Зеҳн

Дунё

Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.

2 аъзоаз 19 июли 2026
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

РИВОЯТ

Дар замонҳои қадим, як подшоҳи боадолате зиндагӣ мекард. Ӯ бо донишмандон машварат мекард ва илму донишро аз ҳама чизи дунё болотар мешумурд. Рӯзе подшоҳ дар боғ бо вазиронаш нишаста буд, ки як деҳқони оддӣ омада, иҷозат пурсид, то саволе диҳад. Подшоҳ иҷозат дод. Деҳқон пурсид: – Эй подшоҳи одил, чаро ҳар боре ки ман кор мекунам, мехоҳам фарзандонам ҳамроҳи ман дар саҳро бошанд, вале онҳо китоб ба даст мегиранд ва мегӯянд: "Илм беҳтар аст"? Оё воқеан илм аз меҳнат беҳтар аст? Подшоҳ ба деҳқон табассум карда, гуфт: – Биё, ман ба ту нишон медиҳам. Сипас ӯ ду ҷавонро фарёд кард: яке писари як деҳқон ва дигаре писари як донишманд. Ба ҳар ду як савол дод: – Агар имрӯза заминатонро зилзила гирад ва тамоми молу амволатон нобуд шавад, чӣ мекунед? Писари деҳқон гуфт: – Ман боз аз сари нав кор мекунам, киштукор мекунам, то амволамро барқарор намоям. Писари донишманд гуфт: – Ман аз донишам истифода мекунам. Ё муаллим мешавам, ё китоб менависам, ё кор меёбам. Ман ҳар ҷо равам, бо дониши худ зиндагиро дубора месозам. Подшоҳ рӯ ба деҳқон кард ва гуфт: – Ана бин, фарзанди ту бо даст меҳнат мекунад, ки хуб аст. Вале фарзанди донишманд ҳам бо ақл меҳнат мекунад, ки умраш дарозтар аст. Зеро илму дониш дар дил боқӣ мемонад ва ҳаргиз зилзила ё сел онро нест карда наметавонанд. Аз он рӯз деҳқон ҳар саҳар аввал фарзандонашро ба мактаб мефиристод ва баъд ба саҳро мерафт. Хулоса: Илм нурест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад. Илмдӯстӣ на танҳо инсонро пеш мебарад, балки ӯро аз завол низ нигоҳ медорад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

РИВОЯТИ "ЯК ЛУҚМА НОН"

Рӯзе як марди бой аз хона баромада, як гадои гуруснаро дид, ки дар кунҷ нишаста буд. Гадо гуфт: – Мефаҳмед, ман ду рӯз аст, ки чизе нахӯрдаам... Мард гуфт: – Ман ба ту пул намедиҳам, зеро намедонам ту бо он чӣ мекунӣ? Ва роҳашро идома дод. Аммо як духтари хурде, ки ин саҳнаро дид, аз ҷайбаш як луқма нон баровард ва ба гадо дод. Гадо бо ашки шодӣ гуфт: – Ту дили бузург дорӣ, духтарам! Мард ин саҳнаро дид ва шарм кард. Ба назди духтар омад ва гуфт: – Ту ба ман дарси инсонпарварӣ додӣ. Ҳикмат: Инсонпарвар будан маънои доштани қалби меҳрубон аст. Кӯмак ҳатман бузург набошад, балки ихлосу муҳаббат муҳим аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ҚАЛБИ ПОКИ ПИРАЗАН

Рӯзе паҳлавоне, ки бо қуввату шуҷоаташ дар деҳа машҳур буд, аз назди хонаи пиразане мегузашт. Пиразан дар беруни хона бо зарфи шикастае об мекашид ва сахт мушкил медид. Паҳлавон бо тааҷҷуб гуфт: — Эй модар, чаро бо ин зарфи шикаста об мекашӣ? Ман метавонам барои ту зарфи нав ё каме об биёрам. Пиразан табассум карда гуфт: — Писарам, ин зарфро бо қасд истифода мебарам. Ҳар бор, ки об мекашам, қатраҳои об аз шикастагии он ба замин мерезанд ва растаниҳои канори роҳро об медиҳанд. Бинӣ, чӣ қадар гулҳо дар ин роҳ шукуфтаанд? Паҳлавон ба гулҳои сабзшуда нигарист ва ором шуд. Он гоҳ пиразан илова кард: — Некӣ ҳам ҳамин гуна аст. Баъзан инсон гумон мекунад, ки некиаш арзиш надорад ё пинҳон мемонад. Аммо ҳатто қатрае об, агар бо ният ва муҳаббат бошад, метавонад зиндагиро шукуфон кунад. Хулоса: Некӣ ҳатто агар хурд ҳам бошад, дар дили дигарон реша медавонад. Меҳрубонӣ ва ғамхорӣ гоҳе бе гуфтан ҳам асар мекунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ҶУСТУҶӮИ ДОНИШ

