Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Мисриҳо чанд Худо доштанд?

Мисриён ҷирмҳои осмонӣ ва ашёи муҳташами табиатро Худо мепиндоштанд: Онҳо ба Офтоб, об, шамол, умуман ба ҳамаи он чӣ, ки дар ҷараёни ҳаёт ва марг пурасрор буд, эътиқод доштанд.

Худоҳои аз ҳама пуриқтидор – Ра – Худои Офтоб, ки манбаи ҳаёт ҳисоб мешуд, Исида – Худои ҳосилот буд, Озирис – муҳофизи мурдагон ва Хорус – писари Исида ва Озирис ба ҳисоб мерафтанд.

Инчунин онҳо Худои ҳомии кӯдакон, занон ва ё ҳайвоноту рустаниҳои гуногунро доштанд. Худоҳои дигари мисриён нисбатан камаҳамият буданд, зеро хусусияти маҳаллӣ ё хусусӣ дошта, ба онҳо одамони касбу кори алоҳида, сокинони ягон шаҳр ва ё ягон деҳа саҷда мекарданд.

Мисриён худоёнро дар шакли сари ягон ҳайвон ва тани инсон тасаввур мекарданд. Масалан, Худои хат – Тот сари ибис (парандаи нӯлкаҷи лаклакмонанд)-ро дошт.

Ганҷинаи оромгоҳи Тутанҳамон

Тутанҳамон фиръавни сулолаи XVIII буда, хеле ҷавон дунёро падруд гуфтааст.

Мисриён ӯро аз рӯи анъанаи пешин бо дороӣ ва анҷоми шахсияш дар дахмаи тилоӣ ва тобути сангин гӯронидаанд. Дар тобути сангини аз ҳама хурд ҷисми мумиёшудаи Тутанҳамон дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаву то замони мо расидааст.

Вақте ки бостоншиносон бо сарварии Х. Картер вориди дахма шуданд, аз дидани дороиҳо (сандуқҳои тило, тахтҳои зарин, ҷавоҳирот, ҳайкалчаҳо) ва деворнигораҳои 4 толор ба ваҷд омаданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.