Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Олами наботот

Олами набототи Тоҷикистон ҳудуди 4 400 намуди рустании олиташаккулро дар бар мегирад. Гуногунии рустаниҳо натиҷаи таҳаввулоти бардавоми мутобиқат ё трансформатсияи намудҳои наботот ба шароити мухталифи табиат мебошад. Ин ҳолат бештар хосси кишварҳои орографияашон мураккаб ва релйефашон иборат аз ҳамворию кӯҳҳои сарбафалак (300–7 500 метр аз сатҳи баҳр) аст.

Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон аст, дар ин ҷо қонунҳои минтақабандии амудӣ амал мекунанд. Яъне дар ин сарзамин дар масоҳати ниҳоят хурд ҳама минтақаҳои табиии қисми берунитропикии Нимкураи шимолӣ такрор меёбанд; масалан, дар ҳамвориҳо — биёбонҳои тафсон, дар пасткӯҳҳо — рустаниҳои хоклес (эфемерӣ), болотар аз он — буттазорҳои ксерофитию бешазорҳои камдарахт, сипас ҷангалҳои паҳнбарги мезофилӣ, аз он боло — арчазорҳои ҳамроҳ бо тӯсзору алафзорҳои гуногун бо марғзорҳо, аз он болотар — марғзорҳои алпӣ ва биёбонҳои криофилӣ, дар сарҳади болотарин — биёбонҳои сард бо унсурҳои даштҳои биёбонгаштаи криофилӣ ва болиштакҳо.

Дар бораи олами набототи ҷумҳурӣ тасаввуроти комил ва дурустро он гоҳ метавон ҳосил кард, ки агар он аз рӯи ноҳияҳои ҷудогонаи ботаникию ҷуғрофӣ ва типи рустаниҳо омӯхта шавад. Ноҳиябандии флоравии нисбатан мувофиқ ва дурусти набототи Тоҷикистон — ноҳиябандии Н. Ф. Гончаров (1937) аст. Аз таснифоти типологӣ — таснифоти П. Н. Овчинников (1948) бартарӣ дорад.

Дарахтон

Дендрофлораи Тоҷикистон намудҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 240 намуди дарахту бутта мерӯяд, ки ба гурӯҳҳои гуногуни экологӣ мансубанд. Ҳар намуд вобаста ба экология ва хусусияти биологии худ ба шароити хоку иқлим, баландиҳои гуногун, экспозитсияи нишебиҳо ва хусусиятҳои гидротермӣ мутобиқ мешавад.

Дар олами дарахтон 8 навъу форматсияи минтақаиро ҷудо мекунанд (дар таснифи П. Н. Овчинников баъзе навъҳо бо номҳои дигар қайд карда шудаанд).

Бешазори паҳнбарг

Бешазори паҳнбарг ба форматсияи намудҳои мезофилии гармидӯсти паҳнбарги хазонрез мансуб мебошад. Беша ва бешаҳои камдарахт доимо ба ҳамдигар махлут буда, дар байни онҳо дарахтони чормағзу фарк зиёдтар ба назар мерасанд. Ҳамроҳ бо намудҳои мазкур ба миқдори гуногун дарахтони дигар, масалан, себи худрӯй, дӯлонасурхак, дӯлонаи хирсак, махлаб, ғубайро, олуча, ангурак, мушол, гулхор, хулул, хуч, марминҷон, ирғай, ток, садабодом, тилох низ мерӯянд. Чинорзорҳо, маъмулан, дар дарёбоди дарёву дарёчаҳо ё мавзеъҳои оби зеризаминиашон наздик, аҳёнан якҷо бо ҳамин гуна ҷой гирифтаанд.

Маҳалли чунин бешазорҳо миёнакӯҳҳо (баландиҳои 1 900–2 000 метр аз сатҳи баҳр)-и Тоҷикистони Марказӣ, бештар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Ҳазрати Шоҳ ва Пётри Якум мебошанд, ки боришоти миёнаи солона 800–1 300 миллиметрро ташкил медиҳад.

Алафзори бешаҳои паҳнбарг ғафс буда, бештар аз рустаниҳои марғзорҳои мезофилӣ, масалан, шанбалид, пойибузак, соқакӯтоҳ, нарма, нармаи ҷангалӣ, себаргаи сурх, сабадчагул, сич, ширеши Эчисон, ҳардума, хардумкаҳ, ғозипиёз, чаманлола, даҳзабон, торон, шилха ва ғайра иборат аст.

