Зиндагиро зебо бигзаронед
Вақте метавонистам ҳарф занам, гуфтанд: гӯш кун.
Вақте метавонистам бозӣ кунам, маро кор кардан ёд доданд.
Вақте ки кор ёфтам, издивоҷ кардам.
Вақте ки издивоҷ кардам, фарзандон омаданд.
Вақте ки онҳоро дарк кардам, маро тарк карданд.
Вақте омӯхтам чӣ гуна зиндагӣ кунам — зиндагӣ поён ёфт!
Зиндагиро зебо бигзаронед.
Ҷавобҳо (1)
Хушҳол бош, биханд, лаззати зиндагиро ҳис кун, ором гир, вале ҳеч чизро бо иштиёқи шадид талаб накун... Вақте чизе ба ту мерасад, онро ҳамчун як туҳфаи зиндагӣ бипазир. Аз он лаззат бибар, вале ҳеҷ гоҳ онро талаб накун, барояш нақша накаш. Ҳар он чи ки аз доираи ҳадаф ва нақшаҳоят бадаст меояд онро ҷашн гир. Кам ва зиёдро гуфтанро канор гузор. Муҳим ин аст, ки боз наист. Бо тамоми вуҷуди худ зиндагӣ кун. Бе ҳирс, бе талаб, вале ҳамеша барои ҳар неъмат омода ва сипосгузор бош. Зиндагиро боз бигузор, то ҳастӣ туро бо зебоиҳояш дар лаҳзаҳои ногаҳонӣ шод гардонад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё