Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ноҳияҳои табиию ҷуғрофиёӣ

Дар кураи Замин тамоми унсурҳои табиат: иқлим, релйеф, хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, олами наботот ва ҳайвонот дар робитаи мутақобила вуҷуд доранд. Қисмҳои таркибии табиат ба ҳамдигар пайваст ва омехта шуда, маҷмӯи гуногуншакли ҷузъиёти табиӣ бо номи комплексҳои табиию ҷуғрофиёӣ ё худ комплексҳои табиию минтақавиро ба вуҷуд меоранд. Қисмҳои таркибии комплексҳои табиию минтақавӣ дар доираи комплекс ҳамчун қисми том ва бо ҳам муртабит инкишоф меёбанд. Тағйир ёфтани яке аз ин унсурҳои таркибӣ сабаби дигаргун шудани тамоми комплекси табиӣ мегардад. Масалан, фарсоиш ва вайрон шудани қабати хок боиси хароб шудани олами наботот ва ҳайвонот мегардад.

Дар ташаккули ноҳияҳои табиии Тоҷикистон қонуниятҳои арзӣ (горизонталӣ) ва амудии (вертикалӣ) табиат якҷо (хусусан дар ҳамворӣ ва адирҳо) амал мекунанд. Дар ин ҳолат, барои муайян кардани ҳудуди ноҳияҳои табиӣ ба эътибор гирифтани чунин омилҳо, монанди мавқеи ҷуғрофиёӣ, баландии маҳал, пайдоиш ва хусусиятҳои релйеф, иқлим, хок, олами наботот, ҳайвонот ва ғайра зарур мебошад. Аз рӯи ин қонуниятҳои амалкунандаи табиӣ ва тафовути мавҷуда ҳудуди Тоҷикистонро ба 5 ноҳияи табиию ҷуғрофиёӣ ҷудо намудан мумкин аст: Тоҷикистони Шимолӣ, Зарафшон, Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Помир.

Тоҷикистони Шимолӣ

Тоҷикистони Шимолӣ дар канори шимолии мамлакат ҷойгир буда, қисми ғарбии водии Фарғона, қисми ҷанубу шарқии дашти Дилварзин, нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Туркистон, ҷанубии силсилакӯҳи Курама ва кӯҳи Қаромазору Муғулро дар бар мегирад. Ҳудуди онро дар шимол кӯҳҳои Курама ва дар ҷануб силсилакӯҳи Туркистон муайян мекунанд. Тоҷикистони Шимолӣ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон (дар шимол, ғарб ва шарқ), Қирғизистон (дар ҷанубу шарқ) ҳаммарз буда, дар ҷануб ба ноҳияи Зарафшон пайваст мешавад. Аксари ҳудуди ноҳияро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Дар қисми шимолии ноҳия силсилакӯҳи Курама ва мавзеи кӯҳи Муғул — шохаи Тиёншони Ғарбӣ ҷойгиранд. Баландии силсилакӯҳи Курама ва Муғул ба ҳисоби миёна аз 200 то 1 000 метр мебошад. Силсилакӯҳи Курама қариб 170 километр дарозӣ дошта, нуқтаи аз ҳама баланди он Бобои Об (3 768 метр) дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳ ҷойгир шудааст. Ин қисм дар самти ҷанубу ғарбӣ тадриҷан паст шуда, то ҳамвории дашти Дилварзин идома меёбад.

Қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистони Шимолиро қисми ғарбии водии Фарғона ишғол кардааст. Соҳили рости водии дарёи Сир, ки бараш 15–30 километр аст, релйефи мавҷмонанд дорад. Сатҳи водии Фарғонаро таҳшинҳои обоварда пӯшонидаанд. Дар атрофи он ҷинсҳои кӯҳӣ, ки сел аз наҳрҳои хушк, водии дарёҳо овардааст, хобидаанд. Онҳо доманакӯҳҳоро ишғол намуда, сатҳашон аз шимолу ҷануб ба тарафи маркази пастхамӣ (ғарбии Фарғона), ба самти ҷанубу ғарб ва шимолу шарқ силсилаи теппаю адирҳо кашол ёфтаанд (Исфисор, Деҳмой, Суфатоғ ва ғайра). Баландии нисбии онҳо 100–400 метр аст. Нишебиҳои ин теппаю адирҳо бо фаъолияти обҳои мавсимӣ ба қисмҳо ҷудо шудаанд. Дар ҷанубу шарқии ноҳия силсилаи кӯҳҳои Белисиник ба тарзи арзӣ кашол ёфтаанд. Дар самти ғарбии ноҳия дашти Мирзочӯл аз ғарб ба шарқ кашол ёфтааст. Баландии мутлақи он 250–500 метр аст. Қисми ҷанубии ин дашт ба ҳамвории доманакӯҳи силсилакӯҳҳои Туркистон пайваст мешавад.

