Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Боғи миллии Тоҷикистон

Боғи миллии Тоҷикистон ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон буда, бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.1992 ва бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиат дар масоҳати 1,2 миллион гектар таъсис ёфт. Дар Хоруғ, Сангвор ва Лахш идораҳои минтақаӣ дорад.

Боғи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, рушди сайёҳӣ, таъмини мувозинати собити гуногунии биологии табиат, афзун намудани миқдори камшудаи рустанию ҳайвоноти нодир, барқарор кардани системаҳои устувори экологӣ, экосистемаҳои хоси табиӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ (алпинизм), анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар бораи таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, мониторинги биологӣ, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми маскун дар ҳудуди он ташкил шудааст. Дар натиҷаи минтақабандӣ ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда» мутобиқи корҳои анҷомдодаи коршиносон, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, таҳқиқоти мутахассисони ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда (бо ширкати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва ғайра ба минтақаҳои зерин ҷудо карда шудааст: минтақаҳои мамнӯъ, истифодаи анъанавии табиат ва хоҷагии маҳдуд, минтақаҳои сайёҳӣ.

Минтақаи мамнӯи Боғи миллии Тоҷикистон чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки пиряхи Федченко – яке аз бузургтарин пиряхҳои олам (дарозиаш 77 километр, ғафсиаш 1 000 метр) ва манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ аз қабили онҳост. Қуллаҳои баландтарини ин силсилаи экологӣ барои таҳқиқоти илмӣ хеле ҷолибанд. Қарокӯл, ки дар баландии 3 914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо олами набототу ҳайвоноти ғанӣ ва шумораи зиёди эндемикҳо фарқ мекунад. Боғ нахустин ватани зироатҳои муҳим, аз ҷумла, «аҷдод»-и ёбоии зироатҳои имрӯзаи кишоварзӣ, навъҳои ёбоии ба шароити маҳал мутобиқгардида ва навъҳои селексияи мардумӣ мебошад. Дар Помири Ғарбӣ — минтақаи бадахшонии Боғи миллии Тоҷикистон намудҳои аз ҷиҳати ботаникӣ гуногуни гандуми нарми навъӣ ва гандуми мулоим (151 аз 273 намуди маълум), гандуми қадимию эндемикии «резапоя» ва ҳамчинсҳои ёбоии онҳо мерӯянд, ки дар миқёси олам назир надоранд. Қитъаи Сангвори боғи миллӣ аз ҷиҳати гуногунии дарахтони мевадори ёбоӣ ғанист. Мувофиқи маълумоти олимон, дар ин ҷо себи Сиверс, ноки тоҷикистонӣ, ноки бухорӣ, чормағзи юнонӣ, олучаи тоҷикистонӣ, олуи хонагӣ, олуи дарвозӣ, бодоми бухорӣ, бодоми Вавилов, дӯлонаи туркистонӣ, дӯлонаи ҳисорӣ, зирки сиёҳ мерӯянд.

Олами ҳайвоноти Боғи миллии Тоҷикистон

Дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон 58 намуди ҳайвоноти бемуҳра, 4 намуди моҳӣ, 21 намуди паранда, 24 намуди ширхорон ва 2 000 намуди рустанӣ (223 намудаш ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил аст) мавҷуданд.

Аз ҳайвоноти нодир архар, шерпаланг, гурги сурх, гурбаи ваҳшӣ, хирси малла, муфлон, суғур, силовсин ва харгӯш, аз парандаҳо кабки дарӣ, шоҳин, пашшахӯрак, ҳудҳуд, лошахӯр, мурғобӣ, гунҷишки кабуд, фохтак, заргулдор, сангдавак мавҷуданд.

Мувофиқи минтақабандӣ, масоҳатҳои ноҳияҳои зерин ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешаванд:

НоҳияМасоҳат, гектар
Рӯшон350 000
Шуғнон128 100
Ванҷ270 000
Мурғоб1 487 049
Сангвор306 615
Лахш69 912

Дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон баландтарин силсилакӯҳҳои минтақа – Пётри Якум, Академияи Фанҳо, Дарвоз ва Олой ҷойгиранд.

