Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ҳифзи муҳити зист

Тӯли асрҳо (то аввали солҳои 50 асри 20) афзоиши аҳолӣ ва фаъолияти кишоварзӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба меъёрҳои экологӣ мувофиқат менамуданд ва ҳолати мувозинатро бо табиат нигоҳ медоштанд. Аҳолии Тоҷикистон асосан дар водӣ ва водиҳои наздикӯҳӣ, дар шароити мувофиқи табиию иқлимӣ ҷойгир шудааст.

Аз нимаи дуюми асри гузашта, дар натиҷаи муҳоҷирати аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор, истифодаи васеи заминҳои нав ва захираҳои табиӣ оғоз ёфт. Бахусус, солҳои 60 ва 80 асри 20 бе дар назар доштани хусусиятҳои табиию иқлимӣ, дар асоси қувваҳои арзони неруи барқ ва захираҳои бузурги ашёи маъданӣ корхонаҳои бузург сохта шуданд, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонда, боиси оқибатҳои нохуш гардиданд.

Вазъи фазои атмосфера

Олудашавии фазои атмосфера яке аз мушкилоти мураккаби экологӣ мебошад, ки бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, ки дар дохили материки Авруосиё ва дур аз баҳру уқёнусҳо ҷойгир шудааст, сабаби ҳаракати босуръати бодҳо гардида, барои паҳн шудани олудашавии фазо дар ҳудудҳои тамоми минтақаҳои табиию ҷуғрофиёӣ шароит муҳайё месозад. Аз тарафи дигар, шароити иқлимӣ (ҳарорати баланди ҳаво ва радиатсияи Офтоб) ин равандро тезонида, барои афзоиши таъсири унсурҳои хавфнок ба муҳити атроф имкон фароҳам меоварад. Ин ҳолат ҳам ба саломатии аҳолӣ ва ҳам ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Манбаъҳои асосии олудашавиро бештар чангу ғубор, гази сулфур, оксиди карбон, нитроген, аммиак ва ғайра ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, ҳаҷми умумии партовҳои хавфнок, ки аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт ба фазои Душанбе ворид мешаванд, қариб 140 ҳазор тонна аст, ки қисми зиёди он ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ (зиёда аз 80%) рост меояд. Ҳолати ҷамъшавии олудашавии фазои Душанбе бештар дар қисми шарқӣ ва марказии пойтахт, аз ҳисоби гардиши бодҳо ба назар мерасад. Дар қисми шимолии пойтахт Маркази барқу гармидиҳӣ сохта шуд, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофиёӣ монанди корхонаи сементбарорӣ нодуруст ҷойгир шудааст, зеро аз дараи Варзоб шамол тамоми дуд ва чангу ғубори ин корхонаҳоро дар фазои Душанбе паҳн мекунад.

Баъди ташаккули маҷмааи истеҳсолии саноати Тоҷикистони Ҷанубӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Ёвон чанд корхонаи барқталаб бунёд шуд, ки вазъи фазои атмосфераро дар ин минтақа мураккаб намуданд (масалан, корхонаҳои алюминий, электрокимиёвӣ, нуриҳои нитрогенӣ). Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» (шаҳри Турсунзода) бо вуҷуди истифодаи технологияи муосир, яке аз манбаъҳои асосии олудакунии фазои атмосфера дар водии Ҳисор мебошад.

Вазъи ҳифзи захираҳои об

Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккули обҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад ва бо нишондиҳандаҳои баланди таъминоти оби нӯшокӣ дар тамоми минтақа мақоми хосса касб кардааст, вале солҳои охир пойин омадани нишондиҳандаҳо ба назар мерасад. Бахусус, аз солҳои 80 асри 20 ҷумҳурӣ ба чандин мушкили экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ин бештар олудагии манбаъҳои об аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти мавҷуд, аз ҳама бештар дар олуда кардани оби ҷӯй ва дарёҳо комбинати маъдани Такоб, корхонаи нуриҳои азотии Вахш, комбинати маъдани кӯҳии Анзоб ва корхонаҳои зиёди саноати масолеҳи сохтмон «саҳмгузор» мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, бештари партовҳо ба ҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон (зиёда аз 35%), Сир (25,6%) ва Вахш (23%) рост меоянд.

