Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хокҳои карбонатдори дорчинии равшани кӯҳӣ

Хокҳои карбонатдори дорчинии равшани кӯҳӣ асосан дар силсилакӯҳҳои Туркистон, Қурама ва Помири Ғарбӣ, дар баландии 1 800–2 700 (3 000) метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Ин хокҳо дар мавзеи арчазорҳои сирак ва рустаниҳои алафии явшону пудинаву силугиёҳӣ (типчоқӣ), дар минтақаҳои миқдори бориши солонаашон нисбатан кам (300–500 миллиметр), ҷойгиранд. Қабати муқаррарии хокҳои дорчинии равшани кӯҳӣ чунин хусусиятҳо дорад: қабатчаи гумусӣ 30–35 сантиметр ғафсӣ дошта, миқдори гумус 3,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Дар ин қабатча миқдори карбонатҳо кам аст (дар навъҳои суст шусташуда) ё онҳо то умқи 30–40 сантиметр шуста шудаанд. Дар таркиби хокҳои дорчинии равшани кӯҳӣ миқдори сангҳо хеле зиёд мебошад.

Хокҳои дорчинии равшани кӯҳии шусташуда

Хокҳои дорчинии равшани кӯҳии шусташуда болотар аз минтақаи хокҳои карбонатдори дорчинии равшан, дар баландиҳои аз 2 000 то 2 900 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Онҳо дар маҷмӯъ бо хокҳои кӯҳии арчазор дар силсилакӯҳҳои Қурама, Туркистон ва Зарафшон, ҳамчунин дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳи Пётри Якум ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помири Ғарбӣ ин намуди хок болотар аз хокҳои дорчинӣ (то баландии 3 000 метр) паҳн шудааст. Минтақаи хокҳои шусташудаи дорчинии равшан дар шимоли Тоҷикистон даштҳои марғию тархунию типчоқиро дар маҷмӯъ бо алафҳои ҳархела ва буттаҳои гуногун (бушол, загоза, хуч, ирғай) ва дарахтони алоҳида (арча, фарк, ғубайро) дар бар мегирад. Ҷинсҳои аслӣ барои ин намуди хок масолеҳи бодхӯрдашавии варақсангҳо, оҳаксангҳо ва хоросангҳо мебошанд. Гумуснокӣ дар онҳо нисбат ба хокҳои дорчинии равшани карбонатӣ хеле зиёд аст. Миқдори гумус дар қабатчаи болоӣ ба 8,0% мерасад. Хокҳо аз карбонатҳо комилан шуста шудаанд. Аз рӯи таркиби механикӣ ин хокҳо гилхокҳои миёнаю калондона мебошанд. Мавзеъҳои лалмии ин хокҳо ҳамчун киштзор, майдонҳои алафдаравӣ ва чарогоҳҳо ва мавзеъҳои обёришавандаи онҳо барои картошкапарварӣ, кишти тамоку ва боғдорӣ васеъ истифода мешаванд.

3. Минтақаи баландкӯҳ

Зиёда аз нисфи ҳудуди ҷумҳуриро баландиҳои аз 2 600 (2 900) то 4 000 (4 800) метр аз сатҳи баҳр ишғол кардаанд. Дар байни хокҳои минтақаи баландкӯҳ навъҳои зерини хок муайян карда шудаанд: марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ, марғзорӣ-даштии сиёҳранг, даштӣ, биёбонӣ-даштӣ, биёбонӣ-даштии шусташуда, биёбонӣ, маҷмааҳои марғзорӣ-баландкӯҳӣ, марғзорӣ-ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ, шӯрзаминҳои баландкӯҳӣ ва тақирмонанд.

Хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ

Хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ дар зери марғзорҳо бо рустаниҳои криофилӣ ва ксерофитӣ (кузиния, гули мино), дар баландиҳои 2 800–3 300 метр аз сатҳи баҳр ташаккул ёфтаанд. Онҳо дар мавзеъҳои чарогоҳҳои баландкӯҳи тобистонаи Тоҷикистони Марказӣ васеъ паҳн шудаанд. Қабатчаи гумусӣ ғафсии 25–30 сантиметр дошта, рангаш сурхи дорчинӣ (қаҳваранг) мешавад. Миқдори хоки пӯсида дар таркиби он 4,0–7,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо аз қабати хок пурра шуста шудаанд. Қабатчаҳои поинии хокҳои марғзорӣ ва даштии баландкӯҳӣ санглоху регдор мебошанд. Заминҳо бо чунин намуди хок ҳамчун чарогоҳи тобистона хеле васеъ истифода мешаванд.

Хокҳои тираранги марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ

Хокҳои тираранги марғзорӣ-даштии баландкӯҳӣ дар минтақаи хокҳои марғзорӣ-даштии баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ, дар баландиҳои 2 600–3 000 метр аз сатҳи баҳр аксар вақт дар мавзеъҳои релйефашон ҳамвор паҳн шудаанд. Миқдори гумус дар қабатчаи болоии ин хокҳо 6,0–12,0%-ро ташкил медиҳад. Дар қисми мобайнии қабати хок қабатчаи гумусӣ-иллювиалӣ мавҷуд аст, ки миқдори хоки пӯсидааш то 7%-ро ташкил медиҳад. Қисман ин хокҳо барои зироатҳои лалмӣ, аммо бештар ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода бурда мешаванд.

Хокҳои баландкӯҳӣ-даштӣ

Хокҳои баландкӯҳӣ-даштӣ дар шимоли Тоҷикистон дар баландиҳои аз 2 800 то 4 500 метр, дар Тоҷикистони Марказӣ дар баландиҳои 3 300–4 000 метр ва дар Помири Ғарбӣ дар баландиҳои 3 300–4 700 метр хеле паҳн шудаанд. Онҳо дар зери рӯйпӯши рустаниҳои типчоқӣ-чағазӣ пайдо шудаанд. Рӯи хок бо қабати чим пӯшида шудааст. Қабатчаи гумусӣ 30–40 сантиметр ғафсӣ ва ранги дорчинӣ дорад. Моддаҳои органикӣ дар таркибаш 3,0–11,0%-ро ташкил медиҳанд. Карбонатҳо дар умқи 50–100 сантиметр вомехӯранд. Ин намуди хокҳо аксар вақт хеле санглоханд ва ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода мешаванд.

Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ

Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ барои қисмҳои ғарбӣ ва ҷанубии Помири Шарқӣ дар баландиҳои 3 200–4 700 метр аз сатҳи баҳр хос мебошанд. Дар қисми марказии Помири Шарқӣ онҳо дар маҷмӯъ бо хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ вомехӯранд. Рӯйпӯши хок ин ҷо дар зери саҳроҳои камалафи даштҳои биёбонӣ ва рустаниҳои хордор ташаккул ёфтааст. Хокҳои биёбонӣ-даштии баландкӯҳӣ асосан хеле санглоханд. Миқдори гумус дар қабатчаҳои болоӣ 2,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо дар тамоми қабати хок мавҷуданд. Мавзеи паҳншавии ин хокҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешавад. Ин хокҳоро аксар вақт заминҳои баландкӯҳи зангзада низ меноманд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.