Қисми зиёди масоҳати боғро пастхамиҳо ва силсилакӯҳҳои нисбатан баланди ҷаҳон ташкил медиҳанд. Дар байни манзумаи кӯҳҳои минтақа силсилакӯҳҳои Ванҷ ва Язгулом мавқеи хос дошта, баландии қуллаҳои онҳо ба 5 000–6 000 метр мерасад. Сарҳади хатти барфии он дар баландии 4 700–5 000 метр ҷойгир аст.

Боғи миллии Тоҷикистон бузургтарин парки миллӣ дар минтақаи баландкӯҳи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин ҳудуди баландкӯҳ имкони муддати дурудароз ҳифз намудани намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот ва дигар ёдгориҳои нодири табиию таърихиро таъмин менамояд.

Дар баробари яхбандиҳои бузург, дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон диққати сайёҳонро ёдгориҳои таърихию маданӣ, ки дар қисми шоҳроҳи Абрешим ҷойгир шудаанд, ҷалб менамоянд. Яке аз ёдгориҳои беназири он шаҳраки коркарди маъдани Бозордара мебошад, ки ба асри 11 тааллуқ дорад. Ин шаҳрак дар баландии 4 200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар дохили он 80 хонаи иқоматӣ ва корвонсарой ёфт шуд. Дар Боғи миллии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ корҳои тарғиботию равшаннамоии экологӣ бурда мешаванд. Он чун озмоишгоҳи бузурги табиӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ беҳтарин манбаъ буда, дар он биологҳо, глятсиологҳо (яхшиносон), метеорологҳо (обуҳавосанҷон), гидрологҳо, геологҳо (заминшиносон), мутахассисони соҳаҳои дигар метавонанд дар самти омӯзиши мақсаднок ва босамари захираҳои табиӣ дар шароити яхбастагӣ ва хушкии аридии баландкӯҳ, таҳқиқи ҷараёни тағйироти силсилаҳои экологии табиӣ таҳти таъсири гармшавии умумии иқлими замин ва ғайра ба дастовардҳои илмии ҷолиб ноил гарданд.

16–27 июни 2013 дар Камбоҷа сессияи 37-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг барпо гардид, ки тибқи он, Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дохил карда шуд.

Боғи табиии Сариҳосор

Боғи табиии Сариҳосор моҳи майи соли 1959 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар асоси пешниҳоди олимони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис дода шуд. Соли 1978 Иттиҳодияи таҷрибавии умумииттифоқии парвариши чорвои калони шоҳдори гӯштии «Ховалинг» дар шароити кӯҳсор ташкил карда шуд.

Иттиҳодия на танҳо заминҳои чанд совхоз, балки заминҳои ду хоҷагии ҷангали «Ховалинг», «Сари Ҳосор» ва ҳудуди боғро низ дар бар гирифт.

Боғи мазкур бо мақсади таъмини нигоҳдории ҷангалҳои паҳнбарг ва мезофилии Тоҷикистони Марказӣ, фарки туркистонӣ, арчаи зарафшонӣ, арчаи туркистонӣ, ҳамчунин ҳифзи ҳайвоноти нодири кишвар – хирси маллаи тиёншонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, суғур, савсор, бургут, лошахӯри гардансафед, кабк, нории сурхи сиёҳтоб ташкил карда шудааст.

Боғи таърихӣ-табиии Ширкент

Боғи таърихӣ-табиии Ширкент 12 сентябри соли 1993 бо мақсади нигоҳ доштани генофонди олами набототу ҳайвонот, ҳамчунин нақши сумҷои динозавр ва ривоҷи сайёҳии экологӣ ташкил карда шудааст. Масоҳати умумиаш 3 000 гектар аст.

Боғ дар масофаи 70 километр ғарбтари шаҳри Душанбе, дар мавзеи зебоманзари дараи Ширкент ва ҳавзаи дарёи Ширкент, дар ҷануби силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Дар боғи мазкур тақрибан 150 намуди муҳрадорон (30 намудашон ширхор), зиёда аз 100 намуди парандаи лонагузор, 41 намуди парандаи муқимӣ, зиёда аз 55 намуди парандаҳои муҳоҷир (кӯчӣ) ва 8 намуди хазанда мавҷуд аст.

