Тамаддуни қадим дар куҷо пайдо шудааст?
Тамаддунҳои қадим пеш аз ҳама дар соҳили дарёҳои бузург – Фурот ва Даҷла дар Байнаннаҳрайн, водии Нил дар Миср, водии дарёи Ҳинд – дар Ҳиндустон инкишоф ёфтаанд.
Заминҳои атрофи ин дарёҳо хеле ҳосилхез буданд, бинобар ин шумораи одамон дар ин соҳилҳо зуд афзоиш ёфтанд. Баробари афзудани аҳолӣ бунёди деҳоту шаҳрҳо дар атрофи дарёҳо равнақ ёфт. Ҳамин тариқ, дар қатори хонаҳои иқоматӣ қасрҳо ва ибодатгоҳҳои пурҳашамат бунёд гардиданд.
Афзоиши пайдарпайи аҳолӣ боиси он гардид, ки барои идораи ҷомеа пешвою подшоҳон, ки тартиботро назорат мекарданд, интихоб карда шаванд.
Албатта, на ҳама аҳолии ин марказҳои тамаддун деҳқонон буданд. Дар ҷомеа ҳунармандон (оҳангарону кулолгарон) ва табақаҳои дигар низ зиндагӣ мекарданд, ки онҳо барои эҳтиёҷоти рӯзгор ва нигоҳдории маҳсулот олоти меҳнат ва зарфҳои сафолӣ месохтанд. Ҳамин тариқ, ҷомеа инкишоф меёфт ва боиси кашфиёти гуногуни ситорашиносӣ, техникӣ ва риёзӣ мегардид. Маҳз дар ҳамин давра хат пайдо шуд ва одамон дар бораи ҳаёти худ ба мо маълумоти шавқовар боқӣ гузоштанд.
Пайдоиши хат
Аввалин навъи хатро шумериҳо 3300 сол қабл то милод ихтироъ намуданд. Ин навъи хат – хатти мехӣ буд, зеро ҳарфҳои он бо аломатҳои мехмонанд навишта мешуданд. Хатти мехиро дар рӯи тахтачаҳои гилин бо расмҳои мушаххаси ашёву ҳайвонот ва ғайра сабт мекарданд. Дертар ин расмҳо ба аломатҳо табдил ёфта, навиштани хатти мехӣ дар рӯи зарфҳо, тахтасангҳо ва деворҳо маъмул гардид.
Мисриён, ки баъдтар ба хатнависӣ оғоз намуданд, навъи дигари он – иероглифро ихтироъ карданд. Он аз расмҳое иборат буд, ки ин ё он мафҳумро ифода мекарданд.
Мардуми майя (сокинони Мексика) аз хатти идеографӣ, ки иборат аз расмҳои аломатшакл буданд, ҳар кадоме маънои мустақилро ифода менамуд, истифода мекарданд.
Алифбое, ки имрӯз дар мамолики Аврупо истифода мешавад, аз ҷониби финикиҳо тартиб дода шудааст. Алифбои мазкур аз 22 ҳарф иборат буда, ҳамаашон ҳамсадоҳои забони финикиро ташкил мекарданд.
Юнониҳо аз алифбои финикӣ истифода намуда, танҳо баъзе ҳамсадоҳоро ба садонокҳо иваз намудаанд. Дертар румиҳо алифбои финикиасоси юнониро ба забони худ – лотинӣ мутобиқ намудаанд.
Алифбои русӣ дар асоси алифбои славянӣ, ки соли 863 аз ҷониби бародарон Кирилл ва Мефодий тартиб дода шуда буд, сохта шудааст.
Бо ёрии пиктограмма менависем
Хатти аз ҳама сода пиктограмма мебошад. Пиктограмма маҷмӯи расмҳо, ашёи ифодакунанда, ҳайвонот ё ҳодисаҳои табиӣ ба монанди борон, рӯз ё шаб мебошанд. Дастҷамъона навиштани пиктограмма хеле шавқовар аст. Аввал, расмҳоро дар варақҳои алоҳида кашида ранг менамоянд. Сониян, расмҳоро аз рӯи тартиби муайян тарзе мечинанд, ки ба ибораву ҷумлаҳо табдил ёбанд. Масалан, кӯдак, моҳӣ дар коса ва моҳ маънои «кӯдак чун моҳиест дар шаб»-ро дорад.
Акнун Шумо ҳам метавонед бо пиктограмма андешаҳоятонро ифода кунед.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