Масоҳати умумии бешаҳои паҳнбарг зиёда аз 50 ҳазор гектар аст. Онҳо барои пешгирии бодлесӣ ва нигоҳ доштани об муҳиманд. Аз чунин бешаҳо чормағз ва меваҳои дигар, аз қабили себ, олуча, настаран (хуч) ва ғайра мегиранд.

Бешаҳои резабарг

Ба ин типи наботот форматсияҳои микротермӣ (сармобардор ва сармодӯст) ва дарахту буттаҳои ҳигрофилӣ ва мезофилӣ дохил мешаванд. Намояндаи нисбатан хосси ин тип тӯси тиёншонӣ аст, ки дарахтзорҳои зичиашон зиёда аз 0,6–0,8-ро ба вуҷуд меорад. Он дар ҷумҳурӣ (ва дар тамоми Осиёи Марказӣ) ягона тӯси полиморфӣ аст, ки олимони систематик ба зиёда аз 30 намуди мустақил ҷудо кардаанд; 13 намуди он ба китоби «Флораи РСС Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Тӯсзорҳо дар баландиҳои 1 800–4 500 метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд.

Ба тӯсзорҳо бисёр вақт ғубайрои тиёншонӣ, арча, дӯлонаҳои олтой, дарвозӣ, Фишер ва ҳисорӣ, зирк, ангат, мушоли Алберт, хучи Биггер, пашмакқот, юлгун ва рустаниҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. Аз форматсияҳои дигар ба бешазори резабарг ҷамоаи ар-ари помирӣ, рими талассӣ, ҳамроҳ бо баъзе буттаҳои дар боло зикршуда дохил мешаванд.

Бешазори дарёбод ё тӯғайҳо

Ин тип (намуд) хосси ҷангалҳои қисми ҳамвори минтақаи биёбонҳои тафсони гунаи осиёимарказӣ мебошад, ки дар дарёбоди Вахш ва Кофарниҳону Сирдарё паҳн шуданд. Бешазорҳои тоқа аз сафедори туранга, санҷид, газ ва дарахтони дигар иборатанд. Онҳо дарахту буттаҳои гармидӯст, намидӯст ва намакдӯст (ҳалофилӣ) мебошанд. Майдони калонтарини рустаниҳои дарёбод дар тамоми Осиёи Марказӣ – бешазори дарёбоди поёноби дарёи Вахш мебошад, ки дар он ҷо мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» (масоҳаташ беш аз 52 000 гектар) ҷой гирифтааст.

Шиблиак ё бешаҳои камдарахти ксерофилӣ

Ба ин тип форматсияҳои челон, писта, татум, гулафшон, анҷир, анор, бодоми бухорӣ, тут, ҳирсакмуруд, хори чорсар, дарахти Иброҳим, пашмакзаранг, шинг ва зарддӯлона, яъне дарахтони начандон калони бутташакл мансубанд. Аз рӯи экология онҳо рустаниҳои гармидӯсту ба беобӣ тобовар буда, дар мавсими гармо баргашон хазон мешавад. Бештар пистазорҳои тоқа дучор меоянд, ки масоҳаташон наздики 8 000 гектар мебошад. Дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон (силсилакӯҳҳои Боботоғ, Таюнтов, Оқтов, Қаратов, Тереклитов, Сарсарак) мавқеи асосиро шиблиак ишғол намудааст. Он қисман дар Ҳисору Дарвоз, Курама ва Зарафшон низ дучор меояд. Баландии нисбатан мусоиди рушдгоҳи он аз сатҳи баҳр 700–1 500 метр мебошад. Бо чакалакҳо ё дарахтони алоҳида метавон дар баландии аз 500 метр то 1 700 метр дучор омад.

Форматсияи буттачаҳои ксерофилӣ

Намуди буттаҳои хурд, ки ҷудогона ё ҳамроҳ мерӯянд, бештар дар ҳудуди шиблиак ва арчазорҳои термофилӣ паҳн гаштанд. Ғевучи мурудбарг, ғевучи хордор, зирк, сада, яҳманак, ширхушккунак, ғомрук, бодомча, хома, бирешимхома, шинг, шӯтурпай, хотунаки дарвозӣ, ирғай, хуч ва ғайра буттазорҳои нисбатан зич ба вуҷуд меоранд.