Дар қисми марказии ҳамворӣ адиру теппаҳои водии Ӯротеппа (Истаравшан) ҷойгиранд. Ин талу теппаҳо ҳамвориро ба ду қисм ҷудо мекунанд: шимолӣ ва ҷанубӣ. Дар қисми ҷанубии ҳамворӣ хамии Шаҳристон бо доманаи силсилакӯҳҳои Туркистон аз ғарб ба шарқ ба таври мувозӣ кашол ёфтааст. Талу теппаҳои ин мавзеъ чандон баланд нестанд. Дар канори шимолу ҷанубии хамӣ ҷинсҳои давраи палеозой хобидаанд.

Маркази силсилатеппаҳои Ӯротеппа дар хамии Ӯротеппа воқеъ гардидааст. Талу теппаҳои Ӯротеппа ба қисмҳои ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мешаванд. Қисми ғарбии он баланд набуда, қисми шарқии он нисбатан баланд ва ба тарафи шаҳри Истаравшан моил аст. Ҷанубтар аз шаҳр талу теппаҳоро дарёчаи Каттасой бурида мегузарад. Пастхамии Фарғонаро дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу аз ҷануб ба шимол бурида мегузаранд. Заминҳои ин ноҳия барои парвариши зироатҳои техникӣ, сабзавот ва боғу токдорӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.

Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ин заминҳоро обёрӣ карда, колхозу совхозҳо бунёд намуданд. Соҳили чапи дарёи Сир бо об таъмин аст. Солҳои пеш аз ин ҷо роҳи корвон мегузашт, ки Ҳиндустонро бо мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна – Эрон, Туркия пайваста, бо номи «Роҳи абрешим» маъруф буд.

Тоҷикистони Шимолӣ сарватҳои табиии фаровон дорад. Аз замонҳои қадим дар Қаромазор маъданро истихроҷ карда, аз он нуқра, тило, мис, сурб, симоб ва оҳан мегирифтанд. Хотираи бисёр конканҳоро номи конҳо абадӣ гардонидаанд (аз ҷумла, Кони Мансур). Саноати истихроҷи маъдан, бахусус дар асрҳои 9–11 (давраи ҳукмронии давлати Сомониён) ривоҷ ёфта буд.

Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ Тоҷикистони Шимолӣ ба яке аз ноҳияҳои муҳими истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо ғайр аз полиметаллҳо (конҳои Консой, Адрасмон, Олтинтопкан), оҳан (Чоқадамбулоқ), маъдани филиззоти нодир ва холис, ҳамчунин нафт (Нефтобод, Айритон, Равот), гази табиӣ (Қарақчикуми Шимолӣ), ангишт (Шӯроб), намаксанг (Қамишқӯрғон) ва масолеҳи бинокорӣ низ истихроҷ карда мешавад.

Ба ноҳияи мазкур иқлими хушк хос аст, аммо вобаста ба мавқеъ ва баландии маҳал дар мавзеъҳои алоҳида қисмҳои таркибии иқлим тадриҷан тағйир меёбанд. Анбӯҳи ҳавои намноке, ки ба ноҳия аз самти ғарб дохил мешавад, пеш аз ҳама ба тарафи ғарбии силсилакӯҳҳо бармехӯрад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки иқлими Тоҷикистони Шимолӣ нисбат ба Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ё Марказӣ сардтар аст. Ин пеш аз ҳама ба мавқеи ҷуғрофиёии маҳал вобастагӣ дорад. Дар Тоҷикистони Шимолӣ ҳарорати моҳҳои тобистон нисбат ба ноҳияҳои ҷанубӣ пасттар (25–28 дараҷаи Селсий) ва зимистон сардтар (-2-3 дараҷаи Селсий) аст. Бориш кам (соле аз 80–100 то 300–400 миллиметр) буда, аз ғарб ба шарқ боз ҳам камтар мешавад. Дар Истаравшан ва атрофи он боришот ба 350 миллиметр, дар Хуҷанд 120–160 миллиметр ва дар Исфара ба 130 миллиметр мерасад. Дар доманакӯҳҳои Туркистон ва қисми ғарбии силсилакӯҳи Курама миқдори боришот меафзояд (400–500 миллиметр). Қисми асосии боришот дар мавсими хунукиҳо дар шакли борон ва барф меборад. Қабати барф зуд об шуда, баландии он маъмулан аз 5–10 сантиметр зиёд намешавад. Шароити иқлими ноҳия барои пахтакорӣ ва боғу токдорӣ мусоид аст.

Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳавзаи дарёи Сир мансуб мебошанд. Дар он ҷо обанборҳои Қайроққум, Фарҳод ва Каттасой, Канали Калони Фарғона, Канали Шимолии Фарғона бунёд шудаанд. Обанбори Каттасой дар дарёи ҳамном сохта шуда, аз он даштҳои хушки атроф обёрӣ мешаванд. Дарёҳо ғайр аз обёрӣ, барои истеҳсоли қувваи барқ (неругоҳи барқии обии Қайроққум) ва рушди хоҷагии моҳипарварӣ истифода мешаванд.