Рӯзе як ҷавони кунҷков ба хонаи як устоди доно рафт ва гуфт: — Эй устод! Ман мехоҳам донишманд шавам. Бигӯ, ки чӣ тавр метавон ба илм расид? Устод ҷавонро ба канори дарё бурд ва гуфт: — Биё, ба дарун рав. Онҳо ба миёни об расиданд. Ногаҳон устод сари ҷавонро зер об фур кард ва якчанд сония дар зери об нигоҳ дошт. Ҷавон бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки нафас гирад. Билохира устод ӯро раҳо кард ва ҷавон бо нафаси амиқ боло баромад. — Вақте ки ту зери об будӣ, бештар аз ҳама чӣ мехостӣ? — пурсид устод. — Нафас! Танҳо ҳаво! — бо изтироб ҷавоб дод ҷавон. Устод гуфт: — Агар ту мисли ҳамон лаҳзае, ки ҳаворо мехостӣ, донишро низ ҳамон тавр бихоҳӣ, ҳатман ба он хоҳӣ расид. Панд: Барои расидан ба дониш, бояд меҳнат кард, талош варзид ва онро бо дилу ҷон ҷустуҷӯ намуд. Илм ба касе мерасад, ки онро бо ихлос ва сидқу устуворӣ талаб кунад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ХАЙРУ САХОВАТ

Замоне як пирамарди камбизоат ҳар рӯз ба бозор мерафт ва бо даромади ночизи худ ба хона нон мебурд. Як рӯз зимистон шуд, барфу сармо сахт гардид. Пирамард мисли одатӣ ба бозор рафт. Дар роҳ як писарбачаи лоғар ва лату кӯбшудаеро дид, ки пойлуч дар кунҷи роҳ нишаста, аз сармо меларзид. Пирамард ба назди писар рафт ва пурсид: – Бачам, чаро ту дар ин ҷо нишастаӣ? Писарбача бо овози хаста ҷавоб дод: – Падар надорам, модарам бемор аст. Баромада будам, ки нон ёбам... Пирамард лаҳзае ба ӯ нигарист, сипас палтои ягонаи худро аз тан бароварда ба ӯ пӯшонд ва пуле, ки барои харидани нон ҷамъ карда буд, ба писар дод. Писарбача ашкрезон гуфт: – Шумо кӣ ҳастед? Чаро ба ман ёрӣ кардед? Пирамард табассум намуда гуфт: – Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки инсон бошам... Хулоса Инсонпарварӣ маънои меҳрубонӣ, эҳсоси ҳамдардӣ ва ёрӣ ба дигаронро дорад. Амале, ки аз дили пок мебарояд, ҳатман таъсири нек мегузорад. Чӣ гуна шахс будани моро сарвати молӣ не, балки меҳру шафқат ба дигарон муайян мекунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

