Хок
Хок — ҷисми махсуси табииест, ки дар натиҷаи тағйири қабатҳои сатҳи болоии Замин зери таъсири якҷояи омилҳои ташкилкунандаи хок ба вуҷуд омадааст. Хок аз қабатчаҳои (горизонтҳои) хокӣ иборат аст, ки навъи хокро ташкил ва ҳосилхезиашро ифода мекунанд. Ташаккули хок (ё педогенез) – раванди биофизикӣ-кимиёии табиии пайдоиши хок аз қабатҳои болоии ҷинсҳои кӯҳӣ дар натиҷаи таъсири якҷояи омилҳои ташкилкунандаи хок (иқлим, релйеф, ҷинсҳои кӯҳӣ, организмҳо ва замон) мебошад, ки соли 1883 аз ҷониби олими машҳури рус В. В. Докучаев муайян карда шудааст.
Хокҳои ҳудуди Тоҷикистон гуногун буда, вобаста ба маҳалли паҳншавӣ дар минтақаҳои амудӣ, яъне баландшавии минтақаҳо аз ҳамворӣ то баландкӯҳ, ба ҳам иртиботи наздик доранд. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои хокҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимон-хокшиносони шинохтаи шӯравию ватанӣ: И. Н. Антипов-Каратаев, П. А. Керзум, С. И. Васильчикова, В. Я. Кутеминский, Р. С. Леонтева, Л. Н. Почочонова, М. Р. Якутилов, Ю. А. Акрамов, Р. С. Сангинов, М. С. Султонов ва дигарон хеле дақиқ омӯхта шудаанд.
Вобаста ба баландии мавзеъ, чор минтақаи амудии паҳншавии хок ҷудо карда шудаанд:
- минтақаи ҳамворию пасткӯҳ, ки асосан аз тирахок (хокҳои хокистарранг) иборат аст;
- минтақаи миёнакӯҳ дорои хокҳои дорчинии кӯҳӣ (хокҳои қаҳваранг);
- минтақаи баландкӯҳ бо навъи хокҳои баландкӯҳии марғзорию даштӣ, даштӣ, биёбонию даштӣ, зангзада ва биёбонӣ;
- минтақаи нивалӣ – минтақаи барфҳои доимии болотар аз хатти барфӣ ҷойгиршуда.
1. Хокҳои минтақаи тирахок
Хокҳои минтақаи тирахок ба намудҳои зерин ҷудо карда шудаанд: тирахок, тирахоки дорчинӣ, тирахоки марғзории равшан ва хира, аллювиалӣ-марғзорӣ ва аллювиалӣ-ҷангалӣ (тӯқайзорӣ) ва шӯрзамин.
Тирахокҳо дар зери алафзори қадпасти нимсаваннаҳо ва ҷангалзори гармсер (ҷангалзори минтақаи гарм) пайдо мешаванд, ки минтақаҳои гармтарин ва хушктарин мебошанд. Тирахокҳо дар даштҳои зери доманакӯҳ ва доманакӯҳҳои ҷануб ва шимоли Тоҷикистон дар баландии 300–1 600 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Ҷинсҳои аслии ин хокҳоро асосан зардхокҳо (лёссҳо) ва регхокҳои лёссмонанд, ҳамчунин таҳшинҳои пролювиалӣ ташкил медиҳанд. Онҳо ба 3 зергурӯҳ тақсим карда шуданд: тирахокҳои равшан, маъмулӣ (одӣ) ва тираранг.
Тирахокҳои равшан
Тирахокҳои равшан дар ҳамвориҳои назди доманакӯҳ ва нишебиҳои адирҳои паст, дар баландиҳои аз 300 то 600 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд ва қабатҳои генетикии онҳо суст тараққӣ кардаанд. Қабати гумусии тирахокҳои равшан то 20 сантиметр ғафсӣ ва 1,0–1,55% гумус дорад. Миқдори карбонатҳо дар ин намуди хок то 20% мерасад. Таркиби гранулометрии тирахокҳои равшан аз регхоки сабук ва миёна ташкил ёфтааст. Тирахокҳои равшани мавзеъҳои обёришаванда асосан барои кишти зироати пахта истифода бурда мешаванд. Бисёр майдонҳои тирахокҳои равшанро низ ҳамчун чарогоҳи зимистона васеъ истифода мебаранд.
Тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ
Тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ ҳамвориҳои наздикӯҳӣ ва адирҳоро дар баландиҳои 600–900 метр аз сатҳи баҳр дар ҷануби ҷумҳурӣ ва дар шимол аз 900 то 1 400 метрро дар бар мегиранд. Ин навъи хокҳо дар шароити иқлими гарм ва хушк ба вуҷуд меоянд, аммо дар муқоиса бо тирахокҳои равшан аз боришот хубтар нам мегиранд ва дар кишоварзӣ асосан барои кишти зироатҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд. Бо намуди зоҳирии худ, тирахокҳои маъмулӣ аз тирахокҳои равшан хеле кам фарқ мекунанд. Тафовути онҳо танҳо дар муқоисаи қабатчаҳои гумусӣ ва карбонатии хокҳо дида мешавад. Қабати гумусдори ин хокҳо ғафсии 20 сантиметр ва аз он бештар дорад. Миқдори гумус дар таркиби ин намуди хокҳо тахминан 1,5–2,0%-ро ташкил медиҳад. Хусусиятҳои асосии сохтори микроморфологии тирахоки маъмулӣ – мавҷуд набудани ҷамъшавӣ (агрегатсия) дар тамоми қабати хок мебошанд, аммо дар қабатҳои болоӣ микроагрегатсия бармало дида мешавад. Аз ҷиҳати тақсимоти андозаи зарраҳо, тирахокҳои маъмулӣ, одатан, майда ва миёнадона буда, шӯр нестанд. Миқдори умумии намакҳо дар тамоми қабати хокҳо камтар аз 0,1% аст. Миқдори асосҳои ҷаббидашуда 10–13 миллиграмм-эквивалент ташкил медиҳад. Минтақаҳои аз тирахокҳои маъмулӣ ё одӣ ташкилёфта асосан барои кишти зироатҳои лалмӣ, инчунин ҳамчун чарогоҳҳои зимистона ва ҳангоми обёрӣ кардан барои кишти зироати пахта истифода карда мешаванд.
Хокҳои тираранг
Хокҳои тираранг қисми болоии минтақаи тирахокро ишғол намуда, асосан дар суфаҳои баланди дарёҳо, дар доманакӯҳҳо, дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои паст ва ҳамвориҳои пролювиалии зерикӯҳӣ, дар ҳудуди баландиҳои мутлақи 900–1 750 метр аз сатҳи баҳр паҳн гаштаанд.
Дар байни хокҳои тираранг аз рӯи дараҷаи ташаккул, таркиби механикӣ ва санглохӣ хокҳои гуногун дида мешаванд. Дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон, хокҳои тираранг майдадона буда, аз зардхокҳо ва регхокҳои лёссмонанд ташаккул ёфтаанд. Дар шимоли ҷумҳурӣ низ хокҳои тираранг паҳн шудаанд ва дар таркиби онҳо сангчаҳо, регҳо ва сангрезаҳо хеле зиёданд.
Хокҳои тираранг бе обёрӣ, нисбат ба тирахокҳои зергурӯҳҳои боло номбаршуда, ҳосилхез буда, метавонанд ҳосили устувори зироатҳои лалмиро таъмин намоянд. Қабати хокҳои тираранг ба қабатчаҳои генетикии равшан ифодаёфта тақсим карда мешавад. Қабатчаи гумусӣ, ки ғафсии он тақрибан 30 сантиметр аст, дорои 2,5–4,0% гумус мебошад. Карбонатҳо дар қабати хок нобаробар тақсим шудаанд. Дар қабатчаи болоии гумус миқдори онҳо якбора зиёд шуда, ба 25–30% мерасад.
Аз ҷиҳати таркиби гранулометрӣ хокҳои тираранг миёна ва калондона мешаванд. Масоҳати паҳншавии онҳо нисбат ба майдонҳои тирахокҳои равшан ва маъмулӣ каме зиёдтар буда, қисме аз онҳо обёрӣ карда мешаванд.
Тирахоки дорчинӣ
Тирахоки дорчинӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ васеъ паҳн нашудааст, гарчанде дар қисмҳои поинии минтақаи тирахок, дар қитъаҳои назаррас дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Қабатҳои тирахоки дорчинӣ ба қабатчаҳои генетикӣ хеле хуб тақсим карда мешаванд. Болои тирахоки қаҳваранг бо қабатчаи пӯстлохи зудшикани ковоки ғафсиаш 2–3 сантиметр пӯшонида шудааст, ки ба дохили он гӯё сангчаву сангрезаҳо афтида бошанд. Дар поёни он қабатчаи зичи дорчинӣ бо ғафсии 10–15 сантиметр ҷойгир аст, баъдан қабатчаи гачӣ (гипсий) мавҷуд аст, ки дар он гач дар қабатчаи ҷудогонаи сангӣ ба шакли шорида ё кристаллҳои нахдор ҷамъ шудааст.
