Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ

Хокҳои биёбонии баландкӯҳӣ хосси Помири Шарқӣ буда, зери рустаниҳои биёбонии аз терескен, явшон ва гаммада таркибёфта пайдо шудаанд. Дар баландиҳои 3 300–4 800 метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Онҳо асосан тунукқабат ва санглох мебошанд. Хокҳои карбонатдор аксар вақт гачдор мебошанд. Дар онҳо миқдори моддаҳои органикӣ ниҳоят кам аст (0,5–1,0%). Ин хокҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешаванд.

Дар минтақаи нисбатан хурди Помири Шарқӣ чандин намуди хок паҳн шудаанд, ки пайдоиши онҳо ба сатҳи пасти обҳои зеризаминӣ (0,5–3,0 метр) вобаста аст. Ба қатори ин хокҳо марғзорҳои баландкӯҳӣ, марғзорию ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ ва шӯрзаминҳои баландкӯҳӣ дохил мешаванд. Онҳо асосан бо майдончаҳои суфаҳои дарёӣ ва мавзеъҳои соҳилии кӯлҳои баландкӯҳӣ (Қароқӯл, Рангкӯл, Шӯркӯл, Зоркӯл ва ғайра) рост меоянд ва ҳамчун алафзорҳо ва чарогоҳҳо истифода мешаванд. Қисми зиёди минтақаи баландкӯҳро харсангҳо, сангрезаҳо, регсангҳо ва падидаи ҷинсҳои кӯҳии аслӣ ишғол кардаанд.

4. Минтақаи нивалӣ

Майдони паҳншавии минтақаи нивалӣ асосан ба ҳудуди Помир ва қисман ба баландкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ рост меояд. Дар байни пиряхҳо, майдонҳои барфӣ, харсангҳо ва пошхӯрдаҳои сангӣ порчаҳои хокҳои содда (кӯҳнашуда-рухлякӣ) паҳн шудаанд. Сарҳади минтақаи нивалӣ дар Помир то баландии 4 800–4 900 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст; дар минтақаҳои ғарбии Тоҷикистон то баландии 3 900–4 000 метр поин меравад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 88.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.