Ёдгориҳои табиати ғайризинда тақрибан 40 намуди нотакрорро дар бар мегиранд, ки ба ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансубанд.

Аз дарахтон каркас, бодом, заранг, дӯлона, хуч ва ғайра мавҷуд буда, намудҳои дарахтони паҳнбарг дар баландии 1 800–2 000 метр, арчазор дар баландии 2 000–3 000 метр аз давраи бӯр боқӣ мондаанд. Аз рустаниҳои доруворӣ – райҳон, чойкаҳак, пудина, шири харак, адрасмон дида мешавад. Дар баландии 2 800–3 000 метр марғзорҳои алпӣ беш аз 350 намуди рустаниҳои олиташаккулро фаро гирифтаанд, ки бештари онҳо хусусияти ғизоӣ ва шифоӣ доранд. Дар ин ҷо торон, югани ғизоӣ, лола ва дигар рустаниҳо вомехӯранд. Хусусияти нотакрори рустаниҳои боғи Ширкент он аст, ки дар баландии 3 000–4 000 метр дарахтони паҳнбарг бо сӯзанбарг мувофиқат мекунанд. Дар баландиҳо сӯзанбаргҳо яхлухт ва бе омезиш рӯидаанд. Аз ин ҷиҳат боғи Ширкент аз ҷангалзори Зарафшон ва силсилакӯҳҳои Туркистон фарқ мекунад.

Дар қуллаи силсилакӯҳи Мачитлӣ якчанд пиряхи хурду калон мавҷуд аст, ки роҳ ба сӯи онҳо аз дараи Ҳазорхона ба воситаи монеаҳои Ширкент, ки аз ҳарсангҳои сурхчатоби бузург иборатанд, меравад. Релйефи хеле аҷиби онро ҳарсангҳо ташкил медиҳанд, ки ба гумбад ва қуфл монандӣ доранд. Номҳои таърихии ин мавзеъ (дарёи «Сандал», сандалтахт, таҳкурсӣ, Бибишер, Мадраса Камар ва Мумиёкамар) аз гузашта шаҳодат медиҳанд. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 8 намуди экосистема, иборат аз дарахтони паҳнбарг ва арчазорҳо, мавҷуд аст. Олами набототи боғ ғанӣ буда, намудҳои гуногунро дар бар мегирад. Ҷангалзорҳои камдарахт, ки дар баландии 1 000–1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, аз ҳисоби дарахтони тут, бодом, фарк, дӯлона ва буттаҳо – хулул, гулхори кӯқандӣ ва ғайра сабз шудаанд. Ҷангалзорҳои паҳнбарг дар баландиҳои 1 800–2 600 метр аз сатҳи баҳр, арчазорҳо дар баландиҳои 2 000–3 000 метр ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ дарахтони муқимӣ (эндемикӣ)-и Осиёи Марказӣ – арчаи зарафшонӣ ва арчаи нимкурашакл фаровонанд. Аз рустаниҳои шифобахш чойкаҳак, кокутӣ ва дигар намудҳо вомехӯранд. Марғзорҳои субалпӣ дар баландиҳои 2 800–3 000 метр паҳн шуда, дар онҳо на камтар аз 350 намуди рустаниҳои олӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо аҳамияти шифобахш доранд. Аз ҷумла, торон, юган, ишим (вешим), лолаҳои гуногун ва ғайра. Марғзорҳои алпӣ дар баландиҳои 3 000–4 000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Хусусияти муҳими олами набототи минтақаи Ширкент дар он аст, ки қисми зиёди ҷангалзорҳои паҳнбарг якҷо бо дарахтони ҳамешасабзи арча вомехӯранд, дар қисми баландкӯҳҳо арчазорҳо дар танҳоӣ дучор мешаванд. Олами ҳайвоноти Ширкент хеле гуногун буда, зиёда аз 150 намуди онро муҳрадорон ташкил медиҳанд, 30 намуд ба гурӯҳи ҳайвоноти ширхор мансубанд. Олами парандагон низ гуногун буда, 55 навро дар бар мегирад, 40 намуди онҳо парандагони муқимӣ мебошанд.

