Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Роҳбари Миср кӣ буд?
Мисриён бовар доштанд, ки подшоҳашон Худозода, яъне писари Худои Офтоб – Ра аст, ки эзади мадду ҷазри дарёи Нил, Худои ҳосилу зироат ва озуқа мебошад. Фиръавн подшоҳи мутлақ буда, пешвои Миср, сарфармондеҳи артиш ва қонунбарор ба ҳисоб мерафт. Вай соҳиби тамоми замин ва дороии Миср буд. Фиръавнҳо занҳои бисёр доштанд. Фарзандон, ҷиянҳо ва хешовандони фиръавнҳо аз ҷумлаи ашроф буданд. Онҳо дар артиш вазифаҳои баланд дошта (ҳамчунин дар роҳбарии давлат), аз имтиёзҳои калон бархӯрдор буданд. Фиръавн давлатро бо ёрии вазир идора мекард. Вазифаи нахуствазир аз риояи адолат, андозситонӣ ва ташкили корҳои ҷамъиятӣ ба мисли сохтмони наҳрҳои обёрӣ ва ибодатгоҳҳо иборат буд. Деҳқонону ҳунармандон нисбат ба амалдорон дар зинаи поёнтари ҷомеа қарор доштанд. Ҳунармандону косибон аз филиззот силоҳ, ашёи зарурӣ, ҷавоҳирот ва ғайра месохтанд. Кулолон аз гил зарфҳои рӯзгор тайёр мекарданд. Ғуломонро асосан дар сохтани аҳром истифода мебурданд.
Чаро мисриён аҳром сохтанд?
Фиръавнҳо шоҳони Мисри Қадим буданд, ки барои бузургдошти худ ҳирам месохтанд. Аҳроми Миср оромгоҳи фиръавнҳои аҳди қадим мебошанд. Аҳроми бузургтарин Хеопс (баландиаш 146,7 м), Хафрен (143 м) ва Микерин (66,4 м) мебошанд, ки бо иштироки ҳазорон ғуломон сохта шудаанд. Бузургтарин ҳирами атрофи шаҳри Қоҳира – ҳирами Хеопс аст. Ҳирами мазкур 5-ҳазорсола буда, баландиаш ба 147 м ва дарозии чор тарафаш 230-метрӣ мебошанд. Дар сохтмони он 6,5 млн тонна харсангҳои чоркунҷаи суфташуда, ки ҳар кадоме то 2 тонна вазн дорад, сарф шудаанд. Ин ҳирам аз ҷумлаи яке аз ҳафт муъҷизаи олам маҳсуб мешавад. Адади харсангҳои ҳирам ба 2 млну 300 ҳазор мерасад. Харсангҳо чунон ҳамвор тарошида ва устодона ба ҳам пайваст карда шудаанд, ки аз тарқиши миёни онҳо ҳатто теғи корд намегузарад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Мисри Қадим одамони хирадманд, олимони соҳаҳои гуногуни илму техника, меъморию математика зиёд буданд. Дохили ҳирам пурпечухам буда, аз се дахма иборат аст. Тобути фиръавн Хеопс дар дахмаи сеюм ҷой дода шудааст. Он нисбатан дар баландӣ аст. Барои ба назди тобути Хеопс рафтан одам бояд аввал сӯи тобути якум – ба поён фарояд ва аз ин ҷо ба дахмаи дуюм баромада, баъд ба тобути сеюм наздик шавад.
Оё Мисри Қадим атои дарёи Нил буд?
Дарёи Нил дар қитъаи Африқо аз ҷануб ба шимол, аз ҳудуди Миср гузашта ба баҳри Миёназамин мерезад. Ҳангоми мадду ҷазри ҳарсолаи моҳи июл оби дарё заминҳои назди соҳилро зер мекунад ва дар давоми чандин моҳ онҳоро бо нуриҳои маъданӣ таъмин менамояд. Моҳи октябр сатҳи об паст мешавад ва аз худ заминҳои сарсабзу серҳосилро боқӣ мегузорад. Аз қадимулайём деҳқонон ин заминҳоро кишт карда, аз зироатҳои гуногун ҳосили фаровон мегирифтанд. Тамаддуни Миср, яке аз тамаддунҳои тараққикардаи таърихи инсоният ба шумор мерафт, ки соли 3100 то милод, баъди ду шоҳигариро муттаҳид кардани фиръавн Менес ташаккул ёфтааст ва соли 332 то милод ҳангоми забти Миср аз ҷониби Искандари Мақдунӣ завол ёфт.
Мисриҳо чанд Худо доштанд?