БАҲОИ ДИЛИ МОДАР

Рӯзе ҷавоне назди як донишманд омад ва гуфт: — Устод, ман модарамро дӯст медорам, вале намефаҳмам, ки меҳри модар то куҷо бузург аст? Устод гуфт: — Ба саволи ту фардо ҷавоб медиҳам. Лекин шабона кори душворе ба дӯш мегузорам. Рав, ва гӯшти дили модаратро биёр… Ҷавон ба хона баргашт… Шабе сахт ва пурталотум. Ниҳоят, дар дил аз ҳама чиз гузашта, кори устодро иҷро кард… Субҳ, бо дили модараш ба назди устод омад. Дар роҳ, дар замин лағжид ва афтод. Дил аз дасташ рафт. Аз он сина порчае берун шуд… Ногоҳ шунид, ки он порча ба гӯё забон кушод: — Писарам! Оё ранҷ надидӣ? Пойатро захмӣ накардӣ? Ҷавон гиря кард. Донишманд назди ӯ омад ва гуфт: — Меҳри модар беинтиҳост, ҳатто агар ту дилашро бишканӣ ҳам, дили ӯ бо ту хоҳад монд. Хулоса: Модар танҳо инсон нест — намоди муҳаббати пок, бахшоиш ва садоқат аст. Ҳеҷ дӯстӣ бо меҳри модар баробар намешавад. Қадри модарро то зинда аст, бидон ва эҳтиромашро ба ҷо биёр

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ГИРЯИ БАЧА ВА ДУОИ МОДАР

Рӯзе як модари солхӯрда бо писараш ба бозор мерафт. Ҳарду дар роҳ мерафтанд, ки як кӯдаки хурдсол, ки дар канори роҳ менишаст, ба гиря даромад. Модар ба назди он кӯдак рафт, бо меҳрубонӣ сарашро сила кард ва пурсид: — Писарам, чаро гиря мекунӣ? Кӯдак бо ашк дар чашм гуфт: — Модарам маро фаромӯш кард ва рафт. Ман метарсам, ки дигар намеёяд... Модар ӯро тасаллӣ дод ва гуфт: — Натарс, модар ҳеҷ гоҳ фарзандашро фаромӯш намекунад. Ӯ ҳатман бармегардад. Писари модар, ки ин саҳнаро медид, бо тааҷҷуб пурсид: — Очаҷон, магар мумкин аст модар фарзандашро фаромӯш кунад? Модар бо табассум ва нигоҳе пурмаъно гуфт: — Нафаре, ки дар ҳаққи модараш беэҳтиромӣ мекунад, рӯзе ҳатман пушаймон мешавад. Зеро дилсӯзии модар, ҳатто барои фарзанди ношукр ҳам, поён надорад... Он кӯдак баъд аз чанд лаҳза бо модараш пайваст шуд ва бо хурсандӣ рафтанд. Аммо он ҷавон то охири рӯз дар фикри суханони модараш буд... Паём: Модар ва падар дар хурдсолиамон моро бо меҳру муҳаббат тарбия мекунанд. Вақте мо ба воя мерасем, набояд меҳру заҳматашонро фаромӯш кунем. Ҳар фарзанд бояд қадри бачагӣ ва дуои модарро бидонад. МЕҲРУБОН БОШЕМ

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қаноатмандӣ

Пирзанеро барои сафедкории хонааш коргаре киро кард. Вақте коргар ба хонаи пирзан даромад, шавҳари пир ва нобинои ӯро дида дилаш сӯхт. Рӯзҳое, ки дар хона кор мекард, пай бурд, ки пирмард инсони бисёр хушҳол ва хушбин аст. Ӯ ҳангоми кор бо пирмард суҳбат мекард ва оҳиста-оҳиста бо ӯ дӯст шуд. Дар ин муддат ҳеҷ гоҳ ба маъюбияти ҷисмонии пирмард ишора накард. Пас аз анҷоми сафедкорӣ, вақте коргар ҳисобномаро ба ҳамсари ӯ дод, пирзан пай бурд, ки маблағи навишташуда хеле камтар аз он аст, ки қаблан мувофиқа карда буданд. Пирзан аз коргар пурсид: Чаро шумо ба мо ин қадар тахфиф додед? Коргар ҷавоб дод: Вақте бо шавҳари Шумо суҳбат мекардам, бисёр хушҳол мешудам ва аз тарзи бархӯрди ӯ бо зиндагӣ фаҳмидам, ки вазъи ман он қадаре, ки фикр мекардам, бад нест. Пас ба ин хулоса расидам, ки кору зиндагии ман ҳам чандон душвор нест. Ба ҳамин хотир ба шумо тахфиф додам, то аз ӯ сипосгузорӣ кунам. Пирзан аз ситоиши шавҳараш ва бузургдилии коргар сахт мутаассир шуд ва гиря кард, зеро медид, ки коргар танҳо як даст дошт…

