Ҳафриёт чист?
Бозёфти аксари ҷасадҳои сангшуда ва ё осори фаъолияти одамони қадим бештар тасодуфан дастрас шудаанд. Аммо баъзеи онҳо дар натиҷаи кофтукови мақсаднок ва дарозмуддат ёфт шудаанд, ки ба он палеонтологҳову бостоншиносон машғул буданд. Маъмулан, онҳо таркиби хокро омӯхта, замони ба вуҷуд омадани қабатҳои онро муайян мекунанд, ки миллионҳо сол қабл аз ин ҷойҳо дарё ҷорӣ мешуд – ҳамаи ин барои муайян намудани синну соли бозёфтҳо мадад мерасонад.
Азбаски ҷасадҳо дар қабатҳои амиқи замин пайдо мешаванд, олимон гирду атрофи онҳоро ниҳоят дақиқ ҷустуҷӯ мекунанд, ки чунин корҳо солҳои зиёд идома меёбанд. Онҳо заминро кофта, хоку санги онро таҳқиқ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки чизе аз мадди назарашон дур намонад. Ҳамин тариқ, устухонҳои гуногуни бадан, дандонҳо, мӯйи сар, асбобу анҷоми рӯзгор, боқимондаҳои хӯрок ва ғайра пайдо мекунанд, ки онҳо оид ба тарзи ҳаёти одамони қадим маълумоти бештар медиҳанд. Бозёфтҳоро дар хазинаҳои махсус нигоҳ медоранд ва баъзеи онҳоро барои намоиш дар осорхонаҳо мегузоранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