Мувофиқи маълумоти идораи дахлдор, дар вилояти Суғд ба бад шудани сифати оби дарёи Сир партовҳои шаҳрҳои атроф ва обҳои аз киштзорҳо ҷоришаванда сабаб шудаанд, зеро дар атрофи шаҳри Хуҷанд партовҳои нитрогенӣ аз меъёри муқаррарӣ аз 2,5 то 3,0 баробар зиёдтар ба назар мерасанд.

Оби дарёи Зарафшон аз ҳисоби обҳои партови шаҳри Панҷакент, шаҳраки Зарафшон, ноҳияи Айнӣ ва партовҳои корхонаи маъдантозакунии Анзоб олуда мешавад. Дар таркиби партовҳои корхонаи мазкур бештар сурма ва дигар унсурҳои хавфнок мавҷуданд, ки аз меъёри зарурӣ 5–6 баробар зиёданд. Дарёи Вахш бештар аз ҳисоби партовҳои маишӣ, коммуналӣ, корхонаи нуриҳои азотӣ ва обҳои заминҳои кишоварзӣ олуда мешавад. Баъди шаҳри Леваканд миқдори нитрат дар таркиби об аз меъёри зарурӣ аз 2,5 то 3,0 баробар зиёд мешавад.

Ҳифзи захираҳои замин

Тоҷикистон яке аз кишварҳои камзамини минтақаи кӯҳсори Осиёи Марказӣ мебошад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва истифодаи зиёди замин дар соҳаҳои саноату сохтмон ва нақлиёт ба кам шудани заминҳои кишоварзӣ оварда расондааст. Бахусус, ҳиссаи заминҳои обёришаванда хеле коҳиш ёфтааст. Масалан, агар солҳои 70 асри 20 ба сари ҳар нафар аз аҳолии ҷумҳурӣ 0,29 гектар замини шудгоршаванда ва 0,15 гектар замини обёришаванда рост меомад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 0,18 ва 0,11 гектар расидааст. Яке аз хусусиятҳои заминҳои Тоҷикистон зиёд будани намак дар таркиби хок аст, ки он ба воситаи обҳои равон аз кӯҳсор ба ҳамвориҳо ва водиҳои наздикӯҳӣ ворид мешавад. Ҳоло масоҳати шӯрзамин зиёда аз 100 ҳазор гектар ё қариб 20%-и заминҳои киштшавандаи мамлакатро ташкил медиҳад. Дар миқёси минтақаҳои табиию ҷуғрофиёӣ бештари шӯрзаминҳо ба минтақаи Вахш (зиёда аз 40 ҳазор гектар) ва Шимол (35 ҳазор гектар) рост меоянд.

Шӯршавии замин ба кишоварзии ҷумҳурӣ зарари ниҳоят калон мерасонад. Ҳар сол дар соҳаи пахтакорӣ аз ҳисоби шӯршавии замин аз 60 то 70 ҳазор тонна пахта талаф меёбад, ки ин ба азхудкунии 26 ҳазор гектар заминҳои навкорам баробар аст.

Масъалаи дигари ҷиддӣ дар ин самт фарсоиш (эрозия)-и замин мебошад. Намудҳои эрозияи замин дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон васеъ паҳн гардидаанд. Дар кӯҳсор ва водиҳои наздикӯҳӣ эрозияи об ва яке аз шаклҳои паҳншудаи он – сел бартарӣ доранд. Дар минтақаи биёбонӣ шакли эрозияи бод (бодлес) ва дар заминҳои обёришаванда шакли эрозияи обёрӣ ва фурӯравӣ (овражная эрозия) рӯй медиҳанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳама бештар эрозия аз ҳисоби об паҳн шудааст. Аз рӯи маълумоти Институти хокшиносии Вазорати кишоварзӣ, бештар аз 41%-и масоҳати ҷумҳуриро фарсоиши об фаро гирифтааст. Фарсоиши об аз ҳама зиёдтар дар водии Ҳисор (75%), Кӯлоб (68%), Рашт (63%) ва нисбатан камтар дар вилояти Суғд (44%), водии Вахш (28,5%) ва Бадахшон (26%) паҳн шудааст. Бодлесӣ тақрибан 25%-и ҳудуди ҷумҳуриро ишғол намуда, он бештар дар ҳудуди Бадахшон (қариб 40%), водии Вахш (24%) ва вилояти Суғд (23%) дучор меояд. Фарсоиши замин таркиби хокро вайрон ва ҳосилнокии онро ниҳоят паст (то 2–3 баробар камҳосил) мекунад.