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Тенниси рӯи миз

Табибон бар онанд, ки тенниси рӯи миз ба таҳкими системаи дилу раг ва ба эътидол овардани фишори хун мусоидат намуда инсонро аз гирифторшавӣ ба сактаи қалб пешгирӣ мекунад. Тенниси рӯи миз як машқи олӣ на танҳо барои мушакҳо, балки барои чашмон низ машқи хубест. Диққати доимӣ ба тӯб, ҳангоми дуру наздик шудан барои рафъи шиддату хастагӣ ва нигоҳ доштани биниши аъло кӯмак менамояд. Машқи мунтазами тенниси рӯи миз ба мустаҳкам кардани мушакҳо кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, тенниси рӯи миз буғумҳои гуногунро дар дастҳо, пойҳо ва бадан ба кор медарорад. Дар натиҷа, буғумҳо чандиртар шуда, ҳангоми калонсолӣ фаъолияти ҷисмониро нигоҳ медорад. Тадқиқоти 25-сола бо иштироки беш аз 8500 нафар нишон додааст, ки теннисбозон нисбат ба дигар варзишгарон 10 сол зиёдтар умр мебинанд. Дар байни ҳама намудҳои варзиш теннис аз рӯи дарозумрӣ ҷои аввалро касб кардааст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

АРЗИШИ ҶАВОНӢ

Рӯзе марди пире дар назди масҷид бо ашк дар чашм менишаст. Ҷавоне аз роҳ мегузашт ва ӯро дид. — Пир, чаро гиря мекунӣ? — пурсид ҷавон. Пир посух дод: — Писарам, ман имрӯз на барои пирии худ гиря мекунам, балки барои он ҷавоние ки дигар бознамегардад... Ҷавон бо ҳайрат гуфт: — Чӣ мешавад, пирӣ қисмати инсон аст, ҳама пир мешаванд! Пир бо овози ором гуфт: — Бале, вале ман дар ҷавонӣ мегуфтам: “Ҳоло вақт дорам, баъдтар илм мехонам, баъдтар намоз мехонам, баъдтар модарамро хурсанд мекунам...” Ҳамаи “баъдтар”-ҳои ман омаданд, вале ҷавонӣ рафт. Ҷавон хомӯш монд… Хулоса: Ҷавонӣ неъматест, ки кам касон қадрашро медонанд. Онро бояд барои илм, ахлоқ, хидмат ба волидайн ва созандагӣ истифода кард. Ба умеди “баъдтар” зиндагии аслӣ пушаймонӣ меорад

1
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

РАССОМИ БЕНОМ

Солҳо пеш, дар як деҳаи дурдаст, пирамарде зиндагӣ мекард, ки дар гӯшаи хонааш бо рангҳои кӯҳна расм мекашид. Ӯ на студия дошт, на шогирд, на шӯҳрат. Мардум мегуфтанд: “Ӯ фақат вақт мегузаронад.” Аммо кӯдакон ҳар саҳар назди ӯ мерафтанд, то бубинанд, ки чӣ меофарад. Яке аз он кӯдакон, писарбачае бо номи Фаррух, як бор пурсид: — Эй бобо, ту ин расмҳоро чаро мекашӣ, вақте ҳеҷ кас намехарад? Пирамард бо табассум гуфт: — Фарзандам, ман ин расмҳоро барои дили худам мекашам. Агар рӯзе касе дилаш ба ин расмҳо ламс хӯрад, пас ман вазифаи худро иҷро кардаам. Солҳо гузашт. Пирамард аз дунё рафт. Ва баъд аз марги ӯ, мардум расмҳои дар хонаашмондаро ёфтанд — расмҳое, ки ҳаёт, муҳаббат, дард ва орзуро тасвир мекарданд. Онҳоро ба шаҳр бурданд. Дар як муддати кӯтоҳ, осорхонаи маъруф ташкил шуд ва он рассоми “беном” ба яке аз маъруфтарин эҷодкорон табдил ёфт. Фаррух — ҳамон кӯдаки якзамон — шахсе шуд, ки аввалин китоб дар бораи ӯро навишт ва гуфт: — Эҷодкорон на барои шуҳрат, балки барои равшан кардани дилҳо эҷод мекунанд. Ва рӯзе, ҳатман, он нур ба дигарон низ мерасад. Хулоса: Эҷодкорон мисли шамъанд — ором месӯзанд, вале атрофро рӯшан мекунанд. Агар шумо эҷод мекунед — нависед, расм кашед, мусиқӣ созед — ҳатто агар касе набинад, зеро рӯзе офаридаи шумо касеро рӯҳбаланд хоҳад кард.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»?