Хоки Тоҷикистони Шимолӣ хокистарранги равшан, қисман шӯрзада ва серсанг аст. Дар соҳили рости дарёи Сир то баландиҳои 1 400 метр хокҳои хокистарранги равшан паҳн гардидаанд.

Тоҷикистони Шимолӣ набототи ба худ хос дорад. Дар ҳамвориҳо набототи биёбонӣ – асосан шӯрагиёҳ, чимак ба назар мерасад. Соҳили дарёҳо, обанборҳо ва кӯлҳо туғайзор аст. Дар кӯҳу доманакӯҳҳо дарахту буттаҳои гуногун, ба монанди арча, зирк, настаран, бодом ва ғайра мерӯянд.

Олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ низ гуногун аст. Дар ҳамвориҳо ҷонварони хосси нимбиёбону биёбон — хояндаҳо, хазандаҳо сукунат доранд. Дар кӯҳҳо ҷонварони ширхори калон – гург, шағол, рӯбоҳ ва парандаҳои соҳибчанголу (қаргас, шоҳин, шунқор) муқаррарӣ мавҷуданд.

Зарафшон

Ноҳияи Зарафшонро аксар Кӯҳистон ҳам меноманд. Он дар байни ноҳияҳои табиии Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ҷой гирифтааст. Нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор, ҷанубии силсилакӯҳҳои Туркистон ва водии силсилакӯҳҳои Зарафшонро дар бар мегирад.

Релйефи ноҳияи Зарафшон ниҳоят мураккаб буда, аз ҷинсҳои давраи палеозой ва қисман мезозой иборат аст. Дар силсилакӯҳҳои водӣ қуллаҳои баланду тез ва дараҳои ниҳоят танг пайдо шудаанд. Ташаккули пиряхҳо дар минтақаи баландкӯҳ шаклҳои гуногуни релйефи кӯҳию пиряхиро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло симои асосии релйефро асосан силсилакӯҳҳо, водиҳо, наҳру дараҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Силсилакӯҳҳо дар қисми шарқӣ гиреҳи ягонаро ташкил додаанд, ки аз ин гиреҳ силсилакӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон ба самти ғарб, ба тарзи арзӣ тӯл кашидаанд. Сатҳи онҳо аз шарқ ба ғарб оҳиста-оҳиста паст шуда, ба ҳамвориҳо мепайвандад. Ҷои аз ҳама пасти ин ноҳия 700–950 метр аз сатҳи баҳр аст, баъзе қуллаҳо зиёда аз 5 000 метр баландӣ доранд. Баландии силсилакӯҳҳо дар ғарб 2 000 метр ва дар шарқ зиёда аз 5 500 метр аст. Дар ҷойҳои нисбатан пасттари силсилакӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистон ағбаҳои мошингузар (ағбаи Анзоб, 3 372 метр ва Шаҳристон, 3 351 метр) мавҷуданд ва дар замони истиқлол дар ин ҷо нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» бунёд шуданд. Ба итмом расидани сохтмони роҳи Душанбе – Айнӣ – Истаравшан – Чаноқ робитаи доимии ноҳияҳои шимолу ҷануби кишварро мустаҳкам намуд. Дар байни силсилакӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон водии Зарафшон ҷойгир аст. Таҳкурсии водӣ аз ҷинсҳои давраи палеозой иборат мебошад. Қисми болои водӣ тангтар буда, ба сӯи ғарб паҳн мешавад ва дар Панҷакент ба 12–20 километр мерасад. Дар байни силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор водии дарёи Яғноб ҷойгир шудааст. Водии Яғноб нисбатан хурд буда, дар баландии 2 000–3 000 метр аз сатҳи баҳр, байни силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон воқеъ гардидааст. Силсилакӯҳи Зарафшон онро аз водии Зарафшон ҷудо мекунад.

Вобаста ба сохти геологӣ дар водии Зарафшон конҳои бисёри сарватҳои табиӣ вомехӯранд. Бахусус, аз сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияи Зарафшон ангиштсанг (конҳои Фон-Яғноб, Киштӯд, Моғиён ва ғайра) бисёр аст. Яке аз ҳодисаҳои аҷиби табиӣ «шахи сӯзон» мебошад, ки дар мавзеи кони Малик мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо 3,5 ҳазор сол аст, ки дар зери замин ангишт месӯзад. Иқлими ноҳия хусусиятҳои худро дорад. Қатъи назар аз кӯҳсор будани қаламрави он ва баландӣ, дар ин ҷо умумияти иқлимӣ ба назар мерасад. Аз ҳамвории водиҳо то қуллаҳои силсилакӯҳҳо бо каме тафовут иқлими хушку зимистони камбарф мушоҳида мешавад, зеро аз шимол силсилакӯҳи Туркистон, дар ҷануб силсилакӯҳи Ҳисор ҳамчун садде барои ба ноҳия дохил шудани анбӯҳи ҳавои намнок мегарданд. Анбӯҳи ҳавои намнок, ки аз тарафи ғарб ба ноҳия меояд, манбаи асосии бориш ба ҳисоб меравад, аммо миқдори бориш вобаста ба фаслҳои сол, хусусияти релйеф, мавқеи силсилакӯҳҳо дар ноҳия аз ғарб ба шарқ тағйир меёбад. Миқдори солонаи бориш дар қисми ғарбии силсилакӯҳи Зарафшон 325 миллиметр (шаҳри Панҷакент), дар шарқи он 277 миллиметр аст. Дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон 400 миллиметр ва дар баъзе мавзеъҳои баландкӯҳи силсилакӯҳи Зарафшон 400–800 миллиметр бориш мешавад. Дар қисми нисбатан танг ва амиқи водии Зарафшон бориш кам ба назар мерасад.