Ҷангалҳои дарахтони регбум

Ҷангалҳои дарахтони регбум (псаммофит) форматсияи дарахтони хушкитобовари гармию регдӯст мебошанд. Намудҳои асосии онҳо саксавули сафед, ушнон ва намудҳои гуногуни ҷузғунро дар бар мегиранд, ки бутта ва дарахтони хурд буда, ҳеҷ гоҳ наздик намерӯянд. Маҳалли рушди онҳо майдончаҳои маҳдуд дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва соҳилҳои Сирдарё аст.

Арчазорҳо

Арчазорҳо аз се намуди бурс иборатанд: хорбурс (бурси туркистонӣ), сарварча, маҳинбурс. Гоҳо бо намуди дигар — паттаарча — низ метавон дучор омад, ки дар ҷойҳои баланд мисли буттазорҳои хурд ба назар мерасад. Се намуди зикршудаи бурс ё арча, бисёр вақт ҷамоаҳоеро ташкил медиҳанд, ки ба бешазори ҳақиқӣ монанданд. Онҳо дарахтони ҳамешасабз, ба хушкӣ тобовар ва гармидӯсту сардидӯст буда, зиёда аз 20 метр қад мекашанд, то 1 000 сол умр мебинанд. Масоҳати умумии чунин бешаҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 000 гектар аст.

Маҳинбурси гармидӯст намуди бештар паҳншуда буда, дар баландиҳои 1 000–2 700 метр ба назар мерасад. Майдонҳои асосии алоҳида ва омехтаи он бо сарварча дар силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҷойгиранд. Бешазори бурсҳои сардидӯст (сарварча ва маҳинбурс) дар сарҳади болоии набототи ҷангал, дар баландии 1 800–3 400 метр ва майдонҳои калони онҳо дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Туркистон қарор доранд. Ҳамаи намудҳои арча ниҳоят суст месабзанд ва дар 30–40 сол ҳамагӣ 2–2,5 метр қад мекашанд. Онҳо баъди буридан дигарбора намесабзанд, аз тухм неш заданашон низ ғайримумкин аст.

Набототи нимбутта, бутта ва гиёҳҳои дурушт

Ин намудҳои наботот дар ҳамвориҳои паст, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо, ки маҷмӯи бориши солона ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 100–200 миллиметр каму зиёд мешавад, дучор меоянд; боришот номуътадил буда, дар баландии 4 000 метр, яъне дар Булункӯл, Қарокӯл ва Мурғоб (Помири Шарқӣ) мутаносибан 86, 72, 73 миллиметр аст.

Биёбонҳо

Дар биёбонҳо нимбуттачаҳои ба хушкӣ тобовар, гармидӯст (дар пастиҳо) ва сармобардор (дар Помири Шарқӣ) бартарӣ доранд. Нимбуттаҳои сармобардор дар шароити хушкии табиӣ ва физиологӣ рушд мекунанд. Дар биёбонҳои навоҳии назди Сирдарё, Курама, Туркистон, Зарафшон, ҷануби Тоҷикистон ва қисман Бадахшон (Помири Ғарбӣ) рушди бештарин (нашви сартосарӣ) ба мавсими тобистону баҳор рост меояд. Намудҳои асосии наботот явшон, терескен, шӯргиёҳ, руморан мебошанд.

Сисанбарҳо

Ҷамоаи асосан нимбуттаҳои гармидӯст, ба хушкӣ тобовар ва гиёҳҳои бисёрсолаи дуруштбарги ситабр. Чунин буттазорҳо хосси доманаҳои силсилакӯҳҳои Туркистон дар баландиҳои 1 400–1 600 метр мебошанд.

Умуман, сисанбарҳо номуттасил паҳн гаштаанд. Онҳо хосси доманакӯҳ ва миёнакӯҳҳои Курама, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз буда, ба шароити дарёбодҳои серсангу шагали рӯдҳои кӯҳӣ ва нишебиҳои санглох бештар мутобиқ шудаанд.

