Аввалин заминдорон ба кӣ саҷда мекарданд?
Дар замони қадим одамон ба он бовар буданд, ки ҳар кадом қабила саравлоди ягона дорад. Онҳо ба саравлоди хеш арҷгузорӣ мекарданд, касбу кори онҳоро ёдоварӣ менамуданд. Ҳатто дар бораи аҷдоди худ қиссаву ривоятҳои зиёд эҷод менамуданд. Барои поси хотираи онҳо муҷассамаву ибодатгоҳҳо бино карда, дар он ҷо ҷашнҳои маросимӣ мегузарониданд.
Мояи асосии парастиши одамони қадим Замин ҳисоб мешуд. Азбаски Замин барои деҳқон манбаи ризқу рӯзӣ ва асоси зиндагӣ буд, онро парастиш мекарданд. Беҳуда нест, ки Заминро ба зан – модар нисбат медиданд, зеро он офарандаи тамоми мавҷудоту ҷонварону инсоният буд. Бинобар ин заминдорони қадим ба замин чун ба Худо эътиқод доштанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