Дар мавзеи дарёи Фон ҳам бориш аз 200 миллиметр зиёд нест. Дар қисми ғарбии водии Зарафшон қабати барф 40–50 рӯз, дар шарқи он қариб 100 рӯз давом мекунад. Зимистонаш чандон хунук нест. Ҳарорати миёнаи январ дар ғарб аз –1 дараҷаи Селсий то –8 дараҷаи Селсий дар шарқ тағйир меёбад. Тобистон ҳарорати миёнаи июл дар ғарб +25 дараҷаи Селсий ва дар шарқ +18 дараҷаи Селсий-ро ташкил медиҳад. Ҳарорати аз ҳама баланд дар атрофи шаҳри Панҷакент (то +40 дараҷаи Селсий), ҳарорати паст дар ағбаи Анзоб (то –36 дараҷаи Селсий) мушоҳида мешавад.

Ноҳияи Зарафшон пиряхи бисёр дорад. Пиряхҳои ҳозира боқимондаҳои пиряхҳои азими қадим мебошанд, ки замоне дар баландии 2 000 метр аз сатҳи баҳр хобида будаанд. Пиряхи аз ҳама бузург дар ҷои ба ҳам пайвастани силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон воқеъ аст. Он пиряхи Зарафшон мебошад, тӯли он 25 километр, масоҳаташ 41,0 километри мураббаъ буда, чанд шоха дорад.

Ҳамаи дарёҳои ноҳия ба ҳавзаи Зарафшон мансубанд. Онҳо аз пирях об гирифта, водиҳояшон танг ва сершаханд. Дарозии дарёи Зарафшон зиёда аз 877 километр мебошад (315 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон гузашта, боқимондааш аз ҳудуди Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад).

Дар минтақаи Зарафшон кӯлҳои хурду калон зиёданд. Аз кӯлҳои ноҳия Марғзор ва Искандаркӯл машҳуранд. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд, ки қад-қади дарёи Шинг (дар шохаҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Зарафшон) ҷой гирифтаанд. Ҳар сол барои дамгирӣ ва саёҳат ҳазорҳо одам аз гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ меоянд. Искандаркӯл, ки дар бораи он қиссаву ривоятҳо бисёранд, дар нишебии шумолии силсилакӯҳи Ҳисор, дар натиҷаи лағзиши кӯҳ пайдо шудааст. Масоҳати кӯл чандон зиёд нест (3,5 километри мураббаъ), вале аз рӯи ҳаҷми гардиши солонаи об 26 маротиба аз кӯли Севан бартар аст. Дар назди саргаҳи дарёи Искандар, ки аз ҳамин кӯл ҷорӣ мешавад, шаршараи баланд (30 метр) пайдо шудааст. Ин дарё бо дарёи Яғноб як шуда, дарёи Фонро ба вуҷуд меорад. Ҳамаи дарёҳои Зарафшон, бино бар сероб ва тезҷараён буданашон, захираи зиёди энергетикӣ доранд. Оби кӯлу дарёҳои водии Зарафшон манбаи муҳими обёрии заминҳо низ мебошад. Аз онҳо барои обёрӣ наҳру ҷӯйборҳо гузаронидаанд. Калонтарини онҳо Канали Марғедар мебошад, ки аз дарёи Киштӯд об мегирад. Дашти Марғедар, Вағаштон, Ғусар ва ғайра аз ин наҳр обёрӣ мешаванд. Наҳри Тӯхсанкорез ҳамвории Панҷакент ва дашти Мушинорро обёрӣ мекунад.

Дар олами набототи ноҳия минтақаҳои биёбон, миёнакӯҳ ва баландкӯҳ ҷудо карда мешаванд. Олами набототи ноҳияи Зарафшон то баландии 1 200 метр ва дар баъзе мавзеъҳо то 2 000 метр хусусияти даштию биёбонӣ дорад. Баландтар аз он алафзорҳо бо нимбуттаю буттазорҳо омехта месабзанд. Дар минтақаи миёнакӯҳҳо наботот нисбатан гуногун аст. Аз набототи алафӣ чорӯбак, сафедпӯшак, чукрӣ, чавак, рова, кӯмот ва ғайра паҳн шудаанд. Дар ин минтақа дарахтони арча, фарк, заранг, дӯлона, туғ, насрин, зирк, анғат, иргай, хома, лиф, бодом ва ғайра месабзанд. Дар мавзеъҳои камбориши минтақа ҷо-ҷо набототи даштию биёбонӣ низ вомехӯранд, дар баландиҳои 2 600–4 000 метр марғзорҳои даштию баландкӯҳ паҳн гардидаанд.

Дар водии дарёҳо бештар дарахтони сафедор, анғат, газ, бед, санҷид ва ғайра вомехӯранд.

Олами ҳайвоноти ноҳияи табиии Зарафшон низ гуногун аст. Дар ҳамворӣ ва доманакӯҳҳо намояндагони ҳайвоноти хоянда (заргӯш, суғур, калламуш), хазанда (мор, калтакалос), аз парандаҳо бештар шонасарак, гунҷишк, соч, мусича; дар минтақаи кӯҳӣ шағол, гург, хирс, шерпаланг, оҳу, харгӯш, гуроз, суғур; дар нишебиҳои шумолии силсилакӯҳи Ҳисор кабк, мурғи ҳилол, мурғобӣ, хумо, бургут ва ғайра вомехӯранд.

Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ

Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дар байни силсилакӯҳҳои Ҳисор (шимол), Ҳазрати Шоҳ (шарқ), Боботоғ (ғарб) ва дарёҳои Панҷу Ому (ҷануб) воқеъ гардидааст.

Релйефи ин ноҳия аз силсилакӯҳҳои паст ва хамиҳои бузург иборат буда, бо ҳамин хусусияташ аз дигар ноҳияҳои табиӣ фарқ мекунад. Силсилакӯҳҳои асосӣ – Вахш, Боботоғ, Сарсарак, Оқтоғ, Қаротоғ аз ҷинсҳои таҳшин иборатанд. Дар қуллаи кӯҳҳо барфҳои доимӣ ва пиряхҳо хобидаанд. Дар байни силсилакӯҳҳо водию хамиҳо ҷойгир шудаанд, ки баландиашон аз сатҳи баҳр 300–900 метр мебошад. Ин водию хамиҳо мавзеи асосии парвариши рустаниҳои гармидӯсти ҷумҳурӣ мебошанд. Доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо чун чарогоҳҳои зимистонаю баҳорӣ, ҳамчунин барои боғу токдории лалмӣ истифода мешаванд.

Аз ҷиҳати сохти геологӣ ноҳия асосан дар натиҷаи чиндоршавии алпӣ аз таҳшинҳои давраҳои мезозой ва кайнозой ташаккул ёфтааст. Ин таҳшинҳо аз рег, гил, оҳаксанг, гаҷ, конгломерат (омехтаи регу ҷинсҳои кӯҳии шикаста), мергел (омехтаи гилу оҳаксанг) иборатанд. Дар натиҷаи чиндоршавӣ аз ин таҳшинҳо кӯҳҳои паст ба вуҷуд омадаанд, ки аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб бо ҳам мувозӣ тӯл кашидаанд (кӯҳҳои Боботоғ, Сарсарак, Сурхкӯҳ, Қаротоғ, Челонтоғ). Дар байни ин кӯҳҳо пастхамию ҳамвориҳои Вахш, Ҳисор, Кофарниҳони Поён, Ёвон, Данғара, Фархор, Ховалинг, Муъминобод дар баландиҳои 300–1 200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Аз сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияи табиии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои намаксанг (Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, Тутбулоқ), оҳаксангу доломит (Пасхур, Ёвон), нафту газ (Қизилтумшуқ, Андигон, Шоҳамбарӣ, Балҷувон, Хоҷасартез, Сулдузӣ) мавҷуданд. Аз рӯи таҳқиқоти геологӣ дар ҳудуди ноҳия дар қабатҳои давраи юра захираҳои бузурги нафту газ ҷойгиранд. Аз ин хотир аз ҷониби ширкати «Газпром»-и Россия дар мавзеи конҳои Сариқамиш ва Рангон ва аз ҷониби ширкати амрикоии «Робсон» дар ҳудуди кони гази «Комсомол» корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода шуданд.

Дар байни чашмаҳои маъданӣ мавқеи муҳимро Хоҷаобигарм ишғол кардааст. Чашмаҳо дар доманаи ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор, дар баландии 1 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар нишебии қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1 100 метр аз сатҳи баҳр осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷойгир аст.

