Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Роҳбари Миср кӣ буд?

Мисриён бовар доштанд, ки подшоҳашон Худозода, яъне писари Худои Офтоб – Ра аст, ки эзади мадду ҷазри дарёи Нил, Худои ҳосилу зироат ва озуқа мебошад. Фиръавн подшоҳи мутлақ буда, пешвои Миср, сарфармондеҳи артиш ва қонунбарор ба ҳисоб мерафт.

Вай соҳиби тамоми замин ва дороии Миср буд. Фиръавнҳо занҳои бисёр доштанд. Фарзандон, ҷиянҳо ва хешовандони фиръавнҳо аз ҷумлаи ашроф буданд. Онҳо дар артиш вазифаҳои баланд дошта (ҳамчунин дар роҳбарии давлат), аз имтиёзҳои калон бархӯрдор буданд.

Фиръавн давлатро бо ёрии вазир идора мекард. Вазифаи нахуствазир аз риояи адолат, андозситонӣ ва ташкили корҳои ҷамъиятӣ ба мисли сохтмони наҳрҳои обёрӣ ва ибодатгоҳҳо иборат буд.

Деҳқонону ҳунармандон нисбат ба амалдорон дар зинаи поёнтари ҷомеа қарор доштанд. Ҳунармандону косибон аз филиззот силоҳ, ашёи зарурӣ, ҷавоҳирот ва ғайра месохтанд. Кулолон аз гил зарфҳои рӯзгор тайёр мекарданд. Ғуломонро асосан дар сохтани аҳром истифода мебурданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.