Зеҳн

Дунё

Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.

2 аъзоаз 19 июли 2026
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Ҳар кас ғалаба карда метавонад.

Ҳар кас ғалаба карда метавонад. Бовар намекунед? Ба Дуглас ҳам касе бовар намекард, вале ӯ ғалабаи фаромӯшнашаванда бадаст овард, зеро медонист зӯраш ба он мерасад. 11 феврали соли 1990 дар Токио муҳорибаи дар таърихи бокс нодире рӯй дод, ки мухлисони Майк Тайсони машҳурро сахт дилсард кард ва варзишгари то он замон номашҳур Ҷеймс “Бастер” Дугласро ба ҷои аввал баровард.- Майк Тайсон дар 23-солагӣ аллакай соҳиби рӯихати хидматии калон – 37 – 0 буд. Ҳамаи муҳорибаҳоро (ғайр аз чаҳор вохӯрӣ) бо нокаут ба анҷом мерасонд, соҳиби камарбандҳои WBA, IFB буд ва воқеан чемпиони мутлақи ҷаҳон шуморида мешуд. Вай чунон ба ғалабаи худ бовар дошт, ки ба муҳориба омодагии лозимӣ нагирифт. Рӯихати хидматии рақиби ӯ Ҷеймс Дуглас хоксорона - 20-4-1 буд, аллакай се бор нокаут шуда буд. Ҳама интизор буданд, ки ин муҳориба зуд ва пешгӯишавандашуда, яъне бо ғалабаи чемпиони маъруф Тайсон ва нокаути Дуглас ба охир мерасад. Букмеккерҳо такяҳои гӯшношуниди 49-1 ба фоидаи Тайсон дар лаҳзаи анонси вохӯрии боксёрҳо дар ринг ва 42-1 пеш аз муҳориба карданд. Ин муҳориба аллакай моли таърих шудааст ва арзандаи гоҳ-гоҳ ба ёд овардан мебошад – ҳадди ақал барои он ки истодагарӣ гаштаву баргашта таъриф карда шавад: бо истодагарӣ ҳатто заифӣ ба нерӯ табдил мешавад! Албатта, Дуглас рақиби заиф набуд, аммо, чи тавре ки ҳама меҳисобиданд,  то ба дараҷаи Тайсон расидани ӯ вақту қувваи зиёд лозим буд. Аммо ӯ истодагарӣ нишон дод ва ба мақсади худ расид. Муҳориба аз оғоз душвор буд.  Дуглас бо тамоми қувва ҳуҷум кард, аммо аз апперкоти сахти Тайсон афтид ва фавран худро ба даст гирифта натавонист, бонги анҷоми раунд ӯро наҷот дод. Баъд аз тайм-аут тамошагарон ғалабаи тези Тайсонро интизор буданд, аммо вазъият баногоҳ бакуллӣ тағйир ёфт -  Дуглас бо силсилаи зарбаҳои дақиқ Тайсонро ба нокаут равон кард ва бо ҳамин ғалаба абадан дар таърихи бокси ҷаҳонӣ ворид гардид. Дуглас дар мисоли худ нишон дод, ки ғолиб он касе нест, ки ҳеч гоҳ мағлуб намешавад, балки касест, ки пас аз ноомади кор бармехезад ва муҳорибаро идома медиҳад. Ба хок афтодӣ, бархез, либосатро афшон ва роҳатро идома деҳ, бигзор дигарон бибинанд, ки он хоки дармонбахш буд! Роҳнамои муваффақият

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

«Бе интизом (дисциплина), ҳар қадар ҳам боистеъдод бошӣ, ту  ҳеҷӣ», — Майк Тайсон.

«Ман соати 4-и саҳар давиданро оғоз мекунам, зеро медонам, ки рақибам ҳанӯз дар хоб аст. Ин ба ман бартарӣ медиҳад», чунин посух додааст Майк Тайсон дар як мусоҳибааш. Ҳумчунин ӯ дар ин суҳбат ишора намудааст, ки: «Агар фаҳмам, ки яке аз рақибонам соати 4-и саҳар медавад, ман соати 2 медавам. Ва агар касе соати 2-и шаб машқ кунад, ман тамоман аз хоб даст мекашам, то машқро идома диҳам». Рӯз ба хайр ҳамраҳони азиз!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