Сӯзанкахҳо ё хоргиёҳҳо

Ҷамоаи рустаниҳои нимбуттача ва буттачаи хушкитобовар ва сармобардор. Ба онҳо бештар гиёҳҳои дурушт ҳамроҳ мешаванд. Бисёр рустаниҳо шакли болиштакҳоро доранд, масалан, хоргиёҳҳо, шутурхоракҳо, гаванҳои хордор ва ғайра. Аз хоргиёҳҳо нисбатан бештар чанд намуди каллахоракҳо дучор меоянд. Онҳо бештар дар Помири Шарқӣ, Тоҷикистони Шарқӣ ва Ҳисору Дарвоз паҳн гаштаанд.

Алафзор

Вобаста ба баландии мутлақ ва намнокии низоми он, ҳамчунин хусусияти субстрат, таркиб ва сохтори алафзор тағйир меёбад. Онҳо мисли дарахтзорон басо гуногуншакланд.

Нимсаваннаҳо

Ба ин гурӯҳ форматсияҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо рустаниҳои намидӯст (мезофилӣ) ва гармидӯсти як- ва бисёрсолаи давраи нашвашон ниҳоят кӯтоҳи мутобиқ ба фасли намноки сол (эфемерҳо ва эфемероидҳо) бартарӣ доранд. Онҳо ба чаҳор гурӯҳ ё зертип ҷудо мешаванд, ки се гурӯҳи он баррасӣ мешаванд.

Нимсаваннаҳои гиёҳҳои қадпаст

Дар ин ҷо гиёҳҳои яксолаи кӯтоҳпояи давраи нашъунамояшон кӯтоҳ (эфемерҳо) ва ҳамтоёни бисёрсолаи онҳо (эфемероидҳо) — ҷорӯбак, илох, ришқа, анизанта, буасёра, тасмашӯк, бузгандум, арзанак, ғозипиёз, сератотсефал, лолаарӯсак ва ғайра бартарӣ доранд.

Нимсаваннаи рустаниҳои хӯшакалон

Ҷамоаи мазкур бо сершумории гиёҳҳои хӯшакалони эфемери тафовут дорад. Барои чунин мавзеъҳо хардумкаҳ, тактак, нармаи бохтарӣ ва хазанда, думи рӯбоҳ, гандумак, шолияки паҳнбарг ва ғайра хос аст.

Нимсаваннаи рустаниҳои баландпоя

Ин гурӯҳ чатргулҳо, мураккабгулҳо ва тугмачагулҳоро дар бар мегирад. Намояндагони хосси онҳо югани ғизои чорво ва ҳисорӣ, шибитак, ров, рошак, марҷонгулаки зарафшонӣ, чоқла, буймодарон, дармана, гандапӯш, шибоғ, каллахорак, хоралаф, латтахорак, гули хайрӣ, ғармаша ва ғайра мебошанд.

Даштҳо

Даштҳо ҳамчун типи наботот дар фитосенози гиёҳҳои бисёрсолаи сармобардор ва хушкитобовар бартарӣ доранд. Гоҳо ба онҳо баъзе буттаву буттачаҳо низ ҳамроҳ мешаванд, ки муҳити рушдашон монанд аст. Бештар дар ноҳияҳои Туркистон, Зарафшон, Тоҷикистони Шарқӣ паҳн гашта, ҳамроҳ бо арчазорҳо, марғзорҳои баландкӯҳ ва хоргиёҳҳо дучор меоянд; дар минтақаҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир низ вомехӯранд. Дар даштҳои марғзорӣ алафҳои гуногун бештар буда, дар байни онҳо явшон, тахач, сӯзокгиёҳ, гурбагиёҳ, марзангӯш, нахӯдгулакҳо, каллахорак ва ғайра ҷойгоҳи хос доранд. Ҳамчунин табалғу, баъзе намудҳои хуч, мушол ва буттаҳои дигар вомехӯранд.

Заминҳои нообод

Заминҳои нообод форматсияи алафҳо ва болиштакҳои бисёрсолаи сармобардор мебошанд, ки дар баландиҳои зиёда аз 3 800 метр паҳн гаштаанд. Масоҳати начандон калони байни харсангҳо, регҳо ва баромадгоҳи қишри маншаро ишғол кардаанд. Ғолибан (махсусан дар сарҳади поёнӣ) бонавбат бо даштҳои марғзоргаштаи баландкӯҳҳо ва сазоботлоқҳо ҷойгир мешаванд.