Мисриён ҷирмҳои осмонӣ ва ашёи муҳташами табиатро Худо мепиндоштанд: Онҳо ба Офтоб, об, шамол, умуман ба ҳамаи он чӣ, ки дар ҷараёни ҳаёт ва марг пурасрор буд, эътиқод доштанд. Худоҳои аз ҳама пуриқтидор – Ра – Худои Офтоб, ки манбаи ҳаёт ҳисоб мешуд, Исида – Худои ҳосилот буд, Озирис – муҳофизи мурдагон ва Хорус – писари Исида ва Озирис ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин онҳо Худои ҳомии кӯдакон, занон ва ё ҳайвоноту рустаниҳои гуногунро доштанд. Худоҳои дигари мисриён нисбатан камаҳамият буданд, зеро хусусияти маҳаллӣ ё хусусӣ дошта, ба онҳо одамони касбу кори алоҳида, сокинони ягон шаҳр ва ё ягон деҳа саҷда мекарданд. Мисриён худоёнро дар шакли сари ягон ҳайвон ва тани инсон тасаввур мекарданд. Масалан, Худои хат – Тот сари ибис (парандаи нӯлкаҷи лаклакмонанд)-ро дошт. Ганҷинаи оромгоҳи Тутанҳамон Тутанҳамон фиръавни сулолаи XVIII буда, хеле ҷавон дунёро падруд гуфтааст. Мисриён ӯро аз рӯи анъанаи пешин бо дороӣ ва анҷоми шахсияш дар дахмаи тилоӣ ва тобути сангин гӯронидаанд. Дар тобути сангини аз ҳама хурд ҷисми мумиёшудаи Тутанҳамон дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаву то замони мо расидааст. Вақте ки бостоншиносон бо сарварии Х. Картер вориди дахма шуданд, аз дидани дороиҳо (сандуқҳои тило, тахтҳои зарин, ҷавоҳирот, ҳайкалчаҳо) ва деворнигораҳои 4 толор ба ваҷд омаданд.
Тамаддуни қадим дар куҷо пайдо шудааст?
Тамаддунҳои қадим пеш аз ҳама дар соҳили дарёҳои бузург – Фурот ва Даҷла дар Байнаннаҳрайн, водии Нил дар Миср, водии дарёи Ҳинд – дар Ҳиндустон инкишоф ёфтаанд. Заминҳои атрофи ин дарёҳо хеле ҳосилхез буданд, бинобар ин шумораи одамон дар ин соҳилҳо зуд афзоиш ёфтанд. Баробари афзудани аҳолӣ бунёди деҳоту шаҳрҳо дар атрофи дарёҳо равнақ ёфт. Ҳамин тариқ, дар қатори хонаҳои иқоматӣ қасрҳо ва ибодатгоҳҳои пурҳашамат бунёд гардиданд. Афзоиши пайдарпайи аҳолӣ боиси он гардид, ки барои идораи ҷомеа пешвою подшоҳон, ки тартиботро назорат мекарданд, интихоб карда шаванд. Албатта, на ҳама аҳолии ин марказҳои тамаддун деҳқонон буданд. Дар ҷомеа ҳунармандон (оҳангарону кулолгарон) ва табақаҳои дигар низ зиндагӣ мекарданд, ки онҳо барои эҳтиёҷоти рӯзгор ва нигоҳдории маҳсулот олоти меҳнат ва зарфҳои сафолӣ месохтанд. Ҳамин тариқ, ҷомеа инкишоф меёфт ва боиси кашфиёти гуногуни ситорашиносӣ, техникӣ ва риёзӣ мегардид. Маҳз дар ҳамин давра хат пайдо шуд ва одамон дар бораи ҳаёти худ ба мо маълумоти шавқовар боқӣ гузоштанд. Пайдоиши хат Аввалин навъи хатро шумериҳо 3300 сол қабл то милод ихтироъ намуданд. Ин навъи хат – хатти мехӣ буд, зеро ҳарфҳои он бо аломатҳои мехмонанд навишта мешуданд. Хатти мехиро дар рӯи тахтачаҳои гилин бо расмҳои мушаххаси ашёву ҳайвонот ва ғайра сабт мекарданд. Дертар ин расмҳо ба аломатҳо табдил ёфта, навиштани хатти мехӣ дар рӯи зарфҳо, тахтасангҳо ва деворҳо маъмул гардид. Мисриён, ки баъдтар ба хатнависӣ оғоз намуданд, навъи дигари он – иероглифро ихтироъ карданд. Он аз расмҳое иборат буд, ки ин ё он мафҳумро ифода мекарданд. Мардуми майя (сокинони Мексика) аз хатти идеографӣ, ки иборат аз расмҳои аломатшакл буданд, ҳар кадоме маънои мустақилро ифода менамуд, истифода мекарданд. Алифбое, ки имрӯз дар мамолики Аврупо истифода мешавад, аз ҷониби финикиҳо тартиб дода шудааст. Алифбои мазкур аз 22 ҳарф иборат буда, ҳамаашон ҳамсадоҳои забони финикиро