Шумо ҳангоми ба худ савол додан,  аз чӣ вожае бештар истифода мекунед: Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»? Оё мегӯед: «Чаро шароит ин гуна аст? Ва ё инки мепурсед: «Чӣ гуна метавонам шароити мавҷударо зеботар ва олитар кунам?» Шумо медонед, ки фосилаи ин ду навъ пурсиш, фосилаи ҷаҳаннам то биҳишти Худост. Фосилаи байни бадбахтӣ ва хушбахтии Инсонҳо аст. Фосилаи фақр ва сарват аст. Фосилаи афсурдагӣ ва нишот аст. Фосилаи яъс ва умед аст. Оре, кайфияти зиндагии шуморо навъи саволҳое таъйин мекунад, ки шумо аз худ мекунед.

1
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Будан дар дунё вобастагӣ нест.

Рӯзе талбандае ба дидори як сӯфии дарвеш рафт ва дид, ки ӯ бар рӯи тахти махмалин дар миёни хаймаи зебое нишастааст, ки ресмонҳояш ба мехҳои тиллоӣ баста шудаанд. Гадо чун инҳоро дид, бо овози баланд гуфт: «Ин чӣ ҳол аст, эй дарвеши муҳтарам! Ман бисёр шунида будам, ки шумо аз зуҳду бепарвоӣ ба дунё ном баровардаед, вале акнун бо дидани ин ҳама зебу зинат дар атрофи шумо, комилан ноумед шудам». Дарвеш табассуме кард ва гуфт: «Ман омодаам, ки ҳамаи инҳоро тарк кунам ва бо ту ҳамроҳ шавам». Бо гуфтани ин сухан, дарвеш аз ҷо бархост ва ба пайи гадо роҳ афтод. Ӯ ҳатто интизор нашуд, ки попушиҳояшро ба по кунад. Баъд аз муддати кӯтоҳ, гадо нороҳат шуд ва гуфт: «Ман косаи гадоиямро дар хаймаи ту гузоштаам. Ман бе косаи гадоӣ чӣ кунам? Лутфан каме сабр кун, то ман баргардам ва онро биёрам». Сӯфӣ боз хандид ва гуфт: «Дӯсти ман, мехҳои тилоии хаймаи ман ба замин фурӯ рафтаанд, на ба дили ман. Аммо косаи гадоии ту то ҳол туро таъқиб мекунад». Будан дар дунё вобастагӣ нест. Вобастагӣ он аст, ки дунё дар зеҳн ҷой бигирад. Ва ҳар гоҳ ки дунё аз зеҳн нопадид шавад, онро варстагӣ меноманд.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Мо инсонҳо танҳо барои зиндагӣ кардан ба дунё наомадаем.

Балки барои ба ҳамдигар нур ва шодӣ бахшидан омадаем. Шодӣ  бахшидан ба ҳамдигар бузургтарин туҳфаи мост, ки арзиши он бо пул ё қудрат баробар намешавад. Шодӣ қудрат дорад: дили хастаеро ором кунад; рӯҳи ноумедро умед бахшад; миёни одамон пуле аз муҳаббат бунёд кунад. Ҳар вақте, ки мо якдигарро хушҳол месозем, дар асл зиндагиро маъно мебахшем. Мо бояд ин туҳфаро аз ҳамдигар дареғ надорем, зеро шодӣ кам намешавад, ҳар қадар бештар ба дигарон диҳем, ҳамон қадар бештар ба зиндагии худ бармегардад. Аз ин рӯ, бигзор мо ҳар рӯз барои касе сабаби табассум шавем: бо сухани нек, бо амалҳои хурди меҳрубонона, бо ҳузури самимӣ. Зиндагӣ кӯтоҳ аст. Шодӣ чизест, ки онро метавон паҳн кард, то пас аз мо низ боқӣ монад. Ба хотир дорем: Мо барои ба якдигар шодӣ бахшидан омадаем, пас онро дареғ надорем!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Муваффақият: Он чӣ мардум мебинанд ва он чӣ намебинанд