Тобистони ноҳия тӯлонӣ, гарм ва хушк буда, зимистонаш нисбатан намнок ва гарм аст. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо 28–30 дараҷаи Селсий мебошад. Дар ноҳияи Шаҳритус дар миёнаи фасли тобистон ҳарорати ҳаво ба 43–44 дараҷаи Селсий (баландтаринаш 48 дараҷаи Селсий) мерасад. Ҳарорати миёнаи январ дар водиҳо мусбат (1–2 дараҷаи Селсий) аст, вале ҳангоми вазидани бодҳои сард ҳарорати ҳаво метавонад ба −25–30 дараҷаи Селсий расад. Канори шимолу шарқии ноҳия ва пасткӯҳҳои дохили он аз пастхамӣ ва ҳамвориҳо бо баландии худ фарқ мекунанд. Аз ин рӯ зимистон дар ин мавзеъҳо нисбат ба пастхамӣ ва ҳамвориҳо сардтар аст. Ҳарорати миёнаи январ аз -4 то -7 дараҷаи Селсий тағйир меёбад. Дар пастхамию ҳамвориҳо ҳарорати миёнаи январ мусбат мебошад.

Вобаста ба миқдори бориш Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбиро ба қисмҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар қисми шимолии ноҳия (мавзеи Ҳисор) соле 600–700 миллиметр (бештаринаш 1 600 миллиметр), дар қисми ҷанубӣ тақрибан 500 миллиметр бориш мешавад. Миқдори бориш дар доманакӯҳҳо барои равнақи боғу токдории лалмӣ кофист. Водиҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои иқлим барои парвариши рустаниҳои техникӣ (пахтаи маҳиннах, анчибар), субтропикӣ (анор, анҷир, хурмо) ва ситрусӣ (лиму) мусоиданд.

Дарёҳои ин ноҳия нисбатан наздик ҷой гирифта, ба ҳавзаи дарёи Аму мансубанд. Дарёҳои бузургтарини он Аму (Ому) ва шохобҳои он — Панҷ, Кофарниҳон, Вахш, Сурхоб мебошанд.

Дарёҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ дорои захираи бузурги неруи барқ мебошанд. Дар дарёи Вахш силсилаи неругоҳҳои барқии обӣ (Норак, Сарбанд, Шаршара, Марказӣ, Бойғозӣ) бунёд шуданд. Ҳоло дар ин дарё бузургтарин неругоҳи барқии обии Роғун сохта шуда истодааст, ки иқтидораш 3,6 миллион киловатт мебошад, баландии сарбанди он 335 метр аст. Дар обанбори он 13,3 миллиард метри мукааб об ғун хоҳад шуд (аз обанбори Норак 4 миллиард метри мукааб зиёд аст).

Хок ва набототи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ гуногунанд. Онҳо вобаста ба шаклҳои гуногуни релйеф (ҳамворӣ, адирҳо, теппаҳо, пасткӯҳҳо) ва иқлим ба таври амудӣ паҳн гардидаанд. Дар баландиҳои 350–800 метр дар хоки хокистарранги равшан эфемерҳо, қиёқ, пудина ва ғайра месабзанд. Аз ин боло дар баландиҳои 600–700 метр хоки хокистарии муқаррарӣ ва дар баландиҳои 800–1 600 метр хоки хокистарранги тира паҳн шудааст. Дар ин намудҳои хоки хокистарранг ҳам асосан ғеша ва пудина бо эфемерҳо, эфемероидҳо ва дигар гиёҳҳои алафӣ омехта месабзанд. Дар шӯразаминҳо шӯра, дар санглоҳу резгорҳо саксавул, чарғиз, ҷузғун месабзанд.

Дар минтақаи хокҳои хокистарранг ва хокҳои ғайриминтақаӣ (хоки ботлоқӣ, карбонатии пӯсида, марғзору ботлоқӣ) набототи туғайзор ва ғайра вомехӯранд. Ин намудҳои наботот дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Панҷ ва обдоғҳои онҳо паҳн гардидаанд. Дар туғайзор ва ботлоқҳо сафедори сиёҳ, санҷид, анғат, ғеша, най, сарнай (эриантус), чинорак ва дигар гиёҳҳои намидӯст нашвунамои хуб доранд. Дар нишебиҳои кӯҳҳои пасти ноҳия, ки бориш нисбатан зиёд аст, буттаҳо, дарахтон ва алафҳои гуногун месабзанд. Дар ин мавзеъҳо бодом, дӯлона, настаран, зирк, арча, аз гиёҳҳо камол, юган, ковил, хушадорҳо, савсан ва ғайра мерӯянд. Дар сойи водӣ ва нишебии кӯҳҳои шимолу шарқии ноҳия, ки хокҳои дорчинранг паҳн гардидаанд, ғайр аз бодом, писта, зирк ва дӯлона дар маҳалҳои сернам бед, фарк, сафедор, заранг, зардолу, олуча, чормағз ҳар ҷо-ҳар ҷо дучор мешаванд.

Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, дар туғайзори дарёбодҳо гуроз, заргӯш, ҷирон сукунат доранд. Аз дарандаҳо гург, сагобӣ, кафтор, шағол, гурбаи найзор дучор меоянд; дар биёбонҳо мор (кӯбро, гурза) ва дигар хазандагон маскан гирифтаанд. Яке аз ҷонварони маъмули ин ноҳияи табиӣ сусмор аст. Дарозии он ба 1,5 метр мерасад. Дар кӯҳҳои ноҳия морхӯр дучор меояд. Аз парандаҳо тазарв, мурғи ҳилол, кабк, шоҳин ва бургут мавҷуданд. Аксари намудҳои рустанӣ ва ҳайвонот дар мамнуъгоҳҳо ҳифз карда мешаванд. Соли 1938 мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (47 ҳазор гектар), соли 1959 дар нишебиҳои силсилакӯҳи Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнуъгоҳи «Ромит» (дар масоҳати зиёда аз 16 ҳазор гектар), соли 1983 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мамнуъгоҳи «Даштиҷум» (масоҳатан 53,4 ҳазор километри мураббаъ) ташкил карда шуданд, ки барои муҳофизати ҳайвонот ва набототи қисми кӯҳсори вилояти Хатлон аҳамияти калон доранд.

Тоҷикистони Марказӣ

Тоҷикистони Марказӣ дар шимол бо силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Олой, дар шарқ бо силсилакӯҳҳои Паси Олой ва Академияи Фанҳо, дар ҷануб бо силсилакӯҳи Дарвоз ҳамсарҳад аст; ҳудуди он дар ғарб аз канори ғарбии силсилакӯҳи Дарвоз ва шохаи силсилакӯҳҳои Вахшу Қаротегин мегузарад. Релйефи Тоҷикистони Марказӣ мураккаб аст, он аз водии дарёҳо, ки бо кӯҳҳо ҷудо шудаанд, иборат мебошад. Ба силсилакӯҳҳои асосии ноҳия Вахш, Ҳазрати Шоҳ, Дарвоз, Пётри Якум мансубанд. Водиҳои Сурхоб ва Хингоб нисбат ба дигар водиҳо фарохтар мебошанд.

Аз ҷиҳати сохти геологӣ ҳудуди ноҳия пастхамии байникӯҳӣ буда, давоми пастхамии мезозоии депрессияи тоҷик мебошад. Он асосан аз таҳшинҳои давраи мезозой (миёна) ва кайнозой (нав) таркиб ёфтааст. Ин таҳшинҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои кӯҳҳосилшавии алпӣ чиндор шуда, дар баъзе кӯҳҳо ниҳоят баланд (зиёда аз 5 000 метр) бардошта шудаанд. Ҳаракатҳои қишри замин дар ин ҷо ҳоло ҳам давом доранд. Зилзилаҳои дар ҳудуди ноҳия рухдода гувоҳи онанд (аз ҷумла, зилзилаи Ҳоит, соли 1949). Қисми зиёди масоҳати ноҳияро кӯҳҳо ишғол кардаанд, аммо на ҳамаи онҳо комилан ба ноҳия тааллуқ доранд. Аз байни онҳо фақат силсилакӯҳи Қаротегин дар ҳудуди ноҳия воқеъ гардидааст. Аз самти шимолу шарқ ба ҳудуди ноҳия шохаҳои ҷанубу шарқии силсилакӯҳи ғарбии Олой ва Паси Олой дохил шудаанд. Қисми асосии силсилакӯҳҳои Дарвоз, Пётри Якум, Вахш, Зиғар низ ба ноҳия мансубанд. Ҳамаи силсилакӯҳҳо баландии минтақаи баландкӯҳро ташкил медиҳанд. Дар мавзеъҳои баланди нишебиҳои силсилакӯҳҳо барф ва пиряхҳо воқеъ гардидаанд. Аз ин сабаб дар минтақаи баландкӯҳ шаклҳои релйефи пиряхӣ зиёданд.

Калонтарин водиҳои ноҳия дар байни баландиҳои 1 200–3 200 метр воқеъ гардидаанд. Муҳимтарини онҳо водии Сурхоб мебошад, ки аз шарқ ба ғарб ба масофаи зиёда аз 140 километр тӯл кашидааст. Сатҳи он аз ғарб ба тарафи шарқ баланд (аз 1 200 метр то 2 100 метр) мешавад. Дар он мавзеъҳое, ки ба дарёи Сурхоб наздиканд, водӣ танг мешавад. Дар ҳудуди ноҳия ҳамчунин дараҳои нисбатан хурд (Камароб, Ғориф, Ясман, Такоба ва ғайра) воқеанд. Дар баъзе мавзеъҳои дараҳо заминҳои фарох паҳн гардидаанд. Аз ҷумла водии Лахш, ки дар байни дарёҳои Сурхоб ва Муғсу воқеъ аст, ба майдони васеи кишту боғдорӣ табдил ёфтааст.