Ҳудуди Тоҷикистон дорои фауна (ҳайвонот) ва флора (наботот)-и гуногун буда, дар ин ҷо бештар аз 5 ҳазор намуди рустаниҳои олиташаккул мавҷуданд. Ҳарчанд масоҳати Тоҷикистон нисбат ба Туркманистон 3,4 баробар хурдтар аст, вале намудҳои рустаниҳои гулдори он нисбат ба Туркманистон 2,5 баробар зиёдтаранд. Қариб 250 намуди рустании Тоҷикистон ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд, ки ба 36 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Тибқи таҳқиқоти олимон, дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди ҳайвоноти ширхор, 365 намуди паранда, 49 намуди хазанда, 40 намуди моҳӣ ва зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуд аст. Мутаассифона, давоми 50 соли охир бисёр намудҳои нодири ҳайвоноту парандагон дар натиҷаи дахолати антропогенӣ нобуд ва ё дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд.

Дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Аз ин лиҳоз, масъалаи омӯзиши мавзеъҳои ҳифзшаванда муҳим буда, таҳқиқи он на танҳо аҳамияти назарӣ, балки арзиши илмию амалӣ дорад. Мавзеъҳои ҳифзшаванда зери назорати давлат қарор доранд.

Минтақаҳои табиии ҳифзи махсуси Тоҷикистон

Минтақаҳои табиии ҳифзи махсуси Тоҷикистон дар таъмини амнияти экологии экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули захираҳои гуногуни биологӣ, манбаъҳои захираҳои обии мамлакат, таъмини мувозинати биологӣ-экологӣ, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аҳамияти бузург дошта, ба ҳифзу нигаҳдории давлат эҳтиёҷ доранд.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, соли 2016 дар ҳудуди Тоҷикистон масоҳати умумии ин ҳудудҳо ба 3,1 миллион гектар (ё 22%-и масоҳати ҷумҳурӣ) баробар буд, ки аз ин 1,9 миллион гектар яхпӯш, барфпӯш ва обӣ мебошад. Манзумаи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи Тоҷикистонро се мамнуъгоҳи табиии давлатӣ, резервати биосферӣ (захирагоҳи зисткура), боғи табиӣ, боғи табиӣ-таърихӣ, ду филиали Боғи миллии Тоҷикистон, 13 парваришгоҳи табиии давлатӣ, ландшафтҳои табиӣ, 37 ёдгории табиӣ, иншооти Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва дигар объектҳои хосси табиат ташкил медиҳанд. Ташвишовар аст, ки бо сабаби пуршиддат гардидани таъсири харобиовар ба ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус таназзули муҳити зист, талафоти захираҳои гуногуни биологӣ мушоҳида мешавад, саршумори ҳайвоноти нодир кам ва захираҳои ҷангалӣ заиф мегарданд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори идоракунандаи давлатии Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

НомгӯйТеъдодМасоҳат
Минтақаҳои табиии ҳифзи махсус203,1 миллион гектар
Мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ4173 418 гектар
Парки табиии давлатӣ12,6 миллион гектар
Парваришгоҳҳои давлатӣ13313 260 гектар
Парки таърихию табиӣ13 000 гектар
Парки табиӣ13 805 гектар

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда торафт меафзояд ва ин боиси мунтазам зиёд шудани масоҳати онҳо мегардад. Ду намуди парваришгоҳҳо фаъолият доранд: 1) Парваришгоҳи туғайӣ-биёбонӣ (Бешаи палангон); 2) Парваришгоҳи кӯҳӣ (Ромит ва Даштиҷум). Парваришгоҳҳо олами ҳайвоноту набототро нигоҳ дошта, ҳамчун майдонҳои илмие хидмат мекунанд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи экологӣ баррасӣ шуда, ҳалли худро меёбанд.

Дар дохили ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус ҳайвоноти нодир, ки танҳо барои ин макон хоссанд, вомехӯранд. Инҳо оҳуи бухороӣ, ғизол, бузи пармашох, архар, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, хирси малла, бабри барфӣ, силовсин ва ғайра мебошанд.

Дар ҳудудҳои табиии ҳифзи махсус ҳамчунин парандаҳои нодир, ки ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд, мавҷуданд (ғози кӯҳӣ (ғози ҳиндӣ) (Anser indicus Lath.), мурғи туғдор (дуғдори хушрӯяк) (Otis tarda tarda), тазарв (Phasianus colchicus L.)).

Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон аз 8 категорияи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда чортои онҳо фаъолият дорад.

Мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ

Дар ҳудуди Тоҷикистон 4 мамнуъгоҳи табиии давлатӣ фаъолият доранд. Мамнуъгоҳҳои табиии давлатии Тоҷикистон:

НомСоли таъсисМасоҳат, гектарМакон
Бешаи палангон193849 700вилояти Хатлон
Ромит195916 200шаҳри Ваҳдат
Даштиҷум198319 700ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Зоркӯл200087 700Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Масоҳати умумӣ173 300

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» — нахустин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1938, бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва барқарор кардани олами набототу ҳайвоноти гуногуни минтақаҳои биёбону туғайзорҳои зери хатари нестшавӣ қарордошта, ба монанди туғайзорҳои нодири туранга, газ, санҷид, каврак ва дигар намудҳои гуногуни хосси ландшафтҳои экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвоноти гуногун, ба монанди оҳуи бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, ғизол, сагобӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра таъсис дода шудааст.

Соли 1938 масоҳати мамнуъгоҳ 50 ҳазор гектар буд, ки солҳои 1945–1946 то 7 ҳазор гектар кам карда шуд ва соли 1951 ба он 27 ҳазор гектар илова гардид. Дар натиҷаи азхудкунии заминҳои водии Вахш (1953), ҳудуди он 21 ҳазор гектар кам шуд. Тибқи Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 9 майи 1959 масоҳати мамнуъгоҳ 41 ҳазор гектар муқаррар гардида, он ба Комитети хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тобеъ шуд.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон, дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна – Ому ҷой дорад. Масоҳати имрӯзаи мамнуъгоҳ 49 786 гектар аст. Ҳудуди мамнуъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Релйефи мамнуъгоҳ нисбатан ҳамвор буда, ҳудуди онро баландиҳои Қародум, Қашқакум, Буритоғ ва водиҳои дарёи Вахш ва қисман Панҷ ишғол кардаанд. Қисми соҳили чап, ки ба регзори Қашқакум дохил мешавад, то 530 метр баландӣ дорад. Нуқтаи баландтарини мамнуъгоҳро кӯҳҳои Хоҷақозиён ташкил медиҳанд, ки баландиашон аз 1 000 то 1 200 метр аст. Аз ҷиҳати заминрехтшиносӣ ҳудуди «Бешаи палангон»-ро ба 5 суфа тақсим кардаанд, ки аз ҷиҳати пайдоиш ва таркиби давраҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хоки он марғзорию ботлоқӣ ва биёбонӣ буда, дар баландиҳо ба хокҳои хокистарранги рӯшан ва тира иваз мешавад. Таркиби шифобахши обҳои зеризаминӣ 11–75 грамм дар як литрро ташкил медиҳад.

Иқлими мамнуъгоҳ субтропикӣ (нимагармсерӣ)-и хушк буда, бо иқлими қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҳамгун аст. Ҳарорати миёнаи солона 17 дараҷаи Селсий, ҳарорати январ -2,4 дараҷаи Селсий, июл +32 дараҷаи Селсий аст. Ҳарорати баландтарини ҳаво дар моҳи июл 48 дараҷаи Селсий аст, давомнокии давраи гармӣ аз 250 то 310 рӯзро ташкил медиҳад. Миқдори боришот дар давоми сол аз 100 то 200 миллиметр тағйир меёбад ва бештар ба моҳҳои феврал ва апрел рост меояд.