ташкил мекарданд. Юнониҳо аз алифбои финикӣ истифода намуда, танҳо баъзе ҳамсадоҳоро ба садонокҳо иваз намудаанд. Дертар румиҳо алифбои финикиасоси юнониро ба забони худ – лотинӣ мутобиқ намудаанд. Алифбои русӣ дар асоси алифбои славянӣ, ки соли 863 аз ҷониби бародарон Кирилл ва Мефодий тартиб дода шуда буд, сохта шудааст. Бо ёрии пиктограмма менависем Хатти аз ҳама сода пиктограмма мебошад. Пиктограмма маҷмӯи расмҳо, ашёи ифодакунанда, ҳайвонот ё ҳодисаҳои табиӣ ба монанди борон, рӯз ё шаб мебошанд. Дастҷамъона навиштани пиктограмма хеле шавқовар аст. Аввал, расмҳоро дар варақҳои алоҳида кашида ранг менамоянд. Сониян, расмҳоро аз рӯи тартиби муайян тарзе мечинанд, ки ба ибораву ҷумлаҳо табдил ёбанд. Масалан, кӯдак, моҳӣ дар коса ва моҳ маънои «кӯдак чун моҳиест дар шаб»-ро дорад. Акнун Шумо ҳам метавонед бо пиктограмма андешаҳоятонро ифода кунед.
Таърихи инсоният кай ба вуҷуд омадааст?
Таърихи инсониятро аз давраи ба вуҷуд омаданаш ба ду давраи асосӣ тақсим бояд кард: Давраи то пайдоиши хат, ки шартан давраи пеш аз таърих (дунёи қадим) номида мешавад ва давраи таърихӣ, яъне давраи баъди пайдоиши хат. Давраи аввалро мо аз бозёфтҳои олимони бостоншинос, ки дар натиҷаи ҳафриёти гуногун, олоти кор, устухону боқимондаҳои ҷасад, зарфҳои сафолӣ, маснуоти филизӣ ва маводди дигарро пайдо намудаанд, меомӯзем. Давраи дуюм, ки пас аз пайдоиши хат аст, давраи нисбатан аниқу равшан ба ҳисоб меравад, зеро пас аз пайдоиши хат, одамони қадим мисли мову шумо таърихи инкишофи ҷомеаро дар асарҳои худ навишта, барои мо мерос гузоштаанд. Бо шарофати ҳамин навиштаҷот мо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти мардум ва тамаддунҳои қадим — мисриҳо, сокинони Байнаннаҳрайн, юнониҳо, румиҳо, қабилаҳои майя ва астекҳо маълумоти муҳим ба даст овардем.
Одамони қадим чӣ гуна либос мепӯшиданд?
Бо шарофати заминдорию чорвопарварӣ ашёе мисли пашм, пӯст, зағир ва пахта пайдо шуданд, ки аз онҳо либос омода мекарданд. Одамон дастгоҳи бофандагиро ихтироъ карданд, ки ба воситаи он аз нахи табиӣ ришта метофтанд. Нахустин матоъҳои аз зағирпоя ва пашму пӯст ҳосилшуда хеле дурушту ғафс буданд. Азбаски нахустин заминдорон асосан дар минтақаҳои гарм мезистанд, барои онҳо либоси зиёд лозим набуд. Занҳо нимтанаи остинкӯтоҳи дароз пӯшида, мардҳо аз миён поёнашонро бо матои гуногун мепечонданд. Мардону занон худро бо гӯшвору дастпонаву муҳра ва дигар зевароти аз донагиҳо, устухонҳо, сангҳо, лавҳаҳои мисӣ сохташуда оро медоданд. Одамони ибтидоӣ зебу зинат додани рӯю баданашонро дӯст медоштанд ва баъзеашон ҳатто сару баданашонро ранг ва холкубӣ мекарданд.
Аввалин заминдорон ба кӣ саҷда мекарданд?
Дар замони қадим одамон ба он бовар буданд, ки ҳар кадом қабила саравлоди ягона дорад. Онҳо ба саравлоди хеш арҷгузорӣ мекарданд, касбу кори онҳоро ёдоварӣ менамуданд. Ҳатто дар бораи аҷдоди худ қиссаву ривоятҳои зиёд эҷод менамуданд. Барои поси хотираи онҳо муҷассамаву ибодатгоҳҳо бино карда, дар он ҷо ҷашнҳои маросимӣ мегузарониданд. Мояи асосии парастиши одамони қадим Замин ҳисоб мешуд. Азбаски Замин барои деҳқон манбаи ризқу рӯзӣ ва асоси зиндагӣ буд, онро парастиш мекарданд. Беҳуда нест, ки Заминро ба зан – модар нисбат медиданд, зеро он офарандаи тамоми мавҷудоту ҷонварону инсоният буд. Бинобар ин заминдорони қадим ба замин чун ба Худо эътиқод доштанд.