Парваришгоҳҳои Тоҷикистон

Парваришгоҳҳои Тоҷикистон мавзеъҳои гуногунмасоҳати табиие мебошанд, ки дар онҳо намудҳои алоҳида, гурӯҳи ҳайвоноту наботот ва ё минтақаҳое, ки қобилияти нигоҳ доштани мувозинати экологиро доранд, ҳифз мешаванд. Парваришгоҳҳо як шакли хосси ҳифзи табиат мебошанд, ки нисбат ба барқарор ва ҳифзи як ё якчанд қисми компонент (қитъа)-и табиат вазифаи муҳими экологиро иҷро мекунанд.

Парваришгоҳҳои Тоҷикистон ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: комплексӣ, ботаникӣ ва зоологӣ. Дар миёни парваришгоҳҳо Музкӯл калонтарин буда, масоҳаташ 66,9 ҳазор гектар аст ва аз ҳама хурдтарин Зарафшон (2 300 гектар) ба ҳисоб меравад.

Парваришгоҳи набототии Алмосӣ

Парваришгоҳи набототии Алмосӣ соли 1984 ташкил шудааст. Бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва намудҳои нодири флораи Тоҷикистон, ба монанди унгернияи Виктор (ҷинси рустаниҳои якпалла), ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудаанд, ташкил карда шудааст.

Парваришгоҳ дар доманаҳои силсилакӯҳи Ҳисор, дар баландии то 2 000 метр аз сатҳи баҳр, дар миёни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 6,0 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Алмосӣ дар ҳудуди минтақаи биогеографияи Ҳисор воқеъ гардида, олами набототи онро бештар дарахтони арча, зилол, хуч ва ғайра ташкил медиҳанд. Ҳайвоноти парваришгоҳ аз харгӯш, рӯбоҳ, оҳуи сибирӣ, хирси малла, аз парандагон – кафтар (кабутар), кабк, акка иборат аст. Унгернияи Виктор эндемики Ҳисори Ғарбӣ буда, манбаи муҳим барои истеҳсоли алкалоиди галантамин ба ҳисоб меравад. Хосияти доруии ин гиёҳ боиси захира ва майдони он гардидааст. Дар гузашта пиёзаки решаи онро васеъ истифода мебурданд, ҳоло ба сабаби камшавии буттаи он, коркарди доруии барги он ба роҳ монда шудааст.

Парваришгоҳи Даштиҷум

Парваришгоҳи Даштиҷум соли 1972 ташкил шудааст. Дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, қад-қади соҳили рости дарёи Панҷ, аз ҷануб ба шимол ба масофаи 45 километр тӯл кашидааст. Баландиҳои мутлақи ҳудуди парваришгоҳ аз 700 метр то 3 000 метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Марзи шимолии парваришгоҳ ба дарёи Ҷоҷидара, ки парваришгоҳро аз хоҷагии ҷангали Даштиҷум ҷудо мекунад, мерасад. Марзи ҷанубии парваришгоҳ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дарёи Панҷ аст. Ҳудуди ҳифзшавандаи парваришгоҳ 30 ҳазор гектар ва масоҳати умумии он 80 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Даштиҷум бо масоҳати умумии 50,1 ҳазор гектар ва мамнуъгоҳҳои ҳамному ҳамсоя табиати ҳамгун доранд. Парваришгоҳ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳифзи популятсияи бузҳои пармашох (оҳуи морхӯр), ки саршуморашон кам шудааст, ҳамчунин барқарор намудани экосистемаҳои бешаи кӯҳсорҳоро ба уҳда дорад. Набототи Даштиҷум аз намунаҳои зиёди минтақавӣ, аз нимбиёбони пасткӯҳ то марғзорҳои сералаф, пистазор, арчазор ва дигар рустаниҳои дарахтию буттаӣ иборат аст. Дар парваришгоҳ 25 намуди рустании асосӣ (бодом, олуи дарвозӣ, ноки кайон, пиёзи кӯҳӣ, шулаш ва ғайра) мерӯянд. Аз олами ҳайвонот барои муҳофизат 15 намуд хос аст, ки 5 намуди онҳо (оҳуи морхӯр, шерпаланг, қаргас, кӯброи осиёимиёнаӣ) ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.

Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон солҳои охир морхӯрҳо ба истиснои силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ ва ба миқдори хеле кам дар силсилакӯҳи Кӯҳитанг комилан нест шудаанд. Бузҳои кӯҳӣ дар ҳудуди парваришгоҳ бештар дар шахҳои касногузар, қад-қади дарёи Панҷ ва дар шахҳои хеле нишеби касногузари Кушвористон нигоҳ дошта мешаванд. Убури дарёи Панҷ барои морхӯрҳо осон буда, муайян шудааст, ки бузҳои морхӯр тавассути дарё ба самти Афғонистон шино мекунанд ва бо ин роҳ барои паҳншавии ҳайвонот, ки дар кӯҳҳои давлати ҳамсоя мечаранд, имконият пайдо мешавад. Аз дигар намудҳои ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳ уриал, хук, бабри барфӣ, хирси тиёншонӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ макони зимистонгузаронии кабкҳо ба ҳисоб меравад.

Парваришгоҳи давлатии Зарафшон

Парваришгоҳи давлатии Зарафшон соли 1976 ташкил шудааст. Он ҳудуди махсуси парандапарварӣ буда, дар қисми ғарбии кишвар, дар туғайзори байни Сӯҷинаю Майкаттаи дарёи Зарафшон, дар ҳудуди сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ гардидааст. Парваришгоҳ бо мақсади ҳифзу афзудани ҳайвоноти нодир, популятсияи табиии нодиртарин зернамуди тазарв (мурғи даштӣ)-и зарафшонӣ ва холгул ташкил карда шудааст. Масоҳати парваришгоҳ 3,38 ҳазор гектар аст. Дар ҳудуди он намуди шарқии тазарв сукунат дорад, ки макони асосии он туғайзор аст. Соҳилҳои дарё бо буттаҳои ангат устувор шудаанд. Туғайзорҳо барои тазарв паноҳгоҳи хубанд. Аз рустаниҳо бештар ангат, бед ва газ паҳн шудааст.

Олами ҳайвоноти Парваришгоҳи давлатии Зарафшон аз харгӯш, сагобӣ, қашқалдоқ, шағол, рӯбоҳ, ҷайра, мушобӣ ва ғизоли бухороӣ (гавазни бухороӣ — намояндагони онро 32 сол қабл аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» оварда буданд) иборат аст.

Дар соҳилҳои Зарафшон ва суфаҳои дарёии баландтари он заминҳое мавҷуданд, ки барои кишоварзӣ, боғу токпарварӣ мувофиқанд. Дар ҳудуди парваришгоҳ яке аз популятсияҳои шарқитарини товуси зарафшонии мамлакат зиндагӣ мекунад, ки саршумори умумии онҳо аз 100 адад зиёд нест.

Дар ҳудуди парваришгоҳ дарёи Зарафшон ба якчанд маҷро ҷудо мешавад ва паҳнои он дар ин ҷойҳо то ба 2 километр мерасад. Теъдоде аз ҷазираҳо ва баъзе қитъаҳои соҳили дарё бо буттаҳои зичу касногузари ангат ва газ пӯшонида шудаанд. Товусҳо асосан дар ин экотопҳо (барқароркунандаҳои сабз)-и муқаррарӣ умр ба сар мебаранд ва ба мавҷудияти боғу токзорҳои атроф вобастагӣ доранд. Ба Парваришгоҳи давлатии Зарафшон пештар чанд сар оҳуи бухороӣ ва ё хангул оварда буданд. Чандин даҳсола қабл ин намуди ҳайвонот дар қамишзорҳои соҳили дарёи Зарафшон зиндагӣ мекарданд, вале баъдтар бар асари фаъолияти хоҷагидории инсон нест шуданд.

Парваришгоҳи Искандаркӯл

Парваришгоҳи Искандаркӯл соли 1956 ташкил шудааст. Масоҳаташ 30 ҳазор гектар аст. Парваришгоҳи Искандаркӯл минтақаи кӯҳии кӯли машҳур — Искандаркӯл, резишгоҳи дарёи Саратоғ ва нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Ҳисор то баландии 2 195 метрро дар бар мегирад.

