Оё Мисри Қадим атои дарёи Нил буд?
Дарёи Нил дар қитъаи Африқо аз ҷануб ба шимол, аз ҳудуди Миср гузашта ба баҳри Миёназамин мерезад. Ҳангоми мадду ҷазри ҳарсолаи моҳи июл оби дарё заминҳои назди соҳилро зер мекунад ва дар давоми чандин моҳ онҳоро бо нуриҳои маъданӣ таъмин менамояд. Моҳи октябр сатҳи об паст мешавад ва аз худ заминҳои сарсабзу серҳосилро боқӣ мегузорад. Аз қадимулайём деҳқонон ин заминҳоро кишт карда, аз зироатҳои гуногун ҳосили фаровон мегирифтанд.
Тамаддуни Миср, яке аз тамаддунҳои тараққикардаи таърихи инсоният ба шумор мерафт, ки соли 3100 то милод, баъди ду шоҳигариро муттаҳид кардани фиръавн Менес ташаккул ёфтааст ва соли 332 то милод ҳангоми забти Миср аз ҷониби Искандари Мақдунӣ завол ёфт.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