Гудозиши филиззот кай ба вуҷуд омадааст?
Гудозиши филиззотро, ки тақрибан 6 000 сол пеш ба вуҷуд омада буд, оғози давраи нави таърих дар инкишофи инсоният меноманд. Яке аз филиззоте, ки одамон ба гудохтани он оғоз намуданд, мис мебошад. Баъдтар дар Байнаннаҳрайн ва Миср ба истеҳсоли биринҷӣ, ки нисбат ба мис хеле сахт аст, шурӯъ карданд. Аз биринҷӣ одамон силоҳ, дастгоҳҳои гуногун ва олоти кишоварзӣ месохтанд, ки мукаммалтар ва нисбатан мустаҳкам буданд. Пас аз ҳазор сол дар соҳили баҳри Миёназамин одамон оҳанро кашф карда, ба гудозиши он шурӯъ намуданд. Маҳсулоти оҳанӣ на танҳо мустаҳкам, инчунин барои сохтани маснуот нисбат ба биринҷӣ осон буд. Ҳамчунин, дар ин давра одамон ба гудохтани филиззоти қиматӣ, аз қабили тилову нуқра оғоз намуданд ва ҳамин тариқ санъати истифодаи тило дар заргарӣ ба вуҷуд омад. Аз филиззоти қиматӣ, маъмулан, лавозимоти ороишӣ, зарфҳои гуногун ва ғайра месохтанд. Қадимтарин лавозимоти ороишӣ дар Байнаннаҳрайн ёфт шудаанд, ки онҳоро тақрибан 5 000 сол пеш сохтаанд.
Кулолгарӣ кай пайдо шуд?
Кулолгарӣ санъати тайёр намудани зарфҳои гуногун аз гил аст. Дар оғоз чунин зарфҳоро дастӣ тайёр намуда, дар оташдонҳои хурд метафсонданд. Аз гил на танҳо зарфҳои гуногун, инчунин хишту сафоли бомпӯшӣ низ тайёр мекарданд. Кулолгарӣ дар Шарқи Наздик тақрибан 8 000 сол қабл пайдо шудааст. Кулолгарон 6 000 сол пеш дар Чин ва 5 ҳазор сол қабл дар Байнаннаҳрайн зарфҳои гуногун месохтанд. Ба вуҷуд омадани кулолгарӣ ба инкишофи заминдорӣ ва муқимӣ шудани одамон вобаста аст. Зеро барои кӯчманчиён кашондани зарфҳои сафолин кори душвор буд. Пайдоиши чархи ароба Чархи ароба тақрибан 6 000 сол пеш пайдо шудааст. Одамон кундаҳои ғафси дарахтонро ғӯла карда чархи ароба сохтаанд. Азбаски ин гуна чархҳо хеле вазнин буданд, баъдтар ин гуна чархҳоро аз чанбаракҳои чӯбин ва парраҳои чарх месохтагӣ шуданд. Ихтирои чархи ароба ба инкишофи техникии гуногун мусоидат намуд ва қабилаҳои шумерӣ ва қавмҳои ориётабор, ки ба ин кор машғул шуданд, зуд инкишоф ёфтанд. Ба шарофати ихтирои чархи ароба одамон дастгоҳҳои кулолгарӣ, ресандагӣ ва навъҳои гуногуни осиёб сохтанд. Худро дар касби кулолӣ бисанҷ Барои тайёр кардани зарфи кулолӣ гилхоки часпак, об, корд, тирак ва ду тахтачаи чӯбини ғафсияшон 3 см ва дарозияшон 50 см лозим аст. Пораи гилро дар як ҳамворӣ миёни ду тахтача гузору ба тирак то чаппотӣ шуданаш молиш деҳ. Тахтачаҳо барои якхела шудани ғафсии гил мусоидат мекунанд. Гили тунукшударо мисли тасмачаҳои паҳниашон якхела бурида то шакли устувона гирифтанаш молиш бидеҳ ва яктои онро гирифта монанди фанар (пружина) бипечон. Мебинӣ, ки қисмати поёнии зарфи сохташаванда ҳосил мешавад. Ҳамин тавр аз тасмачаҳои боқимонда қисмати болоии зарфро бисозу бо дастони намнок дохилу беруни зарфро молида ҳамвор намо. Сипас зарфи сохтаатро якчанд дақиқа андаруни тафдони барқӣ гузор. Зарфи сохтаи ту айнан монанди зарфест, ки нахустин кулолон дар асрҳои гузашта месохтанд.
Аввалин сокинони деҳ чӣ тавр зиндагӣ мекарданд?
Вақте ки одамон аз ҳаёти кӯчӣ даст кашида муқимӣ шуданд, дар бошишгоҳҳои доимӣ шумораашон афзуда, ба садҳо нафар расид, ки ҳама хешу ақрабо буданд. Ҳамин тариқ, дар ҷамъият қабилаҳо ташкил шуданд. Оилаи ҷудогона ва ё хонадонҳо иборат аз падару модар ва фарзанду наберагони як авлод буданд. Баъд якчанд оилаи бо ҳам хеш ё авлод якҷоя шуда, қавмро ва якчанд қавм якҷоя шуда, қабилаҳоро ташкил карданд, ки дар деҳаҳо зиндагӣ мекарданд. Оҳиста-оҳиста дар ҳар як қабила гурӯҳи роҳбарикунанда – нигаҳбонони калонсоли деҳ (деҳгонон) ба вуҷуд омаданд, ки сарвари ин ё он қабила ба шумор мерафтанд. Ҳамин тариқ, иттиҳоди сокинони деҳа ба вуҷуд омад, ки онҳо молу амвол, замину чарогоҳ ва чорпоёни муштарак доштанд. Аз якҷоя шудани чанд деҳу деҳкада шаҳракҳо ва шӯрои деҳгонон падид омада, маҷмӯи ақидаву динҳои гуногун пайдо шуданд. Дар натиҷа машғулияти гуногун, фарқияти сохти идора, муҳит ва тарзи зиндагӣ шакли ибтидоии дини қабилаҳоро ба миён овард. Доираи фаъолияти қабилаҳо дар ҷамъияти деҳқонӣ густариш ёфта, тарзи ташкили меҳнатро тағйир дод. Акнун мебоист барои инкишофи корҳои заминдорӣ асбобу дастгоҳҳои гуногун месохтанд, анборҳои захираи ғаллаву меваҷот бино мекарданд, деҳаро аз кӯчманчиёну ғоратгарон муҳофизат менамуданд, ки ин боиси рушди кишоварзӣ ва тараққиёти ҷомеа мегардид. Аввалин бор зироаткорӣ дар Шарқи Наздик тақрибан 10 000 сол қабл пайдо шудааст. Барои ин боду ҳавои ин минтақа хеле мусоид буд. Зироаткорӣ бо сустӣ инкишоф меёфт, зеро ба одамон зарур буд, ки чӣ гуна афзоиш ёфтани рустаниҳоро омӯзанд, чӣ тавр шинондану пошидани тухмиро аз худ кунанд. Танҳо пас аз омӯхтани роҳҳои коркарди замин ва сохтани асбобу олоти зарурӣ зироаткорӣ пеш рафт. Дар натиҷа тарзи ҳаёти деҳқонон ба куллӣ тағйир ёфт. Онҳо аз шакли ҳаёти кӯчманчигӣ пурра даст кашида, ба зироаткорӣ рӯ оварданд. Тарзи ҳаёти муқимӣ зироаткорону деҳқононро водор намуд, ки дар маҳалли интихобкарда бошандаи доимӣ шуда, хонаҳои иқоматӣ созанд ва деҳоту рустоҳоро бунёд намоянд. Ин давраро олимони таърих давраи неолит номгузорӣ кардаанд. Пайдоиши чорводорӣ Чорводорӣ вақте шурӯъ шудааст, ки одамон бачаи ин ё он ҳайвони ваҳшии алафхӯри модаргумкарда ё аз рама қафомондаро дошта, дар шароити хона парвариш мекарданд. Саршумори ҳайвоноти хонагӣ оҳиста-оҳиста афзуда, барои истеъмолу наслгирӣ истифода мешуданд. Инҳо дар оғоз бузу гӯсфанд ва хуку кутосҳо буданд. Одамон аз онҳо гӯшту шир ва пашму пӯст мегирифтанд. Ғайр аз ин, говмешу кутосҳоро барои боркашӣ низ истифода мебурданд. Баъдтар барои боркашонӣ аспу шутурро ром карданд. Аксари ҳайвоноти хонагӣ ба ғайр аз саг, алафхӯр буданд. Сагу одамон ба ҳамдигар ёрӣ ва манфиат мерасонданд. Агар одамон ба сагҳо пасмондаи хӯрокро диҳанд, онҳо дар нигоҳубин ва шикори ҳайвонот ба соҳибашон ёрӣ медоданд, хонаашонро посбонӣ мекарданд. Ин тарзи муносибатро олимон симбиоз (зиндагии якҷоя) номидаанд. Аввалин рустаниҳои парваришӣ Имрӯзҳо ҳар як инсон мувофиқи табъаш хӯрок омода мекунад. Масалан, саҳаргоҳон шавла аз биринҷ, ярмаи марҷумак, атолаи орди гандум ва ғайра. Вале на дар ҳама давру замон ин имкониятҳо барои инсон мавҷуд буд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо одамон зироату рустаниҳоеро тановул мекарданд, ки худ онҳоро парваришу истеҳсол менамуданд. Гандуму ҷавро дар Аврупову Шарқи Наздик парвариш менамуданд. Зироаткорони африқоӣ зироати ямс мекориданд. Дар Амрикои Ҷанубию Марказӣ маҳсули ғизоӣ асосан ҷуворимакка, ё тавре ки худи онҳо ном мебурданд, маис буд. Биринҷро нахуст дар Ҳиндустон ва баъдан дар Чин парваришу истифода мекарданд. Ба ғайр аз инҳо, дар замони неолит одамон ангур, каду, зайтун, лӯбиёро низ парвариш ва истеъмол мекарданд.
Ҳафриёт чист?
Бозёфти аксари ҷасадҳои сангшуда ва ё осори фаъолияти одамони қадим бештар тасодуфан дастрас шудаанд. Аммо баъзеи онҳо дар натиҷаи кофтукови мақсаднок ва дарозмуддат ёфт шудаанд, ки ба он палеонтологҳову бостоншиносон машғул буданд. Маъмулан, онҳо таркиби хокро омӯхта, замони ба вуҷуд омадани қабатҳои онро муайян мекунанд, ки миллионҳо сол қабл аз ин ҷойҳо дарё ҷорӣ мешуд – ҳамаи ин барои муайян намудани синну соли бозёфтҳо мадад мерасонад. Азбаски ҷасадҳо дар қабатҳои амиқи замин пайдо мешаванд, олимон гирду атрофи онҳоро ниҳоят дақиқ ҷустуҷӯ мекунанд, ки чунин корҳо солҳои зиёд идома меёбанд. Онҳо заминро кофта, хоку санги онро таҳқиқ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки чизе аз мадди назарашон дур намонад. Ҳамин тариқ, устухонҳои гуногуни бадан, дандонҳо, мӯйи сар, асбобу анҷоми рӯзгор, боқимондаҳои хӯрок ва ғайра пайдо мекунанд, ки онҳо оид ба тарзи ҳаёти одамони қадим маълумоти бештар медиҳанд. Бозёфтҳоро дар хазинаҳои махсус нигоҳ медоранд ва баъзеи онҳоро барои намоиш дар осорхонаҳо мегузоранд.
Синни маводди ҳафриётиро чӣ тавр муайян мекунанд?
Барои муайян намудани шаклу сурат ва синни соли гузаштагонамон олимон ҷасадҳои бозёфташуда – устухонҳо ва бофтаҳои дигари баданро, ки бо мурури замон санг шудаанд, меомӯзанд. Якчанд тарзи муайян кардани синни ин ҷасадҳо мавҷуд аст: санҷиши мавҷудияти маводи радиоактивӣ дар бадани онҳо, омӯхтани таркиби хоку гил ва ҷинсҳои кӯҳии он мавзеъ, таҳлили биологии маводди органикии дар шафати ҷасад пайдо шуда, масалан, устухон, тухм ё донаҳое, ки хӯроки гузаштагон буданд ва ғайра. Бо ёрии компютерҳо ин бозёфтҳоро муқоиса намуда, олимон метавонанд шакли зоҳирии одамони қадим ва ҳайвонотро барқарор намоянд.
Санъат кай ба вуҷуд омад?
Аввалин осори санъат 30 000 сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Онҳоро «одамони боақл» (Ҳомо сапиенс) эҷод кардаанд, ки баъзе намунаҳояшон то замони мо расидаанд. Онҳо расми ҳайвоноти гуногун, аз қабили говҳои ёбоӣ, оҳу ва ғайра буданд, ки дар шаху тахтасангҳои кӯҳ, девори ғорҳо кашида шудаанд. Расмҳои девори ғорҳо дар Африқо, Амрико, Аврупову Осиё дарёфт шудаанд. Ғорҳои машҳуре, ки дар онҳо деворнигораҳову расмҳо ёфт шудаанд инҳо мебошанд: Алтамира дар Испания, Рио Пинтурас дар Аргентина, Пеш Мерл дар Фаронса, Тсолина дар Ботсвана, Тассил Н’ Адҷор дар Алҷазоир. Доир ба аҳамияту мазмуни ин расмҳо баъзеҳо андеша доранд, ки аксари тасвироту манзараҳо ба илми сеҳр вобастагӣ дошта, шикорчиҳо онҳоро барои шикорашон офаридаанд. Дигар муҳаққиқон бар он назаранд, ки ин расмҳоро одамони қадим маҳз барои ороиш ва зинат бахшидани бошишгоҳҳояшон кашидаанд. Австралопитек – ин истилоҳ лотинӣ буда, маънояш «маймуни ҷанубӣ» мебошад. Ин намуд аз зумраи маймунҳои одамшакл аст. Бостоншинос (археолог) – олиме, ки ба омӯзиши ашёи офаридаи одамони қадим машғул мебошад, ки ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ ёфт шудаанд. Палеонтолог – олиме, ки ба омӯзиши боқимондаҳои мавҷудоти зинда, на танҳо одам ва аҷдоди ӯ, балки ҳайвонот ва рустаниҳои давраҳои қадимтарини таърихӣ, аз ҷумла динозаврҳо машғул аст. Эволюция – ин истилоҳ маънои «инкишоф»-ро дорад. Мувофиқи назарияи эволюция мавҷудоти зиндаи муосир аз намудҳои дигаре пайдо шудаанд, ки то пайдоиши онҳо зистаанд.