Аз рустаниҳои буттаӣ фарк, арча, бирешимхома паҳн шудаанд. Дар ҷангалзори парваришгоҳ хирси малла, бузи кӯҳӣ, нахчир, шерпаланг, суғур, гӯсфанди кӯҳии қизилкумӣ (бо номи маъмули гӯсфанди Северсов), аз парандаҳо — парандаҳои мавсимӣ — мурғобии куланг, қассобак ва ғайра сукунат доранд. Ҳайвони аз ҳама нодири парваришгоҳ нахчир аст.

Искандаркӯл табиати нотакрор дошта, аз олами наботот дар он дарахту буттаҳои гуногун, рустаниҳои субалпӣ, алафҳои болиштмонанд, зағора ва дарахтони арча бештар паҳн шудаанд. Ландшафтҳои Искандаркӯл ба музофоти биоҷуғрофиёии Ҳисору Дарвози ҳудуди Осиёи Пеш мутааллиқ буда, онҳо дар баландиҳои 2 000–3 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Масоҳати умумии ҳавзаи обҷамкунанда тақрибан 760 километри мураббаъ мебошад.

Қад-қади хатти соҳили Искандаркӯл марғзорҳои дарахтони тӯси туркистонӣ ва навъҳои гуногуни сафедор реликтҳо (боқимондаҳо)-и замони яхбандӣ паҳн гардида, сафедор ва бедзор қомат афрохтаанд. Лаб-лаби дарёи Саратоғ пайроҳаҳои асосии сайёҳӣ мегузаранд. Ин пайроҳаҳо ба кӯҳҳои зебоманзари Фон ва ағбаи сеҳазорметраи Мӯрии дараи Қаратоғ мебаранд.

Маҷмӯи экосистемаи ҳудуди Искандаркӯл гуногун аст: дарахтбуттаҳо дар баландии 2 000–2 500 метр, явшонарчаҳо то 2 700 метр, алафхори субалпӣ 2 400–3 500 метр, дар нишебаҳои сангзори кӯҳ загосаи табобатӣ мерӯяд. Олами ҳайвоноти атрофи Искандаркӯл низ гуногун аст.

Парваришгоҳи зоологии Камароб

Парваришгоҳи зоологии Камароб охири солҳои 60 асри 20 бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани намудҳои нодири олами набототу ҳайвонот ташкил шудааст. Парваришгоҳ ба минтақаи муайяни ҷуғрофиёии Ҳисору Дарвоз дохил буда, дар силсилакӯҳи Қаротегин, дар соҳили чапи дарёи Камароб ва мавзеи омезиши он бо дарёи Сорбоғ ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 9 000 гектар аст. Дар парваришгоҳ ҳифзи меъёри чарогоҳҳои экосистема ва пешгирӣ намудани шикори бемаврид назорат мешавад. Аз наботот рустаниҳои буттаю эфемерӣ ба мисли зирк, хуч, эремурус ва дарахтони олуча, чормағз, арча, бодом, зилол, аз ҳайвонот – хирс, силовсин, гӯсфанди ёбоӣ, оҳуи сибирӣ, сагобӣ, гург ва аз моҳиҳо гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ мавҷуданд.

Парваришгоҳи зоологии Камароб дар миқёси мавзеъҳои кӯҳистон аз беҳтарин экосистемаҳо ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи шикори бемаврид ва ғайриқонунӣ саршумори гулмоҳӣ ниҳоят кам шудааст.

Парваришгоҳи зоологии Қаротов

Парваришгоҳи зоологии Қаротов соли 1972 бо мақсади ҳифзи экосистемаи рустаниҳои кӯтоҳумр ва комплексҳои табиии пистаи ҷангалҳои пароканда, ҳамчунин намудҳои ҳайвоноти ваҳшии ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда, аз ҷумла, кафтори рах-рах, паланги осиёӣ, ғизол, оҳуи кӯҳии бухороӣ ва ё оҳуи тоҷикӣ, уриал дар қуллаи Қаротови Панҷ ташкил карда шудааст. Масоҳаташ 14,4 ҳазор гектар аст. Рустаниҳои парваришгоҳ аз ҷангали камдарахти пистазор, бодом, буттаҳои газ, арғувони кӯҳӣ иборатанд. Ҳамчунин, марғзори парваришгоҳ аз камол, так-так, таҳаҷ пур аст. Дар қисми ҷануб, дар баландиҳои 800–1 000 метр наъно ва ғеша мерӯянд. Дар баробари пистаю дарахтони бодом, ҳамчунин дӯлона ва дар сатҳи болоии кӯҳсор камол, ҷавдори ёбоӣ ва ғайра вомехӯранд.

