Кулолгарӣ кай пайдо шуд?
Кулолгарӣ санъати тайёр намудани зарфҳои гуногун аз гил аст. Дар оғоз чунин зарфҳоро дастӣ тайёр намуда, дар оташдонҳои хурд метафсонданд. Аз гил на танҳо зарфҳои гуногун, инчунин хишту сафоли бомпӯшӣ низ тайёр мекарданд.
Кулолгарӣ дар Шарқи Наздик тақрибан 8 000 сол қабл пайдо шудааст. Кулолгарон 6 000 сол пеш дар Чин ва 5 ҳазор сол қабл дар Байнаннаҳрайн зарфҳои гуногун месохтанд.
Ба вуҷуд омадани кулолгарӣ ба инкишофи заминдорӣ ва муқимӣ шудани одамон вобаста аст. Зеро барои кӯчманчиён кашондани зарфҳои сафолин кори душвор буд.
Пайдоиши чархи ароба
Чархи ароба тақрибан 6 000 сол пеш пайдо шудааст. Одамон кундаҳои ғафси дарахтонро ғӯла карда чархи ароба сохтаанд. Азбаски ин гуна чархҳо хеле вазнин буданд, баъдтар ин гуна чархҳоро аз чанбаракҳои чӯбин ва парраҳои чарх месохтагӣ шуданд.
Ихтирои чархи ароба ба инкишофи техникии гуногун мусоидат намуд ва қабилаҳои шумерӣ ва қавмҳои ориётабор, ки ба ин кор машғул шуданд, зуд инкишоф ёфтанд.
Ба шарофати ихтирои чархи ароба одамон дастгоҳҳои кулолгарӣ, ресандагӣ ва навъҳои гуногуни осиёб сохтанд.
Худро дар касби кулолӣ бисанҷ
Барои тайёр кардани зарфи кулолӣ гилхоки часпак, об, корд, тирак ва ду тахтачаи чӯбини ғафсияшон 3 см ва дарозияшон 50 см лозим аст.
Пораи гилро дар як ҳамворӣ миёни ду тахтача гузору ба тирак то чаппотӣ шуданаш молиш деҳ. Тахтачаҳо барои якхела шудани ғафсии гил мусоидат мекунанд.
Гили тунукшударо мисли тасмачаҳои паҳниашон якхела бурида то шакли устувона гирифтанаш молиш бидеҳ ва яктои онро гирифта монанди фанар (пружина) бипечон. Мебинӣ, ки қисмати поёнии зарфи сохташаванда ҳосил мешавад.
Ҳамин тавр аз тасмачаҳои боқимонда қисмати болоии зарфро бисозу бо дастони намнок дохилу беруни зарфро молида ҳамвор намо. Сипас зарфи сохтаатро якчанд дақиқа андаруни тафдони барқӣ гузор. Зарфи сохтаи ту айнан монанди зарфест, ки нахустин кулолон дар асрҳои гузашта месохтанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