Одамон истифодаи оташро кай ёд гирифтанд?
Олимон ақида доранд, ки одамон якуним миллион сол пеш истифодаи оташро ёд гирифтаанд. То ин замон онҳо аз сӯхторҳои табиие, ки дар ҷангалҳо бар асари гармо ва раъду барқ ба вуҷуд меомаданд, истифода мекарданд. Чун оташ хомӯш мешуд, онҳо беоташ мемонданд. Баъдан одамони ибтидоӣ дар натиҷаи таҷриба дарк намуданд, ки зимни соиш додани ду чӯби хушк ё бо ҳам задани ду санг оташ ҳосил мешавад. Баъди ихтирои оташ одамон пухтани ғизо, гарму равшан кардани бошишгоҳҳо, сохтани асбобу анҷоми рӯзгор ва силоҳҳои филиззии шикорро омӯхтанд. Хонаводаи Ликей Луис Ликей (1903–1972) палеонтологи англис буд. Ин олим солҳои зиёди умри хешро дар Кения гузаронида, боқимондаи устухонҳои одамони қадимро, ки зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дарёфт шуда буданд, меомӯхт. Ӯ дар омӯзиши пайдоиши инсони муосир кашфиёти муҳиме кардааст. Ҳамсари вай Мери Дуглес низ бостоншинос буда, дар бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар дараҳои кӯҳии Танзания ва дигар навоҳии Африқои Шарқӣ ҳафриёти бостоншиносӣ доир намудааст. Фарзанди онҳо Ричард ҳам пешаи волидайнро интихоб намуда, дар кишварҳои Танзания, Кения ва Эфиопия якчанд экспедисияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом додааст. Пайдоиши нутқ Одамони ибтидоӣ гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ ва меҳнат мекарданд. Барои он ки шикорашон барор гирад, лозим меомад, ки бо ҳам робита намоянд, яъне гуфтугӯ кунанд. Ҳамин тариқ, дар раванди таҳаввулот (эволюция) дар миёни одамони ибтидоӣ низоми махсуси муносибат – забон ба вуҷуд омад. Забон ба онҳо имкон дод, ки мақсади худро ба ҳамдигар ба воситаи калимаву ҷумлаҳо фаҳмонанд. Ин раванди мунтазаму тӯлонӣ буда, пайдоиши нутқ дар ташаккули шахсияти инсон ҷаҳиши бузург ба шумор мерафт. Бо ҳамин миёни одаму ҳайвон фарқияти ҷиддӣ ба вуҷуд омада, нутқ ва тафаккури инсон ташаккул ёфт. Албатта, бе забон ҷомеаи инсонӣ ва тамаддун ба вуҷуд намеомад ва инкишоф ҳам намеёфт.
Одамони қадим кадом олотро истифода мекарданд?
Одамони ибтидоӣ олоти меҳнатро аз сангҳои нӯгтезу қиррадор месохтанд. Ғайр аз ин онҳо аз чӯб, устухонҳо ва шохи ҳайвонот низ истифода мебурданд. Аввалин олоти кор 2,5 млн сол қабл пайдо шудаанд. Инҳо сангҳои нӯгтез барои ҷудо кардани пӯст ва гӯштрезакунӣ, корду сӯзан аз боқимондаҳои шохи ҳайвонот ва устухонҳо, ҷоғи ҳайвонҳои калон барои арра кардан ва ғайра буданд. Қисми зиёди асбобҳо аз чақмоқсангҳо сохта мешуданд, зеро коркарду тарошидани он бинобар мулоимияш осон буд. Аҳамияти шикор барои одамони қадим Одамони нахустин ҳамчун ғизо асосан меваҳои дарахтони худрӯй, решаву тухми рустаниҳоро истифода мебурданд. Аммо баъзе гурӯҳи одамон баъдтар шикор кардану моҳӣ доштанро омӯхтанд. Чунин машғулият на танҳо барои ғизохӯрӣ, балки барои тайёр намудани олоти гуногуни кор (аз устухон ва дандонҳо), дӯхтани либос ва ғайра лозим буд. Онҳо ҳайвоноти алафхӯр: мамонтҳо, оҳувон ва аспҳоро шикор мекарданд. Одамони ибтидоӣ барои шикор ҳамеша аз пайи ҳайвоноти номбурда мегаштанд, аз ин рӯ тарзи ҳаёти кӯчманчигӣ доштанд. Онҳо дар давоми сол чандин бор бошишгоҳашонро иваз карда, тадриҷан тарзи ҳаёти қабилавии кӯчманчигиро падид оварданд. Ин давраи тӯлонии таърихи инсониятро давраи палеолит ва ё асри санг меноманд, ки аз пайдоиши одам (2 млн сол пеш) то ба вуҷуд омадани зироаткорӣ мебошад.