Марғзорҳо

Марғзорҳо — форматсияи алафҳои бисёрсолаи сардию намидӯст мебошанд. Марғзорҳои ҷудогона бештар дар минтақаи субалпии баландиаш зиёда аз 2 500 (2 800) метр, дар мавзеъҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз, Курама, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ба назар мерасанд. Дар ҷамоаҳо, маъмулан, ҳардума, думирӯбоҳи зарафшонӣ, хардумкаҳ, алафи бӯрё, айтирқияқ, кобрезияи мӯймонанд, борикмева ва форсӣ, торон, сабадчагули алпӣ, зарбати зарафшонӣ, мунч, навъҳои илох, ғозипиёз, баҳоргулак, шахгулак ва рустаниҳои дигар вомехӯранд.

Сазоботлоқ

Гурӯҳи алафҳои бисёрсолаи гигрофил (намдӯст)-у микротермӣ, ки дар заминҳои ботлоқгаштаву торфшуда мерӯянд, масалан, илох, селини ботлоқӣ, марями кӯҳӣ, торон, думи рӯбоҳи ҳимолой ва нӯгтез, арзанаки ашӣ, шолияк, дишамбии ачамӣ, нармаи ашӣ ва хазанда, созӯи хурд ва ғайра. Сазоботлоқ хосси баландкӯҳҳо (беш аз 2 800 метр)-и ноҳияҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Шарқӣ мебошад.

Ғайр аз типҳои зикршудаи наботот намудҳои махсус мавҷуданд, ки петрофит ном дошта, танҳо дар рӯйи харсангҳо мерӯянд ва теъдодашон хеле зиёд аст. Гурӯҳе аз онҳо ҳазмофитҳои ҳатмӣ буда, берун аз чунин экотоп ба назар намерасанд, масалан, илохҳо, мумгиёҳ, гурбагиёҳи хӯқандӣ, родиола, пӯпакгул, момогулакҳо, кулоҳгули ҳисорӣ, маҳмалӣ ва ғайра. Намудҳои дигар факультативӣ буда, дар шахҳо паноҳ меёбанд. Онҳо рустаниҳоеанд, ки дар заминҳои камхок тавони рақобат бо дигар набототро надоранд. Бисёр вақт дар таркиши харсангҳо арча, олучаи кӯҳӣ, кавар, шутурхор, чамилак, бузлоч ва ғайра низ сарпаноҳ меёбанд.

Типҳои асосии минтақаҳои наботот

Муҳити сукунати Тоҷикистон ниҳоят мураккаб аст. Муҳит ҳар қадар мураккабтар бошад, олами набототи он ҳамон қадар гуногун мешавад. Гуногунии шаклҳои ҳаёт сабаби мураккабии набототе мегардад, ки тобеи қонуни минтақабандии амудӣ мебошанд. Даштҳои силсилакӯҳҳои Туркистон ва Пётри Якум олами набототи Тоҷикистонро тавассути силсилакӯҳҳои Тян-Шон бо даштҳои Авруосиё ва тавассути пистазорҳо, арчазорҳои гармидӯст ва бешаҳои камдарахти ксерофитӣ бо вилояти Баҳримиёназамини Шарқӣ наздик месозанд. Флораи арчазорҳои микрофилӣ ва набототи Помири Шарқӣ бо олами набототи кӯҳҳои Осиёи Марказӣ умумиятҳои зиёд дорад. Ин ҳама далели аз нигоҳи генетикӣ гуногун будани флора ва рустаниҳои Тоҷикистон аст. Ин ҳолат сабаб шуд, ки Н. Ф. Гончаров (1937) дар Тоҷикистон 5 типи асосии минтақабандиро ҷудо созад:

Минтақабандии Зарафшону Туркистон

Минтақабандии Зарафшону Туркистон, силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Ҳисорро дар бар мегирад, ки ба чунин минтақаҳо ҷудо мешаванд:

  1. Минтақаи биёбонҳои явшон ва киштакурай дар баландии 320–600 метр.

  2. Минтақаи биёбонгашта (дармана)-и алафҳои паст ва нимсаваннаҳои эфимерӣ ё биёбонҳои эфимерӣ-дарманай; 500–1 100 метр.

  3. Минтақаи нимсаваннаҳои алафҳои баландпоя бо қитъаҳои шиблиак ва сисанбарҳо (бештар аз аврукзор); 1 400–1 800 метр.

  4. Минтақаи арчаҳои гармидӯст бо қитъаҳои бешазори паҳнбарг (заранги туркистонӣ); 1 800–2 500 метр.