МАЙДА ЧУЙДАҲО

Барои он ки зиндагӣ хушбахтона бошад, бояст майда чуйдаҳои рӯзмараро дӯст дошт. Дар ҳама майда чуйдаҳои рӯзгор: тобиши абрҳо, наҷвои барги дарахтон, нағмаи гунҷишкон, чеҳраи раҳгузарон бояд маншаи лаззатро ҷуст. Вале дӯст доштани майда чуйда ба ин маъно низ ҳаст, ки бояд барои ин майдачуйдаҳо ғам низ бояд хӯрд. Қурбоқае, ки андаруни ҳавзи қадимаи боғ меҷаҳад андӯҳи садсоларо мешиканад. Вале қурбоқае, ки аз ҳавзи қадима берун меҷаҳад шояд ғами садсоларо дар қалб дошта бошад. Зиндагии Басё зиндагии пайванд бо лаззат буд. Вале ҳаройина зиндагие низ, ки ғаму азоб ҳамгомаш буда. Барои он ки табассум бар лаб лаззат бибарӣ, бояст низ табассум ба лаб азоб ҳам бикашӣ. Барои он ки зиндагӣ хушбахтона бошад, бояст аз барои майдачуйдаҳои рӯзмарра ғам хӯрд. Дар ҳама майдачуйдаҳои рӯзгор: тобиши абрҳо, наҷвои барги дарахтон, нағмаи гунҷишкон, чеҳраи раҳгузарон бояд азобҳои марди уфтода ба дӯзахро эҳсос кард.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Мехоҳӣ озод бошӣ? Пас кинаро раҳо кун…

Вақте  нисбат ба касе ранҷишу кина дар дил дорӣ, дар асл, ба ӯ иҷоза медиҳӣ, ки зеҳну зиндагии туро идора кунад. Ӯро на танҳо намебахшӣ, балки худро ба асорат медиҳӣ. Ӯ ба зеҳнат роҳ меёбад, оромии фикратро мерабояд, нишоти рӯзонаатро мекушад, иштиҳоятро мегирад, орзуоятро дар роҳи ҷавоб банд мекунад ва ба ҳар кори хуб шубҳа меангезад. Ҳар куҷо равӣ, ҳамроҳи туст: дар кор, дар роҳ, дар хоб. Ӯ ба садоят таъсир мекунад, ба чеҳраат соя меандозад. Ҳатто ба баданат таъсир мекунад: сардард, бемадорӣ, беистироҳатӣ... Ӯ дузди хушбахтист  ва ту худ иҷозат додаӣ, ки ин дузд  туро соҳибӣ кунад. Як бор ба оина нигар ва хоҳӣ фаҳмид: Қимати ту, болотар аз як андешаи манфӣ аст. Ту сазовори озодиӣ, на ғуломии хашму озурдагӣ. Аз ин рӯ, кинаву ранҷро раҳо кун. Бахшиданро интихоб кун на барои онҳо, балки барои оромии худат.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Зиндагӣ монанди як суфараи пур аз нозу неъмат аст.

Пур аз  шириниҳову нӯшиданиҳову хӯрданиҳои  гоҳ сернамаку гоҳ камнамак. Боре бодҳои шадид низ мевазанд, боре офтоби ором нуре мепошад ва гоҳ бороне меборад. Аммо муҳим он аст, ки ҳар лаҳзаро бо муҳаббат бичашӣ, аз ҳар қадам лаззат барӣ ва лабхандро фаромӯш накунӣ. Дунё интизор намемонад, пас ҳамин ҳоло зиндагӣ кун!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

