вомехӯранд. Дар ин минтақа асосан нимбуттаҳои терескен, явшон, астрагал, пиёзи кӯҳӣ, шибоғ ва ғайра месабзанд. Аз ин болотар минтақаи алпӣ (то 4 800 метр) воқеъ гардидааст, ки ҷо-ҷо нимбуттаю буттаҳо ва марғзорҳои алпӣ паҳн гардидаанд.
Дар водиҳои Мурғоб, Оқсу ва Аличур, ки бо яхбандии доимӣ фаро гирифта шудаанд, хок сернам мешавад. Бино бар ин, дар ин маҳалҳо марғзорҳои ботлоқӣ бештар паҳн шудаанд, ки аз алафҳои хӯшадор, ғеша, явшон ва дигар гиёҳҳои намидӯст иборатанд.
Аз олами ҳайвонот дар Помири Шарқӣ архар (гӯсфанди Марко Поло), нахчир, суғур, савсор, шерпаланг, гург ва ғайра вомехӯранд. Аз парандагон бештар кабки ҳилол, саҷдаи тибетӣ, уқоб, зоғ, лошахӯр, сӯфитурғай, мурғобии сурх, ғози ҳиндӣ паҳн шудаанд.
Адабиёт
Сидоренко Г. Т. Растительность Кураминского хребта. Сталинабад, 1953; Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958; Станюкович К. В. Растительность гор СССР. Душанбе, 1973; Таджикистан: природа и природные ресурсы. Душанбе, 1982; Тоиров Э. З. и другие. Минерально-сырьевые ресурсы Памира. Душанбе, 1986; Вопросы географии. Том 134. Москва, 2012; Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон (барои мактабҳои олӣ). Душанбе, 2016.
Х. Муҳаббатов, М. Раҳимов, Р. Диловаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 124–127.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