  5. Минтақаи арчазори микротермӣ ва даштҳо. Дар ҳудуди болоӣ бо арчазорҳо, ки даштҳои марғзоргашта, сӯзанкахҳо ва марғзорҳо бадал мешаванд, иваз мегарданд; 2 500–3 400 метр.

  6. Минтақаи набототи криофилӣ («марғзорҳои алпӣ», даштҳои криофилӣ ва сӯзанкахҳо); 3 400–3 700 метр.

Минтақабандии Ҳисору Дарвоз

Нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, қисмати ғарбии силсилакӯҳи Қаротегин, силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Вахш ва Дарвоз.

  1. Минтақаи бешаҳои камдарахти ксерофитӣ ва нимсаваннаҳо; 200–1 600 метр.

  2. Минтақаи бешаҳои паҳнбарг, тӯсзорҳо, нимсаваннаи алафҳои баландпоя ва марғзорҳо; 1 200–2 800 (3 000) метр.

  3. Минтақаи марғзорҳои субалпӣ, даштҳои гуногуналаф, нимсаваннаҳои алафҳои баландпоя ва қисман хоралафҳо; 2 400–3 500 метр.

  4. Минтақаи даштҳо ва қитъаҳои сӯзанкахҳо; 3 200–3 600 метр.

  5. Минтақаи набототи криофилӣ бо бартарии заминҳои ноободу даштмонанди марғзорҳои пасталаф; 3 500–4 000 метр.

Минтақабандии Тоҷикистони Ҷанубӣ

  1. Минтақаи нимсаваннаҳои алафҳои кӯтоҳпояи нармаву илох, бешазори дарёбод, киштакурайҳо ва дарахтони псаммофилӣ; 300–900 метр.

  2. Минтақаи бешаҳои ксерофилии камдарахт ва нимсаваннаҳо, бо бартарии пистазорҳо; 900–1 700 метр.

  3. Минтақаи арчазорҳои гармидӯст аз бурсу сисанбар; 1 700–2 300 метр.

Минтақабандии Бадахшон

  1. Минтақаи буттаҳои ксерофил, нимсаваннаҳо ва набототи бешазори паҳнбарги мезофилӣ; 1 700–3 200 метр.

  2. Минтақаи даштҳои биёбонгаштаи сӯзанкахҳо ва биёбонҳои явшонзор; 2 200–2 800 метр.

  3. Минтақаи сӯзанкахҳо ва даштҳои сӯзанкаху биёбонгашта; 2 800–3 800 (4 000) метр.

  4. Минтақаи криофилӣ, ксерофилӣ, ксерофилии биёбонгашта бо қитъаҳои биёбонҳои баландкӯҳӣ; 3 800–4 600 метр.

Минтақабандии Помири Шарқӣ

  1. Минтақаи биёбонҳои баландкӯҳ ва даштҳои криофилӣ ва сӯзанкахҳо.

  2. Минтақаи биёбонгаштаи криофитӣ, болиштакҳои биёбонгашта; 4 200–4 700 метр.

Олами набототи ҷумҳурӣ аз намудҳои басо гуногуни рустанӣ ва маҷмӯи экологӣ-фитосенозӣ иборат аст. Дар бешазорони ҷумҳурӣ дарахту буттаи меваҳои худрӯй, ки саравлоди рустаниҳои мазрӯъ мебошанд, фаровонанд. Дар олами наботот рустаниҳои ғизоӣ, хӯроки чорво, давоӣ, даббоғӣ, равғандор, рангсозӣ, ороишӣ ва ғайра хеле бисёранд, ки инсон онҳоро ҳанӯз аз давраҳои қадим истифода мебарад. Бисёр навъҳои беҳтарини меваҷот, ғалладона, сабзавот натиҷаи заҳмати чандин асраи парвариш ва интихоб мебошанд. Бино бар ин, имрӯз, ки ҷамъият басо пеш рафтааст, набояд фақат дар бораи истифода, балки дар бораи ҳифз ва муносибати эҳтиёткорона ба олами наботот низ фикр кунем. Онҳо ҷузъи муҳити биологию ҷуғрофиёии кӯҳсор буда, дар минтақаи хушку гарм ҷой гирифтаанд. Несту нобуд кардани олами наботот хеле осон, вале барқарор сохтанашон беҳад душвор ва дар бисёр ҳолатҳо ғайриимкон аст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 89–93.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.