Баъдан ҷинсҳои лӯндасанг-сангрезаӣ хобидаанд, ки ба онҳо равандҳои бодҳӯрдашавӣ ва ташаккули хок каме таъсир расондааст. Аз сабаби кам будани рӯйпӯши рустанӣ миқдори моддаҳои органикӣ дар хокҳои дорчинии кӯҳӣ ночиз буда, то 1,0%-ро ташкил медиҳад. Дар қабатҳои болои ин хокҳо ҳадди зиёди карбонатҳо мавҷуданд. Дар қабати болоӣ нишондоди ишқорӣ (pH) ба 9,0 баробар аст. Тирахоки дорчинӣ ба хокҳои майдадона, регхокӣ, сангӣ (устухонӣ) тақсим мешавад. Якҷо бо тирахоки дорчинӣ, дар пастиҳои релйеф тақирҳо ва хокҳои тақирмонанд вомехӯранд, ки бо сатҳи шикастаи бисёркунҷа ва таркиби вазнини гранулометрӣ фарқ мекунанд.
Мавзеъҳои аз тирахоки қаҳваранг ташкилёфта асосан барои чарогоҳҳои зимистона истифода бурда мешаванд. Тавассути обёрии заминҳои дорои тирахоки қаҳваранг, ин заминҳо барои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токзорҳо низ истифода карда мешаванд.
Тирахоки марғзории равшан ва хира
Хокҳои тирахоки марғзории равшан ва хира дар минтақаи тирахок, бахусус дар минтақаи обёришаванда, маъмул мебошанд. Онҳо дар пастхамиҳои мезорелйеф, ки дар он обҳои зеризаминӣ дар умқи 1–3 метр аз сатҳи хок поин хобидаанд, ба вуҷуд омадаанд. Хокҳои равшани тирахоки марғзорӣ асосан дар водии Вахш ва тирахоки марғзории хира дар водиҳои Ҳисор ва Кӯлоб паҳн шудаанд. Миқдори гумус дар қабатчаҳои болоии хокҳои тирахоки марғзории равшан то 3,0% ва дар хокҳои хира то 4,0% ва аз он ҳам зиёдтар аст. Онҳо аз тирахок бо сохтори беҳтар фарқ мекунанд. Хокҳои намуди тирахоки марғзории обёришаванда дар ҳудуди минтақаи тирахок баъзе хусусиятҳое доранд, ки барои хокҳои ин минтақа хоссанд. Масалан, шӯршавӣ, шӯрнокӣ, миқдори зиёди карбонат. Ин хокҳо асосан барои кишти зироатҳои обӣ истифода мешаванд.
Қад-қади дарёбодҳои дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва Сурхоб (Қизилсу), хокҳои марғзории аллювиалӣ ва аллювиалӣ-ҷангалию тӯқайӣ вомехӯранд, ки бо наздикии сатҳи обҳои зеризаминӣ, таркиби механикии сабук ва шӯрнокӣ фарқ мекунанд. Дар таркиби онҳо миқдори гумус хеле кам (то 1%) мебошад.
Шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор
Шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор дар ҳудуди кишвар майдони нисбатан хурдро ишғол кардаанд. Дар унсурҳои пасти релйеф бо захбуркании (дренажи) сусти ҳудуди массивҳо дар ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ паҳн гаштаанд. Сабабҳои асосии пайдоиши шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор шӯршавии қабати хоку замин, мавқеи нисбатан наздики сатҳи обҳои зеризаминӣ ва хушксолии шадиди иқлим мебошанд. Вобаста ба таносуб ва бартарии баъзе намакҳои ба осонӣ ҳалшаванда, мутахассисон шӯрзаминҳои хлоридӣ, сулфат-хлоридӣ, хлорид-сулфатӣ, сулфатӣ, гачдор ва содадорро ҷудо мекунанд. Дар шӯрзаминҳо ва хокҳои намакдор қисми асосиро намакҳои ба осонӣ ҳалшавандаи заҳрнок барои зироати кишоварзӣ дар қабатчаҳои боло ташкил медиҳанд, ки миқдори онҳо як ё якчанд фоизро ташкил медиҳад.
