Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хокҳои шусташудаи биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ

Хокҳои шусташудаи биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ асосан дар Помири Ғарбӣ, болотар аз хокҳои дорчинии (сафедтоб) кӯҳӣ, дар баландии 3 000–4 500 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Барои чунин хокҳо қабатчаи гумусии (0–30 сантиметр) чимдори возеҳ намудор, ранги хокистарӣ-дорчинранг, қабати шусташудаи хоки карбонатдор ва санглохӣ хос аст. Мавзеъҳои паҳншавии ин хокҳо барои чарогоҳ истифода бурда мешаванд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.