Муваффақият мисли яхпораест, ки қисми болои он дурахшон аст ва дар назар намоён, аммо қисми асосии он зери об пинҳон аст. Одамон одатан танҳо натиҷаи ниҳоиро мебинанд: муваффақияти барҷаста, ҷойгоҳ ва қудратро. Аммо он чӣ дар асл пушти ин дурахшонӣ нуҳуфтааст, бисёр вақт аз чашмони мардум пинҳон мемонад. Чӣ гуна муваффақият ба даст меояд? Дар паси ҳар қуллаи фатҳшуда шабҳои бехобӣ, меҳнати сахт, интизом ва фидокорӣ ниҳон аст. Инҳо ҷузъҳое ҳастанд, ки яхпораи зериобро ташкил медиҳанд. Танҳо шахсоне, ки қодир ба қабули душвориҳо ва мубориза бо онҳо ҳастанд, метавонанд ба ин натиҷаҳо бирасанд. 1. Шабҳои бехобӣ: Одамони муваффақ шабҳои зиёдеро дар фикру амал ба сар мебаранд. Ҳар қадами онҳо бо таҳлил, андеша ва банақшагирии бодиққат пеш меравад. 2. Меҳнати сахт: Ҳар як муваффақият тавассути кори шабонарӯзӣ, кӯшиши беист ва фидокорӣ ба даст меояд. 3. Интизом: Бе интизом расидан ба ҳадафҳои бузург ғайриимкон аст. Ин қобилияти идора кардани вақт, одатҳо ва худ мебошад. 4. Фидокорӣ: Муваффақият маънои сарфи вақт, қувва ва баъзан қурбонии ҳузур дар ҷойҳои дилхоҳро дорад. 5. Сабр ва устуворӣ: Ҳар шахсе, ки ба қулла расидааст, дар роҳ бо шубҳаҳо, танқидҳо ва нокомӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аммо маҳз қобилияти сабр кардан ва устувор мондан ӯро ба пеш мебарад. 6. Риску кӯшишҳои нав: Муваффақият ба худ рискҳоро қабул мекунад. Ин маънои омодагии бардошти хавф ва кӯшиши роҳҳои навро дорад. Он чӣ мардум намебинанд Қисми пинҳон, ки дар зери об қарор дорад, аксар вақт муҳимтарин аст. Мардуми атроф на ҳама вақт медонанд, ки ин муваффақият бо чӣ қимате ба даст омадааст. Танҳо касе, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, онҳоро бартараф кардааст, воқеан метавонад арзиши ин қулларо дарк кунад. Дарси асосӣ Муваффақият ҳеҷ гоҳ ҳодисаи тасодуфӣ нест. Он натанҳо талаб мекунад, ки мо орзу ва ҳадаф дошта бошем, балки бояд бо омодагии қабул кардани душвориҳо, фидокорӣ ва устувории худ қадам гузорем. Ҳар шахс метавонад қуллаи муваффақиятро фатҳ кунад, агар ҷасорат дошта бошад, ки қисми пинҳони "яхпораи муваффақият"-ро қабул кунад. Хулоса: Он чӣ одамон мебинанд — дурахши беруна аст, аммо он чӣ намебинанд, меҳнат, интизом ва муборизаест, ки ин дурахшро эҷод кардааст. Муваффақиятро бо ҳамаи ҷузъҳояш қабул кунед ва бо эътимоди комил қадам ба пеш гузоред!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Бераҳмӣ ҳамеша сояе дорад  ва он ҷаҳолат аст.