Тобистон дар мамнуъгоҳ аз моҳи май оғоз шуда, то нимаи сентябр идома меёбад.

Дар мамнуъгоҳ намуди моҳии реликтивии белбинии Амударё зиндагӣ мекунад, ки он танҳо дар қитъаи Осиё, дар ҳавзаи дарёҳои Ому ва Сир ва дар Амрикои Шимолӣ, дар ҳавзаи дарёи Миссисипи вомехӯрад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ қариб 160 намуди паранда ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати зиёда аз 4 000 гектар мамнуъгоҳро обанбор ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнуъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст.

Саршумори паланги туронӣ, гавазн, ғизол, гӯсфанди кӯҳӣ, тазарви тоҷикӣ, гурбаи қамишӣ ва дигар намудҳо ба таври назаррас кам гардид. Паланги туронӣ дар мамнуъгоҳ, ки бори охир соли 1953 ба қайд гирифта шуда буд, ҳоло аслан вуҷуд надорад. Сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳо дар маҷрои дарёи Вахш ба тағйири олами экологии ин мамнуъгоҳ сабаб шуд.

Ҳоло дар мамнуъгоҳ 18 намуди ҳайвонот ва 15 намуди набототи нодир ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазанда, 34 намуди ширхорон, 2 намуди обхокӣ, 150 намуди паранда ва намудҳои сершумори нодири бемуҳрагон сукунат доранд. Мамнуъгоҳ яке аз минтақаҳои нодири кураи Замин мебошад, ки миқдори зиёди бешаҳои туғайзорро дар минтақаи субтропикии хушк нигоҳ медорад.

Мамнуъгоҳи «Даштиҷум»

Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1983, бо мақсади ҳифзу афзоиши охирин популятсияи ҳайвоноти нодир, ба мисли бузи кӯҳӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, мурғи даштӣ, суғур ва ғайра дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ташкил шудааст. Мамнуъгоҳ дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманаи силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ, дар минтақаи ҷангалҳои камбарг воқеъ гардидааст. Даштиҷум дар Осиёи Миёна ягона мамнуъгоҳест, ки дар он оҳуи морхӯр ва ҷангалзори писта парвариш карда мешаванд.

Масоҳати мамнуъгоҳ 19 700 гектар буда, шароити мусоиди ҷуғрофиёӣ дорад. Мамнуъгоҳи Даштиҷум дар қисми рости дарёи Панҷ, дар баландии 700–3 000 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст. Релйефи мураккаби мамнуъгоҳ бо силсилакӯҳҳо ва ағбаҳои мушкилгузар яке аз омилҳои асосии то ҳол дар ин мавзеъ нигоҳ доштани намуди бузҳои пармашох гардидааст.

Дар мамнуъгоҳ 17 намуди ҳайвонот ва 6 намуди парандаи нодир мавҷуд аст. Намудҳои камёфт – оҳуи морхӯр, гӯсфанди ёбоӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, сагобии осиёимиёнагӣ ва дигар намудҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.

Вазъи экологии мамнуъгоҳ ташвишовар буда, то ҳол мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ҳама гуна фаъолияте, ки боиси тағйири мувозинати табиии он мегардад, қатъиян манъ аст. Солҳои охир дар мамнуъгоҳи Даштиҷум шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва ҷамъоварии гиёҳҳои табобатии нодир ба қайд гирифта шудааст. Омили дигари тезутундшавии ин буҳрони экологии мавзеъ, бунёди деҳаҳои куҳан мебошад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ва атрофи он чандин деҳа аз нав бунёд шудаанд.

Мамнуъгоҳи «Зоркӯл»

Мамнуъгоҳи табиии давлатии Зоркӯл бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2002 таъсис дода шудааст.

Мамнуъгоҳ дар атрофи Зоркӯл, дар масоҳати 16,5 ҳазор гектар, дар Помири Шарқӣ, дар баландии 4 100–4 200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Зоркӯл ягона мамнуъгоҳ дар Помир (Бадахшон) буда, бо мақсади нигоҳ доштани маҷмӯи хоси комплекси табиии Помири Шарқӣ, макони ғози ҳиндӣ, архар ва бузи кӯҳии Осиёи Марказӣ бунёд шудааст. Кӯл дар марзи ду давлат (Афғонистон ва Тоҷикистон) ҷойгир шудааст.