Одам кай роҳгардиро омӯхт?
Инсоният дар аввали пайдоиш ҳазорсолаҳо мисли ҳайвонҳо роҳ мегашт. Тақрибан 2,5 млн сол қабл гурӯҳи ҷонварони одамшакл рост истода гаштанро омӯхтанд. Инҳо гурӯҳи махсусе буданд, ки олимон онҳоро «одамони ростраванда» (Ҳомо эректус) номиданд. Ба шарофати бо ду пой роҳ гаштан инсон бо дастони худ, ки озод шуда буданд, қобилияти сохтан ва истифода намудани олоти корро пайдо кард.
Люси кист?
Люси номест, ки олимон ба скелети австралопитеки ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дарёфтнамуда гузоштаанд. Ба омӯзиши боқимондаҳои одами ибтидоӣ палеонтологҳо ва бостоншиносон машғуланд. Пажӯҳиши онҳо таърихи дуру дароз ва бомароми табдилшавии одамшаклҳоро ба инсони муосир барои мо равшан мекунад. Аҷдоди инсонҳои муосирро гоминид меноманд. Аз ҷумла, ба гоминидҳо австралопитекҳое, ки монанди Люси 3,5 миллион сол қабл дар Африқо зистаанд, тааллуқ доранд. Фарқи Люси аз маймун дар он буд, ки бо ду пояш ҳаракат мекард. Қадаш 130 см, вазнаш ҳамагӣ 27 кг буда, дар 25-солагияш фавтидааст.
Одамони нахустин кай пайдо шуданд?
Тавре ки олимон тахмин мекунанд, инсоният 3,5 миллион сол қабл пайдо шудааст. Ҷасади аввалин инсоне, ки дар натиҷаи ҳафриёт (кофтакови бостоншиносӣ) аз қитъаи Африқо пайдо карда шуд, шаклан нисбат ба одамони имрӯза бештар ба маймун монанд буд. Танҳо фарқ дар он аст, ки ин одам бо ду пой роҳ гашта метавонист. Раванди то ба шакли имрӯза расидани инсонро одамшавӣ (антропогенез) меноманд.
Оё шаробу тамоку ба саломатӣ зарар доранд?
Тамоку дар таркибаш никотин ва қатрон дорад. Никотин ба организми инсон зарари гуногуну ҷиддӣ мерасонад: нафаскашию тапиши дилро метезонад, иштиҳоро мебандад, гардиши хунро душвор менамояд ва ғайра. Қатрон луобпардаҳои роҳҳои нафасро ифлос намуда, ба шушу хун меафтад. Ин ба саломатии одам хатар дорад, зеро унсурҳои харобкор низоми мубодилаи ҳуҷайраҳоро вайрон намуда, ҳатто ба касалии саратон оварда мерасонанд. Вақте инсон машруботи спиртӣ менӯшад, алкоҳул тариқи узвҳои ҳозима ба хун ворид шуда, ба тамоми организм паҳн мегардад. Агар инсон шаробро зуд-зуд истеъмол намояд, ҷигар аз уҳдаи пок кардани вай намебарояд ва гирифтори иллат мешавад. Ғайр аз ин одам ба шаробу тамоку одат карда, аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ ба он вобастагӣ пайдо мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки инсон бе ёрии дору ва духтурон дигар аз шаробу тамоку даст кашида наметавонад. Николай Иванович Пирогов (1810–1881) ҷарроҳ ва педагоги маъруфи рус аст. Вай дар Донишгоҳи Санкт-Петербург аз фанни анатомия дарс мегуфт ва дар омӯзиши фанни мазкур саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ роҳҳои табобат ва усулҳои ҷарроҳӣ намудани ярадоронро ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар шароити саҳро кор карда баромад. Шикастабандӣ (гипс)-ро маҳз Пирогов кашф намудааст.