Сарватҳои табиӣ. Конҳои ангишти Назарайлоқ ва Миёнадуи ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ аҳамияти калон доранд. Дар ноҳия конҳои нефелин, молибден, асбест, санги мармар, масолеҳи бинокорӣ ва обҳои маъдандор низ зиёданд. Аз ҷумла, чашмаҳои маъдандори Обигарм ва Тандиқӯл.

Иқлими Тоҷикистони Марказӣ нисбатан нарм аст. Дар водиҳои паст иқлими муътадили тобистони нисбатан серун ҳукмфармост. Тобистон ҳарорати миёнаи июл дар Ғарм 24 дараҷаи Селсий, Сангвор 22 дараҷаи Селсий, Лахш 21 дараҷаи Селсий гарм мебошад. Зимистон ҳарорати январ дар шимоли ноҳия -25–27 дараҷаи Селсий хунук мешавад. Дар ҷануби он аз 3 то 8 дараҷаи Селсий тағйир меёбад. Баъзе рӯзҳои тобистон ҳарорат то 37–40 дараҷаи Селсий гарм, зимистон то 27–30 дараҷаи Селсий хунук мешавад. Дар силсилакӯҳҳо зимистон ниҳоят хунук ва тобистон серун аст. Боришот дар ҳудуди ноҳия нобаробар тақсим шудааст. Аз ҷумла, дар водиҳое, ки ба тарафи ғарб кушодаанд, ва дар кӯҳҳое, ки рӯ ба рӯи самти ҳаракати анбӯҳи ҳавои нам воқеъ гардидаанд, боришот зиёд мешавад. Дар нишебиҳои шимолу ғарбии силсилакӯҳи Дарвоз 900 миллиметр, дар кӯҳҳои атрофи водии Сурхоб аз 600 миллиметр то 7 090 миллиметр бориш мешавад. Дар водии Сурхоб, Панҷ ва атрофи Қалъаихум тақрибан 500 миллиметр бориш мешавад. Миқдори бориши солона дар қисми ғарбии ноҳияи Рашт 650–900 миллиметр, дар шарқи он (Лахш) 270–280 миллиметр аст. Иқлими ноҳияи мазкур барои парвариши картошка, ҷуворимакка, сабзавоткорӣ ва боғпарварӣ мусоид аст.

Бориши нисбатан зиёди минтақаи кӯҳсор ва вобаста ба он, ҳосил шудани барфу пиряхҳои доимӣ сабаби пайдоиши шабакаи зичи дарёҳо гардидааст. Калонтарини онҳо дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Сорбоғ ва Сангикар мебошанд. Онҳо дар рафти ҷараёни худ аз ду тарафи соҳил шохобҳои бисёр қабул мекунанд. Бисёрии онҳо дарёҳои кӯтоҳи тезҷараён буда, дар кӯҳҳо дараҳои танг ҳосил кардаанд. Аксари дарёҳо аз барфу пиряхҳо ғизо мегиранд. Дарёҳое, ки аз барфу пирях ғизо мегиранд, моҳи май ва июн сероб мешаванд.

Вобаста ба ҷойи кӯҳҳо ва миқдори бориш, таркиби наботот дар нишебии ҳамаи силсилакӯҳҳо як хел нест. Дар нишебии шимолии силсилакӯҳи Дарвоз набототи даштӣ, шибоғ, шӯра, қиёқ, буттаҳо, дарахтони чормағз, писта, челон, дӯлона, насрин, заранг, арчаву бодом месабзанд. Набототи миёнакӯҳи силсилакӯҳи Пётри Якум ҳам аз гиёҳҳои даштӣ ва буттаю дарахтҳо иборат аст. Дар қисми поёнии минтақаи миёнакӯҳи Пётри Якум (нишебии ғарбӣ), дар қатори алафҳои даштӣ ҷо-ҷо дарахтони чормағзу фарк вомехӯранд. Баробари боло баромадан онҳоро арчазор ва алафзорҳои даштӣ иваз мекунанд. Дар нишебиҳои силсилакӯҳи Қаротегин олами наботот ва гиёҳҳои гуногун аз буттаву дарахтони зирк, насрин, бодом, дӯлона, писта, татум ва ғайра иборат аст.

Хоки водиҳои Тоҷикистони Марказӣ хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо дорчинӣ ва марғзории баландкӯҳӣ мебошад. Дар нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Дарвоз ҷо-ҷо дарахтони худрӯи мева — анор, анҷир, бодом, писта мерӯянд. Дар баландии зиёда аз 3 000 метр марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ доман паҳн кардаанд (ҳамчун чарогоҳи тобистона аҳамияти калон доранд).

Олами ҳайвоноти Тоҷикистони Марказӣ гуногун аст. Дар ин ҷо аз ширхорҳо бузи кӯҳӣ, шерпаланг, хирс, гург, гуроз, ҳамчунин хояндагони гуногун (заргӯш, суғур), хазандаҳо (гурза, мори обӣ, калтакалос), парандаҳо (кабк, мурғи ҳилол, қаргас) ва ғайра сукунат доранд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 117–124.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.