Олами ҳайвоноти парваришгоҳ гуногунранг буда, аз хазандагон (сусмор, тирмор, гурза), ҷуфтсумҳо (оҳуи ваҳшӣ, оҳуи даштӣ), парандаҳо (кабки муқаррарӣ ва дарӣ, туғчӣ, кафтари ваҳшӣ, шоҳин, қаргас, боша, уқоби морхӯр ва дигар лошахӯрҳо), ҳамчунин харгӯш, ҷайра, рӯбоҳ, гург ва савсор иборат аст.

Дар Парваришгоҳи зоологии Қаротов аз наботот бештар писта вомехӯрад, дар ин ҷо ғалладонаҳои ёбоӣ муддати тӯлонӣ сабз боқӣ мемонанд. Аз намудҳои нодири хазандагон дар парваришгоҳ сусмори хокистарранг, гургдандони амудитасма умр ба сар мебаранд. Аз морҳои заҳрдор бештар гурза вомехӯрад. Дар шохи дарахтҳои писта уқобҳои морхӯри туркистонӣ лона мегузоранд, дар дарахтони бешумор бештар калхот ва бошаро дидан мумкин аст. Саршумори сумпойёни ваҳшӣ ҳоло на он қадар зиёд аст: гӯсфандони кӯҳӣ (уриалҳо) – то 200, ҷайраи онҳо – камтар аз 100 саранд. Сабаби асосии камшавии саршумор шикори бемаврид, чаронидани чорвои хонагӣ, асосан гӯсфандон ва галаи аспҳо мебошад.

Силсилакӯҳи Қаротови Панҷ яке аз чарогоҳҳои асосии зимистонаи гӯсфандпарварӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳатто пас аз парваришгоҳ эълон шудани ҳудуди мазкур, чаронидани чорвои хонагӣ ба ягон низом надаромада, боиси расонидани таъсироти манфӣ ба захираҳои табиӣ, ба монанди буридани пистаҳо ва кам шудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ гардид. Табиат ва олами ҳайвоноти Парваришгоҳи зоологии Қаротов аз ҷиҳати илмӣ ҳамчун озмоишгоҳи раванди таҳаввулӣ (эволютсионӣ) дар зери таъсири шадиди омилҳои антропогенӣ эътибори хосса доранд.

Парваришгоҳи набототии Кӯҳи Сабз

Парваришгоҳи набототии Кӯҳи Сабз дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон, дар мавзеи ағбаи Шаҳристон ҷойгир буда, соли 1959 таъсис ёфтааст. Баландии парваришгоҳ 2 700–3 000 метр аст. Масоҳати он 19,8 ҳазор гектар аст. Вазифаи парваришгоҳ муҳофизат ва эҳёи арчазорҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир мебошад.

Олами ҳайвоноти Кӯҳи Сабз нисбатан ғанӣ буда, дар арчазорони он саршумори зиёди харгӯш, хирс, хук, буз, силовсин ва гӯсфанди кӯҳӣ, мурғи ҳилол ва кабк вомехӯранд. Дар заминаи парваришгоҳ ба масоҳати 60 гектар бунёди Боғи миллии табиии Бешаи Арча пешбинӣ шудааст. Майдони арчазор аксар қисми шимолии кӯҳсорро ишғол намуда, дар байни онҳо арчаҳои зарафшонӣ ва туркистонӣ бартарӣ доранд.

Парваришгоҳи Макони суғур

Парваришгоҳи Макони суғур (собиқ Оқтош) соли 1977 дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд ташкил шудааст. Парваришгоҳ дар баландии 1 500–3 000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, масоҳаташ тақрибан 15 ҳазор гектар.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 133–137.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.