Инсон ҳар қадар зеҳни боз дошта бошад, ҳамон қадар камтар бераҳм мешавад. Инсони воқеан таҳсилдида наметавонад бераҳм бошад, зеро ин номумкин аст. Ӯ танҳо метавонад муҳаббат ва раҳму шафқат дошта бошад. Инсони аҳмақ маҷбур аст бераҳм бошад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ ӯ фикр мекунад, ки метавонад пирӯз шавад. Инсони оқил хоҳише барои пирӯз шудан надорад, Инсони оқил аллакай дар зеҳни худ пирӯз аст. Ӯ аллакай дар фаҳмиши худ аз бисёр чизҳо боло аст ва ба рақобат ниёз надорад. Инсони аҳмақ ҳамеша бояд дар рақобат бошад. Ва чун аҳмақ аст, наметавонад ба зеҳни худ такя кунад, зеро маҷбур аст ба чизи дигар такя кунад. Аз ин рӯ бераҳм мешавад, маккор мешавад, фиребгар мешавад, дуруя мешавад. Ба назари ман, «аҳмақӣ» ягона гуноҳ аст  ва ҳар чизи дигар танҳо паёмади он аст. Ва «зоқилӣ» ягона фазилат аст  ва ҳар чизе ки мо онро фазилат медонем, мисли соя аз он пайравӣ мекунад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Баъзе дидорҳо, охиринанд  на аз рӯи хоҳиш, балки аз рӯи тақдир...

Вақте ду дӯст, ки умре ҳамдард, ҳамроз ва ҳампаноҳ буданд, бо ашки ниҳоӣ ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, дунё як лаҳза сукут мекунад. Калимаҳо дигар садо надоранд. Фақат ду чашми пур аз ёд ва ду дасте, ки намехоҳанд аз ҳамдигар раҳо шаванд... Яке мегӯяд: «Дуо кун, шояд ин охирин дидори мост...» Ва дигаре, ашк мерезад... Мо фикр мекунем вақт зиёд аст. Ки метавонем ҳар рӯз гӯем: "Бубахш", "Дӯстат медорам", "Ташаккур", "Ҳамеша дар ёдам ҳастӣ"... Аммо вақт ҳаргиз ба интизории мо намеистад. Мо намедонем, ки кадом дидор охирин аст. Кадом "хайр"  видои абадист. Кадом "фардо" дигар нахоҳад расид... Пас чаро ҳамдигарро меранҷонем? Чаро гапи дағал ба ҳам мегӯем? Чаро муҳаббатро пинҳон медорем, вақте ки метавон онро бигӯем? Ин зиндагӣ барои муҳаббат кардан аст. Барои нигоҳҳои гарм, дастҳои фишурда, дили бахшанда. Мо шояд дигар фурсате барои хабаргирии ҳамдигар, фурсати муносиб, занг задан ё табассум кардан надорем... Пас, то зиндаем  ба қадри якдигар бирасем. Нагузорем муҳаббат пас аз рафтан гуфта шавад... Нагузорем бахшиш дер шавад... Зеро баъзе ашкҳо, дигар дида намешаванд... Ва баъзе оғӯшҳо, танҳо дар ёдҳо боқӣ мемонанд.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Ҳикояти зебое аз Мавлоно!

Айёми хушксолӣ ва қаҳтӣ буд, кишоварзе пеши осиёбон рафту гуфт: Ба ҳаққи Худо, бачаҳоям аз гуруснагӣ мемиранд, аз ту мехоҳам миқдоре гандум ба ман қарз бидеҳ, ман баъдан ба ту бармегардонам. Осиёбон миқдоре гандумро даруни порчае рехту онро гиреҳ баст ва ба марди кишоварз дод. Марди кишоварз хушҳол ба сӯи хонааш рафт. Ҳамин тавр ки ба самти хонааш мерафт, дуо мекарду мегуфт: Худоё, ба ҳаққи иззатат гиреҳ аз мушкилоти мардум боз кун! Гиреҳ аз гирифториҳои мардум боз кун! Гиреҳ аз ин хушксолӣ ва аз ин қаҳтӣ боз кун! Хулоса ин қадар гиреҳ-гиреҳ кард, то ин гиреҳҳои рӯмолаш боз шуд ва ҳамаи гандумҳо рӯи замин рехт. Кишоварз чунон асабонӣ шуд, рӯ кард ба Худо, гуфт: Солҳо нарди худоӣ бохтӣ Ин гиреҳро з-он гиреҳ нашнохтӣ?!… Ман туро кай гуфтам, эй ёри азиз К-ин гиреҳ бикшою гандумро бирез?… Он гиреҳро чун наёрастӣ гушуд Ин гиреҳ бикшоданат, дигар чӣ буд? Ман худованде надидам з-ин намат Як гиреҳ бикшодию он ҳам ғалат! Алғараз, баргашт мискин дарднок То магар барчинад он гандум зи хок Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар Дид, афтода яке ҳамёни зар! Саҷда карду гуфт: К-эй Рабби Вадуд Ман чӣ донистам, туро ҳикмат чӣ буд? Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест Ҳар киро фақре диҳӣ, он давлатест.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қимати вақт: Роҳи муваффақият аз имрӯз оғоз меёбад