БОЛАЗЗАТТАРИН ТАОМ

Рӯзе писари Луқмони Ҳаким ба падараш савол дод: Падарҷон, шумо аз ҳама ҳакимтаред, мехоҳам бифаҳмам, ки кадом таом дар дунё болаззаттарин аст? Луқмони Ҳаким чунин ҷавоб дод: Иштиҳо. Писараш: Ман ба ин бовар намекунам. Охир иштиҳои кас ба гуфти мардум ба хӯрок вобаста аст. Чӣ қадаре ки хӯрок болаззат бошад, иштиҳо ҳам ҳамон қадар фаровонтар мегардад. Луқмон: Бале, писарам, - ҷавоб гардонида, дигар доир ба он савол ҳарфе назад. Вале пас аз чанд вақт Луқмони Ҳаким писарашро  ҳамроҳи худ гирифта ба шикор мебарояд. Бегоҳӣ пеш аз сафар Луқмон ба ҳамсараш фармуд, ки ҳамчун тӯша барои онҳо зағораи (нони) арзанӣ тайёр намояд. Субҳидам оилааш нони зағораро ба халтаи шикорӣ андохта, падару писарро ба шикори сайд равон кард. То бегоҳ падару писар дар марғзор машғули шикор шуданд, ягон бор таом нахӯрданд. Бегоҳӣ ҳар ду назди чашмае нишаста дам гирифтанд. Падар зағораро аз халта бароварда, ба болои локиш гузошт ва ҳар ду ба хӯрдан шурӯъ карданд. Писари гуруснааш зағораро бо иштиҳои хеле баланд мехӯрд. Пас аз хӯрдани таом ӯ ба падараш савол кард: Ин қадар хӯроки аҷоиб, кас дар дунё аз ин хӯроки болаззатро то имрӯз надидааст. Луқмон худро ба сукунат андохта, чизе ба писараш нагуфт. Чанд рӯз пас ҳамсари Луқмон ба болои дастархон зиёфат ва неъматҳои зиёдеро гузошта, падару писарро ба хӯроки нимрӯзӣ даъват кард. Онҳо бо иштиҳои том таомҳои якуму дуюмро истеъмол карданд. Баъдтар модараш ба болои дастархон зағораи арзаниро гузошт ва ба аҳли оилааш гуфт: Марҳамат, агар маъкул шавад, ба шумо ҳатман аз ин зағора метавонам, андозае бозпасин бидиҳам. Писари Луқмони Ҳаким он зағораро ба даҳон гирифт ва табъаш якбора хира шуда қариб буд, ки хӯроки хӯрдаашро бипартояд. Вале бо як ҳоле худро аз партофтан раҳо дод: Луқмон ин аҳволро дида пурсид: Чӣ шуд, зағораи болаззати таърифиатро намехӯрӣ? Писараш: Акнун ман иқрор шудам, ки аз иштиҳо болаззаттар дигар чизе нест... 1. Саволи писар ва посухи Луқмони Ҳаким. 2. Ба ҷавоби падар розӣ нашудани писар. 3. Ба сафар баромадани падару писар. 4. Зағораи арзаниро таъриф кардани писар. 5. Хирагии табъи писари Луқмони Ҳаким баъди бори дуюм хӯрдани он зағора. 6. Ба ғалати хеш иқрор шудани писар. Луғат: Локиш – маконе, ки як ҷониб девора дорад ва ҷониби дигар надорад. Бозпасин – охирин.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

НАСИҲАТИ МОДАР

Замони пеш ҷавоне хост касбу ҳунар омӯзад.  Модар 100 динор ба ӯ дода, насиҳат кард: Писарам, ҳеҷ вақт дурӯғ нагӯ. Зеро наҷот дар ростист. Ҷавон роҳи сафарро пеш гирифт. Аз саҳрое мегузашт, ки бо роҳзанҳо рӯ ба рӯ шуд. Онҳо пеши роҳи ҷавонро гирифта пурсиданд: Бо худ пул дорӣ? Бале, 100 динор дорам, - ҷавоб дод ҷавон. Дуздон ҳайрон шуданд. Чунки одамон ҳангоми бо роҳзан рӯ ба рӯ шудан, молу сарвати худро пинҳон мекарданд. Ту магар девона ҳастӣ, ё моро масхара мекунӣ? – хандида гуфт яке аз роҳзанҳо. Девона нестам, масхара ҳам намекунам. Роҳзанҳо ҷавонро назди сардор бурданд. Чаро 100 диноратро пинҳон накардӣ? - пурсид сардор. Модарам ба ман гуфтааст, ки доим рост ҳарф занам. Бинобар ин, росташро гуфтам, - ҷавоб медиҳад ҷавон. Ин вақт сардори роҳзанҳо гиря карда, аз ҷо хесту ду дасташро болои китфони ҷавон гузошта гуфт: Метарсӣ, ки  дурӯғ гӯйӣ, модарат нороҳат мешавад? Ман бошам як умр модарамро нороҳат намуда, аз он фикр ҳам накардаам. Писарам, ту ба ман дарси муҳиме додӣ! 1. Насиҳати модар ба ҷавон пеш аз сафар. 2. Вохӯрӣ бо роҳзанҳо. 3. Ҳайрати дуздон аз ҷавоби писар. 4. Дарси додаи ҷавон ба сардори роҳзанҳо.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ЧАҲОР БАРОДАРИ НАКӮКОР

Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи бузурги мӯъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон медоранд. Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозгар аст, дашту даманро сабзҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба cap медиҳад, мурғони хушилҳонро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад... Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҳқон аст. Тирамоҳи заррин фасли баракату заҳмати айёми лабрез кардани анборҳо, қадкашии кӯҳҳои "тиллои сафед", шаҳдрезии боғистонҳои мост. Деҳқон мехоҳад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҳду шакар, рӯзгорашон хушу саодатманд бошад. Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост. 1. Замину замонро ободу амон доштани чаҳор фасли сол. 2. Баҳор – эъҷозгар. 3. Тобистон авҷи кору ғайрат. 4. Тирамоҳ баракот, зимистон – фароғат. Луғат: Эъҷозгар – эъҷозба аҷз овардан, кори ҳайратовар ва аз одат берун. Мунаққаш – нақшу нигор кардашуда, нақшин. Нузҳат – покизагӣ, беайбӣ, некӯӣ.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Муҳайë шудам

Аз олиме пурсиданд: Зиндагии худро бар чӣ бино кардаӣ? Гуфт: Бар чаҳор асл. 1. Донистам, ки ризқи маро дигаре намехӯрад, пас ором шудам. 2. Донистам, ки Худо маро мебинад, пас ҳаë кардам. 3. Донистам, ки кори маро дигаре анҷом намедиҳад, пас талош кардам. 4. Донистам, ки поëни корам марг аст, пас муҳайë шудам.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Истиқлолият муборак, Ватанам!

Истиқлолиятро чӣ гуна ҳис мекунем? Бо дил Маҳз қалб ба мо мефаҳмонад, ки чӣ гуна озодиро қадр кунем, ваҳдатро ҳифз намоем ва зиндагии ҳар як нафарро равшантару хушбахтар гардонем. Ифтихор мекунем, ки якҷоя ояндаи дурахшони кишварамонро месозем.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Равони инсон барои ҷанг офарида нашудааст.

Изтироб, бехобӣ, тарс аз оянда, фикрҳои марг, ҳамаи инҳо вокунишҳои табиӣ ба шароити ғайритабиӣ ҳастанд. Агар эҳсос мекунӣ, ки зеҳнат хаста шудааст, ту заиф нестӣ! ту инсонӣ. Лутфан бо худат меҳрубон бош; бо азизонат суҳбат кун; ва агар лозим шавад, каме аз хабарҳо дур шав.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Зиндагиро зебо бигзаронед

Вақте метавонистам ҳарф занам, гуфтанд: гӯш кун. Вақте метавонистам бозӣ кунам, маро кор кардан ёд доданд. Вақте ки кор ёфтам, издивоҷ кардам. Вақте ки издивоҷ кардам, фарзандон омаданд. Вақте ки онҳоро дарк кардам, маро тарк карданд. Вақте омӯхтам чӣ гуна зиндагӣ кунам — зиндагӣ поён ёфт! Зиндагиро зебо бигзаронед.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Ҷаҳонро ислоҳ кардан мехоҳӣ?

Аз худ оғоз намо! Ту наметавонӣ ҳама чизро дар берун тағйир диҳӣ на мардумро, на вазъи ҷаҳонро, на рафтори дигаронро. Аммо метавонӣ хештанро дигар кунӣ. Зеҳнатро тозатар, қалбатро софтар, нигаҳатро равшантар. Ҳар нафари бедоршуда, чароғест дар зулмот. Ҳар шахсе, ки аз хашм, ҳасад ва норозигӣ раҳо шавад , ҷаҳонро каме оромтар ва зеботар мегардонад. Ба ҷои интизор шудан аз дигарон, касе бош, ки як нафас меҳрубонӣ, як қатра фазилат ва як порча нур ба ҷаҳон меорад. Худатро беҳтар кун, ин беҳтарин коре аст, ки барои беҳтар шудани ҷаҳон карда метавонӣ.

0