Дар қабати болоии нимметрӣ захираи умумии намакҳо зиёда аз 80–120 тонна дар гектар буда, миқдори хлор то 36 тонна дар гектар мерасад. Барои азхудкунии шӯрзаминҳо аз қабатҳои хок намакҳои барзиёди зуд ҳалшавандаро рафъ кардан зарур аст. Ин амал тавассути шустан бо системаи (шабакаи) таҳияшудаи коллекторӣ-захбурканӣ ба даст оварда мешавад. Намакҳои шусташуда ба андозаи бештар дар истифодаи тадбирҳои агробиологӣ барои истеҳсоли такрории ҳосилхезии онҳо ниёз доранд.
Хокҳои регсангӣ ва тақиршакли биёбонӣ
Хокҳои регсангии биёбонӣ ва тақиршакл дар поиноби ҳавзаи дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, дар водии дарёҳои Аму ва Сир ва дар водии Бешкент, дар қитъаҳои пастхамӣ ба назар мерасанд, ки қабатҳои тақсимнашуда доранд. Хокҳои тақирмонанди биёбонӣ дар таҳшинҳои қабат-қабати аллювиалии намакдор ташаккул ёфтаанд, ки таркибашон гилӣ-регхокӣ ва регхокии ғурӯшадор мебошанд.
Хусусияти асосии хокҳои баррасишуда қариб дар ҳама ҷо шӯрнокии назарраси онҳост, ки бо зиёд шудани шӯрнокии ҷинсҳои ташкилдиҳандаи мавзеъҳо алоқаманд аст. Нишондиҳандаҳои ҳосилхезии (бонитети) ин хокҳо мисли чарогоҳҳои бесамари зимистон хеле паст мебошанд. Ҳоло мавзеъҳои дорои чунин хокҳо бештар барои кишти зироатҳои обӣ истифода бурда мешаванд.
2. Минтақаи миёнакӯҳии хокҳои дорчинии кӯҳӣ (қаҳваранг)
Ин минтақа доманакӯҳҳо ва нишебиҳои силсилакӯҳҳоро дар баландиҳои аз 900–1 600 то 2 800 метр аз сатҳи баҳр фаро гирифтааст. Хокҳои ин минтақа дар зери рустаниҳои дарахтӣ-буттагӣ ва алафҳои қадбаланди нимсаваннагӣ ташаккул ёфтаанд. Ба онҳо миқдори баланди гумус, қабатчаи ғафси гумусӣ, сохтори доначаҳои возеҳ ифодаёфта ва дар қабатҳои поинии хок ҷамъ шудани карбонатҳо хос мебошанд. Аз қабати болоии ин хокҳо, ба умқи 80–120 сантиметр, пайвастагиҳои карбонатӣ шуста шудаанд. Дар минтақаи мазкур, асосан хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ, дорчинии маъмулии кӯҳӣ, дорчинии равшани кӯҳӣ ва дорчинии равшани кӯҳии шусташуда паҳн шудаанд.
Хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ
Хокҳои карбонатдори дорчинии кӯҳӣ дар қисми поинии минтақаи хокҳои дорчинӣ, дар баландиҳои аз 700–800 то 1 400–1 900 метр аз сатҳи баҳр паҳн шудаанд. Қабатчаи гумусӣ ғафсии 30–35 сантиметр дошта, миқдори гумус дар он 3,0–5,0%-ро ташкил медиҳад. Карбонатҳо аз қабатчаи гумусӣ шуста шудаанд. Поинтар аз ин қабатча қабатчаи ба таври возеҳ ифодаёфта ҷойгир аст, ки дар он карбонатҳо дар шакли мағор (пӯпанак) ва конкреция вомехӯранд, ки миқдори онҳо то 30% мерасад.
Хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ
Хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ болотар аз хокҳои карбонатии дорчинӣ паҳн шуда, дар баландиҳои аз 1 600 то 2 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Онҳо дар зери ҷангалҳои паҳнбарги аз дарахтони чормагзи юнонӣ, заранг ва ғайра, ҳамчунин аз рустаниҳои калоналафи нимсаваннагӣ иборат будаи минтақаҳои камбориш (аз 800–900 миллиметр зиёд), пайдо мешаванд.
Дар байни хокҳои дорчинӣ хокҳои маъмулии дорчинии кӯҳӣ хеле ҳосилхезанд. Қабатчаи гумус, ки тақрибан 40 сантиметр ғафсӣ дорад, дар таркибаш аз 5,0 то 10% гумус дорад. Карбонатҳо дар умқи то 80–120 сантиметр аз таркиби хокҳо шуста шудаанд. Таркиби механикии ин хокҳо аксар вақт гилхоки вазнин мебошад. Майдони хокҳои маъмули дорчинии кӯҳӣ барои рушди боғдории лалмӣ аҳамияти калон дорад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 86–88.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