Субҳ оғози ҳар як имконият аст. Ҳар саҳар, вақте ки чашмони худро боз мекунӣ, як рӯзи нав пеши рӯят истодааст. Вақт — гаронтарин сармояест, ки ҳаргиз баргардонда намешавад. Онро наметавонӣ харида ё пас андозӣ. Он мисли оби равон мегузарад ва танҳо аз ту вобаста аст, ки онро чӣ гуна истифода мекунӣ. Ба худ бипурс: имрӯз чӣ кор мекунам, ки зиндагии маро беҳтар кунад? Ба нақшаҳоят амал кун, ҳадафҳоятро пайгирӣ намо ва вақтатро барои корҳое, ки ба орзуҳоят наздик мекунанд, сарф кун. Ҳар як сония имкони тозае аст барои омӯхтан, сохтани чизе нав ё қадаме ба сӯи орзуҳоят гузоштан. Вақт мисли шамол аст — наметавонӣ онро боз дорӣ, аммо метавонад ба бодбони ҳадафҳоят самт бахшад. Пас, аз ҳар саҳар истифода бар, худатро бедор соз ва коре кун, ки туро ба муваффақият наздик мекунад. Зиндагӣ кӯтоҳ аст, аммо барои онҳое, ки вақти худро дуруст истифода мебаранд, он кофӣ хоҳад буд. Ҳоло вақти шурӯъ кардан аст. Вақти беҳтар барои сохтани оянда нест, ҷуз ҳамин ҳозир!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

БОҒЧА АЛЛАКАЙ ДЕР АСТ

Шояд ҳар яки мо аз солҳои мактабхонӣ дар ёд дорад, ки дар синф як талабаи қобилиятноке буд, ки бе ягон кӯшиши дидашаванда сарварии синфро ба уҳда мегирифт, ҳамзамон талабаи дигар бо тамоми кӯшиш қафомонда боқӣ мемонд. Дар солҳои таҳсили ман муаллимон моро чунин ҳавасманд мекарданд: «Боақлӣ ё беақлӣ меросӣ нест. Ҳамааш аз кӯшишҳои худат вобаста мебошад». Ва аздусар таҷрибаи шахсӣ нишон дод, ки аълохон ҳамеша аълохон ва духон ҳамеша духон аст. Гӯё, ки ақл аз ҳамон аввал насиби одам мешавад. Бо ин номувофиқатӣ чӣ кор кардан мумкин буд? Ба хулоса омадам, ки қобилиятҳо ва хулқу хӯи инсон аз рӯзи таваллуд маълум нестанд ва дар аксари маврид дар давраи муайяни ҳаёти ӯ ташаккул меёбанд. Баҳсҳои зиёд то ҳол идома доранд: инсонро ирсият ташаккул медиҳад ё таълиму тарбияе, ки мегирад. Аммо то имрӯз ягон назарияи каму беш қобили қабул ба ин баҳсҳо нуқтаи охирро нагузоштааст. Ниҳоят, таҳқиқи физиологияи мағзи сар аз як тараф  ва психологияи кӯдак аз тарафи дигар, нишон доданд, ки калиди рушди қобилиятҳои ақлонии кӯдак таҷрибаи шахсии дарёфтҳои ӯ дар се соли аввали ҳаёт, яъне дар давраи рушди ҳуҷайраҳои мағзи сар мебошад. Ягон тифл нобиға ва ягон тифл девона таваллуд намешавад. Ҳамааш аз ҳавасмандгардонӣ ва дараҷаи рушди мағзи сар дар солҳои ҳалкунандаи ҳаёти тифл вобаста аст. Ин давраи аз таваллуд то синни сесолагӣ мебошад. Тарбия кардан дар боғча корест, ки аллакай дер шудааст.

0