Дар мамнуъгоҳ 123 намуди наботот (терескен ва явшони гулдор, болиштак, ҷави русии новашакл, қиёқи сиёҳранг, заргулак ва ғайра) вомехӯранд, ки 15 намуди онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохиланд. Ҳамчунин, 15 намуди ҳайвоноти нодир - гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, силовсини туркистонӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, қашқалдоқи сурх, мурғи ҳилол, ғози ҳиндӣ ва дигар намудҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ се кӯли начандон калон бо номи умумии Чаканкӯл (дар яке аз дараҳои силсилакӯҳи Вахон) ҷойгиранд. Қисми болоии ин дара то қуллаи Ваҳдат мерасад, ки баландиаш 6 000 метр аст.

Ҳайвоноти мамнуъгоҳ шомили архар, муфлон, шерпаланг (ирбис), силовсин, гург, рӯбоҳ ва савсор мебошад. Аз моҳиҳо, асосан ширмоҳӣ фаровон аст.

Мамнуъгоҳи «Ромит»

Мамнуъгоҳи табиии давлатии Ромит бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 1959 ташкил шудааст. Мамнуъгоҳ 58 километр дур аз шаҳри Душанбе, дар қисми ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ва миёнаи шохобҳои дарёҳои Кофарниҳон, Сарбо ва Сардаи Миёна қарор дорад. Чун категорияи мамнуъгоҳи табиии давлатӣ аз 3 августи соли 2013 мақоми резервати биосферии «Ромит»-ро касб кард.

Масоҳати умумии мамнуъгоҳ 16 139 гектар мебошад. Ҳудуди он асосан дар воҳаи миёнакӯҳ ва қисман баландкӯҳ воқеъ буда, нуқтаи баландтаринаш 3 190 метр ва пасттаринаш 1 180 метр мебошад. Доманакӯҳҳо бо рустаниҳои буттаӣ пӯшонда шуда, бо нишебии фароз ва санглохӣ фарқ мекунанд. Намудҳои набототи решагӣ бештар вомехӯранд. Ромит мамнуъгоҳи кӯҳӣ ҳисоб меёбад.

Релйефи мамнуъгоҳ мураккаб буда, ҳудуди он дар қисми кӯҳҳои сатҳи миёна ва баланд ҷойгир шудааст. Нуқтаи баландтарини он 3 195 метр ва пасттаринаш 1 176 метр аст. Вобаста ба сатҳи релйеф, ҳудуди он ба ду минтақа ҷудо мешавад: минтақаи бешазори кӯҳӣ (дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг; дар баландии 1 100–2 800 метр) ва минтақаи алпӣ (дар баландии 2 800–3 200 метр).

Иқлими мамнуъгоҳи «Ромит» континенталӣ буда, ҳарорати миёнаи июл ба 18 дараҷаи Селсий ва миёнаи январ ба −8–13 дараҷаи Селсий баробар аст. Миқдори боришоти солона 800–900 миллиметр аст. Вобаста ба баландии сатҳи маҳал боришот низ зиёд мешавад ва ғафсии қабати барф то ба 40–50 сантиметр мерасад.

Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ ба минтақаи Ҳисору Дарвоз хос буда, аз парандаҳо кабки дарӣ, бум, бедона, бургут, фотимачумчуқ, кабки ҳимолой, аз ширхорон хирси малла, паланги сафед, ҷайра, шерпаланг, сагобӣ, юрмон, суғур, қашқалдоқ, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, бузи кӯҳӣ (сибирӣ), мири мушон, аз хазандагон гурза, бахтур, мори печон вомехӯранд.

Набототи мамнуъгоҳ гуногун буда, асосан аз рустаниҳои хоси сиёҳзамин, нимсаванна ва кӯҳдаштҳо иборат аст.

Дар қисми шимолӣ марғзорҳои алпӣ ва субалпии хос дида мешаванд. Сарв ва заранг асоси ҷангалро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, чормағз, бодом, сафедор, бед, себ, олуча, гелос, дӯлона, тут, зирк, челон, ирғай ва ғайра дида мешаванд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 128–133.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.