Чаро мисриён аҳром сохтанд?
Фиръавнҳо шоҳони Мисри Қадим буданд, ки барои бузургдошти худ ҳирам месохтанд. Аҳроми Миср оромгоҳи фиръавнҳои аҳди қадим мебошанд. Аҳроми бузургтарин Хеопс (баландиаш 146,7 м), Хафрен (143 м) ва Микерин (66,4 м) мебошанд, ки бо иштироки ҳазорон ғуломон сохта шудаанд. Бузургтарин ҳирами атрофи шаҳри Қоҳира – ҳирами Хеопс аст. Ҳирами мазкур 5-ҳазорсола буда, баландиаш ба 147 м ва дарозии чор тарафаш 230-метрӣ мебошанд. Дар сохтмони он 6,5 млн тонна харсангҳои чоркунҷаи суфташуда, ки ҳар кадоме то 2 тонна вазн дорад, сарф шудаанд. Ин ҳирам аз ҷумлаи яке аз ҳафт муъҷизаи олам маҳсуб мешавад. Адади харсангҳои ҳирам ба 2 млну 300 ҳазор мерасад. Харсангҳо чунон ҳамвор тарошида ва устодона ба ҳам пайваст карда шудаанд, ки аз тарқиши миёни онҳо ҳатто теғи корд намегузарад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Мисри Қадим одамони хирадманд, олимони соҳаҳои гуногуни илму техника, меъморию математика зиёд буданд.
Дохили ҳирам пурпечухам буда, аз се дахма иборат аст. Тобути фиръавн Хеопс дар дахмаи сеюм ҷой дода шудааст. Он нисбатан дар баландӣ аст. Барои ба назди тобути Хеопс рафтан одам бояд аввал сӯи тобути якум – ба поён фарояд ва аз ин ҷо ба дахмаи дуюм баромада, баъд ба тобути сеюм наздик шавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




